ХАБАРИ ДОҒ


Генерал-полковники 67-сола Саидамир Зуҳуров-раиси собиқи КДАМ ва сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатӣ дар назди ҳукумати Тоҷикистон, ки аз шоми 22.01.2018 дар пайи инсулт (хунрезии мағзӣ) дар реаниматсияи бемористони Қарияи Боло бистарӣ буд, ба хонааш ҷавоб шудааст. Ӯ, ки феълан мушовири ширкати мобилии "Билайн" аст, дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, иллати аслии беморияш солхӯрдагӣ буду фикри аз ҳадд зиёд. Зуҳуров гуфтааст, айни ҳол вазъи сиҳатияш мӯътадил асту таҳти назорати пизишкон қарор дорад. Бемории сангин бори дигар исми Сайдамир Зуҳуров-генерали касбии амният, чекисти машҳуртарини муосирро боз сари забонҳо кард. СССР низ тасмим гирифт бори дигар дар бораи ӯ нависад. Мо Метавонем!

Зуҳуров кист?
Саидамир Зуҳуров с.1951 дар н.Фархор ба дунё омада, соли 1975 риштаи таърихи Донишкадаи омӯзгории Душанбе ва ба дунбол мактаби КГБ-ро дар ш.Минск хатм кардааст. Аз с.1977 дар сохторҳои амниятии Иттиҳоди Шӯравӣ (КГБ) ба кор сар кард. То с.1981 дар шуъбаи амнияти н.Ленинград (ҳоло Мӯъминобод)  ва солҳои 1983-84 дар Афғонистон кор кардааст. Зуҳуров баъди бозгашт аз Афғонистон дар КГБ-и вилоятҳои Қӯрғонтеппа ва Хатлон кор карда, то ба мақоми муовини сардори идораи амнияти вил.Хатлон расид. Дар поёни с.1992, дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Қасри Арбоб раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон таъйин шуд. Солҳои 1996-97 дар мақоми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон кор карда, с.1997 ба мақоми вазири амният баргашт. Чанд муддат муовини сарвазири Тоҷикистон буд ва роҳбарии умури мақомоти қудратиро дар даст дошт. 10.01.2005 раиси Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳади Тоҷикистон таъйин шуда, 5.12.2006 ба мақоми сардори Сарраёсати ҳифзи сирри давлатии Тоҷикистон рафт. Бо орденҳои "Байрақи сурх”, "Исмоили Сомонӣ”, "Спитамен”, "Барои ҷасорати шахсӣ”, ҳамчунин бо унвони "Ходими шоистаи Тоҷикистон” сарафроз шудааст. Соҳиби 8 фарзанд мебошад.

Ҷасорати Зуҳуров
Зуҳуров аз он генералҳои Тоҷик аст, ки ҳам дар байни мақомоти ҳукумат ва ҳам дар байни мухолифин ба хидматҳояш арҷ ва эҳтиром мегузоранд. Ҳатто вақте вазир буд, аз худ шуҷоати шахсӣ нишон медод ва дар поёни солҳои 1990 чанд муддат дар дасти аъзои дастаи Ризвон Содиров гаравгони ихтиёрӣ ҳам буд.
Генерал Зуҳуров ҳадафмандона худро ба лонаи гургон партофт, зеро медонист, Баҳром Содиров-додари Ризвон имкони қатли журналистони хориҷиву ватанӣ ва кормандони созмонҳои байнулмилалиро дорад. Дар ин сурат ҷанг дубора авҷ мегирифт ва сулҳи деринизор ба даст намеомад...
Ростқавлӣ, поквиждонӣ ва ҷасорати чекистии Зуҳуров дар солҳои анархияи ҷанги гражданӣ ҳатто қумандонҳои маъруфро мафтун карда буд! Фарзи мисол, Сангак Сафаров дар водии Қурғонтеппа, то шуруъи кори Сессияи 16-ум, танҳо ӯро гӯш мекард ва аз ӯ маслаҳат мепурсид. Баъдан Зуҳуров нахустин нафаре шуд, ки дар “парламенти боевикҳо” ошкоро парвандаи Ғаффор Мирзоеви абарқудратро варақ задаву ӯро ҳабс карданӣ шуд. Чанде ба баъд, дар соли 1996, қумандони абарқудрати дигар-Хӯҷа Каримови беспределро ҳабс кард! Ин зарбаи ҷонкоҳе ба қумандонҳои фронти халқӣ гардид, ки то ин дам худро шоҳу табъашонро ҳам шоҳ медонистанд. Бо ҳамин оғози анҷоми эраи қумандонсолорӣ дар Тоҷикистон шуруъ шуд, ки оҳиста-оҳиста ба ликвидатсияи ҷангсолорон оварда расонид...

Ризвон ва командаи ӯ
Ва аммо яке аз саҳфаҳои дурахшони зиндагиномаи Зуҳуров маҳз ихтиёран ба гаравгони Содировҳо худро партофтану озод кардани хориҷиҳо буд. Зимнан хостем делои Ризвон&Co-ро варақ гардонем. Мо метавонем!
Журналист ва муаррихи тоҷик-Нуралӣ Давлат мегӯяд, барои озодии гаравгонон аз дасти Ризвон нақши Зуҳуров хело бориз аст:
-27.11.1996 барномаи «Ахбор»-и ТВ Тоҷикистон хабар дод, ки Ризвон Содиров-собиқ Сарфармондеҳи кулли нирӯҳои мухолифини Тоҷик ҳамроҳи 1 теъдод размандагони худ ба тарафи ҳукумати конститутсионӣ гузаштааст. Баъдан худи Ризвон дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ пайдо шуда, расман таъйид кард, ки ӯ воқеан ба ҷониби ҳукумат гузашта, бо ин амали худ хостааст, дар раванди барқарор шудани сулҳ дар Тоҷикистон саҳми худро гузорад. Сайдамир Зуҳуров, собиқ раиси КДАМ дар як мусоҳибаи худ бо Султон Ҳамад зикр мекунад, ки барои баргардондани Ризвон собиқ фармондеҳи Горди Президентӣ генерал Ғаффор Мирзоев пофишорӣ мекард ва ӯ тавонист, дар ин масъала розигии роҳбарияти ҷумҳуриро бигирад. Зуҳуров дар сӯҳбат бо президент мегӯяд, агар қарор бошад, ки Ризвон баргардонда шавад, пас бояд ӯро дар ягон нуқтаи дуртарин, аз қабили Мурғоб партоянд ва ҳеҷ гуна иттилоотеро дар ин масъала расман пахш накунанд. Аммо лидерони ИНОТ ба ин назар буданд, ки бо баргардондани собиқ сарфармондеҳи кулли нирӯҳои оппозитсия ба Тоҷикистон ҳукумат рахнаеро дар миёни муҷоҳидин ба амал овардааст. Зуҳуров мегӯяд, бозгашти Ризвон дар миёни бархе қумондонҳои ҳукуматӣ низ норозигиро ба вуҷуд меовард. Аммо яке аз размандагони худи Ризвон 12 сол пеш дар мақолаи Олга Тутубалина “Последняя охота за зверя” мегӯяд, онҳо ба Тоҷикистон бо хоҳиши худ наомада буданд, балки Аҳмадшоҳи Масъуд пофишорӣ кард, ки ба ватан баргарданд, зеро ахирӣ мехост, Русия дар муборизаи зидди Толибон ба ӯ ёрӣ расонад. “Ӯ (яъне Аҳмадшоҳи Масъуд) аз номи ҳукуматдорони Тоҷикистон ваъда дод, ки ба Ризвон 1 баталйони тирандозӣ дар назди Горди президентӣ медиҳанд”, -мегӯяд Мурод (номаш иваз шудааст), ки дар маҳбас умр ба сар мебурд-Ризвонро ҳамроҳи размандагонаш Зуҳуров бо Ғ.Мирзоев ба Тоҷикистон меоранд ва хилофи мувофиқа, тавассути расонаҳо хабар медиҳанд. Ба қавли Зуҳуров баъди чанд рӯз Ризвон ба вилояти Тахор баргашт, то ки размандаҳои боқимондаашро ба Тоҷикистон биорад.
С.Ҳамад дар китоби худ “Сулҳ ҳадяи Худо буд” менависад, дар Тахор Ризвонро ходимони амниятии вилояти мазкур пешвоз гирифта, ба маҳалле мебаранд. Аз бозгашти Ризвон муовинони раиси ИНОТ хабардор шуда, тасмим гирифтанд, ки ӯро барои ҷиноятҳои алайҳи ҷонибдорони оппозитсия содиркардааш ба курсии ҷиноятӣ шинонанд, аммо ин кор сурат нагирифт.

Аҳмадшоҳи Масъуд: Ризвон бояд чун саг бимирад!
Аммо Ризвону гурӯҳаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистон монд ва дар натиҷа, ба хулосае расид, ки фиреб хӯрдааст. Аз ин рӯ, дар охири моҳи декабри с.1996 ва моҳи феврали с.1997 бародараш Баҳром ба гаравгонгириҳо шурӯъ кард. Дар моҳи феврали с.1997 Аҳмадшоҳи Масъуд Ризвонро бо талаби Баҳром ба Тоҷикистон баргардонд ва дар пеши ӯ шарт гузошт, ки баъди расидан ба Қалъаи нав ҳамаро озод кунад, аммо баъди расидан ба назди Баҳром ба ваъдааш вафо накард. Солҳо баъд яке аз наздикони Аҳмадшоҳ бароям қисса карда буд, ки вақте фаҳмид, ки Ризвон ӯро фиреб кардааст, мегӯяд:
“Ризвон нон хӯрда, ба намакдон туф кард, аз ин рӯ, бояд мисли саг бимирад”.
Баъдан гаравгонҳо озод шуданд, аммо ҳукумат ва мухолифин мувофиқа карданд, ки ба муқобили ин гурӯҳи террористӣ мубориза баранд ва дар натиҷаи амалиётҳои низомӣ гурӯҳи Баҳром шикаст дода шуд. Худи ӯ ҳамроҳи мулло Абдуғаффор ба даст афтида зиндонӣ шуду Ризвон нопадид. Лек дар охири моҳи ноябри ҳамон сол ӯ боз аз худ дарак дод. Яъне даст ба гаравгонгириҳо зад, то ки бародараш Баҳром ва мулло Абдуғаффорро озод кунад, аммо ӯ дар натиҷаи 1 амалиёт, чун саг кушта шуд. Соли 1998 бо ҳукми Суди олӣ мулло Абдуғаффор ва Баҳром ба марг маҳкум шуданд, 2 бародари дигараш Фаҳмиддин ва Валиҷон с.2004 аз Русия истирдод ва зиндонӣ шуданд. Баъди пахши иттилои расмӣ дар бораи кушта шудани Ризвон “Чароғи рӯз” навишт, ки “ҳазрат” зинда аст ва ба ҷои ӯ каси дигаре қатл шудааст, аммо бо гузашти қариб беш аз 20 сол аён шуд, ки нафари кушташуда худи ӯст!

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter