ХАБАРИ ДОҒ

 

Ҳисобот-10

Медонам, нағз медонам, ки дигар редаксияе дар рӯи олам нест, ки пеши хонандаи худ ҳисобот диҳад. Аммо мо медиҳем. Мо Метавонем!
10-сола шудем. Алорағми душману дӯстони нохунакдор, адибони шиоррезе, ки қаблан оппозитсияро месутуданду имрӯз ҳукуматро месароянд, алорағми полковникҳое, ки лжепатриотанду дар сар ҳавои нафақаи кишвари хориҷӣ доранду моро ба гуноҳҳои набудаву буда сиёҳ мекарданд; алорағми заъифаконе, ки аз тарси мо сар намебардоштанду фурсат интизор буданд, то «хато»-и моро «ёфта»-ву ба ҷои лозима гузориш диҳанд… Вале дуои дӯстони воқеӣ, хонандаи гиромӣ, Тоҷики асили патриоту ватандӯст, аъзои Ихвон ал СССР моро аз ин чашмзахми фалаку тири нифоқи заъифмардакчаҳо ҳифз мекард.
10 сол санади барҷаста аст. Дар тӯли ин муддат, мо 521 шумора-ҳафта, 3650 рӯз, 43800 соат, 2 млну 628000 дақиқа, 157 млну 680000 сония+нафас бо ҳам будем. Набзи мову хонанда ба ҳам мезад. Садои дили ҳамдигариро мо гӯш кардем, баҳс намудем, сӯҳбат оростем.
Дар ин 521 шумора мо дар 8336 саҳифа 66688 матлаби таърихӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, СМС-паёмак, занги телефонӣ, сӯҳбат дар меҳмонхонаамонро пешкаши узви Ихвон ал СССР сохтем. Муҳимтар аз ин ҳама, тамомии матолиби мо патриотӣ, ватанпарастӣ, миллатпарвардагӣ буданд. Шарафи ҷавонмардӣ, Ифтихор аз Тоҷик будан, Номусдории миллӣ, Нанги ориёӣ гавҳари тамомии мақолаҳои СССР буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд!
Танҳо баъди сари кор омадани газетаи мардумии СССР талоши ватанхоҳӣ дар матбуоти миллӣ бештар гардид. Зеро мо аз шумораи 1 бонги худшиносии муосир задем. Ба ту, хонандаи гиромии ин сутур, оре, маҳз туе, ки фикр дорӣ, «Сайёф маро низ дар назар дорад?», эми миллӣ-прививкаи ҷавонмардӣ гузаронидем. Намегӯем, дигарон ин корро намекарданд. Мекарданд, аммо тарсида, бо андешаи таҳлуказой ва ҳароси фаровон. Мо ҷавонмардона ва Тоҷикона гуфтем, ки Тоҷик аз миллати баргузидаи Худост ва тамомии дастовардҳои олами муосирро ҷадди мо поя гузоштаанд. Гуфтем ва боз ҳам мегӯем, ки Тоҷик зеботарин миллат, ҷасуртарин миллат, бофарҳангтарин миллат, миллатсозтарин миллатест, ки қавму қабоили гирду барашро миллат кардааст. Мо Метавонем!
Ва ин ҳамаро мову ту, хонандаи гиромӣ, дар 60 млну 19 ҳазору 200 сатр, дар тӯли ин 10 сол рӯи саҳафоти СССР рехтем. Яъне дар ин додуситад мову ту танҳо набудем. 30 хабарнигори мардумӣ, 40 журналисти профӣ, 127 олиму сиёсатмадор ва муҳимтар аз ин ҳама…, ҳудуди 66.000 хонанда-муаллиф низ дар ин аксияи миллатсози мо бе ва ё ба восита иштирок доштанд.
Газетаи мардумӣ воқеан аз они халқ буд, ҳаст ва мемонад. Дар тӯли ин 3650 рӯз мо садҳо хонандаи худро бо ҳам наздик, қарин, қариб ва дӯст кардем. Ҳатто онҳое, ки сари босмачизм баҳсҳои тунду тез доштанд, ахиран дӯст шуданд. Зеро мактаби СССР-ро гузаштанд, мактаберо, ки миллатсоз асту дӯстпарвар. Садҳо тани дигар дӯстони қадимаву атиқаи худро, ки 20-30 сол пеш гум карда буданд, тавассути газетаи мо ёфтанд. Нафароне ҳатто гӯри падарони қаҳрамони худро, ки дар ҶБВ бе ному нишон шуда буданд, кашф карданд. Афроде, ки умуман аз зиндагонӣ даст шуста буданд, ба шарофати аксияҳои хайрхоҳонаи газетаи мардумии ту, хонандаи ин сутур ва кӯмаки бевоситаат, шифо ёфтанд, аз танҳоӣ раҳиданд ва ба ҷамъият пайвастанд.
Шояд муҳимтарин коре, ки кардем дар тӯли ин 10 сол ин ҳам буд, ки мо аксарияти кулли хонандагони худро қаламбадаст намудему барои ҳаряки шумо минбар додем. Солхӯрдагоне ҳам буданду ҳастанд, ки баъди 70-80-солагӣ журналист шуданд, навиштанд, дарди мардумро ифшо сохтанд, проблемаҳои иҷтимоиву сиёсӣ, фарҳангиву ахлоқиро бардоштанд ва мо ин ҳамаро нашр кардем. Мо Метавонем!
Газетаи мардумӣ ягона нашрияе шуд, ки ба МИЛЛАТ шиор дод (то ин дам нашарот шиор неву шеър доштанд)!!! Мо Метавонем имрӯз аз забони хурду бузург, сағиру кабир, раису вазир дар раҳу рӯ, маҷлису таҷаммуъҳо, толорҳои хурду бузург, кӯчаву бозор…садо медиҳад, ки хидмати бевоситаи редаксияи мост. Зеро Мо Метавонем!
Дар ҷамъ СССР хона-ватани ҳаряки мо шуд! Мо оилае гаштем, ки дигар бе ҳамдигар буда наметавонем. Зимнан, хонандаи гиромӣ, бо мо бош, зеро Мо (воқеан ҳам) Метавонем!
Сутун бар боми миллат қомати мост,
Ва медонӣ чаро? Мо Метавонем!!!!!!!

_____________________________________________________
Бахшида ба 10-солагии газетаи мардумии СССР

Сулҳ, Самимият, Садоқат, Раҳоӣ!!!
Сутун бар боми миллат қамати мост,
Ва медонӣ чаро? Мо метавонем!!!



Салоҳи мардумон андешаи мост,
Самимият шиъору пешаи мост.
Саъодатмандтарини мардумонем,
Раъиятпарвари кавну маконем,
Ва медонӣ чаро?! Мо метавонем!

Сипоҳи лашкару ҳамрози мардум,
Салоҳи давлату дамсози мардум.
Сухангӯянда бо овози мардум,
Равону ҳамнаво бо сози мардум,
Ва медонӣ чаро? Мо ҳаминонем!

Сафири мардумон дар ҳокимият,
Сухангӯяндае, аз номи миллат.
Сарафрозем моён аз ҳақикат,
Раёсат фарқ дорад аз тиҷорат,
Ва медонӣ чаро? Мо ҳақситонем!
 
Сари болои мо, ин мардумонанд,
Сабуру содиқу сонеъи нонанд.
Сафобахшандаи руҳу равонанд,
Ризои мо ризои модаронанд,
Ва медонӣ чаро? Мо мардумонем!

Сиёсат, бо раёсат зеб дорад,
Сухангӯӣ, ба ҳикмат зеб дорад.
Сари боло, ба давлат зеб дорад,
Равонбахшандаи руҳу равонем.
Ва медонӣ чаро? Мо ҳамдилонем!

Сифоти мо, касони некманзар!
Саломи мо, саломи меҳрпарвар!
Суруди мо, дуруди халқи кишвар!
Равону бо маъорифпарваронем,
Ва медонӣ чаро? Мо, орифонем!!

Салом, ай пешкору сози миллат,
Салом, ай ҳамдаму ҳамрози миллат.
Сухангӯянда бо овози миллат.
Раҳе дар пеш дорӣ, мо равонем,
Ва медонӣ чаро?! Мо Тоҷиконем!!


Раҳмат Шералиев,
н.Восеъ, тел: 98 723 06 76

____________________________________________________

Шаржҳои ҷашнии Хайрандеш


1 зинда чу ӯ дар ҳама атроф надидем,
Ҳатто ба миёни ҳама ашроф надидем.
10-сола шуд СССР-у 100-сола шавад кош,
Дунё пури Сайфиддину Сайёф надидем.

Сафвати Бурҳон, ки дар ком кишвари хориҷа ҳаст,
СССР хонӣ, гумон месозӣ, ки дар иҷа ҳаст.
Дар буфети "Шарқи озод" аст гӯё ҳамраҳат,
Баччаҳо, бовар кунен, бисёр зурай и паҳат!

Шараф бар Шаҳрзоди мо, ки беҳин мардак аст имрӯз,
Ба 1 ҷо менишинад, лек дунёгардак аст имрӯз.
Раис асту надорад коргар, дорад вале сардор,
Раиси ҷонфидо дар ҳар идора мисли ӯ даркор!

Сафҳабандиро биомӯзед соз аз Идибек,
Дар мақолоти кутоҳу ҳам дароз аз Идибек.
Андак-андак ин ҳунар аз худ агар кардед, хуб,
Беҳтаринашро биёмӯзед боз аз Идибек!

Ин Ҷамила журналисте ҳаст оҷил, бедиранг,
Гаҳ дар оташ бинияш, гаҳ дар миёни дуду чанг.
Бо раисону вазирон асту дар фикри авом,
Бод ҳамчу СССР умри Ҷамила бардавом.

Беҳтарин одами дунё - апаи Гулчеҳра,
Дар дили пиру ҷавон ҷо апаи Гулчеҳра.
Ту, ки оромӣ, бигӯ, дар дили ту ҳеч назад
"СССР"-и пури ғавғо, апаи Гулчеҳра?!

Хатлон ба Баҳодури Уроқ аст «урок»,
Дарс аст, бале, ҳар қадамаш дар ин хок.
Ҳар ҷо ҳозир агар Баҳодур бошад,
Шодӣ бифизояду бало дур бошад.

Саймуроди Носири муҳосиб дорем,
Ин маънои он дорад, ки соҳиб дорем.
Ӯ гар гонорар ба номи мо нанвисад,
1 ҳоли аҷоибу ғароиб дорем.

Орзу дорем, равшан моҳу парвинаш бувад,
Боз ширинтар ҳаёти сабзу ширинаш бувад.
Бадтарин ҳарфи СССР ҳеч гаҳ безеб нест,
СССР зебост, Зебо то ҳуруфчинаш бувад!

Шоира ҳар ҷо, ки бошад савту шеър асту наво,
Маҳз ӯ даркор дар СССР-и пурмоҷаро.
Чунки дар ҳар доира бошад ба шарте Шоира,
Нуқрагӣ бошад, тилоӣ мешавад он доира!

Меҳрубон бас меҳрубон асту салиму роздон,
Бохабар аз илми таъриху замину осмон.
Дода буд аз мушти Сайёф ӯ маро боре наҷот,
Меҳрубон бисёр бошад, шаҳд мегардад ҳаёт!

Хайрандеш
шоир


_____________________________________________________

Раис кист?

15.06.2011. Соат бо вақти Душанбе 12:15 дақиқа.
Пас аз анҷоми макет-бандубасти матолиби газета ҳамроҳ бо устод Сайёф ба обед, ба ошхонаи ГЖК фаромадем. Чун дар навбати ошгирӣ меистодем, ки Устод Акбар, Раиси ИЖТ, дар даст «поднос»-и таомгирӣ аз ман пеш гузашт. Бо шӯхӣ гуфтамаш:
-Ака, ин ҷо ман Раисам!
Акаи Акбар пай бурд, ки ман шӯхӣ дорам, аммо худро ҷиддӣ гирифт ва гуфт:
-Марҳамат, раис-ако!
Иттифоқо, бегоҳи ҳамон рӯз бояд ба беморхонаи Қарияи боло, ба аёдати беморе мерафтам ва дар шоҳроҳи назди ГЖК интизори нақлиёти хатсайри №25 будам. Нохост, Акбари Саттор бо мошини хизматияш пайдо шуд ва дар пеши ман мошинро қарор доду ба сандуқи синааш мушт зада, гуфт:
-Ана инро Раис мегӯянд!
Ва пурсид, ки ба кадом самт равонаӣ? Гуфтамаш, ки бояд Қарияи боло равам. Ӯ то ҷои зарурӣ маро бурд…
Тифоқо, рӯзи дигар дар Бари ГЖК менишастам, ки боз Акбари Саттор паҳлӯям нишаст. Ҳамин дам, пешхизмат омадаву пурсид, «Раис чӣ мехӯред?». Акбар нав гапро сар карда буд, ки пешхизмат гуфт:
-Акаи Акбар, мебахшед, акаи Раис заказ кунанд, баъд навбати Шумо...
Он хонум фикр дошт, ки номи ман Раис аст. Бо табассум ба Акбари Саттор гуфтам:
-Ако, ана акнун дидед, ки Кӣ Раис аст дар ГЖК???

ИЖТ дар ун дунё?
27.11.2015. Соат бо вақти Душанбе 8:15 дақиқа.
Журналист Шарифи Мисайзод ба СССР занг задаву бо садои хаста гуфт:
-Хайр, таъзияи маро нисбати даргузашти хабарнигори СССР дар вил.Суғд, Раҳими Ашроф қабул кунед.
Сипас, устод, бо дилбардорӣ ба гап идома дод:
-Акнун, баъди ин боз навбати кӣ бошад-а? - каме таваққуф… ва Шарифи лутфгуфтор бо табассуми лазиз давом дод:-Мегум, ман аз 1 чӣ ҳайрон. Баъди марги Акбари Саттор-раиси ИЖТ, журналистон пайиҳам рафтан доранд: Аброри Зоҳир, Бахтиёри Сафар, Неъмат Оташ-собиқ сардабири маҷаллаи «Паёми Суғд», Раҳимҷон…Ба фикрам, акаи Акбар дар ун дунё Иттифоқи нав ташкил карданист чӣ?

Ваъда  ва вафо
Тифоқан 12-уми декабри соли равон дар Истгоҳи Фурӯшгоҳи марказӣ, хиёбони ба номи А.Рӯдакӣ шоҳиди баҳси ноҷо ва дилхароши 2 нафар шудам. Якумӣ бо суханҳои қабеҳ гуфт:
-Нормурод...2 соат аст, ки ман туро интизор!
Нормурод ҳам аз ҳамсӯҳбаташ паст наомада, бо хошу пархош посух дод:
-Валӣ, очаи тура...
Ин баҳси ноҷо ва гӯшхарош буд. Кӣ ҳаққу кӣ ноҳақ, Нормуроду Валӣ медонанд ва Худо шоҳид. Лек ба ваъда вафо кардан шарти муҳими одамгарист. Абдураҳмони Ҷомӣ гуфтааст:
Ваъдаҳо хом медиҳад ёру надонад ин қадар,
К-ин навиди айш бошад ҷони ғампарвардаро.
Мутаассифона, ҳар рӯз дар сари роҳ, кӯчаву хиёбонҳо даҳҳо нафар одамонро вохӯрдан мумкин аст, ки бо асабоният интизори дӯст, ҳамдиёр, ҳамшаҳр ва ҳамватани хешанд. Аммо баъзан вақт соатҳо мегузараду шахси ваъдадода ба ваъдагоҳ ҳозир намешавад. Ин падидаи номатлуб имрӯз дар ҳаёти ҷомеъа густариш ёфтааст. Ҳол он ки ваъда дода, ба он вафо накардан гуноҳи хеле ва хеле кабира ва азимест. Беҳуда нагуфтаанд: «Ал-ваъда-вал-дайн».

Муҳаммадҷон  Мирзошоев, рӯзноманигор


Муштоқи ханда
Ашӯр Сафарро ҷанги шаҳрвандӣ афгор карда буду баъди гирифторӣ ба бемории “Инфаркт-Миокард” 18 шабонарӯз наҷунбида, ба пушт хоб кард. Дар баробари хабаргирони зиёд 1 вақт Қосим-писари дӯсти беҳтарини ҳаёташ амаки Саид Шариф ба шӯъбаи эҳёгарӣ медарояд. Ба аҳволпурсии ӯ Ашӯр Сафар бо сарҷунбонию миҷҷазаданҳо “ҳа” ё “не” мегуфт. Паҳлӯи дигар гаштан ё нимхез шудан 1 тараф истад, қуввати гапзанӣ ҳам надошт, табиб низ иҷозат намедод. Қосими Саид Шариф дар назди ҷойхоби бемор чанде нишасту сипас гуфт:
- Амакӣ, хабаргирӣ дасти холӣ омадам, - ва як 5-ҳазоррублаи русиро зери болишти бемор гузошт.
Нохост Ашӯр Сафар гапе зад, ки шуъбаи эҳёгариро хандаи ҳозирин-беморону табибону хабаргирон фаро гирифт. Ӯ гуфт:
- Бачам, ҷуфташ канӣ, аз ҷо хеста гуселат мекунам!!!

 Дар хоб мебинед
Ашӯр Сафар 6 сар гӯсфандашро ба рамаи хоҷагии раиси Миралӣ мебарад. Маслиҳат чунин буд, ки 6 гӯсфанд доимӣ он ҷо мечаранду ҳар сол шоир ба хонааш 6 барра мебарад. Сарчӯпон шӯхиомез мепурсад:
- Муаллим, ин кӯҳу пушта асту адир. Ягонтааш ҷар мешавад, ё ягонташа гург ё саг мехӯрад, ё ягонтои дигараш қисир мемонад, он вақт...
- Домулло, - сухани ӯро мебурад Ашӯр Сафар, - гӯсфандони ман ҷар намешаванду онҳоро гургу саг ҳам намехӯрад, қисир ҳам намемонанд. Ҳар соле дутоӣ барра мекунанд. Майлаш, ман розӣ, яктогиаш аз Шумо, яктоии дигараш аз ман. Мешавад?
- Мешавад.
Ҳамин тавр ҳам шуд. Чанд соли ахир 6 барра мегирифтем. Вақте Ашӯр Сафар дар бистари беморӣ буд, ба писараш мегӯяд:
- Мошинатро бензин резу рафта 6 гӯсфандро биёр, ки аз дунё гузарам, гӯсфандонро хоб мебинед.

Бахтиёр Сафаров
Махсус барои СССР


Омар Шариф-бузургҳунарманди синамои ҷаҳонӣ
Аз хотираҳои муҳиме, ки дар як блокнотам давоми умр қайд мекардам, порчае аз суҳбати журналисте бо Омар Шарифро дарёфтам. Ин суҳбат дар рӯзи 71-солагии шодравон, 10.04.2003 доир шудааст. Он солҳо ҳунарпеша дар яке аз меҳмонхонаҳои Қоҳира иқомат доштааст.
Посухҳо:
- Банда, ҳамеша дар ҳама вазъият худро назорат мекунам ва ҳеҷ гоҳ тобеи ҷозибаи худ намешавам.
- Ман ҳамеша лаҷоми эҳсосоти хешро дар дастам нигоҳ медорам.
- Новобаста бо он, ки банда сентименталист ҳастам, касе мебошам, ки ҳамаро бо ақлам ҳаллу фал менамоям, на бо дил.
- Ақл ва Шахсият.
- Ман хонумҳои хело ҳам зеборо дӯст дорам. Хонум бояд қашанг бошад, ҳулқу атвори зебанда дошта бошад.
- Зебоӣ метавонад ҳамаро вайрон кунад. Ҳангоме, ки ту бо хонуми хело зебое бо ҳам ҳастӣ, ҳамеша дар хавфи, ки касе ӯро аз ту набарад.
Суол: - Барои Шумо садоқат кафили хушбахтист?
Посух: - Садоқати аз дил на садоқати физиологӣ.
Суол: - Шумо дар асптозиҳо (пойгаҳҳо) ширкат меварзад, ғолиб ҳам мешавад?
- Ман 7 асп дорам, савора ҳам дорам, вале ҳеҷ гоҳ ғолиб наомаданд. Гарчанде, ки нигоҳубини аспҳои мо аз аспҳое, ки ғолиб меоянд ҳеҷ камигарӣ надоранд…
Масъалаи хурду хӯрок.
- Ман дар як рӯз як маротиба хӯрок мехӯрам – хӯроки шом.
Пеш аз хӯрок каме виски ва баъд як шиша май менӯшам…
Тахаллуси Омар Шариф гирифтани ӯ бештар бо хонадоршавиаш бо Фатен Ҳамамаи мусулмонзан буд. Ӯ дини исломро қабул кард ва ному насабро ҳам…
Баъди ҷудо шудан аз Фатен Омар Шариф дигар хонадор нашуд…

Султон Мирзошоев, узви Иттифоқи синамогарони СССР (1969.)


Мехчӯби сарҳад аз куҷо то куҷост?
Нуқтаҳои канории Тоҷикистони шимолӣ мувофиқи харитаҳои СССР ва Тоҷикистони имрӯза дар байни арзҳои 36-40 ва 41-05 воқеъ шудааст. Замони шӯравӣ он яке аз қартаҳои ҷанубии иттиҳоди давлатҳои мустақил ба шумор мерафт. Харитаи имрӯза низ ҳамон аст. Тағйирот ё дигаргунӣ ба он зам нашудааст. Сарҳадоти РСС Тоҷикистон аз соли 1924 то имрӯза Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қисмати шимолӣ бо Қирғизистон ва дар шимолу ғарб бо Ӯзбакистон пайваст аст. Тақсимоти маъмурии ин вилоятро 26,1 ҳазор км2 дар бар мегирад. Ин арифметикаи одист ва бояд ҳар 1 кас, хоса, мансабдорон низ донанд. Зеро нуқтаи канории Тоҷикистон, аз он ҷумла шимоли кишвар низ, солҳои шӯравӣ бо қарори Шурои Вазирони СССР тасдиқ карда шуда, сохтумони иншооти ин ва ё он объект таҳти ин қарор сурат гирифтааст. Вале имрӯз, ман аз он гиламандам, ки андешаи бештари мансабдорон ва хосатан руасои имрӯзаи кумитаҳои замин орӣ аз ин арифметикаи оддӣ мебошанд. Агар имрӯз эшон аз ин арифметикаи оддӣ балад мебуданд, нуқтаҳои канории марзи навоҳии ба зимма доштаи худро аққалан дарк карда, капсула ва мехчӯбҳои сарҳадии қисмати шимолу шарқии хамии Фарғона ва алалхусус Қарақчиқуми Конибодомро аз ҳамлаи ғаразноки қирғизҳо эмин нигоҳ медоштанд. Кор ҳоло то ҷое расидааст, ки қирғизҳо ин мавзеи муҳимро бо аскарони мусаллаҳ ғасб намуда, ба ҳазорон баҳонаҳои нав, таҳти тасарруфи худ дароварданианд. Истихроҷи газу нафти чоҳҳои 1, 42, 52, 156, 205, ки моли давраи шӯравист, аз кор бозмонда, хисорот на танҳо ба буҷаи ҶМДММ ”Петролиум-Суғд”, балки ба буҷаи кишвар ворид мегардад-мегӯяд дар ин маврид муовини директори генералии ҷамъият Рауф Нурматов.  Аслан ин корхона ҷамъияти муштараки Австрия-Тоҷикистон аст. Истеҳсоли якшабонарӯзи нафт 11 тонна ва гази табиӣ зиёда аз 2000М3-ро таъсис медиҳад. Аҷиб аст, ки ин ҳамаро медонанд, аммо чорае намеандешанд... Миш-мишҳо дар бораи ин мавзеъ байни аҳолӣ хеле зиёд аст. Мо думболи ин миш-мишҳо нашуда, роҳ ҷониби сарҳад гирифтем...

Раҳими Ашроф
СССР
____________________________________________________

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter