ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Форма хар!!!

  • Панҷшанбе, Сен 06 2018

Соли нави хониш ва проблемаҳои мактабӣ
1.09.2018 дар сар то сари мамлакат соли нави таҳсил оғоз шуда, ҳазорҳо кӯдакон бори нахуст қадами хешро ба синфи 1-ум мегузоранд. Назар ба солҳои гузашта, соли нави таҳсили имсола барои падару модарони синфҳои 1 мушкилоти нав ба нав оварда, сарфу хароҷоти иловагиро ба ташвишҳои пешазмактабӣ зам намуд. Дар арафаи оғози соли нави таҳсили 2018-19 тасмим гирифтем дар бораи чанд мушкиле, ки волидайн пешопеши шурӯи дарсҳо рӯбарӯ шуданд, бигӯем.

Қурби $ ва лавозимоти хониш
Нахустин ҳолате, ки имсол ҳангоми омода намудани кӯдакони хеш ба мактаб падару модарон рӯбарӯ шуданд ин нарху навои гарони асбобу лавозимоти мактабӣ буд, ки дар баробари ҷаҳиши қурби доллари ИМА, он ҳам боло рафт. Агар соли гузашта нархи 1 сарулибоси мактабӣ дар сехи дӯзандагии Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷи тоҷик» барои хонандаи синфи 5-ум 240 сомонӣ арзиш дошт, соли равон нархи он аллакай то ба 265 сомонӣ гарон, яъне 25 сомонӣ ё 8% қимат шудааст.
26.08.2018. Соат бо вақти Душанбе 9:30 дақиқа. Бозори «Корвон». Нархи 1 кафши писаронаи андозаи 32, ки соли гузашта аз 130 сомонӣ гаронтар набуд, имсол алакай то ба 230 сомонӣ боло рафтааст-фарқият расо 100 сомонӣ! Қимати 1 сумкаи мактабӣ, ки соли рафта 90 сомонӣ буд, ҳоло 150-160 сомонӣ шуда, 1 дона дафтаре, ки соли пор 50 дирам нарх дошт, имрӯз 1 сомониву 10 дирам шудааст! Ҷадвали 1 сомонӣ-2 сомонӣ шудаасту ручкаву қалами оддӣ низ дигар 1 сомонӣ нест! Нархи рӯйпӯши дафтару китоб низ ҳоло аз 10 сомонӣ барои 20 дона сар шуда, то 25 сомонӣ арзиш дорад, 1 дона албом барои расмкашии истеҳсоли Русия 25 сомонӣ шудааст!
Агар дағалона ҳисоб кунем барои омода намудани 1 хонандаи синфи 1 ба мактаб имсол 1000 сомонӣ сарф хоҳад шуд, лек агар дар оила 3-4 фарзанди мактабхон бошад, бо ин нархи бозор падару модаре, ки танҳо кори давлатӣ доранду маоши миёна чӣ гуна ҳамаи фарзандонро ба мактаб омода мекунанд, суолест беҷавоб!?



1 маълумотномаи тиббӣ-47 сомонӣ?!!!
Дар баробари гарон шудани нарх дар ярмаркаҳои мактабӣ, арзиши маълумотномаи тиббӣ барои хонандагони синфи 1 ҳам қимат шуд. Агар солҳои гузашта падару модарон бо пардохти 10-20 сомонӣ кӯдаки худро аз муоинаи пурраи тиббӣ гузаронида, сипас ба мактаб мебурданд, соли ҷорӣ онҳоро «сюрприз»-и нав интизор буд. Нархи муоинаи тиббии мактаббачагон ба маротиб боло рафта, танҳо дар ш.Кӯлоб нархи он то ба 47 сомонӣ баромад. Ва ин ҳам нархи тасдиқшуда, ки дар долони муассисаҳои тиббӣ барои маълумоти волидайн навишта ва насб шудааст. Тибқи баъзе овозаҳо, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ садо доданд, нархи маълумотномаи тиббӣ, яъне гузаронидани муоинаи тиббии пешазмактабӣ дар ш.Душанбе то ба 100 сомонӣ низ баромад. Дар Хуҷанд бошад дар баъзе аз марказҳои тиббии шаҳрӣ падару модарон бо пардохти 50 сомонӣ кӯдаконро аз муоинаи духтурон гузаронида, иҷозати қабул ва таҳсил дар мактабро ба даст овардаанд.
Сабаби якбора гарон шудани нархи муоинаи пешазмактабии хонандагонро ба мухбири газетаи СССР касе аз ниҳодҳои марбута шарҳ надод, танҳо гуфтанд, ки ширкати алоҳидае барои омода сохтани варақа-маълумотнома, ҳамон справкаҳои барои аз муоинаи тиббӣ гузаштанро омода ва нашр карда овардаасту ин варақаҳо аз чипҳои махсус иборат буда, намегузоранд, ки натиҷаҳои ташхисро касе иваз намояд ва аз ин рӯ нархи муоинаи тиббӣ имсол боло рафтааст. Мо намедонем то кадом андоза ин гуфтаҳо ҳақиқат доранд, вале факт он аст, ки муоинаи тиббӣ ба маротиб гарон шудаасту нафаре нест, сабаби воқеии онро шарҳ диҳад…

Ба синфи 1 танҳо 7 солаҳо!
Яке аз проблемаҳои дигаре, ки падару модарон ва роҳбарони мактабҳо бо он ҳар сол дар арафаи фарорасии соли хониш рӯбарӯ мешаванд-ин ба мактаб овардани кӯдакони аз синни қабул хурд аст. Яъне, падару модарон кӯдакони аз синни 7 сола хурдро оварда, аз мудирони мактабҳо хоҳишу талаб менамоянд, ки онҳоро қабул намоянд, аммо мудирони мактабҳо бо назардошти синни барои таҳсил дар мактаб муайяншудаи вазорати маориф ва илм ва тафтишҳои пайдарпайи мақомоти қудратӣ, хосса, прокуратура кӯдакони аз 7 сола хурдро ба мактаб қабул намекунанд. Вазорати маориф ва илм тавсия медиҳад, ки ба синфи 1 танҳо кӯдаконеро қабул намоянд, ки аллакай синни 7-ро пур карда, аз лиҳози ақливу шуурнокӣ ва ҷисмиву рӯҳӣ ба мактабу таҳсил омода шудаанд. Ин ҳамон қоидаи ба мактаб қабул кардан аст, ки аз замони шӯравӣ пас аз таҳлилҳои зиёд қабул ва тавсия шудааст. Вале бархе аз волидайн бар онанд, ки вазорати маориф ва илм ба кӯдакони 6,5 сола низ бояд иҷозати таҳсилро бидиҳад, зеро аксарияти кӯдакони ин синну сол аллакай аз ӯҳдаи хондану навиштан баромада, ҷисману рӯҳан ба таҳсил дар мактаб омода мешаванд ва бояд энержии худро дар ҷои лозимӣ сарф намоянд. Ба чунин кӯдакон имконият бояд фароҳам кард.

Муҳофизон ё размандагони мактаб?
Тайи чанд соли охир низомипӯшҳо мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии пойтахтро муҳофизат менамоянд. Агар соли гузашта амнияти тамоми мактабҳои пойтахтро муҳофизони ширкати «Ред лайн» ҳифз мекарданд, соли ҷорӣ бо омадани Шариф Назарзода-сардори РВКД дар ш.Душанбе, муҳофизати мактабҳои пойтахт бар зиммаи милитсияи шаҳр гузашт. Ҳамон маблағе, ки дар мактабҳо аз падару модарон қаблан барои хизмати ширкати мазкур ҷамъоварӣ менамуданд, ҳоло барои милисаҳои назди дар ҷамъ мекунанд. Ин хуб аст, вақте ҳифзи мактаб бар дӯши мақомоти қудратӣ вогузор шудааст, лек ин муҳофизон, ки барои амнияти толибилм муваззафанд, гоҳо инро фаромӯш карда, аз мактабҳои миёна бинои раёсат ва ё худи вазорати корҳои дохилиро месозанд. Манзурам он аст, ки ин милисаҳо ҳатто намегузоранд, падару модар вориди мактабу синф гашта, бо роҳбари синф ва омӯзгорони дигар дар бораи рафтор ва таҳсили фарзандашон сӯҳбат намоянд. Чунин посбонҳо, ки баъзан ба размандагон низ монанданд, хеле дағалона рафтор намуда, барои даровардани 1 волидайн шиноснома талаб мекунанду сумка тафтиш ва танҳо пас аз иҷозати мудири мактабу роҳбари синф мегузоранд, ки волидайн ба ҳудуди мактаб дарояд. Барои ин гуфтаҳо метавонам мактабҳои №№ 74, 24, 30, 42, 5, 77 ва 78-ро мисол орам, ки борҳо корам афтодаасту шоҳиди бархӯрди бади милисаҳо бо падару модарон гаштаам. Ин мактаб аст, ё маҳбас!? Аҷибаш он аст, ки вақти ҷангҳои байнимактабӣ ин милисаҳои муҳофизро намебинӣ!

Вазири аз директори мактаб дастрастар!
Пӯшида нест, ки моҳи август ва хосса 1 ҳафта пеш аз оғози соли нави таҳсил 99% директорони мактабҳои пойтахтро дар ҷои корӣ-дар мактаб ёфтан амри маҳол аст- директор ҳасту нозири дарбон мегӯяд, ки мудир нест. Директорони мактабҳо аз падару модар пинҳон шуда, он қадар дастнорас мегарданд, ки бархе аз онҳоро танҳо бо ёрии ягон дӯсти мансабдор аз мақомоти қудратӣ ва ё занг аз сохторҳои болотар, амсоли шӯъбаи маорифи шаҳру вазорати маориф ва илм, барои чанд лаҳза сӯҳбат метавон пайдо карду халос.
Рӯзи 22.08.2018 ман махсус пас аз нисфирӯзӣ ба кӯча баромада, аз чанд мактаби пойтахт дидан карда, хостам ҳамчун волидайн бо директорони мактабҳо дар бораи қабули писарам ба мактаб сӯҳбат намоям. Директорони мактабҳои №№35, 16, 51, 53 ва 8-ро дар ҷои кор наёфтам. Милисаҳои дами дар ҳама ҷо 1 гап доштанд: «Директор баромадагӣ!». Боз милисаҳо, диққат кунед милисаҳо (!) мегуфтанд, ки агар кӯдаки синфи 1 доред, қабул намекунанд, зеро мӯҳлати қабул тамом шуда, тамоми синфҳо пур шудаанд! Ба мактаби машҳури №21 умуман наздик шуда намешуд-падару модарони зиёд барои қабул танҳо ба назди муовини директор дар навбат буданд!
Ба ёдам Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми ҶТ расид, ки ҳафтае 2 маротиба рӯзи қабул дошта, шахсан дар даромадгоҳи вазорат ва беруни бино нишаста, мардумро қабул мекунад-ман ва ҳамкорон шоҳиди ин қабулҳояш шуда, иштирок ҳам кардаем. Бовар кунед, вазири маориф назар ба директорони мактабҳо дастрастар асту боре ҳам нашудааст, ки нафаре аз назди ӯ ноумед биравад. Кош, директорони мактабҳо ба ҷои пинҳон шудан аз мардум, мисли вазири хеш дарҳоро боз карда, назди дарвозаҳо мизу курсӣ монда, мардумро қабул менамуданд! Аз вазир ёд гиред, мудирони мактабҳо!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter