ХАБАРИ ДОҒ

Боз 1 шогирди Алии Бедакӣ боздошт шуд

  • Панҷшанбе, Апр 26 2018



Тавре сайти интернетии www.kommersant.ru хабар медиҳад, Суди вилояти Свердлови Федератсияи Русия шаҳрванди Тоҷикистон Шарифҷон Одилов-узви дастаи Алии Бедакӣ (Аловиддин Давлатов)-ро ба зудӣ ба Душанбе мефиристад. Одилов, ки апрели с.2017 дар вилояти мазкур дастгир шуд, ба қасди анҷоми чанд теракт дар Душанбе дар с.2010 айбдор мешавад. 1 ҳадафи ин ҳамлаҳо Дивизияи 201-и Русия будааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бошад Шарифҷонро ба гардиши ғайриқонунии силоҳу маводи тарканда, узвият дар гуруҳи ҷиноӣ ва қасди анҷоми ҳамлаи террористӣ айбдор мекунанд. Тибқи манобеи хабарӣ, Одилов узви дастае буд, ки таҳти фармони Алии Бедакӣ-фармондеҳи собиқи ИНОТ мебоист с.2010 дар ш.Душанбе чанд теракт анҷом дод, аз ҷумла, 1 фурӯшгоҳ ё бозори серодамро тарконд. Аммо ин дастаи террористӣ рӯзи 22.08.2010 дар пайи боздошти яке аз аъзояш-Ҳалим Исоев, зодаи н.Восеъ (с.тав.1984) ошкор карда шуд ва гурӯҳи боқимонда фирор карданд.

Террорист ё мударрис?
Он замон дар 1 гузориши ВКД ҶТ гуфта мешуд, ки Исоев дар 1 мадрасаи ғайриқонунӣ дар деҳаи Порвоғи н.Рашт таълимоти исломӣ гирифтааст. Ва дастаи террористҳо бояд бо ҳадафи эҷоди тарсу таҳлука дар байни мардум чанд макони пуриздиҳом дар ш.Душанберо метарконд. Ба Исоев супориш шуда буд, ки ба Дивизияи 201-и Русия дар маҳаллаи Гипрозем ҳамла кунад. Ва ӯро ахир дар наздикии Дивизияи 201 меқапанд ва аз вай 1 бомбаи худсохт ёфт ва мусодира мешавад. 27.01.2011 суди ш.Душанбе Исоевро тибқи 3 моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ (моддаҳои 179, қисми 3 (терроризм), 1187, қисми 2 (ташкили иттиҳоди ҷиноӣ) ва 11195, қисми 2 (ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ) ба 28 сол суд кард. Ҳалимро дар шабу рӯзе қапида, суд карданд, ки амалиёти бузург бар зидди гуруҳҳои мусаллаҳи Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло-фармондеҳи дигари собиқи ИНОТ дар водии Рашт идома дошт.
Бо акси 26 сарбоз ва акси Раис дар Камаров!

Қотили 26 сарбоз
Алии Бедакӣ-узви фаоли ТЭТ ҲНИТ дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар ҳайъати нирӯҳои ИНОТ меҷангид ва дар с.2010, дар пайи 1 шабехун 26 ҷавони 18-20 соларо дар Камароб қатл кард. Дар таърихи 6.01.2011 нирӯҳои давлатӣ 9 тани охирин аз гурӯҳи Алии Бедакиро дар 1 оғилхона, дар рустои Руноби водии Рашт гирд карда, наздики 2 соат вориди задухӯрд шуданд. Дар пайи амалиёти махсуси мақомоти интизомӣ 3 сокини ин ноҳия, 2 нафар аз навоҳии Ҳисору Турсунзода, 2 тани дигар аз н.Исфара ва худи раҳбари гурӯҳи мусаллаҳ-Аловуддин кушта шуданд. Аз байн бурдани гурӯҳи Алии Бедакӣ, аз пешрафтҳои муассири нируҳои амниятӣ унвон шуд, ки баъди он эътимоди шаҳрвандон ба тавони мақомоти амниятӣ бештар гардид. Воқеан ҳам дар ин амалиёт хабарнигори СССР низ дар паҳлӯи афсару аскарон қарор дошту аз он ҷо гузориш менавишт! Қатли Бедакӣ ба бӯҳроне, ки на фақат рӯи водии Рашт, балки куллан ба Тоҷикистон соя афканда буд, поён гузошт.

Қатли қотил
Баъдан феврали с.2011 дар телефонҳои ҳамроҳии бархе аз сокинони кишвар наворе пайдо шуд, ки дар он марди ришдоре дар дохили 1 «Тангем» бо афроди низомӣ мавриди пурсиш қарор мегирад. Афроди низомипӯш ин мардро Алии Бедакӣ садо мекарданд… Хуллас, амалиёти маҳви ин гурӯҳ аз сентябри с.2010 то апрели с.2011, расо 8 моҳ тӯл кашид. Алии Бедакӣ дар рӯзҳои аввали с.2011 ва Мулло Абдулло моҳи апрели ҳамон сол кушта шуданд.

Шаҳрзоди Амин
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter