ХАБАРИ ДОҒ

Гулмурод: Аз зиндаҳо ҳам зиндатар?!

  • Панҷшанбе, Сен 06 2018

Созмони Милали Муттаҳид (СММ) бо азнавсозии рӯйхати ашхоси таҳримшудаи худ номи полковники фирорӣ Гулмурод Ҳалимов- «вазири ҷанг»-и ДИИШ, собиқ фармондеҳи "ОМОН"-и ВКД ҶТро дубора зинда кард. СММ аз ӯ ҳамчун яке аз мақомдорони созмони террористии ДИИШ ном бурд.

Шӯрои амният аз ҳамаи давлатҳо-аъзои СММ талаб кард, дархостҳои қатънома ва таъмини иҷрои таҳрим (санксия)-ҳоеро, ки ин созмон ба тасвиб расонидааст, амалӣ намоянд. Таҳримҳо кишварҳои узви СММ-ро муваззаф мекунанд, ки дороиҳои ашхос ва муассисаҳои номбурдаро баста, ба сафарҳои онҳо ва намояндагонашон монеа эҷод кунанд, ҳамчунин таҳрими аслиҳаро дар нисбати шахсони воқеӣ ва созмонҳои номбаршуда таъмин намоянд. Ҳалимов-аввалин шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки дар ҳоли ҳозир таҳти санксияҳои Шӯрои амнияти СММ қарор дорад.
Воқеан ҳам аҷиб аст, вақте мақомоти Тоҷик аз рафтани аъзои оилаи террористе садд мегузоранд (тибқи таҳрими СММ), расонаҳо онро танқид мекунанд, вале чун аҳли байти террористе бо ӯ пайваст (мисли зану кӯдаки Гулмурод) боз мақомотро танқид мекунем, ки куҷо менигарист?!
Ёдрас мешавем, ки ин дувумин санксияи Шӯрои амнияти СММ бар зидди Гулмурод аст. Миёнаҳои моҳи марти соли 2018 Шӯрои амнияти СММ феҳристи санксияҳои худро дар сомонаи интернетияш нашр карда, аз ҷумла, зидди Ҳалимов таҳрими худро мавриди амал қарор дода буд. Дар ин рӯйхат ба ҷуз исми ӯ бо лақаби Ҳасан Ал-Тоҷикӣ низ нафаре сабт шудааст. Вале то ҳол номаълум, ки тасмимҳои ООН зидди Ҳалимов воқеан ҳам ҷиддист, ё шӯхи?! Зеро ин ҳама санксияҳо кишварҳоро ӯҳдадор мекунад, ки аз додани ҳамагуна силоҳу муҳимот, қисмҳои эҳтиётӣ ва ё кӯмаку омӯзишҳои низомӣ ба афроди зери таҳрим афтида худдорӣ карда, ҳама гуна суратҳисоб, дороиҳо ва воситаҳои иқтисодиро оҷилан бибанданд. Аммо тавре мебинем, ДИИШ ҳанӯзам силоҳ дорад…

“Наконец-то умер!”
Санксияҳои ООН бар зидди Гулмурод дар ҳолест, ки ӯ аз рӯзҳои аввали пайвастан ба ДИИШ то имрӯз даҳҳо бор мурдаву зинда шудааст! Бори охир, ҳанӯз 1 сол қабл (10.09.2017) Ҳалимови 43-сола дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии неруҳои Русия ба маҳалли террористон кушта шуд. Ҳама гумон дошт, ки ӯ “наконец-то” мурд!!! Дар ин бора, ҳатто журналист Дмитрий Киселёв дар барномаи хабарӣ-таҳлилияш-«Вести недели»-и РТР бо такя ба Вазорати дифои ФР хабар дода, гуфта буд, ки дар баробари Ҳалимов, 3 командири саҳроии дигари таъсиргузори ДИИШ ва 40 ҷангии қатории ДИИШ низ дар шаҳри Дайруззори Сурия маҳв шудаанд. Миёни кушташудаҳо “Абу Муҳаммад Аш-Шимолӣ”-«вазир»-и молия ва интиқоли ҷангиёни нав ба базаи тамринотии ИГИЛ низ будааст. Киселёв мегуфт, ки як қатор хадамоти вежаи Аврупо Аш-Шимолиро ташкилкунандаи терактҳои Париж дар моҳи ноябри с.2015 медонанд. Вале боз ӯ зинда гардид...
Чанде пеш Амрико бо ифтихор рапорт дода буд, ки дар Мосул Гулмуродро бо дасти худаш куштааст ва номашро аз феҳристи террористон пурра пок кард. Аммо ӯ на танҳо зинда шуд, ки 2 акси нави Гулмурод дар интернет пайдо шуд ва ин нишон медод, ки зани 2-и ӯ-Ҳумайро Мирова ва кӯдаконаш наздаш расидааанд. Дар ин аксҳо духтари бузурги ӯ аз Ҳумайро дар канораш менишаст ва худи ӯ бо мӯйҳои жӯлидаву бетартиб духтарашро дар бағал гирифтааст. Аммо маълум набуд, ки ӯ ин аксҳоро дар куҷо ва кай гирифтааст...

Мурдаи Бағдодӣ шӯхӣ аст?
Абӯбакри Бағдодӣ-раҳбари ИГИЛ низ дар баробари Гулмурод борҳо мурдаву зинда шуд, аммо касе дақиқ намедонад, ки ӯ дар куҷост! Бен Ладен-террористи №1-и ҷаҳон низ борҳо аз тири “дайду”-и амрикоӣ кушта мегардад, лек мурдаи ӯро касе надидааст!!! Қабл аз хабари Киселёв, апрели соли гузашта, полковник Ҳалимов, ки дар байни муҷоҳидони ДИИШ бо лақаби Ал-Тоҷикӣ маъруф аст, бар асари ҳамлаи ракетаи нерӯҳои коалитсияи Амрико (тавассути самолетҳои бесарнишин) низ кушта шуда буд. Аммо дар моҳи июли ҳамон сол (2017) 2 фармондеҳи ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурияву Ироқ, аз ҷумла, Парвиз Саидраҳмонов (бо лақаби "Абу Довуд") ва Тоҷиддин Назаров (бо лақаби "Абу Усомаи Норакӣ") тариқи Интернет инро рад карда, гуфтанд, ки Гулмурод зинда аст.

----------------------------------------

Дар ҳамин мврид!

Толибон дар Фархор чӣ меҷӯянд?
26.08.2018. Гурӯҳи террористии марбут ба Толибони Афғонистон, ки марзи рӯбарӯи н.Фархорро забт кардаанд, ба сокинони мулкии Тоҷикистон дарафтода, 2 танро кушта, 1 нафарро захмӣ сохтанд. Дар ҷои ҳодиса Ҳамрохон Саидови 62 сола, Давлат Сангинови 60-сола кушта шуда, Сафархон Раҳмонови 26 сола тавонист ҷон ба саломат барад. Бар қиболи ин ҳамлаи ноҷавонмардона марзбонҳои Тоҷик дар маҳалли Кӯҳнахонаи Тахор, ба бошгоҳи саҳроии Толибон ҳуҷум карда, 6 афғонро кушта, 9 нафари дигарро захмӣ карданд, ки ҳалоли сарҳадбонони мо бод! Кайҳост бояд ба ин гургон гургона муносибат мекардем!!!

Толибон, ё қочоқбарон?
Вале террористон кӣ буданд? Дар мавриде ки ҷониби ҳукумати Афғонистон мегӯяд, инҳо Толибон буданд, зеро чанд рӯз аст ин мавзеъ дар зери тасарруфи онҳост, худи Толибон ин иддаоро рад карда мегӯянд, ба марзи Тоҷикистон гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддира рахна задаанд ва ин кори дасти мо нест.
Халил Асир, сухангӯи пулиси вилояти Тахор рӯзи 27-уми август ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки  “Дар ин ҷангал "Толибон" ҳамроҳ бо кочоқбарон пойгоҳ дуруст кардаанд. Он ҷо мулкиҳо зиндагӣ надоштанд. Мо марги Толибонро аз органҳои кашфӣ дастрас кардем. Онҳо ҳамин рӯз барои мо ҳисобот доданд”.
Вале Забеҳулло Муҷоҳид-сухангӯи расмии Толибон мегӯяд, ин кори дасти онҳо нест, зеро сиёсаташон таврест, ки ба хориҷ аз Афғонистон сар намехалонанд: “Мо ин ҳодисаро мавриди омӯзиш қарор додем. Ҷангиёни Толибон иҷоза надоранд, ки бо кишварҳои ҳамсоя вориди задухӯрд шаванд”.
Шоҳидон мегӯянд, дар н.Фархор, дар марз бо Афғонистон, таҷамуъи техникаи низомӣ ва сарбозон ба мушоҳида мерасанд ва раёсати ВКД ва КДАМ низ дар он ҷо қарор доштаанд. Мавзуъро пайгир мемонем. Мо метавонем!

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter