ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Помир рав!

  • Панҷшанбе, Март 29 2018


Дар ҳоле, ки Кумитаи сайёҳӣ ва туризми мо дар хоби ноз аст, ширкатҳои туристии Қирғизистон бренди Помирро моҳирона истифода бурда, пул кор мекунанд!!!

SOS: Помирро қирғизҳо гирифтаанд!!!
Дар арафаи Рӯзи Модарон, яъне 7.03.2018 аз Берлини Олмон хабар расид, ки дар ҳошияи намоишгоҳи ҷаҳонии туристии Берлин-2018 маросими супоридани ҷоизаи «100 самти беҳтарин пешоҳангони глобалӣ дар ҳифзи фарҳанги миллӣ, анъана ва ҷалби мардумон ба соҳаи туризм дар соли 2018» баргузор гардида, минтақаи баландкӯҳи Бадахшони Тоҷикистон ба ин садгона ворид гардид. Бадахшони Тоҷикистон дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси ором ҷои аввалро сазовор шуд. Ҷоизаи мазкур дар вазъияти тантанавӣ ба намояндаи Ассотсиатсияи экологию фарҳангии туризми ВМКБ Ситора Саодатқадамова супорида, эътироф шудани минтақаҳои кишвари биҳиштосои мо аз ҷониби созмонҳои ҷаҳонӣ ҳамчун беҳтарин маконҳои саёҳатӣ, албатта, боиси афзудани имиҷи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонист. Бадахшони Тоҷикистон бо кӯҳҳои сар ба фалак кашида, дарёҳои пуртуғён, ёдгориҳои қадима, урфу одат ва таомули хос ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷӣ ҳасту мемонад. Вале туристро дар Бадахшон чӣ интизор аст? Ҳафтаи гузашта мухбири СССР бо сафари корӣ дар Бадахшон мушкилоти 1 нафар сайёҳ-чӣ хориҷӣ бошад, чӣ дохилиро дар мисоли хеш диду эҳсос кард.

1 Ҳостел дар 1 кишвар!!!
Сафар аз Душанбе то ба Хоруғ бо автомашина 14-15 соат вақтро дар бар мегирад. Роҳ тӯлонӣ ва хастакунанда аст, вале ба ин нигоҳ накарда дар ин роҳи дурудароз ба ҷуз Кӯлобу Дарвоз дигар дар ягон қитъа на 1 ошхонаи дуруст ҳаст ва на 1 макони шустушӯ, дар боби ҷои хобу истироҳат умуман гап намезанем. Дар ин масир танҳо дар н.Данғара 1 маҷмааи истироҳати замонавӣ, ё худ Ҳостел бо ташнобу хобгоҳу оби тозаи гарму сард вуҷуд дорад, ки онро ҳам шодравон Нуриддин Раҳмон, бародари президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҳз барои сайёҳон бунёд намудааст. Аз Кӯлоб то Дарвоз, ки беш аз 6 соат роҳ аст, дигар шумо на 1 ошхонаи хубу тоза, на 1 ҳоҷатхона ва на 1 мағозаеро мебинед, ки ҷавобгӯ ба оддитарин талаботи мусофир бошад. Дар Дарвоз низ танҳо 1-2 меҳмонхона ҳаст, ки хеле гарон буда, барои 1 шаб мондану хӯрок хӯрданро бо доллари ИМА ҳисоб мекунанд (гӯё Дарвоз давлати алоҳида аст!) ва на ҳар 1 мусофири ватанӣ имкон дорад шабро дар чунин меҳмонхона рӯз кунад. Ба назари ман, дар ин масир ҳамон Ҳостел-мусофирхона ё меҳмонхонаҳои хурд бо имкониятҳои оддӣ ва хеле ҳам арзон намерасанд, ки бояд ҳарчӣ зудтар бунёд гарданд. Хоса, имсол, ки соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст ва чунин Ҳостелҳо бояд баъд аз ҳар 40-50 км. бунёд ёбанд-тибқи талаботи байналмилалӣ ва инсонӣ…

«Homestay»-ҳо роҳи нави даромад аз туризм
«Homestay»-ҳо 1 намуди дигари меҳмонхонаҳои хурд имрӯз дар Бадахшон рушд кардаанд ва чунин мусофирхонаҳоро мардуми маҳаллӣ дар хонаҳои худ таъсис додаанд. Онҳоро аз Дарвоз сар карда то Мурғоб-Қарокӯлу Қулма ҳатман хоҳед дид. Шояд идеяи чанд тан сокинони маҳаллӣ бошад ё созмонҳои байналмилалӣ, лек «homestay»-ҳо ҳоло хеле рушд карда, дар маҳалҳои дур ҷои меҳмонхонаҳоро гирифтаанд. Теъдоди зиёди чунин хонаҳоро ман чанд сол пеш ҳангоми сафар ба Мурғоб дида будам, имрӯз бошад чунин мусофирхонаҳо дар Дарвозу Шуғнон, Ишкошиму Роштқалъа ба маротиб афзудаанд. Маънои «homestay» зисти якҷояи меҳмон бо соҳибхона буда, ҳар касе, ки чунин мусофирхонаро ташкил кардааст, ҳатман 2-3 утоқи хонаи хешро барои мусофир ҷудо карда, дар баробари ҷои хоб барояш хӯрок ва шароити шустушӯро фароҳам меорад ва барои ин пул мегирад. Ман чунин «homestay»-ро медонам, ки барои шабе аз 15 то $30 мегиранд ва бо ин ҳам андози давлатро месупоранд ва ҳам зиндагии хешро пеш мебаранд. Чаро не?

Бренди Помир аз даст меравад!
Чуноне ки дар боло зикр кардам, Бадахшон ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи сайёҳони хориҷӣ ҳаст ва мемонад. Ман дар бораи таваҷҷӯҳи кишварҳои абарқудрат, ки солҳои зиёд барои ба даст овардани хостаҳои худ дар ин минтақаи Тоҷикистон ҷанги сардро пеша кардаанд, чизе гуфтанӣ нестам, зеро он мавзӯи дигар аст. Лек 1 чизи дигаре ҳаст, ки бояд масъулини кишвар, хоса кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳӣ садди роҳи он шавад.
-Проблема дар он аст, ки айни замон ширкатҳои туристии кишварҳои ҳамсоя, аниқтараш Қирғизистон аз бренди Помир ва Бадахшони Тоҷикистон хеле васеъ истифода бурда, барои сайёҳони хориҷӣ аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон тавассути Бишкеку Ош ба Мурғобу Хоруғ турҳои сайёҳӣ роҳандозӣ мекунанд. Онҳо одатан меҳмонони хешро ба воситаи Қарокӯл дароварда, то ба Ишкошиму Хоруғ меоранд, бо мошинҳои рақами қирғизӣ дошта! Мутаассифона, бозори туризм дар ин минтақаи мамлакат қариб аз даст рафта истодааст.
Қирғизҳо аз бренди Помиру Бадахшон хеле хуб истифода карда, назар ба ширкатҳои туристии Тоҷик даромади бештаре пайдо мекунанд. Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат бояд сари ин мушкилот фикр кунад ва нагузорад, ки ин бозор аз даст биравад. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова,
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter