ХАБАРИ ДОҒ

Сарез манбаи ифтихор, ё хатар?

  • Панҷшанбе, Сен 06 2018

Моҳи равон ба Осиёби душманону бадхоҳони миллат ин хабар об рехт, ки ахиран соҳибкорони ватанӣ дар ҳамкорӣ бо 1 ширкати хитоӣ оби кӯли Сарезро коркард ва ба фурӯш омода мекунанд. Агар ин проект амалӣ мешуд, садҳо нафар ҷои кор меёфту Помир реклама ва сафи сайёҳон меафзуду ахиран водии Бартанг соҳиби роҳу барқ мегардид. Аммо нотавонбинон бо шиори “Ба Сарез нарасед!”, “Сарезро нафурӯшед!” ба майдони интернет рехтанду ин лоиҳа низ муаллақ монд. Имрӯз дар бораи ин кӯли сунъӣ сӯҳбат хоҳем кард. Мо Метавонем!

Роҳ ба сӯи сарез...
Кӯли Сарез дар ҳудуди навоҳии Рӯшону Мурғоби ВМКБ ҷойгир аст. Роҳ ба сӯи ин кӯли афсонавӣ аз водии Бартанг мегузарад. Тобистон сатҳи дарёи Бартанг баланд шуда, баъзе қисматҳои роҳро зер мекунад. Аслан аз маркази н.Рӯшон то наздиктарин деҳа ба кӯл дар масофаи 140 км роҳи нақлиёт мавҷуд аст, боқӣ ҳар сайёҳ бояд 24 км пиёдароҳҳои кӯҳиро тай кунад, то ба дидани кӯли Сарез шарафёб гардад.
Ҳолдонҳо қисса карданд, ки шаби 18.02.1911 куҳпорае дар болои деҳаи Усой чаппа шуда роҳи дарёро банд кард. Аз ин фалокати табиӣ танҳо 5 нафар ҷон ба саломат бурд. Ин ҳам ба он далел, ки онҳо он шаб дар деҳа набуданд. Тахмин меравад, ки он шаб дар ин мавзеъ замин бо қувваи беш аз 9 бал ҷумбидааст. Фарзияи дигари пайдо шудани садди Усой ин аст, ки оби барфу пиряхҳои кӯҳӣ сӯрохие пайдо кардаву вориди 1 кони оҳаксанг шудааст. Вақте обу оҳак омехта шуданд, дар натиҷа аксуламалҳои кимиёвии бавуҷудомада газ ихроҷ карданд. Дар ин асно кӯҳ ба фишори газ тоб намеорад ва таркиш ба амал меояд. Қудрати ин таркиш то ҳадде бузург будааст, ки тахтасангҳои ба андозаи 1 ҳавопаймо бузургро то масофаи 3 км ҳаво додааст. Ба ин шева пайдо шудани Усой рӯи 2 далел такя мекунад. Аввал ин ки дар ҷои кандашудаи кӯҳ ҷинсҳо ва унсурҳои шабеҳи оҳак ба мушоҳида мерасад. Дуввум ин ки агар Усой дар натиҷаи заминларза ба вуҷуд омадааст, пас чаро 20 км дур аз маркази заминларза, дар деҳаи Сарез касе ҷон набохтааст? Ин баҳсест, ки олимон бояд рӯи он нуқта гузоранд. Сарез дар давоми беш аз 3 сол ҳамвора аз об пур мешуд. Вақте сатҳи он ба 500 метр расид ба тани кӯл ҷон дамид. Оби кӯл роҳашро ёфт. Хавф бартараф шуд. Ковокии тахтасангҳо имкон доданд, ки оби ба кӯл воридшуда хориҷ гардад. Аз он рӯз то ба имрӯз таркиби Усой ва кӯҳҳои атрофи Сарез мавриди омӯзиши геологҳо қарор дорад. Сарбанд (платина)-и Усой, яъне он кӯҳпораҳои фурӯрехтае, ки роҳи Сарезро бастаанд, тахмин 7 баробари “платина”-и НБО-и Норак андоза ё худ ҳаҷм дорад.



Вақте сарез ях мебандад...
Оби Сарез соф, хунук ва ошомиданист. Он аз чашмаҳои кӯҳӣ ва пиряхҳо сарчашма мегирад. Ҳаҷми оби дар кӯл ҷамъшуда 16 км муккаабро ташкил дода, зимистон обаш ях мебандад. Ғафсии қабати ях ба ҳадде мешавад, ки рӯи он нафақат одам, балки нақлиёт озодона гаштугузор мекунад. Шоҳидон нақл карданд, ки дар аҳди Шӯравӣ ҳавопаймое низ болои кӯли яхкардаи Сарез фуруд омада, бемореро, ки корманди Маркази обуҳавосанҷӣ буд, савор карда бозпас ба ш.Душанбе парвоз кардааст.
Аз набуди роҳи нақлиётгард то Сарез танҳо моҳиҳо манфиат бардоштанд. Онҳо бо истифода аз фурсат насли худро дар сар то сари кӯл афзудаанд. Теъдодашон хеле зиёд асту зоҳиран ғизояшон растаниҳои зериобӣ.

Сарез бехатар аст?
Хушбахтона, аз зери Усой ва Сарез тарқишҳо ва қаторкӯҳҳои тахтасанги ҳаракаткунада, ки заминларзаҳоро ба вуҷуд меоранд, намегузарад. Кандашавии пиряхҳо ва воридшавии онҳо ба Сарез низ аз эҳтимол дур аст. Зеро пиряхҳои гирди кӯл ба таври хатарнок бузург нестанд ва то соҳил низ фосилаи зиёд доранд. Боришоти зиёди барф ва обшавии он дар тобистон воридоти обро аз меъёр зиёд ва сатҳи оби кӯлро ба таври хавфнок баланд менамояд. Аммо хушксолиҳои охир боиси камборишии барф шудааст, ки дар натиҷа сатҳи оби Сарезро то 12 метр поин фароварда, ба бехатар шудани кӯл мусоидат намуд.

Бо Сарез чӣ бояд кард?
Роҳи аз ҳама осони идоракунии оби Сарез бунёди нақби обпарто, сохтани НБО ва то 50-100 метр расонидани чуқурии кӯл аст. Тасмиме, ки агар амалӣ шавад дар натиҷаи он одамон бо рӯшноӣ таъмин шуда, бехатарии миллионҳо тан дар Тоҷикистону Афғонистону Узбекистон ва Қазоқистон таъмин мегардад. СММ бояд кишварҳои ҳавзаи Панҷу Омӯ ва давлатҳои рушдкардаро водор кунад ва ҳатто фишор орад, то лоиҳаҳоро дар бораи комилан бехатар шудани кӯли Сарез маблағгузорӣ кунанд. Ба ин созмон, ки муяссар намешавад, сулҳу амониро дар кишварҳои ҷангзада таъмин кунад, агар ташаббусҳои иқтисодиро дар робита ба бехатарии инсонҳо дастгирӣ кунад, кори савобе мешавад. Зеро кӯҳҳои Бадахшон хеле ҷавонанд ва дар оянда бо заминларзаҳои зиёде “дасту панҷа” нарм мекунанд. Бо ҷони 5 миллион ОДАМ набояд шӯхӣ кард. Инсони имрӯз, ки бо кӯмаки техника дар муддати кӯтоҳ обанборҳое бузургтар аз кӯли Сарез месозад, холӣ кардани об аз чунин кӯл барояш 2х2 аст. Фақат маблағ лозим. Маблағе, ки онро бояд бо дарки шиори СММ “Бани одам аъзои якдигаранд” ҷамъ овард. Ё лоақал давлатҳо ва сарватмандон маблағ қарз диҳанд ва онро бо фоиз аз ҳисоби фурӯши барқи НБО-и бунёдшуда боз бигиранд.
Хуллас, дар ҳоли ҳозир Сарез обанбори муфт бунёдшуда, макони сайру сайёҳату моҳидорӣ ва манбаи поктарин оби ошомидании олам аст. Аз ин дурдонаи табиат бояд боэҳтиёт ифтихор кард.

Саидҷаъфар Сафарзода,
журналист, ш.Бохтар

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter