ХАБАРИ ДОҒ

Футбол: Чемпионҳо куҷоед???

  • Панҷшанбе, Июн 28 2018

Ин шабу рӯз тамбалтарин тамбали олам роҷеъ ба футбол сухану сӯҳбат мекунад. Ҳатто «занакҳои лави ов» сатилу қарабойиро 1 сӯ гузошта, Мессиву Неймару Мюллерро ғайбат мекунанд, ки:
-Садқай одамгаритон кунад-э. Наход «звезда» ҳамту бозад?!
Ва ин хуб аст. Зеро футбол, варзиши №1 воқеан ҳам ҳокими курраи Замин шудааст, ки муборакамон бод!!!



Россия-чемпион?!
Ин Мундиал ғайричашмдошт лидери нав зоид: РОССИЯ!!! Мунтахабе, ки дастаи фурудгоҳи кӯҳнаи пойтахтро бурида наметавонисту ҳамчун «дилшикастагии аср» ном бароварда буд, ба ногоҳ, ба дарвозаи мунтахаби Саудӣ 5 голи бе ҷавоб зад.
На беҳуда, Абдуқодири Абдуқаҳҳор-фаоли сайтиҳои иҷтимоӣ шӯхӣ кард, ки «дар ин шоми рамазон 1,5 млрд мусалмон рӯи ҷойнамоз барои пирӯзии Саудӣ дуо карду онҳо шармандавор бозиро бохтанд!». Фанатҳо ҷои хулосаи лозима ба Абдуқодир часпиданд. Он тарафаш фанати беақл-дия? Мантиқи Абдуқодир ин буд, ки ба умеди Худо шаву буттаро дор. Надоштанд ва «позор» шуданд.
5:0, 5:0…

Агрентина Ямайка… какая боль!!!
Ин суруди маъруфро бояд дар бораи Арабҳо низ сароид…
Ба ҳамин тартиб, агар ҳамин шабу рӯз чемпионат қатъ мешуд, Русия бо бартарияти голҳои задааш чемпиони ҷаҳон мешуд. Бештар аз ӯ танҳо 3-голӣ задаанд…

Кӣ гуфт 1 тан ҷанговар нест?
Ин фарзияро Роналдои олирутба ва олиҷаноб рафъ кард. Ӯ тани танҳо бо Испанияи муқтадир ҳарб карда ғолиб омад. Нахустин хет-трики Роналдо дар ҶҶ низ ба қайд гирифта шуд. Сухан сари он аст, ки ҳар 3-голро Роналдо ҳам муаллиф шуд ва ҳам ассист. Яъне худаш пеналти кор карду ҷаримазарба ва голи дуввуми зебояш низ тавре зада шуд, ки ҳатто Пелеву Марадонаи маъруфро оби даҳонашон рафт. Метавонад! Мардак-да, муборак бод!

Фаворитҳо канӣ?
Фаворит калимаи русӣ нест, байнулмилалист. Инро ба Низом Қосим-раиси ИНТ мегӯем, ки боз хулосаи навбатияшро роҷеъ ба басташавии газетаи мо нанависад: метавонад мардак. 1 Иттифоқро парканда карду акнун думи газетаҳоро қапидааст. Офаринаш!
Хулласи калом, баргардем сари футбол, ки тарҷума надорад ва Кумитаи Забон наметавонад онро «пойбозак» хондаву гӯяд, СССР Тоҷикиро риоя накарда истодааст…

Машинаи Олмон «стук» дод?
Германия, яъне Олмон (махсус барои раёсати ИНТ қайд мекунем, ки сари худро гаранг накарда, даррав хулоса нанависад!) бозиро бохт. Ғайримунтазира. Шояд! Аммо Мексика низ нишон дод, ки бачаи ҷайра нест ва футбол бозида метавонад.
Хуан Карлос Осорио ба Йоахим Лёв нишон дод, ки тактика чисту практик кист?!
Дар ин бозӣ ҳама чиз буд. Ҳатто немисҳои, ба гуфтаи Бобои Ғуломи таърихӣ, “очаи мардака дар чашмаш нишон медодагӣ” 26 зарба сӯи дарвозаи Мексика заданд. Аммо ҳамагӣ бе натиҷа. Мексика 1 гол зад ва пас нишаст ва дар даҳони дарвоза “автобус” гузошт. Давида омадани Нойер низ дар дақоиқи ахир кор надод. Олмон шармандавор шикасти нахустини худро дид. Метарсам, плей-офф бе Олмон нагузарад…

Аргентина: Дастаи колхозчиён ҷониби саҳро равон...
Мессии таърифӣ бо дастаи “мега-ситоравияш” ба оғӯши гарму нарму сангини Исландия уфтод. Давлате, ки ҳамагӣ 350.000 аҳолӣ дорад, чизе бешу камтар аз 1 ноҳияи Душанбе, Аргентинаи бузургро шарманда кард. 27 зарба ба дарвоза, ки аз он 11-тояшро Лионел зад, бе натиҷа анҷом пазируфт. Ҳоло хайрият, ки Аргентина 1 гол зад! Агуэрои домоди Марадона. Ва аммо Месси 11-метраро натавонист ба ҳадаф расонад ва аккурат исландиҳо голи ҷавобӣ задаву ҳисобро мусовӣ карданд. Аргентина ба плей-офф мебарояд? Суол аст, дигар!

Бразилия, Неймар ва “кошмар”
Муддаии дигари унвони чемпионӣ, Пента-кампионҳои олам, бо ҳидояти Неймар ва компанияаш низ шарманда шуданд. Дар бозии нахустин онҳо натавонистанд. Швейтсарияи миёнаҳоли Аврупоро шикаст диҳанд. 1:1. Ҳоло бояд шукр гуфт, ки зарбаи Шакирӣ ба тӯри дарвоза надаромад. Афту хезу шишту дави Неймар-гаронарзиштарин футболбози олам ҳич суде накард. Ғайричашмдошт дар ин гурӯҳ медонед, кӣ пешсаф гардид?
Сербия, ки 3 хол ба даст овард ва он ҳам бо азоби алим...

Русия, Фаронса, Уругвай ва ғайраҳо
Албатта, бозии аввал охири кор нест. Тавре мегӯянд, “аввалбарак гулбарак”, яъне ҳама чиз дар пеш аст. Аммо Русия, Уругвай, Фаронса, Белгия, Хорватия, Эрон, Дания, Шветсия, Мексика, Англия...тавонистанд аз 3 холи имконпазир 3 имтиёз ба даст оранд. Вале Русияро ин шаб (19.06) имтиҳони Муҳаммадӣ интизор аст. М.Саллоҳ, ки дар бозии аввал набуд, тимаш бар Уругвай бохт. Акнун ӯ бо дандонҳои аз гизалагӣ гиз бар зидди Черчесов мебарояд. Бозии марг ва зиндагонист. Бохт шонси Мисрро ба 0 баробар мекунад. Мо низ бовар дорем, давоми чемпионат бе Саллоҳ намегузарад. Боз дар ҳоле, ки чеченҳои пуршарафи мусалмонтабор дар зодрӯзи Муҳаммад ба ӯ торт тӯҳфа карданд.
Дигар тимҳо низ дар ин шабу рӯз пурғазаб ба бозиҳои дуввум мепардозанд. Хотиррас мешавем, ки бохт ё мусовии навбатӣ фаворитҳоро метавонад аз радари ин чемпионат барандозад. Мунтазир мемонем. Мо Метавонем!

М. Мубориз
Махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter