ХАБАРИ ДОҒ

Вақте Ҳоҷӣ Ҳалим ба Хоруғ омад…

  • Панҷшанбе, Апр 26 2018


Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Тавре маълум, тибқи қарори Бюрои КМ РКП (б) Қарори КИМ РСФСР аз 2.01.1925 вилояти маъмурии Помир дар ҳайати РАСС Тоҷикистон ба ВМКБ табдил дода шуд. Пеш аз ин Комиссияи Тоҷикистон аз 5.10.1924 роҷеъ ба зарурияти ташкил кардани мухторият бо чунин далелҳо асоснок кардааст: Дар марзҳои пештараи тамоми Помир вилояти мухтор ташкил шавад, ки ба ҳайати Тоҷикистон дохил бошад. Тоҷикони Помир аз рӯи хусусиятҳои хоси сохти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва маишӣ, махсусияти ҷуғрофӣ, бисёрзабонии халқҳои музофотҳои Помир, ки ғайр аз Тоҷикони кӯҳистон ва қирғизҳо дар Помир зиндагӣ мекунанд, манофеи онҳоро ҳатман ба эътибор гирифтан лозим. Баъди истиқлолияти давлатӣ гирифтани Тоҷикистон ва қабули Конститутсияи нав нияти барҳам додани мухторияти Бадахшон дар фикри афроди алоҳида буд, лек комиссияи босалоҳият ва шахсан Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зидди ин пешниҳоди онҳо баромаданд.

1 нафар хонандаи СССР гуфтааст: «Помирӣ забон нест, лаҳҷа аст». Шириншо Шотемур с.1936 ҳангоми суҳбат бо Шерхон Мамадшоев, баъдтар муаллими шоистаи Тоҷикистон, ба ин савол, ки «оё тарҷумаи китобҳо бо забони шуғнонӣ зарур аст?» мегӯяд: «Тоҷикон бо ҳамин забонҳо низ ҷолибанду дар ин забонҳои гуногун маҳфуз мондаанд. Бубинед шуғнонӣ, рушонӣ, вахонӣ, ишкошимӣ, язгуломӣ, яғнобӣ… забонҳои ба сари мардум боркардашуда нестанд, балки Тоҷикианд, лек дар шакли хеле қадима. Омӯзишу таълим ба ин забонҳо дар синфҳои ибтидоӣ фақат ба хотири нигоҳ доштан ва аз байн нарафтани онҳост. Ин иқдом ягон маъно ё зермаънои сиёсӣ надорад».

Англия мехост Помирро гирад!
Мумкин бархе эрод гирад, ки ин Помири санглох барои Тоҷикистон чӣ даркор буд? Мухтасар ҷавоб медиҳам: Баъди забти Осиёи Миёна аз тарафи империяи Россия 1 муддат Помир берун аз таъсири Россияю Англия монд. Лек Англия, ки Ҳиндустон мустамликааш буд, бо ҳар роҳ мекӯшид, соҳиби Помир шавад. Император аз сабаби заифии Россия намехост барои Помир муносибаташ бо Англия бад шавад. Умуман, императори Россия дар бораи ин кишвари кӯҳсор тасаввуроти аниқ ҳам надошт. Аммо ба Помир сайёҳон, олимони касбу корашон гуногун, ҷосусҳои рус омада, хуб дарк карданд, ки ин диёр барои Россия чи аҳамият дорад ва 3 омили асосии ҳамроҳшавии Помирро бо Россия ба император пешниҳод карданд:
1.Помир бо 3 давлат-Хитой, Афғонистон ва Аморати Бухоро ҳамсарҳад буда, мавқеи хуби стротегӣ дорад.
2.Дар Помир тамоми намудҳои системаи даврии Менделеев мавҷуданд.
3.Ва аз ҳама муҳим, дар оянда Осиёи Миёна аз камшавии об танқисӣ мекашад ва захираи об маҳз дар ин ҷо ҷамъ шудааст.
Баъди ин Император розӣ шуд, ки Помирро тасарруф кунад.

Бадахшониҳо ба ҳоҷӣ Ҳалим посухи рад доданд!
Ва дар ниҳоят: Пеш аз даст задан ба табаддулоти давлатӣ (сентябри с.2015) генерали хоин ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, ҷосусон-одамони ӯ ба Хоруғу Рӯшон омада,  бо нафароне, ки нисбат ба сиёсати давлат норозианд, суҳбат карда, хоҳиш намуданд, дар ин моҷаро мардуми Бадахшон онҳоро ҳамроҳӣ кунанд. Онҳо, яъне бадахшониҳо (ман ин далелро аниқ медонам!!!) дар ҷавоб гуфтанд:
«Мо ба Ватани худ хиёнат намекунем!!!»
Хуллас, Бадахшон ҷисми ҷудонашавандаи Тоҷикистон буд, ҳаст ва мемонад. Ватани мо Тоҷикистон ва миллати мо Тоҷик асту Пешвои мо, Сарвари дурандеши мо-Эмомалӣ Раҳмон! Мо Метавонем!

Меҳриддин Замонов,
н.Рӯшон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter