ХАБАРИ ДОҒ

Шабнам бо «Човандоз»-и Шоира Ӯзбекистон меравад!

  • Ҷумъа, Апр 27 2018

Ситораи попи Тоҷик, бузургтарин сарояндаи муосир дар миёни ситораҳои эстрадӣ, ки Аврупову Амрико эътирофаш кардаанд, ба фестивали таронаҳои фолклории «Баҳори Бойсун» хоҳад рафт. Шабнам, ки ҳамакнун аз сафари хориҷа омадааст, ба ин фестивал суруди машҳур дар ин шабу рӯз (ХИТ) «Човандоз»-ро мебарад. Хотиррас мешавем, ки муаллифи суруд ва оҳанги он корманди мо-Шоираи Раҳимҷон аст.
Ба иттилои хонум Раҳимҷон-директори Маркази продюсерии «Шоира» дар назди газетаи СССР, Шарофатбону Рашидоваи беҳамто ба ин тарона рақс бастааст. Театр-студияи «Падида» арғушти «Човандоз»-ро таҳия кардан доранд. Ҳамзамон ба ин фестивал ансамбли рақсии «Лола» низ даъват шудаанд. Аммо гавҳари барнома (гвоздь номера) албатта Шабнам ва таронаи ӯст.
Хотиррас мешавем, ки Шабнами Сурайё дар кишвари ҳамсоя хеле маъруфу машҳур аст ва суруду таронаҳояш қариб дар тамомии тарабу тӯйхонаҳои ин кишвар садо медиҳанд.
Фестивали фолклории «Баҳори Бойсун» ҳамасола дар н. Бойсуни Ӯзбекистон баргузор гашта, ба он тамомии ансамблҳои халқии ин кишвар даъват мешаванд. Ин барои нахустин бор аст, ки баъди «обшавии яхҳо» Тоҷиконро низ ба ин озмун даъват карданд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter