ХАБАРИ ДОҒ

Вазирии “ҷазир”-у «ҷазирӣ”-и вазир-2

  • Панҷшанбе, Фев 22 2018


(Памфлет)

Идома аз шумораи гузашта

«Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”
Оқибати дастури Абдусалом Қурбониён ҷиҳати аз тавозуни тамоми бонкҳои тиҷоратӣ гирифтани маблағҳои ташкилот ва муассисаҳои буҷетиро роҳбарони бонкҳо, хусусан, бонкҳои низомсоз, ҳанӯз дар оғози с.2014 эҳсос намуда, ҷиҳати кӯмак ва пешгирии ин қарори хатарзо ва садамаовар ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба хусус, ба муовини аввали Сарвазир Давлаталӣ Саид муроҷиат мекунанд. Муовини аввали Сарвазир ҳам муроҷиати роҳбарони бонкҳоро ба назар гирифта, ҷиҳати пешгирии ин “зарбаи миёншикан” ва амали фалокатовар тибқи супориши №34114(23-8) аз 15.02.2014 ба Вазорати молия дастур медиҳад, ки иҷрои амали мазкур боздошта шавад. Аммо Вазорати молия (дар гузориши №4-4\55 аз 07.03.2014, бо имзои А.Қурбониён) муовини аввали Сарвазирро бо он мутмаин мекунанд, ки гуё ин амали онҳо дар иртибот ба иҷрои муқаррароти Қарори Ҳукумати ҶТ, таҳти №4 аз 03.01.2014 сурат гирифта, ҳич имкони боздоштани он вуҷуд надорад! Аҷобат дар он аст, ки қарори ҳукумат танҳо пардохти музди меҳнати кормандони ташкилот ва муассисаҳои буҷетиро тавассути кортҳои бонкии Амонатбонк таъкид карда бошад, вазири “принсипнок” аз фурсати мувофиқ истифода карда, тамоми “оби ҷӯй”-ро тарафи “боғ”-и худаш мегардонад. Ин ҳам пӯшида нест, ки манзур аз пардохти музди меҳнати кормандони ташкилотҳои буҷавӣ тавассути кортҳои Амонатбонк на пурра гирифтани маблағҳо аз тавозуни бонкҳоро дошта, муҳосиби оддию навкор ҳам медонад, ки ин амалро бе он низомшиканӣ мешуд иҷро намуд. Лек Қурбониёни акнун ба сари “хазина” нишастаю аз “бӯи пул” сармаст, ба ҳушдору пешгӯиҳои мутахассису роҳбарон ҷиҳати то ба бӯҳрони бонкӣ овардани амали мазкур бо тамасхуру истеҳзо посух дода, манфиатҳои шахсиашро тибқи мақоли мазкур дар ин сохтори ҳукуматӣ устувор кардан мегирад.

Аз КЖКП то ВМ (CV, ё худ Тарҷумаи Ҳол)
Фаъолияти меҳнатияшро Абдусалом Қурбониён (Қурбонов) аз с.1976 ба сифати ташкилотчии идораи коммуналии н.Данғара (ин ташкилотҳо дар аҳди Шӯравӣ бо аббревиатураи КЖКП маъруф буданд) оғоз намуда, замони таҳсили ғоибона дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, солҳои 1982-1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Шуравӣ хизмат кардааст. Солҳои 1984-1986 дар вазифаҳои челонгар, муҳандис, устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №38 н.Данғара кор кардааст. Солҳои 1986-1995 дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ оид ба масъалаҳои истеҳсолию иқтисодӣ дар сохторҳои дирексияи сохтмонии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об дар вил.Хатлон ва ш.Душанбе фаъолият кардааст. Солҳои 1995-2006 дар вазифаҳои нозири калон, муовини сардор, сардори нозироти андози н.Данғара кор кардааст. Аз моҳи феврали с.2006 то ноябри с.2013 дар вазифаи Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ кор карда, 29.11.2013 Вазири молияи ҶТ таъин гардид.
Абдусалом Қурбониён 9.02.1959 дар н.Данғараи вил.Хатлон таваллуд шудааст. Дорои 2 маълумоти олии ғоибона буда, с.1982 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ ва с.1999 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси молия, андоз ва қарз хатм кардааст, ки шояд ин маълумоташ ҳам ғоибона бошад. Боз кӣ медонад?

“Гунҷишкро кушад, қассоб кушад”
Дигар аз сабабҳои асосии ба бӯҳрон гирифтор шудани низоми бонкӣ ва монеаи рушди иқтисодиёти кишвар шудани ташкилотҳои қарзӣ, гардиши беруназбонкии ҳаҷми бузурги пули нақди ба муомилот баровардашуда аст. Хавфи мазкур ҳанӯз с.2010 аз ҷониби коршиносони дохилию хориҷӣ муайян ва дар “Стратегияи рушди соҳаи бонкӣ барои солҳои 2010-2015” қайд шуда буд. Он замон ҳаҷми пули нақди берун аз бонкҳо муомилотшаванда ба 69,6%-и ҳаҷми умумии пули нақди ба муомилот баровардаи БМТ баробар буд. Мутаассифона, дар солҳои вазирии Қурбониён ин рақам ҷои кам шудан пайваста меафзуд ва имрӯз ин омор шояд аз 70%-80% ҳам зиёдтар шуда бошад!!!
Дар баробари ин ҳаҷми агрегати пулӣ дар 7 соли ахир анқариб 11 баробар (аз 1,07 млрд. сомонӣ дар аввали с.2010 то 11,5 млрд. сомонӣ дар охири с.2017) афзуда, дар 2 соли охир (даврони ҳукмронии Қурбониён) суръати “кайҳонӣ”-ро гирифтааст. Ин тамоюл хоҳ-нохоҳ ба беқурбшавии арзи миллӣ ва тавре дар урфият мегӯянд, ба “деревяний” шудани “сомонӣ” оварда истодааст.
Дуруст аст, ки солҳои ахир БМТ ва иддае аз ташкилотҳои қарзӣ ҷиҳати паст кардани шиддати гардиши беруназбонкии пули нақд, аз воситаҳои молиявие аз қабили тавсеъаи хизматрасониҳои пардохти электронӣ ва кортҳои бонкӣ истифода менамоянд. Албатта, чунин чорабиниҳо ба масъалаи мазкур таъсир мерасонанд, лек таҷриба нишон медиҳад, ки танҳо тавассути ин хизматрасониҳо имкони ҳалли пурраи масъалаи номбурда ғайриимкон аст. Дар ин маврид вазоратҳои молияи Федератсияи Россия ва соири кишварҳои пасошӯравӣ ба таҷрибаи озмудашуда ва ҳақиқатан ҳам самараноки давлатҳои Аврупоӣ такя карда, меъёрбандии истифодаи пули нақдро дар иқтисодиёт ҷорӣ кардан доранд. Ин аст, ки шиддати бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба иқтисодиёти он кишварҳо на ба он дараҷае, ки ҷумҳурии моро фаро гирифтааст, таъсир расонидааст. Аммо мутаассифона, ин институти асоси иқтисодии ҷумҳурӣ маҳз бо “шарофат”-и Қурбониён ба ҷои таҳия ва коркарди барномаҳои иқтисодӣ ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешқадам дар иқтисодиёти кишвар, ба корҳои “муҳимтар”-е ба мисли “принсипи оҳанин”-и собиқ вазир машғул буду халос.

Суқути 4-солаи Вазорати молия
Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳанӯз с.2011 қарор дар бораи гузаштан ба нақшаи нави ҳисобҳои муҳосибӣ ва қабули Стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ)-ро қабул карда, Вазорати молияро ҳамчун назораткунанда ва ҷорикунандаи муқаррароти ин қарор таъин карда буд. Аммо дар замони вазирии Сафаралӣ Наҷмиддинов агар як идда дастуру низомнома ва фармонҳо дар ин маврид тасдиқу қабул шуда бошанд, пас Қурбониён ин вазифаи асосии вазоратро 1 сӯ гузошта, анқариб ягон маводи методӣ ва ё санади меъёрию ҳуқуқӣ таҳияву тасдиқ накард. Ба ҷуз “Дастурамал дар бораи баҳисобгирии муҳосибии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)” дар охири с.2017, ки ин дастурамал ҳам дар аҳди Наҷмиддинов таҳия шуда, 4 сол болои мизи Қурбониён хуфта буд. Қонунҳои ҶТ “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ” ва “Дар бораи фаъолияти баҳогузорӣ”, ки с.2013 таҳрири нави онҳо қабул шуда буданду яке аз таҳрикдиҳандагони асосии ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботҳои молиявии субъектҳои иқтисодӣ ба шумор мерафтанд, ба таври бояду шояд дар ин 4 сол иҷро намешуданд.
Ҳолдонҳо нақл мекунанд, ки вақте Роҳбари давлат дастур медиҳад, тафтишҳои зиёдатӣ ва субъектҳои тафтишкунанда дар иқтисодиёт кам карда шаванд, собиқ Вазири молия дарҳол қарор мебарорад, ки аз нисф зиёди ширкатҳои аудиториро барҳам дода, шумораи аудиторони мустақилро зиёда аз 1 баробар кам кунанд. Ин қарор он қадар хандаовар аст, ки саҳнаи ҳаҷвии “Алмос-командирро қапида натавонистему кампири семичкафурӯшро қапида овардем” гуфтани ҳаҷвнигорони мумтози Тоҷикро ба ёд меорад. Зеро ғайримутахассис ҳам медонад, ки аудит тафтиши расмӣ ва давлатӣ нест. Аудит дигар маъно дорад, лек вазир, ки маънои онро надонад, дигар ба кӣ мегӯй???
 

(давом дорад)

Одинашо Муродов
Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter