ХАБАРИ ДОҒ

Бас аст, ба Худо бас аст! Магар Худо гуфт, ки Опели куҳна хар? Дар ҳар хонаи мо дую 3 мошини кӯҳна ҳаст. Лекин чанди мо дар хонааш 1 дастгоҳи кории хитоӣ дорад?

Бароятон “дарси эволютсия” намехонам, худатон бехтар медонед, ки чист. Танҳо мехоҳам андешаҳоямро перомунаш ба дидгоҳи ҳумоюни шумо пешниҳод кунам.
Мо ҳамаи зинаҳои эволютсияи одамро медонем. Ва гумон дорем, ки ба поёни роҳ расида бошем. Лекин чунин нест. Худи мо ноогоҳ зинаи нави эволютсия 300/150 сол боз дар мекӯбад. Гумон накунам, ки ин зинаи вопасин бошад. Дар пеш роҳи тӯлонитар ҳаст. Инсон дар ин солҳо ҳам равонӣ, ҳам баданӣ дигар шуд. Одами нав дигар он одами 300 сол пеш нест. Имрӯз мошини ҷомашӯии одами нав аз бисёри одамони 300 сол пеш донишмандтар аст. Намегӯем, ки аз ним зиёди мо киборг шудем ва нодида мегирем. Оре, касе дандони сохта, дигаре дилу гурдаю ҷигару... сохта дорад. Гоҳе органҳои сохта аз бунёдӣ беҳтаранд. Ва одами нав дар талоши беҳтар сохтани зиндагӣ, тандурустӣ, хӯрдану пӯшидани худ аст.
Гумон дорам, ки дарро ба рӯи зинаи нави эволютсияи одам инквизитсияи Аврупо боз кард. Донишситезии руҳониён, одамсӯзиҳошон, сияҳкориҳошон донишвариро нерӯи бемонанде дод, ки зуд миёни мардум паҳн шуд ва пайравони бештару беҳтаре ёфт. Андеша аз банди боварҳои пӯсида берун ҷаҳид. Ҳарчанд, ки имрӯз утопистону сотсиалистҳоро накӯҳиш мекунем, бояд тан гирифт, ки орзуи мардумсолорию баробарии инсонҳоро ҳамонҳо зинда карданду нерӯ бахшиданд. Ҳамонҳо дасти динро болои андешаю донишварӣ кӯтаҳ карданд. Ҳарчанд “таҷрибаи бебарори лабораторӣ” карданд.

Дин, илм ва зан
Мардум, ки нотавонии динро баробари андеша дид, коре кард, ки дар чанд миллион соли будани одам ҳамто надошт: зан, ки баробар ба “ҳайвони хонагӣ” буд, ба озодию баробарию одамӣ расид. Зан ба озодии пурра расид. Озодии зан нерӯи андеша ва офарандагиро 2 баробар афзуд. Ба мантиқи яккатози мардсолорӣ мантиқи зан пайваст ва миллионҳо душвориҳою бандҳои то имрӯз ногушода рӯшан шуданд.
Ин зинаи эволютсия низ чун ҳама зинаҳои дигараш хоҳу нохоҳ бояд худполоӣ кунад, инсониятро безад, сара кунад. Ва ин раванд дар оғоз шудан аст. Бештар аз ҳамеша “интихоби табиӣ” корзор мекунад. Дар 100 соли оянда одам дар рӯи Замин на бештар аз 1 миллиард мемонад. Шояд камтар монад. Мантиқи “интихоби табиӣ” одамонро ба 2 гурӯҳ ҷудо мекунад, ки нишонаҳояш имрӯз ҳам ҳаст: шоиста ва ношоиста. Одам бо шикастани банди боварҳо офарандагиро, худомонандиро, ҳаматавониро пеша карда аст. Ва ин одами нав дар талоши шикастани ҳама системаҳои ғоратгар монанди давлат, системаи пулию молӣ, институтҳои ҳуқуқи имрӯза аст. Ва пирӯз мешавад ҳам. Инҳо ҳама санги роҳи мардуми офаранда ҳастанд.

Одамонро кам мекунанд!
Барои шикастани ин системаҳо нерӯи офаранда бояд баҳонаҳои онҳоро аз зери пояшон бигирад. Баҳонаи ин ҳама институтҳо “зиндагии шоистаи ҳама мардум” аст. Ин нерӯ на кам аз 6 миллиард одами “ношоиста”-ро нобуд мекунад, то ки дигар давлату бонку пенсионеру суғурта набошад. Дар ин роҳ аз имрӯз пулҳои виртуалӣ, айбанкҳо... пайдо шуданд, ки ресурсҳои одамро бевосита пеши худаш нигаҳ медоранд. Интеллекти сохта ҷойгири бисёр системаҳо мешавад.
Чӣ хеле, ки имрӯз аз динҳою фарҳангҳо сара карда, қонунҳо сохтанд, дар оянда низ ин ҳама сара шуда 1 кодекси кӯтоҳе мемонаду бас.
Нобуд кардан ин танҳо бо роҳи куштан нест. Тандурустӣ 10 солу 20 сол пас селективӣ мешавад. Пас аз 50 ё 70 сол 90% ихтисосҳои тандурустӣ аз байн мераванд. Тандурустӣ ҳам монанди коргоҳи мошинсозкунӣ мешавад. Дастгоҳҳое пайдо мешаванд, ки нерӯи интеллектро то бордоршавӣ мефаҳманд ва роҳи зодани ношоистаро мегиранд. Шоистагиро танҳо дар интеллект мепазиранд. Нерӯи бадан дигар короӣ нест. 1 техника метавонад кори ҳазорон таҳамтанро кунад. Синтетика ба зинаҳои болоӣ мерасад. Хӯрдану пӯшидан дигар содаю осон мешавад.
Аз нобудшавӣ ки гуфтем, бояд дар ёд гирем, ки туфангҳои имрӯзаю бомбаҳои атомию нейтронӣ 100 сол пас монанди фалахмон хандаовар менамоянд. Туфанги нав танҳо бо равони одам кор мегирад. Чунки ин зинаи эволютсионӣ интеллектсолорӣ аст.

9 млн 1 кашфиёт кардем?
Ҳаминҷо баргардонро во мегузорему мехоҳам баротон 1 чизеро гӯям, ки будану набудани ояндагонатон имрӯз дар дасти шумост. Ба гумонатон мо шоиста ҳастем ё ношоиста? Ба гумонатон интихоби табиӣ аз мо насл во мегузорад? Ба гумони ман не. 1 гирдогирдатон нигаред, ки оё то имрӯз мо-зери 9 миллион одам 1 чизаке офаридем? Оё ягон нишонаи офарандагӣ дар худ мебинем? Оё медонед, ки 90%-и мо чизҳои сохтаи дигаронро кор фармудан наметавонем??? Оё медонед, ки мошини ҷомашӯӣ аз чанди мо интеллекти бештар дорад?
Дасти мо ҳамеша ба риши Худост. Худо бошад зинаи нави эволютсияро офарид. Гуфт, офарандагӣ кун.
О, мардуми ширин! Ба Худо бисёр бад аст, ки аз мо нишоне намонад, бад аст! Як Кореяи Ҷанубиро хонед, ки 40 сол пеш дар чӣ рӯзу рӯзгоре буд. Бечораҳо чунон бахташон баргашта буд, ки моҳӣ лаби дарёшон намеомад, обсабз мехӯрданд. Дидед, он рӯзҳошон гузашт. Имрӯз зиндагии инсониятро бе нишони дасти куриёӣ ангоштан намешавад.
Бас аст, ба Худо бас аст! Магар Худо гуфт, ки Опели кӯҳна хар? Дар ҳар хонаи мо дую 3 мошини кӯҳна ҳаст. Лекин чанди мо дар хонааш 1 дастгоҳи кории хитоӣ дорад? Ё агар дастгоҳи мехсозию қаламсозию чумчатарошӣ харем, Худо намемонад?
Умедворам 1 заррае дар мағзи азизатон ҷунбише шуд. Бад намешавад агар кам-кам, майда-майда офариданро аз хурдтарин чизҳо сар кунем. Бовар дорам дар ин зинаи эволютсия ҷойгоҳи баланд аз мо хоҳад шуд. Мо мардуми интеллектуал ҳастем. Офаранда ҳастем ва бояд ба худ оем. Идеяи миллӣ бояд офарандагӣ бошад, интеллект бошад. Мо метавонем!

Сафват Бурҳонов,
Одесса, Украина

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter