ХАБАРИ ДОҒ

Хонандагони азиз! Дар арафаи рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн таҷлил карда мешавад, мо тасмим гирифтем дар бораи он нафароне, ки дар барқарории сохти ҳукумати конститутсионӣ ва пойдории сулҳу амнияти кишвари мо-Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми худро гузошта, бо ин номашон дар саҳифаҳои таърихи истиқлолияти мамлакат дарҷ кардаанд, бигӯему бинависем. Родмардони далери Тоҷик дар мушкилтарин соату рӯзҳо, дар он вақте ки Тоҷикистон дар вартаи пошхӯрӣ қарор дошт, камар бастанду ба дифои миллату меҳани хеш бархостанд. Ва маҳз ҳамин нафарон буданд, ки кишвари мо аз ҳалқаи оташу туфангу тӯп раҳо ёфта, истиқлолияти том ба даст оварду қомат баланд кард. Қаҳрамони нахустине, ки имрӯз дар борааш хоҳем гуфт, Шамсулло Маҳмудов аст. Вежагии ин матлаби мо дар он аст, ки худи Маҳмудов дар бораи омодашавии ин мақола хабар надорад ва ҳар чизе, ки ин ҷо менависему меорем аз забони дӯстону ҳолдонҳо ва шахсонест, ки тӯли солҳои зиёд дар паҳлӯяш буданду ҳастанд.

Қандаҳор, кафшергарӣ ва милитсия
Полковники милиса Шамсулло Маҳмудов-ҷанговари башардӯст, айни замон роҳбарии ШВКД дар ш.Истаравшанро бар дӯш дошта, фаъолияти ӯ дар артиш ва мақомоти қудратӣ аз ҳимояи марзу буми давлати абарқудрати шӯравӣ дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон оғоз шудааст. Соли 1982 ӯ бо аризаи ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ рафта, нахуст мактаби мардонагиро дар маркази таълимии махсус дар Гурҷистон мегузарад. Он замон сарбозонро барои идомаи хизмат дар Афғонистон махсус ҷудо намуда, пеш аз фиристодан ба муддати 6 моҳ дар марказҳои алоҳидаи таълимии ҳарбӣ омода менамуданд. Шамсулло низ аз ҳамин мактаб гузашта дар ҳайати дастаи алоҳидаи таъиноти махсуси Вазорати мудофиаи давлати шӯравӣ ба Афғонистон, ба минтақаи аз ҳама ҷангзадаи ин мамлакат-Қандаҳор равон карда мешавад. 3 соли умри сарбози қаторӣ дар Қандаҳор гузашта, ин ҷавони Тоҷик нахустин даҳшатҳои ҷангро он ҷо мебинад. Пас аз бозгашт аз Афғонистон дар зодгоҳаш-н.Фархор ба 1 муассисаи сохтмонӣ даромада, ба ҳайси кафшергар кор карда, ҳамзамон барои идомаи таҳсил ба мактаби миёнаи махсуси милитсия низ шомил мешавад. Аз ҳамин мактаб шурӯъ мешавад фаъолияти ӯ дар мақомоти милитсияи Тоҷик.

ҲНИТ, Муллоякоша ва хориҷшавӣ аз сафи милитсия
Соли 1988 Маҳмудовро ҳамчун нозири минтақавӣ барои кор ба н.Файзобод мефиристанд. Солҳои аввали 90-ум маҳз дар ҳамин ноҳия шоҳиди фаъолияти гурӯҳҳои сиёҳкори собиқ Ҳизби наҳзати ислом гашта, моҳи июни с.1992 бошад ин гурӯҳи ифротӣ бо роҳбарии ба ном «Муллоякоша» ба Файзобод даромада, ноҳияро зери итоати худ медарорад ва дар маркази Файзобод ситод ташкил намуда, ба ҷанги бародаркуш сар мекунад. Ӯ фармон медиҳад, ки мардуми бегона аз Файзобод барояд ва дар баробари даҳҳо шаҳрвандони дигар Шамсулло низ аҳли оилаи хешро гирифта, ба зодгоҳаш бармегардад. Ҳамон солҳо ифротиёну сиёҳкорон ба лаҳҷаи эронӣ байни худ сӯҳбат мекарданд, ки шубҳаовар буд.
Баъдан ячейкаи ин гурӯҳҳо дар Қӯрғонтеппа, аниқтараш дар совхози «Туркманистон» таъсис ёфта, ифротиҳо ба сар латтаи сафед баста, худро «фидоӣ» номида даст ба ғорату куштор мезаданд. Қӯрғонтеппа ба вартаи хун печида, ба ном «фидоиён» он қадар куштанду сӯхтанду ғорат карданд, ки милисаи ҷавон Шамсулло Маҳмудов мисолашро дар Қандаҳори Афғонистон надида буд… Он рӯзу шаб вазири собиқи корҳои дохилӣ Мамадаёз Навҷувонов бо фармони хеш теъдоди зиёди милисаҳои Тоҷикро аз сафи мақомот хориҷ кард, Маҳмудов низ дар қатори онҳо буд.

Отряди мунисипалии бачаҳои Афғонистон
Дидани сиёҳкориву куштору сӯхтор ва ғоратгарии ифротиёнро Шамсулло ва боз чанд тани дигар аз ҷавонмардони бонангу номус ва боғурури Тоҷик дида наметавонанду барои мубориза бар зидди онҳо, ки пайравони ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, аз ҷумла, салафияву ваҳҳобия буданд, бархоста Отряди мунисипалии бачаҳои Афғонистонро таъсис медиҳанд. Ин отряд, ки узви Фронти халқӣ буд, муборизаи беамонро барои пок кардани кишвар аз душманонаш сар кард.
Маҳмудов баъзан дар сӯҳбатҳояш дар бораи он замон 1 лаҳзаро такрор карда, мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ он гаҳвораи нимсӯхтаро дар яке аз хонаҳои ургутмаҳаллаи ш.Қӯрғонтеппа-Бохтари имрӯза фаромӯш нахоҳад кард. Хонаро талаву тороҷ карда, аҳли оилаашро то кӯдаки ширмаки гаҳвора кушта, сипас сӯзонида буданд, гаҳвораи нимсӯхта дар байни ҳавлӣ монда, алвонҷ мехӯрд…он вақт ифротиҳо барои пулу молу мансаб виҷдону имони худро мефурӯхтанду парвои миллату давлат надоштанд.
Мавсуф таъкид медорад, ки сулҳу амнияти комил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз соли 2011, пас аз марги Мулло Абдулло ба даст омадааст. Зеро то ӯ намурд, пайравонаш амалҳои сиёҳи хешро дар ин ё он минтақаи кишвар давом дода, ҳаёти осоиштаи мардумро халалдор месохтанд. Ҳамеша маълум буд, ки мулло Абдулло ва пайравонашро дасте аз хориҷ маблағгузорӣ мекард, вагарна ин террористон, ки аз пинҳонгоҳи хеш берун намебаромаданд, аз куҷо пулу чизу аслиҳа доштанд!?
  
Дар сафи милитсия буд, ҳаст ва хоҳад монд!
Шамсулло Маҳмудов дар сӯҳбат бо дӯстонаш пайваста мегӯяд, ки аз ҷавониаш дар майдони ҷанг будааст-аввал дар Қандаҳори Афғонистон, баъдан ҷанги дохилии Тоҷик ва агар лозим бошад омода аст барои ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азиз боз ба даст яроқ бигираду ҷон нисор кунад. Ҳамеша таъкид медорад, ки «ман дар сафи мақомоти милитсия будам, ҳастам ва хоҳам монд!». Воқеан ҳам пас аз хотимаи бесарусомониҳо Шамсулло дубора ба сафи милитсия баргашт ва фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун муовини сардори ШКД дар н.Фархор давом дод. Баъдан, фаъолияти меҳнатии ӯ дар полки дидбонӣ-пайраҳагардии махсуси ВКД идома ёфта, пас аз он ба ҳайси муовини сардори РВКД дар ш.Душанбе, сардори ШВКД дар н.Сино-1 низ кор кардааст.
Солҳои 2010-2013 Маҳмудовро ба ВКДи ш.Исфара мефиристанд. Наздики 4 сол роҳбарии шӯъбаи корҳои дохилии ин шаҳрро бар дӯш дошта, дар ин муддат тавонист қолабҳо ва қонунҳои нонавиштаи мардуми мазҳабпараст ва ифротии маҳалро, ки теъдоди бештарашон пайравони Ҳизби наҳзати ислом буданд, бишканад. Аз ҷумла, барои мардуми бархе аз ҷамоатҳои ш.Исфара рӯзи ҷумъа рӯзи истироҳат буд ва сардори ШВКД тавонист бо истифода аз сӯҳбатҳои маслиҳатомезу корҳои фаҳмондадиҳӣ ин қолаби шахшударо аз байн бубарад. Сокинони Исфара ҳанӯз ҳам Шамсулло Маҳмудовро ба некӣ ёд мекунанд ва ҳамеша дар бораи кордониву рафтор ва муносибати хубу дасти хайри эшон мегӯянд.
Аз соли 2013 то ин ҷониб полковник Маҳмудов роҳбарии ШВКД ш.Истаравшанро бар зимма дошта, бо амалҳои инсондӯстонаву принсипи ягонаи корӣ, адолату дурандешӣ ва дасти хайру босахои хеш маҳбуби дилҳои мардуми Истаравшан гаштааст. Шамсулло Маҳмудов 33 соли хешро барои хизмат ба мардум ва ҳифзи амнияту тартиботи ҷамъиятӣ додаасту боз ҳам мегӯяд: «Лозим ояд ҷонамро нисори Ватан хоҳам кард!».
Зиҳӣ, родмарди далери Тоҷик!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР
Душанбе-Истаравшан-Душанбе




ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter