ХАБАРИ ДОҒ

Ғозӣ: Ҳадафи ҲНИТ табаддулоти давлатӣ буд!

  • Панҷшанбе, Июн 28 2018

«Генерали мардумӣ»-и майдони Шаҳидон дар солҳои 1992, эшони Саид Қиёмиддини Ғозии 66-сола, ки моҳе пештар ба 25 соли зиндон маҳкум шуд, дар як навори видеоӣ, аз тариқи шабакаҳои давлатии телевизиони Тоҷикистон Эронро ба ҳимоят аз ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи ҲНИТ муттаҳам кард. Навор шоми 18 июн бо номи "Решаҳои ноаён" пахш шуд. Ғозӣ дар навори видеоӣ дар маҷмуъ дар бораи ҳадафҳои таъсиси ҳизби наҳзат, созиши сулҳ, ҷанг дар Тоҷикистон, пули Эрону таблиғи шиагароӣ ва кӯшиши табаддулоти соли 2015 гуфт. Вай аз ҷумла иброз намуд, ки дар 1 ҷаласае тасмим гирифта шуда буд, ки бояд то соли 2015 ҳизби наҳзати исломӣ дар кишвар ҳизби ҳоким шавад. Ӯ ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро хиёнаткору зараровар номида гуфт, “бояд ин ҳарфҳоро дигарон ҳам донанд”. Саид Қиёмиддин афзуд, ки Эрон мехоҳад ҲНИТ-ро дубора зинда кунад. “Хоҷаҳои ҲНИТ талош доштанд 1 табаддулотро дар интихоботи соли 2020 роҳандозӣ кунанд”, - гуфт Ғозӣ.


Генерали 8-зана…
Тибқи гуфтаи ровии филм, ки Эшони Қиёмиддин бо лақабҳои Бобои Эшон ва Генерали мардумӣ маъруф аст, 21.03.1952 ба дунё омада, соҳиби 8 зан ва 28 фарзанд будааст. Дар ин филм Ғозӣ мегӯяд: "Дар майдони Шуҳадо яке аз суханварҳо ман будам, ман мардумро даъват кардам. Хеле суханҳои обдор задам. Ҳамин суханҳои ноҷо, ҳамин даъватҳои ноҷо, ҳамин майдони ноҷо боис шуд, ки миллионҳо одам муҳоҷир шуд, ҳазорҳо одам бехонумон шуд, ҳазорҳо кӯдак ятим монд…”.
Дар идома ӯ аз сокинон хост, хатои кардаашро такрор накунанд ва аз мардум узр пурсид. Маврид ба зикри хос аст, ки мавсуф дар солҳои оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон яке аз муҷриҳои майдони Шаҳидон – тарафдорони нерӯҳои исломӣ ва демократӣ буд ва ба ӯ  унвони ғайрирасмии “генерали мардумӣ” ҳам доданд. Ва ба ҳунару қудрати ровигияш ба ӯ шоир Бозор Собир унвони «Ситсерон»-ро дода буд. Баъди шурӯи ҷанг ба Афғонистон паноҳанда шуда, дар ҳайати Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик фаъолият кард. Бо имзои Созишномаи сулҳ ба ватан баргашта, узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ буд. То қатъи фаъолияти КОМ дар ин вазифа кор кард ва барои хидматаш дар татбиқи созишномаи сулҳ аз Ҳукумати Тоҷикистон бо ордени "Шараф" қадрдонӣ шудааст.
Тахмин 15 соли охир бештар дар хориҷи Тоҷикистон - Русияву Эрон зиста, гардонандаи як вебсайт ба забони тоҷикӣ ҳам буд, ки дар масоили динӣ матолиб нашр мекард. Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, ӯ дар шаҳри Санкт-Петербург тиҷорате ҳам роҳандозӣ кардааст.


Чоряк аср барои даъват ба ҷанг
Суди олии Тоҷикистон моҳи майи ҳамин сол Саид Қиёмиддини Ғозиро бар асоси 3 моддаи Кодекси ҷиноӣ – "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ", "хиёнат ба давлат" ва "даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ" гунаҳкор намуд. Қаблтар аз ин, президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар ҳузури руҳониён Саид Қиёмиддини Ғозиро «ба ном генерал» ва «яке аз сабабгори бадбахтиҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои навадум» ном бурда, гуфт, «ҷайбҳо пури доллари кишвари дар нохунак дӯсти мо… Боз худаш иқрор аст, ки ҳамин қадар сол мазҳаби шиаро қабул кардааст ва пурра бо супориши сохтори ҷосусии он кишвар зидди миллати тоҷик кор кардааст».
«Генерали мардумӣ» акнун давраи ҷазояшро дар маҳбаси низомаш сангин сипарӣ хоҳад кард.

Биографияи Қиёмиддини Ғозӣ
Дар сайти интернетии http://archive.li/SKm5E#selection-729.1-2667.292 ҳолномаи ӯ таҳти унвони «Зиндагиномаи Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ» аз забони худи ӯ чунин навишта шудааст, ки ин ҷо бо ихтисор меорем:
-Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ фарзанди олими муҷоҳид ва муҷоҳиди олим, хатиби мабҳур, шоири машҳур, орифи маъруф, филсуф ва ҳакими суханвар, фақиҳи барҷаста, ҳазрати Эшони Сайид Имомуддини Ғозӣ (раҳматуллоҳи алайҳ) 21.03.1952 дар деҳаи Қаламтӯғайи ноҳияи Ҳисор, дар хонаводаи комилан мазҳабӣ ва аз муборизони алайҳи Шӯравӣ, аз ҳофизони Ислом ва аз бедоргарони миллат ба дунё омадаанд.
Аз кӯдакӣ ба улуми исломӣ ва динӣ бисёр алоқаи зиёд доштам. Ҳар китоберо, ки ба дастам меомад онро мутолиа мекардам. Таҳсилоти муқаддамоти исломии худро пас аз ёдгирии илми абҷад аз падарбузургам, аз қиблагоҳам омӯхтам. Дар айёми навҷавонӣ ба Андиҷон сафар намуда, он ҷо низ аз бузургтарин олимон файзҳо бурдам. Дар айёми муҳоҷират, ки тақрибан ба муддати 2 сол дар сарзамини ваҳй иқомат доштам, аз олимони бузурги ҳарамайни шарифайн камоли истифодаро бурдам. Ҳамчунин дар замони муҳоҷират узви Уламои давлати исломии Афғонистон будам. Дар идома барои такмили улумам соли 2001 ба Ҷ.И.Эрон сафар намудам ва дар маҳзари бузургони ин диёр низ зонуи шогирдӣ зада камоли файзро бурдам. Ҳамчунин инҷониб бо лутф ва карами Худо 10 маротиба ба ҳаҷҷи фарзӣ ва 100 маротиба ба ҳаҷҷи умра ноил омадаам.

Муҳассили мактаби Андиҷону Намангон
Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ назди Махдум Абдулҳамид, Мулло Сафаралӣ, Мулло Қиёмуддин, Мулло Давлатшоҳ… илмҳои сарф, наҳв, фиқҳ, ақоиди аҳком ва ғайраро дар сатҳи муқаддамотӣ омӯхт… Хулласи калом, Эшони Қиёмиддини 16-сола дар соли 1967 аз «кадр»-ҳои авангарди «мактаби экстремистии Намангону Андиҷон» буда, назди Қорӣ Икроми Намангонӣ, Қорӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонии Андиҷонӣ… таҳсили илм намудааст. Худи ӯ навиштааст: «Ҳеҷ вақт фаромӯш намекунам, ки он замон 16-сола будам. Чун рақами хонаи Мавлавии Ҳиндустонии Андиҷонӣ 16 буд, яъне кӯчаи Бедил, хонаи №16». Мавлавии Ҳиндустонӣ дар аввал ба сабаби ҷавви сиёсӣ ва сахтгириҳои бениҳоят сахти давлати коммунистӣ ӯро ба шогирдӣ қабул намекунад, аммо бо дидани номаи Мавлавӣ Икроми Намангонӣ ва чанд савол аз Сайид Қиёмуддин, ки кӣ будани ӯро дар Намагон ва дар назди Мавлавӣ Икроми Намангонӣ собит мекард, баъд аз чанд лаҳза гиря ва молидани номаи Қорӣ Икроми Намангонӣ ба чашмонаш бо оғӯши боз пазиро мешаванд… Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ аз соли 1967 то с.1973 ба сурати доим ва баъд аз он то ҳудуди 10 соли дигар ба сурати ғайри доим, яъне ҳар ҳафта ё ҳар 10 рӯз ба хидмати Мавлавӣ мерасидааст.

Узви содиқи ҲНИТ
Эшони Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар идомаи автобиографияи худ, дар бораи фаъолияти минбаъдааш дар ҲНИТро, аз Созишномаи Сулҳи соли 1997 ва то замони дар қайди ҳаёт будани Саид Абдуллои Нурӣ, ингуна баён кардааст: “Банда ҳеҷ вақт худамро аз Наҳзат ҷудо надидам ва намебинам. Худамро узви Наҳзат медонам. Ин ҳаракат, ҳаракати исломӣ ва мардумӣ аст. Банда дар ҳамаи интихобот фаолона барои Наҳзат таблиғот мекунам. Ин ҳарфи банда дар миёни авом машҳур аст, ки «агар он қадар зӯрӣ, бар рӯи Наҳзати исломӣ хат бизан ва раъйи худро ба каси дигар бидеҳ». Наҳзат фарзанд ва пораи тани ман аст, бунёнгузошташудаи худи ман ҳаст. То замоне, ки марҳум устод Нурӣ дар қайди ҳаёт буданд банда ба унвони мушовири аршади ишон маҳсуб мешудам ва аксаран бо ҳам хилват доштем ва масоилро баррасӣ менамудем».

Шаҳрзоди Амин
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter