ХАБАРИ ДОҒ

Исмоил Давлатов чаро мурд?

  • Чоршанбе, Сен 12 2018

Мазҳакаи интихоботӣ-6

№8. Исмоил Давлатов
Исмоил Давлатов 15-уми декабри соли 1946 таваллуд шуда, соли 1963 Техникум (коллеҷ)-и омори ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло Ваҳдат) ва соли 1969 Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ)-ро хатм кард.
Соли 1975 рисолаи номзадӣ ва солҳои 1984-1989 рисолаи докториро дифоъ мекунад. Солҳои 1988-1990 ректори УДТ ва солҳои 1990-1992 Вазири маорифи РСС Тоҷикистон таъйин мегардад.

Изҳороти
вазири маориф, доктори илми иқтисод,
профессор, номзад ба мақоми раиси
Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоил Давлатов

Ба Шӯрои Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбарияти Иттифоқҳои касабаи озоди ҷумҳурӣ, роҳбарони аҳзоби сиёсӣ, динӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳур

Дар шароити бӯҳрони шадиди иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавие, ки сар то сари мамлакатро фаро гирифтааст, ҷумҳуриҳои собиқи иттифоқӣ имрӯз худро давлатҳои мустақил эълон намуда, ният доранд, ки дар тиҷорат ва муомилаи савдо ба нархи озод гузашта, арз (валюта)-и худро ҷорӣ намоянд.
Дар 2 соли охир давлатҳои соҳили Балтик, ки нияти ҷорӣ кардани арзи худро доранд, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори зиёди молҳои саноатӣ, аз ҷумла, молҳои камёб, мисоли яхдонҳо, телевизорҳо, мошинҳо, қолинҳо, мебел, хрустал ва маҳсулоти заргариро кашидаанд. Аз рӯи ҳисоби пешакӣ аз Россия, Украина ва дигар ҷумҳуриҳо ба бозори Осиёи Миёна ворид шудани тақрибан 100 миллиард рубл имконпазир аст, ки қурби он аз коғаз беш нест. Ба касе махфӣ нест, ки дар чунин шароит бисёр воситаҳои истеҳсолот, монанди заводу фабрика, замин ва амсоли ин, ки мансуби ҷумҳурианд, метавонанд ба дасти дигарон гузаранд. Билохир хавфи он аст, ки Тоҷикистон аз воситаҳои истеҳсолот маҳрум шуда, аҳолии он мубталои қашшоқӣ гардад. Ҳамин вазъиятро ба назар гирифта, ҳамчун олими соҳаи иқтисод изҳор менамоям:
1.То ба эътидол овардани вазъи иқтисодӣ ва қурби рубл хусусигардонии воситаҳои асосии истеҳсолот ва манзил муваққатан боздошта шавад.
2.Ба ивази ашёи хом ва маҳсулоти тайёре, ки ба дигар ҷумҳуриҳо фиристода мешаванд, аз 1 ноябри соли равон сар карда молу ашёи аввалиндараҷаи ниёзи мардуми ҷумҳурӣ гирифта ё ба ивази он пули арзӣ ситонда шавад.
3.Барои ҳарчӣ бештар афзун гардидани захираи тилло ва сангҳои қиматбаҳо дар ҷумҳурӣ тамоми чораҳо андешида шаванд.
4.Бо назардошти он, ки қарзи мамлакат аз мамолики хориҷ 70 миллиард пули арзиро ташкил медиҳад, ҳиссаи қарзи ҳар як ҷумҳуриро алоҳида муайян кардан зарур аст. Вобаста ба он, ки дар навбати худ давлатҳои хориҷӣ аз мамолики мо 90 миллиард пули арзӣ қарз доранд, ҳамчунин ҳиссаи ҳар як ҷумҳурӣ нисбати он муайян карда шавад.
5.Аз қаламрави ҷумҳурӣ баровардани молҳои саноатӣ ва маводи хӯрокворӣ манъ карда, гумрук (таможня)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран ташкил карда шавад.
Бо мақсади пешгирии футурравии сатҳи иқтисодӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ваҳдати ҳамаи қувваҳои сиёсӣ бояд таъмин гардад. Бо ин мақсад дар Шӯрои Олӣ ташкили «Мизи мудаввар» зарур аст, ки дар он ҳукумати ҷумҳурӣ, олимони соҳаи иқтисод, роҳбарони ҳамаи ҳизбҳо ва ҳаракати сиёсӣ, динӣ, иттифоқҳои касабаи озод, ҳамчунин номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳур ширкат варзида, баҳри беҳбудии вазъи иқтисодию иҷтимоӣ тадбирҳои якҷояю амалӣ андешад ва дар иҷрои он ҳамаи қувваҳо масъулияти баробару комилро эҳсос намоянд.
(«Ҷумҳурият», 01.11.1991)

0% - баҳои кандидат!
Дар интихоботи президентии соли 1991 номзадии худро гузошта, бо касби 0% «шикаст» хӯрд, яъне ягон интихобкунанда ба ҷонибдории ӯ овоз надод!!! («Ҷумҳурият», 26.11.1991) Аз «имтиҳон»-и интихобот нагузаштани Давлатовро ҳанӯз чанд ҳафта қабл аз «гонкаи интихоботӣ» нашрияи мазкур фол зада, таҳти унвони «Тоҷикистон дар арафаи интихоби раиси ҷумҳур» матлабе бо имзои редаксия чоп кард. Дар он минҷумла омадааст, ки «тӯли 2 рӯзи ҳафтаи гузашта дар ин мавзуъ ба шуъбаи иҷтимоию сиёсии «Ҷумҳурият» аз рӯзномахонҳои гиромӣ 58 нома расид, ки 27-тоаш ба тарафдории Раҳмон Набиев, 10-тоаш ба тарафдории Давлат Худоназаров, 2-тояш ба тарафдории Исмоил Давлатов ва 1-тоаш ба тарафдории Сайфиддин Тӯраев ирсол шудааст. Муаллифи 17-ум нома бидуни зикри номи номзадҳо андешаҳои худро навишта, 1 нафар зидди номзадии Раҳмон Набиев фикр баён кардааст. Ҳар кас ихтиёр дорад ба ҷонибдории ин ё он номзад таблиғот барад, вале ҳангоми интихоби демократӣ маҷбур намудани ашхос ба тарафдории номзади худ, қасам додани одамон, расидан ба иззати нафси номзади дигар норавост…».

Овоза ва ҳақиқати фавти Давлатов
Исмоил Давлатов бо ин вуҷуд, ки 0% овоз гирифт, баъдан дар маснадҳои Вазири иқтисод, Раиси Кумитаи гумрук (аз ҳисоби 30-фоизаҳо) ва муовини вазири маориф кор кард. Соли 2000 фавтид.
Дар ҳамон шабу рӯз овозаҳо буд, ки гӯиё Исмоил Давлатов барои дар ҷои кораш барқарор шудан (Кумитаи гумрук) ба Саид Абдуллоҳи Нурӣ пора додааст (овозаҳо сари 1 млн доллар сӯҳбат мекарданд). Аммо раҳматии Нурӣ ин пулро гирифтаву дигар касро ба ин мақом таъин кардааст ва ин зарбаи сахте ба саломатии Давлатов меораду чанд рӯз баъд ҷон ба ҷонофарин месупорад.
Воқеан ҳам, ба дурустиву нодурустии ин овоза мо кафил намешавем, вале ин ки раҳматии Нурӣ ва раёсати ҲНИТ дар он шабу рӯз мақомҳои баланди ба онҳо ҷудошуда (30% аз ҳукумат)-ро мефурӯхтанд, чун рӯз равшан аст. Фарзи мисол, Ҳоҷӣ Ҳалими маъруфу машҳур барои расидан ба курсии аввалини худ аз Қазоқистон 15 ҶИПи нав овардаву ба Нуриву атрофиёнаш тақсим карда буд…

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter