ХАБАРИ ДОҒ

Ғафур-Бойбачаро меҷӯянд!!!

  • Панҷшанбе, Июн 28 2018

Ахиран бо пахши 1 иттилоия ВКД Ӯзбакистон дар бораи ҷустуҷӯи байнулмилалии Ғафур-Бойбача, Ғафур-аслонбек Раҳимов ва завҷаи ӯ-Лола Раҳимова хабар дод. Гуфта мешавад, Ғафур-бойбача ва занаш барои рэкет, зӯроварӣ, пулшӯӣ ва ғ. мавриди бозҷӯӣ қарор доранд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз 10 сол пеш Вазорати Молияи Амрико ин нафарро ба «Рӯйхати Магнитский» шомил кардаву дороияшро таҳти таҳрим қарор дода буд.

Япончики ӯзбак…
Ғафурро дар олами ҷиноӣ ба «Япончик»-авбоши пуровозаи рус баробар мекунанд. Вячеслав Иванков (Япончик) соли 1940 дар Москва таваллуд шуда, «Дузди қонунӣ»-(Вор в Законе) ва яке аз чеҳраҳои тобонтарини олами ҷиноии СССР ва сипас Русия маҳсуб мерафт. Ӯро дар синни 69-солагӣ дар Москва куштанд.
Япончик дар соли 1974 дар СИЗО-2 “Бутырка” “Тоҷи Дузди Қонуниро” аз дасти Кучулория В.Д. (Писо), Геворкян Г.Г. (Гога Ереванский) ва Карков Г.А. (Монгол Санка-лақабҳои дуздони қонунӣ) бар сар гузошта буд. Япончик бо бераҳмии махсус маъруф буд ва олами ҷиноии русӣ-советиро барои нахустин бор то фаросӯи уқёнус бурда, дар Амрико низ қонунҳои нонавиштаи криминалро ҷорӣ карда тавонист. ФБР ӯро боздошт, суд ва сипас депорт намуд. Баъди бозгашт ба Русия боздошт ва сафед шуда, ба Дубай рафт. Чанд соле дар Дубай буд... Воқеан ҳам Ғафур-бойбачча низ сар аз он солҳо то ҳанӯз дар Дубай ба сар мебарад. Ғафур-бойбача аз ангуштшумор Дуздони қонуниест, ки дар Осиёи миёна зуҳур кардаанд. Аксарияти кулли “Вор в Законе”-ҳо қафқозӣ, яҳудӣ ва рус мебошанд. Фарзи мисол, Тоҷикон танҳо дар авоили соли 90-и асри пор соҳиби “Дузди қонунӣ” шуданд, “Рустам-корочи”, ки баробари ба Кӯлоб-зодгоҳаш омадан, аз сӯи нотавонбинҳо кушта шуд... Ин дар ҳолест, ки дар Ӯзбакистони ҳамсоя 2 “авторитети криминал”-Салим-бойбача ва Ғафур-бойбача сиҳату солим олами ҷиноии ОМ-ро сарпарастӣ ва сарварӣ мекунанд...

Бокс ва ҷиноят
Вазорати молияи Амрико ва ВКД Ӯзбакистон Ғафур-Бойбачаро дар мавриде таҳти таҳрим қарор додаву меҷӯянд, ки ӯро президент интихоб карданд:
-Президенти AIBA – Анҷумани байналмилалии бокс!!!
Маҳз дилбастагии вежаи Ғафур буд, ки бокс дар Ӯзбакистон хеле рушд кард ва варзишкорони ин кишвари ҳамсоя то ба ҳадди қаҳрамони олимпӣ рафта расиданд. Ғафур дар солҳои сангин барои Тоҷикистон, ки ҷанги гражданӣ ривоҷ меёфт, беҳтарин боксчиёни моро ба Тошканд бурд ва бархеро ҳатто чемпиони Олимпиада ва ҷаҳон намуд, ки ҳалолаш бод!

Чаро ӯро меҷӯянд???
Раҳимов Ғафур-Аслонбек Ахмедовичи 67-соларо дар Ӯзбекистон барои “тамаъҷӯӣ, шустушӯи даромадҳои ғайриқонунӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо” айбдор мекунанд.
Дар бахши "Ашхоси таҳти ҷустуҷӯ” дар сомонаи расмии вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон гуфта мешавад, ки Раҳимов Ғофур-Аслонбек Ахмедович, санаи таваллудаш 22.07.1951 бар асоси 3 банди Кодекси ҷиноятии ин кишвар – қисми сеюм, банди "а”-и моддаи 165 (тамаъҷӯӣ), моддаи 243 (шустушӯ ё қонунӣ кардани даромадҳои аз тиҷоратҳои ғайриқонунӣ бадастомада) ва қисми сеюми моддаи 228 (сохтакории ҳуҷҷатҳо) таҳти ҷустуҷӯ қарор дода шудааст.
Ҳамсари ӯ Лола Ҷабборовна, санаи таваллудаш 24.06.1967 низ бар асоси ҳамин 3 банди қонун таҳти таъқиб қарор гирифтааст. Бино ба гузориши радиои "Озодлик” (бахши ӯзбакии Озодӣ), исми ин зану шавҳар ҳафтаи гузашта дар бахши "Ашхоси таҳти ҷустуҷӯ”-и сомонаи вазорати дохилаи Ӯзбекистон пайдо шудааст. Ғафур-бойбача моҳи январи соли равон ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи президенти AIBA – Анҷумани байналмилалии бокс таъйин шуд. Ин дар ҳоле буд, ки ӯ аз соли 2012 таҳти таҳримоти вазорати молияи Амрико қарор дошт. Ин вазорат дар шарҳи таҳримоти эълоншуда Ғафур-бойбачаро "аз роҳбарони олами ҷиноии Ӯзбекистон, ки ба қочоқи маводи мухаддира дар Осиёи Марказӣ сару кор дорад” ном бурда буд.
Моҳи декабри соли 2017 вазорати молияи Амрико Ғафур-бойбачаро дар баробари боз як намояндаи олами ҷиноӣ аз Ӯзбекистон Олим Тохтахунов, мулаққаб ба "Тайванчик”, ба рӯйхати Магнитский шомил кард. Рӯйхати Магнитский феҳрастест, ки ба он нафарони манъ-ул-вуруд ба Амрико ва бархе аз кишварҳои Аврупо шомил мегарданд. Воқеан ҳам овозаҳост, ки дар баробари бархе аз ашхоси маъруф дар дигар кишварҳои ОМ низ ин рӯйхат ба наздикӣ корбаст мешавад ва баъзе афрод аз Тоҷикистон низ мақоми “манъ-ул-вуруд” хоҳанд гирифт. Рӯйхати Магнитский метавонад дар баробари онҳо таҳримҳои моливу иқтисодӣ низ ҷорӣ кунад. Фарзи  мисол, сурат-ҳисобҳои онҳо дар хориҷа метавонанд баста шаванд... Вазорати молияи Амрико дар шарҳи сабабҳои ба рӯйхати сиёҳаш ворид кардани ин 2 намояндаи олами ҷиноӣ гуфтааст, ки "онҳо дар шустушӯи пул, рэкет, коррупсия, тиҷорати ҳероин ва ғасбкориҳо даст доранд.”

Тарҷумаи ҳоли Ғафур
Ғафур-бойбача (Ғафур-Аслонбек Ахмедович Раҳимов) 22.07.1951 дар Тошканд ба дунё омадааст. Баъди адои хидмати ҳарбӣ дар соли 1975 Донишкадаи муҳандисӣ -иқтисодии шаҳри Ленинград ба номи Палмиро Толяттиро хатм карда, дар вазорати савдои Узбекистон ба кор сар кард ва ҳамзамон дар ҷамъияти "Динамо” мураббии бокс буд. Ӯ солҳои 1993-1998 муовини президенти Федератсияи бокси Узбекистон, аз соли 1998 узви кумиҷроия ва раиси комиссияи тиҷоратии Федератсияи байналмилалии бокси ғайрикасбӣ буда, солҳои 2001 ва 2005 ду дафъа муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Узбекистон интихоб шуд. Ғафур соли 2007 ба мақоми президенти Федератсияи бокси Осиё расид ва соли 2010 президенти Конфедератсияи бокси Осиё интихоб шуд. 18 январи соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи президенти AIBA – Анҷумани байналмилалии бокс таъин шуд. Вежагии Ғафур ин аст, ки ба ватан патриот ва ба бокс содиқ боқӣ мондааст...

Китобати М. Мубориз
аз расонаҳои интернетӣ,
махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter