ХАБАРИ ДОҒ

Чаро барқро бе огоҳӣ мекушанд?

  • Панҷшанбе, Июн 07 2018


Узви Ихвон-ал-СССР, маорифпарвари собиқадор Ҳабибулло Искандаров, сокини маҳаллаи 32-уми ноҳияи Синои пойтахт бо телефони 88 608 00 33 ба газетаи мардумии СССР занг задаву гуфт, ки чанд рӯз боз мо-сокинони ин маҳал барқи доимӣ надорем. Барқро ҳар сари вақт зуд-зуд ва бе огоҳӣ қатъ мекунанд. Ба телефони боварии райсети ноҳия борҳо занг мезанем, гудок меравад, аммо касе гӯширо намебардорад. Хуллас, барқро ҳар рӯз 2-3 соат бидуни огоҳӣ мекушанд. Мардум дар хона яхдон дораду дар дохилаш таъому маҳсулоти вайронмешударо гузоштаанд. Дар сурати бебарқӣ тамоми хӯрокаҳо вайрону турш мешаванду ба ҷайби мардум зарари иқтисодӣ мерасад. Аз раҳбарияти ноҳия хоҳиш дорам, ки иллати бебарқиро ба мо фаҳмонанд ва барқро пешакӣ огоҳ намуда, қатъ кунанд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter