ХАБАРИ ДОҒ

Доғи судии Сангак аз ҷавонмардӣ буд!

  • Панҷшанбе, Фев 22 2018

Ғаразгуфтории Сангакношиносон
Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Дар саҳифаҳои газетаи мардумии СССР ва дар дигар нашрияҳои даврӣ низ оид ба ҷанги гражданӣ, лидерони Фронти Халқӣ ва дигар саркардагони ин ҷанги бемаънӣ мақолаҳое чоп мешаванд, ки баъзеш аслан аз воқеият дуранд. Инро ҳамчун мушоҳид, муфаттиш ва муфассир мегӯям. Бархе аз тарафдорони гурӯҳҳои ваҳҳобии солҳои 90-уми асри гузашта бо гузашти 25 сол то ҳол ба худ наомада, аз ун ҳодисаҳо хулосаи даркорӣ набароварда, ҳамоно нисбати қумондони Фронти халқии Тоҷикистон, раҳматӣ Сангак Сафаров чизҳое менависанд, ки чоп кардану ба хонандагон расондани он ҳеҷ гуна зарурате надорад. Ба пиндору гуфтори «сангакшиносон» гӯё бобои Сангак ҷинояткори гузарову ашаддӣ буда, борҳо суд шуда, мардуми кӯлобзамин аз паси ӯ ба майдони Озодӣ омада, бо қувваҳои ваҳҳобӣ дар задухӯрд шудаанд. Мақсади чунин навиштанҳо танҳо паст задани обрӯ ва шаъну шарафи Сангак Сафарову мардуми водии Кӯлоб аст. Иғвогарон мехоҳанд ба мардум, бахусус, ҷавонмардон, ки он солҳои даҳшат кӯдак буданд, фаҳмонанд, ки кӯлобиҳо киро роҳбари худ хонда, ба мубориза бархестаанд. Дар ҳақиқат, ваҳҳобизм фашизми Тоҷикии охирҳои асри 20 буд, ҳатто аз фашизми гитлерӣ ҳам разилтару хунхортар. Инҳо давомдиҳандагони ниҳонии ҳамон ваҳҳобияанд, ки мехоҳанд нақшу ҳиссаи Сангакро дар барқарорсозии сохти конститутсионии Тоҷикистон паст бизананд.

Сангак на дузд буду на роҳзан!
Ай ҳамдиёрони ғаразноку бахили ман! Магар намедонед, ки В.И.Ленин, И.В.Сталин, Ф.Э.Дзержинский ва дигар роҳбарони партияи болшевикӣ ва давлату ҳукумати Советӣ шахсоне буданд, ки барои озодию беҳбудии ҳаёти мову шумо барин одамон чандин бор ҳабсу суд шудаанд?! Агар шумо шахсони дурандеш мебудед, аввалан бояд медонистеду мефаҳмидед, ки бобои Сангак барои содир кардани кадом амалҳо суд шудааст ва баъд ба даст қалам мегирифтед. Ӯ на дузд буду на ғоратгар, на роҳзан буду на ҳанноту фиребгару таҷовузкор ва на ғосиб. Ӯ барои ҳимояи нангу номус ва шаъну шарафи ману шумо барин Тоҷикакон амал кардаву ҷазо гирифтааст. Ӯ барои тинҷӣ ва аз рӯи ору виждони миллӣ бо афроди бетамиз мушт ба гиребон шуда буд.
Солҳои 1950 дар ноҳияҳои вилояти Кӯлоб, аз ҷумла, шаҳри Кӯлоб ва н.Балҷувон зодагони Кавказ бисёр буданд. Онҳо мардони варзишӣ ва ҳузарбе буда, нисбати мардуми таҳҷоӣ таҳқиру беадабӣ ва ҳар гуна амалҳои ғайриинсониро раво медиданд, одамони муқимиро писанд намекарданд. Ана дар ҳамон солҳо ҷавонмардони далеру нотарсе, ки баҳри имиҷи Тоҷикон бо кавказиҳо даст ба гиребон мешуданд, Сангак Сафарови кӯлобӣ ва Абдурозиқ Баротови балҷувонӣ буданд.

Кордкашии ӯ аз сари номус буд
Бо акои Сангак с.1966 вақте маро ба ш.Кӯлоб ба кор гузаронданд, шинос шудам. Дар ресторани «Лаззат» буфетчӣ шуда кор мекард. Ҳамчун инсон бисёр одами хубу меҳмоннавоз ва хоксору безиён буд. Дар бораи судшуданҳояш худаш бисёр нақл мекард. Ҳар боре бо кавказиҳо ҷанг кардаву онҳоро бо корд мезад, ӯро ба суд ва маҳбас мекашиданд. Агарчанде ман корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ будам, вале ӯро хеле ҳурмат менамудам ва ифтихор доштам, ки Тоҷик чунин мардони ғайюр, нотарс ва бонангу шараф дорад. Баъди с.1970 дигар бо АКА во нахӯрдам, чунки маро ба дигар ноҳияҳо ба кор фиристоданд.
Ҳодисаҳои солҳои 1992 сабаб шуду бо С.Сафаров дар ш.Қурғонтеппа вохӯрдам. Ин мобайнҳои моҳи июн буд. Намояндагони ҷанговарони водии Кӯлоб бо роҳбарии Сангак ва намояндагони ҷангиёни ваҳҳобиҳо ва ҳукумати ҷумҳурӣ бо сарварии Мирзоев дар аэропорти Қурғонтеппа вохӯрӣ доштанд. Роҳбарияти Раёсати Корҳои Дохилии вилоят мо-кормандони милитсияро барои муҳофизати онҳо ба аэропорт сафарбар кард.

Бояд Давлат Усмонро гарав мегирифтанд
Ману Кӯлобӣ Ашуров-сардори қисми навбатдории РКД ВКД дар наздикии пули канали ш.Қурғонтеппа ва намояндагони қумондонҳо аллакай дар бинои аэропорт ҷой гирифта буданд, вале муҳофизонашон берун аз ҳудуди аэропорт қарор доштанд. Нохост ва бе маслиҳати пешакию огоҳӣ ҷиянҳои акаи Сангак назди мо камин гирифтанд. Байни худ маслиҳат карда, ба хулосае омаданд, ки бачаҳои кӯлобӣ бояд қумондонҳои мухолифинро ҳамроҳ бо 2 вертолёти онҳо ба гарав гиранд. Ҷангиёни кӯлобӣ назди Сангак рафта маслиҳатро расонданд, аммо АКА розӣ нашуда, гуфтааст, ки «ман ҳаргиз ба ваъдаам хиёнат намекунам!»
Агар маслиҳат пазируфта мешуд, бачаҳои кӯлобӣ дар ихтиёри худ қумондонҳои ваҳҳобӣ, намояндагони Ҳукумат, аз ҷумла, Давлат Усмонро бо 2 вертолёти дигар гаравгон мегирифтанд ва ин барои душманони миллат офати осмонӣ мегардид. Аммо АКА қавлу мардигариро аз даст надод, вагарна кӯлобиҳо дар он шабу рӯз ба комёбиҳои зиёд ноил мегардиданд. Чунин рафторро танҳо шахсе мекунад, ки нангу номус дорад, виҷдон дорад ва ин Сангак Сафаров буд!
Дар аввалҳои моҳи октябри с.1992 вақте аъзои Фронти Халқӣ ҷангиёни ваҳҳобиро пеш карда, ба Қурғонтеппа даромаданд, дар ихтиёри худ чанд танку БТР ва боевики бешумор дошта, 100% метавонистанд ба совхози «Туркманистон»-лонаи ваҳҳобиҳо ҳамла оваранд, аммо Сангак якчанд рӯз бо «ход»-и ҷавонмардӣ ба мардуми совхоз имконият-шанс дод, ки кӯчида раванд, ҳадафи тир нагашта, ҳалок нашаванд. Боз имрӯз аксарият ӯро қотилу одамкуш медонанд.

Онҳо ғурури миллӣ доштанд!
Яке аз шахсиятҳои дигар ба мисли ӯ ин Абдурозиқ Баротов буд. Бо ин шахси муътабар чӣ хел шинос шудам? Фасли тобистони с.1982 рӯзе дар ш.Қурғонтеппа, дар кабинет машғули кор будам, ки шахси қадбаланду ҳузарб, синнаш тахмин 70-сола, даромад. Ӯ баъди салому алейк гуфт, «вақте дарак ёфтам, ки ин ҷо кор мекунӣ, хабаргирият омадам. Ман дар совхози ба номи Кирови н.Вахш зиндагӣ мекунам». Гуфтам, ки Шуморо нашинохтам. Дар рафти суҳбат маълум гардид, ки ӯ аз зодгоҳи ман-деҳаи Дишехи н.Балҷувон ва хешу табор будаем. Баротов нақл кард, ки солҳои 1950 чанд марди кавказӣ ба Балҷувон омада, дар Сангов-байни деҳаҳои Сарои Малик ва Дашти Гулҳо сехи шароббарорӣ сохта, одамони «местный»-таҳҷоиро писанд намекарданд. Ӯ, ки дар сафи Армияи советӣ бештар бо гӯштину боксу штанг машқи бадан карда буд, бо кавказиҳо каштал ба каштал шуда, барои ин «ҷурм» 2 бор ҳабс шуд. Дафъаи 3-юм чи тавре шуду кавказие аз зарби корди Баротов ба ҳалокат расид ва ҷазои дарозмуддаташ додаанд. Ҳамин шуд, ки ӯ солҳои зиёд дар деҳа набуд. Ӯ метавонист бо кавказиҳо ҷӯра шуда, молу пул кор кунад, аммо нангу номуси Тоҷикона, ҳисси миллатдӯстиаш нагузошт, ки кавказиҳо худсарию бетартибӣ кунанд. Қариб ними ҳаёташ дар маҳбасҳо гузаштааст. Дар вуҷуди ӯ ғурури миллӣ ниҳон буд. Барои ҳамин ман аз доғи судӣ доштанаш ор на, балки ифтихор аз чунин мардони далер мекардам. Ёдатон ба хайр бошад, Акаи Сангак ва Абдурозиқ Баротов! Далерӣ, ҷавонмардӣ, наррашерӣ ва ғайрати эшон намунаи олии ТОҶИКИСТ ва мисли онҳо бояд шуд!!!
Ай мардум, ба сӯи онҳо санг ҳаво надиҳед! Ҷанг ҷанг аст! Магар ҷангу ҷидол бе қатлу куштор мешавад? Аз рӯи инсоф фикр кунед! Мо Метавонем!!!

Комрони Далер,
муфаттиши собиқадор, ш.Қӯрғонтеппа, тел: 919 28 30 00

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter