ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Боғ рав!

  • Чоршанбе, Сен 12 2018


Дар арафаи таҷлили 9 сентябр-Рӯзи истиқлолияти давлатии ҶТ бо супориши редаксия ба сайру сайёҳати боғҳои кӯдаконаи пойтахт баромада, 2 шом аз 2 боғи навбунёди замонавӣ, ки пас аз таҷдиду азнавсозӣ чанд ҳафта пеш барои сокинон ва меҳмонони пойтахт дарҳои хешро боз намуд, дидан кардам. Мақсади асосӣ он буд, ки пеш аз ҳама бояд аз имкониятҳои боғҳои нав аз наздик ошно шуда, дар баробари ин бояд чӣ гуна истироҳат намудани мардумро низ мушоҳида мекардам. Ман бо хушнудӣ ин супоришро қабул намуда, ҳамроҳи писарам-Ромин ба тамошо рафтам…

Боғи 10 миллионсомона
Шоми 31.08.2018. Соат бо вақти Душанбе 19:00 дақиқа. Ману писарам Ромин нахуст боздид ва сайругаштамонро аз боғи нави кӯдакона, ки дар ҷои боғи кӯҳнаи шафати варзишгоҳи «Спартак» ҷойгир буду тобистони имсол таҷдид ва азнавсозӣ гашт, шурӯъ кардем. Бояд гуфт, барои азнавсозии он, ки номи «Боғи кӯдакон»-ро гирифтааст, шаҳрдорӣ беш аз 10 миллион сомониро сарф намуда, дар ҳақиқат тавонистааст 1 боғи замонавиро бо тамоми имконот барои кӯдакону наврасон фароҳам ораду онро барои сокинон ва меҳмонони Душанбе тӯҳфа кунад. Дар ҳудуди ин боғ наздики 1000 адад дарахту гулу гиёҳ шинонида шуда, он сарсабзу хушбоду ҳавост. Фаввораҳои назди даромадгоҳи боғ ба кас руҳи болида ва фараҳ бахшида, кӯдакону наврасон шодон аз зери он мегузаранду акс мегиранд. На танҳо ин фаввора, балки боз чанд фаввораҳои хурду калон ҳудуди боғро тароват бахшида, салқин мекунанд.



Ҳама чиз ройгон!!!
Даромад ба боғ ройгон аст, мисли даҳҳо бозиҳои барои саргармии кӯдакон ва атраксионҳои гуногун, ки дар сартосари боғ гузошта шудаанд. Ҳамаи ин бозиҳо ройгон буда, барои синну соли аз 3 то 18-сола пешбинӣ шудаанд. Дар 1 канори боғ амфитеатр барои 480 нафар бунёд гашта, қаҳвахонаи тобистонаи калон низ сохта шудааст. Аз ҳама муҳим дар ҳудуди боғ ҳоҷатхонаҳо мавҷуд буда, дар ҳар ҷои боғ видеокамераҳои мушоҳидавиро дидан мумкин аст. Ба ғайр аз ин, 3 нафар кормандони милитсия дар боғ гаштугузор намуда, амнияти мардумро таъмин менамоянд. Онҳо ба ҷавонони шӯх, ки барои бозии кӯдакони хурдсол халал мерасониданд, огоҳӣ дода, намегузоштанд, ки тартибу амният халалдор шавад. Бо фарорасии торикӣ дар назди даромадгоҳи боғ барқҳои нуқрафом ба бозӣ даромада, шавқи кӯдаконро меоварданд. Инчунин, дар боғ 2-3 нуқтаи хӯроки умум буд, ки ҳама кормандони он бо либоси ягонаи корӣ ба мардум хизмат мерасониданд.



Ба қадри заҳмати шаҳрдор расед!!!
Аз дидани боғ хеле шод гаштам, зеро воқеан ба таври нав азнавсозӣ гашта, тибқи талаботҳои аврупоӣ сохта шудааст. Вале 1 чиз маро нороҳат кард ва он ҳам фориғболии мардум нисбат ба ин қадар зебоӣ! Падару модарон дар харак нишаста саргарми сӯҳбат ба он, ки фарзандонашон гулу гиёҳи боғро мекананд, аҳамият намедоданд. Ҳар чизе, ки мехӯрданд, коғазашро ба замин мепартофтанду хеста мерафтанд, ҳама ҷо қариб, ки пӯсти офтобпараст буду бар замми ин чанд нафар ҷуворимаккаи обпазу пуфаку кукурузу ҳар гуна ширинии дигарро дар даст гирифта, савдо карда мегаштанд. Ин ҳолат симои зоҳирии боғро коста мегардониду аз паси онҳо партов ҳам зиёд мегашт…
Ҳуй, мардум! О, ба қадри заҳматҳои Рустами Эмомалӣ, ки дар 1,6 сол қишлоқ-пойтахтро шаҳри замонавӣ кардааст, кай мерасед???

Кӯли «Ҷавонон»-ро нашинохтам!
Шоми 3.09.2018. Соат бо вақти Душанбе 19:00 дақиқа. Ҳангоми расидан ба кӯли «Ҷавонон» ё кӯли Комсомоли қаблӣ онро нашинохтам гӯям ҳам дурӯғ намешавад. Ин боғро, ки бо меҳмонхонаи «Ҳаятт Риҷенсӣ» ва Кохи «Наврӯзгоҳ» ҳамшафат аст, дар муддати кӯтоҳ азнавсозӣ ва таҷдид намуда, симои зоҳириашро билкулл иваз кардаанд, ки дигар онро шинохта намешавад. Хеле зебост! На танҳо ман, балки ҳазорон сокинони пойтахт ҳеҷ гоҳ тасаввур ҳам намекарданд, ки боғи кӯли «Ҷавонон»-ро касе метавонад таҷдид намояд, аммо ҳар коре, ки ба он камари ҳиммат баста мешавад, ҳатман амалӣ хоҳад шуд! Маҳз ҳиммат ва азму иродаи ҷавонмардонаи бархе аз соҳибкорон ва тоҷирони шинохтаи кишвар буд, ки имрӯз ин боғ ба 1 гӯшаи зебоманзари шаҳри Душанбе мубаддал гаштааст. Бояд қайд намоям, ки ин боғ соли 1940 таъсис ёфта, то ба имрӯз боре ҳам таҷдиди пурра нашуда буд.
Тамоми бозиҳои саргармии кӯдакон ва атраксионҳои боғи кӯҳна барканор шуда, ба ҷои онҳо фаввораҳои нав, гулгаштҳо, харакҳои гуногун барои нишастани сокинон, майдончаи бозии кӯдакон, ки даромадаш ройгон аст, ҳудуди боғро оро медоданд. Аз ҳама муҳим лаби кӯл пурра таҷдид гашта, ҷазираҳои байни он низ тарҳи нав гирифтаанд. Ҷазираи байни кӯл, ки ҳанӯз соли 1957 барои сабти филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» гулдухтарони филармонияи Тоҷик рӯи он рақсида буданд, ҳоло ҷои истироҳати мардум шудаасту пиру ҷавон рӯи курсиву харакҳои нарму мулоим нишаста, дам мегиранд. Барои қаиқронӣ бошад 1 дастаи махсус фаъолият дошта, ба хоҳишмандон барои сайругашт дар рӯи об имконият фароҳам меоранд, аммо ҳар касе ба қаиқу катамаран мешинад, ҳатман камзӯли наҷот мепӯшад-ин қоидаи хатмист!



Шаҳр барои кӯдакон!!!
Агар 1 қисмати боғ барои пирону ҷавонон шароит фароҳам оварда бошад, дар қисмати дигар шаҳраки кӯдакон кушода шудааст. Гирду атрофи ин шаҳракро муҷассамаҳои қаҳрамонҳои филмҳои машҳури тасвирӣ оро додаанд, ки ҳатман ба кӯдакон хуш меояд. Дар рӯзи дуюми кушодашавии ин боғ сокинони пойтахт дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буданд, ки он хоҷатхона надорад, лек ин тавр нест, дар 1 гӯшаи ин боғ ҳоҷатхона ҷойгир шуда, тамоми боғ бо урнаҳои партовпартоӣ муҷаҳҳаз шудаанд.

Ҷарима ва Ҷазо!!!
Аммо ба ҳамаи ин имконияту шароит нигоҳ накарда, ҷавонони мо боз ҳам коғазу бутили оби худро ба замин ва ё ба кӯл партофта, бо ин тозагиву ободии маконро коста мегардонанд, яъне ҳар зебоиро мо худамон-инсонҳо хароб мекунем. Хуб мешуд, дар оянда маҳз барои поку беолоиш нигоҳ доштани ин боғ ва натанҳо ин боғ, балки боғҳои дигари нави пойтахт шахсони масъул навбатдорӣ намуда, чунин ифлоскоронро ҷарима мекарданд. Бо ҷаримаву ҷазои назаррас, мо метавонем садди роҳи ин вандализми душанбегиҳо гардем. Бояд ба қадри ин зебоиҳо бирасем, мардум!
Пешопеши ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ману писарам тавонистем танҳо аз 2 боғи нави пойтахт дидан намоем. Ният кардем, ки ҳатман боз на 1 бору 2 бор омада, дар ин гӯшаҳои зебои шаҳр истироҳат менамоем. Ҳоло фурсат ҳаст ва шумо низ дӯстони азиз метавонед бо аҳли оила ва кӯдакони худ ба сайри ин боғҳо бароед.То вақт ҳаст, шитобед! Аммо, илтимос, шаҳри худ, боғу поркҳои худамонро ифлос накунед.
Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter