ХАБАРИ ДОҒ

Ман дар Армияи Советӣ хизмат кардаам ва аз ин 1 умр ифтихор дорам. Армия воқеан ҳам тақдирсоз аст. Акнун чанд қиссаи сарироҳӣ меорам. Ҳамту. Инфо к размышлению...

Соли 1991 вақте оппозитсия мусаллаҳ шуд, дар газетаҳои маъруфи он даврон «Чароғи Рӯз»-у «Адолат»-у «Растохез» акси 1 ҷавони тануманди ришдори автоматбадаст нашр гардид, зери ин унвон: "Чеҳраи миллат". Чашмони ин ҷавон медурахшиданд, ришаш сип-сиёҳ, бозувонаш қавӣ... Ман ин аксро дидаву гуфтам: Шумо ҷангро бохтед!... Зеро ин ҷавон бо ман хизмат мекард ва чмо буд. Чмо ҳич гоҳ қаҳрамон намешавад. Хосса, чумои АС...
Бо мо ҷавоне аз Хуҷанд хизмат мекард, мутаассуф, номашро намедонам, ҳама муаллимаш мегуфтем. 1 рота аз муаллим метарсид. Агар ёд дошта бошед, дар соли 1993 ҳамагӣ 1 ротаи ихтиёриён аз Хуҷанд ба ҷанг омада буд. Дар Ғарм меҷангиданд, зидди исломистон. Командири он рота ана ҳамон ҳамхизмати ман буд! Борзый ва гарданкаш буд, муаллим...
Додари Ризвон Содиров-Ҷумъахонро бисёриҳо дар хотир доранд. 1 одамкуш, террорист ва сорвиголоваи оппозиция. Ба амри тақдир Ҷумъа низ бо ман хизмат мекард. Дар дигар қисмат, лек дар Байконур. Ӯ дар АС 1 бузак-козёл буд, қафқозиҳоро овардаву чанд тоҷикро зад. Мо дарёбаш кардаву мурданивор кӯфтемаш. Гурехт. Чун дар ин ҷанг сар баровард, гуфтам: Шумо ҷангро бохтед!
Эшони Сулаймони кӯлобӣ бузургтарин Тоҷикест, ки шахсан ман дар Армия дидаам. Боре то 30 чеченро лату кӯб кард. Рӯзи дигараш ҳудуди 200-300 қафқозиву сибиряк (онҳо подхалимҳои чеченҳо буданд) барои кӯфтанаш омаданд. Аммо ӯро чун шери ғуррон дидаву думро хода карданд. Сулаймон солҳо дар ҳайъати Фронти халқӣ ва сипас баталйони маъруфи №3502-и Сӯҳроб Қосимов ҷангид. Ӯро дидаву гуфтам: Нерӯҳои ҳукумат ҳатман пирӯз меоянд. Зеро аз 4 ҳамхизмати ман 2 шарафмандаш паҳлӯи ҳукумат буду 2 чмо-яш паҳлӯи оппозитсия...
Яъне, чӣ? Яъне, нафаре дар Армия хизматро сарбаландона ва шарафмандона хатм кардааст, то охири умр муваффақ ва ҷавонмард мемонад.
Шараф ба сарбозони Армияи Советӣ. Шараф бар солдату афсарони Армияи Тоҷикистон.
Мо метавонем!

Сайёфи Мизроб,
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter