ХАБАРИ ДОҒ

Агар Ҳурматзода бо 1 журналист чунин рафтор кунад, пас бо сокинони оддӣ чӣ гуна бархӯрд дорад!? Шояд барои ҳамин ба қабули раис 3-4 нафар беш намеоянд???

6.01.2018. Соат бо вақти Душанбе 7:00 дақиқа.
Ба истгоҳи назди вокзали роҳи оҳани пойтахт расида, дар ҷустуҷӯи таксӣ ба самти ш.Норак шудам. Маҳз аз ҳамин ҷо мошинҳои сабукрави хусусӣ, ки байни пойтахт ва Норак мусофиркашӣ мекунанд, одам ҷамъ мекунанд. Бо 1 ронанда нархи роҳкироро маслиҳат карда, ба мошинаш нишастам, ғайр аз ман боз 1 ҷавони дигар ҳам зуд пайдо шуд. Боқӣ, 40 дақиқаи мо дар интизори боз 2 мусофири дигар гузашт ва танҳо соати 7:50 дақиқа мошин ба самти Норак ҳаракат намуд. Роҳкиро то ин шаҳр 15 сомонӣ барои 1 нафар буда, аз Душанбе то Норак дар муддати 1 соат рафта расидан мумкин. Ба ҷуз таксиҳои хусусӣ аз пойтахт ба ш.Норак дигар намуди нақлиёти мусофиркаш, алалхусус ҷамъиятӣ намерафт, чунки набуд! На автобус, на микроавтобус ва на терминале, мардум тавассути он бараванд!
Агар набуди нақлиёти истифодаи умум байни Душанбеву Норак 1 паҳлӯи масъала бошад, тарафи дигараш он аст, ки дар дохили ш.Норак низ нақлиёти ҷамъиятӣ фаъолият намекунад. Нест!!! Тӯли 1 рӯзи сафар дидам, ки Норак имрӯз шаҳрест бидуни нақлиёти ҷамъиятӣ ва нақлиёти асосӣ - таксиҳои хусусии мардум аст, ки бо 1-2 сомонӣ мусофирро аз 1 кунҷи шаҳр то гӯшаи дигари он мебаранд. Ба қавли норакиҳо, раисон омаданду рафтанд, лек масъалаи нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва байнишаҳрӣ ҳал нашуд, ки нашуд!


 
Эделвейс-рамзи дӯстии 15 ҷумҳурӣ
Соат бо вақти Норак 9:00 дақиқа. Вориди ш.Норак мешавам. Дар даромадгоҳи шаҳр ягон рамз, гул, шиор ё овезае надидам, ҳамон рамзи чандинсола бо номи «Норак» ва гули кабуди он зери шохаҳои дарахтон аҳён-аҳён менамуд. Замини зери рамз ба шудгору сабзкорӣ хеле ниёз дошт… Боздидамро аз 1 рамзи дигари машҳури Норак-Эделвейс сар кардам. Эделвейс-гули аврупоист, ки дар Норак ҳамчун рамзи дӯстии халқҳое, ки дар бунёди НОБ Норак саҳм гузоштаанд, боқӣ мондааст. Рамзи мазкур дар 1 гӯшаи шаҳр дар замони шӯравӣ қомат афрохта, дар ҳама давру замон ҷои истироҳат, гардиш ва тамошои норакиҳост. Ҳар меҳмоне, ки бори нахуст ба Норак меояд, саёҳати хешро ҳатман аз Эделвейс сар мекунад. Мардум мегӯянд, қаблан дар ҳамин маҳал қаҳвахонае буд бо номи «Эделвейс», баъдан он номашро иваз кард, лек ҳамчун рамз барои норакиҳо боқӣ монд.
 
Ошноӣ бо таърихи бунёди НОБ Норак
Соат бо вақти Норак 9:30 дақиқа. Пас аз боздиди Эделвейс ба осорхонаи миллии шаҳр, ки дар шафати Қасри фарҳанг воқеъ аст, даромадам. Бинои Қаср ва осорхонаро раиси имрӯзаи шаҳр Ҳурматзода Фатҳулло Зариф азнавсозӣ ва бунёд кардааст. Дар осорхона таърихи сохтмони обанбори Норак, ки ҳамзамон барои бунёди шаҳр низ замина гузоштааст, пурра ҷамъоварӣ шудааст. Ман, ки дар бораи таърихи сохтмони НОБ Норак иттилои зиёд надоштам, пас аз тамошои осорхона дар бораи чӣ гуна басташавии маҷрои оби дарёи Вахш, санги нахустини сохтмон, заҳматкашони он давра, бори аввал интиқол ёфтани нерӯи барқ ва даҳҳо фактҳои таърихии дигар, маълумоти хеле хубе пайдо намудам.
 
Маҳсулоти аз лиҳозӣ экологӣ тоза
Соат бо вақти Норак 11:00 дақиқа. Чизи дигаре, ки ба ман дар Норак писанд омад ин муомилаи мардум ба якдигар ва сатҳи хуби хизматрасонӣ дар мағозаву фурӯшгоҳҳо буд. Шояд таъсири шӯравист, ё таъсири қисми низомии сарбозони рус, ки айни замон низ дар Норак арзи вуҷуд дорад, хизматрасонӣ дар бахши савдо ва хӯроки умум хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Ба ҳар мағозае дароеду чизеро интихоб кунед, фурӯшандаҳо ҳатман дар бораи мӯҳлати истифодааш бароятон мегӯянд. Дар баробари он боз анвоъи дигари ҳамон маҳсулотро бароятон пешкаш мекунанд, то имкони интихоб дошта бошед. Норакиҳо мегӯянд, дар мағозаҳои шаҳр маҳсулоти пастсифат ва ё мӯҳлаташ гузаштаро ёфтан номумкин аст.

Карер, ошхонаҳо ва истироҳатгоҳҳои лаби об
Соат бо вақти Норак 12:00 дақиқа. Норак, ки минтақаи сайёҳист, ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи туристони хориҷӣ ва дохилии кишвар аст. Зимнан теъдоди истироҳатгоҳҳо дар карери 9-уми канори шаҳр рӯ ба афзоиш аст. Ин ҷо низ шумораи истироҳатгоҳҳо, дурусттараш ошхона мисли замбурӯғҳои баъди борон рӯидаанд, аммо сатҳу сифати хизматрасониашон қариб аз ҳамдигар фарқ надорад-инфрасохтори лозима ва анвои гуногуни хӯрокӣ надоранд. Мо ҳатман тобистони соли ҷорӣ дубора ба Норак меҳмон шуда, аз шароит ва хизматрасонии бади ин ошхонаву истироҳатгоҳҳо нақл хоҳем кард. Мо Метавонем!
 
Тоқати меҳмон надошт…
Соат бо вақти Норак 16:00 дақиқа. Пас аз гаштугузор ва тамошои ш.Норак нияти баргаштан ба пойтахт кардам. Нораку мардуми меҳмондӯсташ, тозагиву сарсабзии он хеле хушам омад. Шояд пурсед, ки чаро ба қабули Ҳурматзода Фатҳулло-раиси шаҳр нарафтам!?
Хонандаи азиз! Аввалин ниятам ҳангоми расидан ба Норак - ин ба ҳукумати шаҳр рафтан буду хостам, дар қабули шаҳрвандон аз ҷониби Ҳурматзода ширкат варзам. Соати 9:00 дақиқа қабули шаҳрвандон ба итмом расида буд. Раиси ш.Норак дар ҳавлии бинои ҳукумат маро пешвоз гирифта гуфт, ки ҳамагӣ 3 нафар сокини шаҳр бо арзу додхоҳӣ омада буданд ва мо арзи онҳоро шунида, гусел кардем. Аҷиб намуд, ки чаро ба қабули раис ҳамагӣ 3 нафар меомадааст?...
Ҳурматзода Фатҳулло бо баҳонаи кори таъҷилӣ дар шаҳри Душанбе ва маҷлиси ҳукумат… «шаҳр дар ихтиёри СССР»-гуфта хайрухуш карду рафт… Баъдан раисро сари заминҳои корамаш дидам, ки картошка мешинонид! Яъне, раис «тоқати меҳмон надошт, хонаро ба меҳмон гузошт»?! Ин аст бархӯрди раиси 1 шаҳр нисбат ба журналист! Агар Ҳурматзода бо 1 журналист чунин рафтор кунад, пас бо сокинони оддӣ чӣ гуна бархӯрд дорад??? Чунин бархӯрди раис ба ин маъно нест, ки картошка болотар аз ВАО аст???

Ҷамила Ҳусейнова, СССР
6.01.2018

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter