ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Шин!!!

  • Чоршанбе, Окт 10 2018

Вақте судя ба корманди милиса гуфт: «Метавонед ӯро бурда, 15 шабонарӯз ҳабс кунед», қалбамро ваҳм зер намуда, ба худ гуфтам: Ин чӣ номаъқулӣ буд, Баҳодууур!?»

Аслан ин матлаб бояд 3 моҳ пеш матраҳ мешуд. Аввалан аз аҳлу оила ва дӯстоне, ки ҳамарӯза дар тамос буданд, маъзарат мехоҳам, ки ногаҳон бедарак шудаму ҳамаро дар ҳолати изтироб қарор додам. Вале ин ғайбзанӣ сабаб дошт. Ман, ки бештар дар мурофиаҳои судӣ иштирок мекунам, медидам, ки судшавандаҳо дар мурофиа аз нишондодҳои пешин даст кашида, қисман ба гуноҳашон иқрор мешаванд. Судя ба судшаванда суол мекунад, ки «ба пурра иқрор шуданат имзо гузоштаӣ?», ӯ, яъне судшаванда мегӯяд: «Зери шиканҷаи кормандони мақомот маҷбур имзо гузоштам». Ростӣ, аз шунидани ин ҳарфҳо борҳо асабӣ шудаам ва мақсад гузоштам, ки бо ҳар роҳ, ягон мӯҳлати муайян дар маҳкама нишинаму бо шарту шурут ва муомилаи кормандони мақомот нисбати судшавандаҳо ва гумонбаршудагон аз наздик ошно шавам.
Ҳадафро ба сардабири СССР-Сайёфи Мизроб гуфтам ва устод бе фикри тӯлонӣ гуфт: «То ҳол дар матбуоти тоҷик, ягон мухбир барои матлаб шуда, худро қурбонӣ (жертвовать) накардааст. Бачам, ҳама дар арафаи иди Қурбон бузу гӯсфанд қурбонӣ кунанд, ту мехоҳӣ худатро қурбон кунӣ?» Гуфтам: Оре! Пас гуфт: Ба пеш! Мо метавонем!!!

Чаро ман суд шудам?
Аз 1 корманди мақомоти қудратӣ хоҳиш кардам, маро дар ИНМ (изолятори нигоҳдории муввақатӣ) 2-3 рӯз маҳкам кунанд, то бубинам, ки нисбати гумонбаршудагону судшавандагон кормандон чӣ муомила доранду вазъи ИНМ дар чӣ ҳол асту ҷинояткорон ва ҳуқуқвайронкунандагон аз чӣ шикоят доранд ва онҳо баъди «шиштан» пушаймонанд, ё не? Мутаассуф, ба хости ман розӣ нашуда гуфт: «Касеро бе ҳуҷҷати суду прокурор дар дохили ИНМ роҳ намедиҳанд».
Зимнан, талош кардам, тибқи қонун ва реалӣ шинам. Мо Метавонем!

Мастам, мастам зи бӯи…
27.05.2018. Шом. Даҳонро спиртолуда намуда, чанд гр барои 100% «ҷинояткор» намудан, зада, сари чамбари мошин нишаста, ба самти Бохтар-Душанбе мошинро газ додам! Чаро ин тараф? Зеро маро бо мошини дақюнусии бо рамзи СССР дар вилоят мешиносанду бовар намекунанд, ки мастам!
Дар пости ш.Ҳисор нозири БДА манъ карда, наздам омада, ҳуҷҷат пурсид. Ҳини гуфтугӯ бӯи спиртро эҳсос карда гуфт: «Нӯшокии спиртӣ нӯшидаед?» Аввал иқрор нашудам. Ҳамкори дигарашро даъват намуда гуфт:
«Ин акам, зарулём пён аст, вале гуноҳашро ба гардан намегирад».
Ва бо писханд гуфт: Ахир ба даст афтодӣ!
Онҳо зуд протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб додаву мошинам (ГАЗ 31)-ро дар ҷаримагоҳи ш.Душанбе маҳкам карда, гуфтанд, ҳуҷҷатҳои тартибдодаро ба суди н.Кӯшониён мефиристем. Суди ноҳия аз сабаби нопурра будани протокол онро дубора тариқи почтаи Кӯшониён ба РБДА ҶТ фиристод. Беназоратии почтаи Кушониён («исходящий номер») буд, ки рақамҳои ирсолкардаро иштибоҳ намуд ва ман тӯли 3 моҳ дари почтаро кӯфта, ҳуҷҷатҳоямро кофта, ахир ёфтам. Акнун фаҳмидам, ки чаро кормандони почта бемасъулиятанду мардумро то 6 моҳ саргардон мекунанд. Мани «ЗЭК»-ро ки саргардон карданд, дигаронро намекунанд? Ещё как мекунанд!

«Қурбонӣ»-и ман!
27.08.2018. Соат бо вақти Кӯшониён 11:40 дақиқа.
Суди н.Кушониён бо қарори худ барои 15 шабонарӯз ба ман ҳабси маъмурӣ таъйин карда, нусхаи қарорро ба дастам дода, гуфт: «Агар аз қарори суд норозӣ бошед, метавонед дар мӯҳлати 10 шабонарӯз бо шикояти кассатсионӣ, ба суди дигар муроҷиат кунед». Ман, ки тибқи қонун ё бояд 15 ҳазор ҷарима медодаму ё «мешиштам», ахириро интихоб кардам. Зеро ҳадаф ҳамин буд. Вале чун судя ба корманди милиса гуфт: «Метавонед ӯро бубаред», қалбамро ваҳм зер намуда, ба худ гуфтам: Ин чӣ номаъқулӣ буд, Баҳодууур!?»

Дар СИЗО
Ҳангоми вориди ШВКД шудан худро мисли ҷинояткор ҳис мекардаму дилам тап-тап мезад ва эҳсос менамудам, ки фишорам баланд шудан дорад… Сардори маҳкама Шамсуддинов Шарифхон имкон дод, ки ба аҳли оила ва дӯстонам аз вазъи баамаломада телефонӣ хабар диҳам, то беташвиш бошанд. Аммо ман ба аҳли оила не, ба дӯстонам занг зада хоҳиш намудам, ки маро аз ин ҷо раҳо кунед. Аммо касе ба дардам нарасид. Сардабир бошад, бе парво гуфт:
-Баха! Супориши ман маҷбурӣ буд? Не! Акнун мурда-мурда мешинӣ! 10-солагиро бошад бе ту, вале бо ёди ту, бо коллектив пешвоз мегирем!!! Кор дар газетаи мардумӣ шолипаягузарӣ нест!
Ва телефонро кушт…
Ба худ гуфтам: Қонуншиканӣ кардӣ, «мурда-мурда» бояд ҷавоб бидиҳӣ ва касе наметавонад туро раҳо кунад!
Умедамро аз 15 рӯзи озодӣ хотирҷамъ карда, танҳо бародарамро огаҳ кардам, ки хавотир нашавад ва ба дигарон расонад, «ман дар сафари кориям, бо супориши редаксия». Ва шиштам…

Тартиби рӯз дар ИНМ барои қонуншиканҳо
Шамсуддинов низоми нигоҳдории маҳбусони муваққатиро шарҳ дода гуфт:
-Тӯли 15 шабонарӯз агар хоҳед, ки нисбати шумо муомилаи хуб дошта бош(ем)анд, тартиботи нигоҳдориро риоя кунед, вагарна ин 15 шабонарӯз дар назарат 15 сол метобад.
Зимнан ин 13 банди тартиботро дар ИНМ ҳатман бояд риоя кунед:
1.Аз хоб хестан, соати 6 субҳ;
2.Қазои ҳоҷат ва шустушӯ аз соати 6 то 6:30;
3.Хӯроки пагоҳирӯзӣ (агар бошад!) аз соати 6:30 то 7:30;
4.Тоза кардани ҳуҷраи нигоҳдорӣ аз соати 7:30 то 8:00;
5.Сайругашти пагоҳирӯзӣ аз соати 8:00 то 9:00;
6.Вақти холӣ (шахсӣ) аз соати 9:00 то 11:30;
7.Қазои ҳоҷат ва шустушӯ аз соати 11:30 то 12:00
8.Хӯроки нисфирӯзӣ аз соати 12:00 то 13:00;
9.Вақти холӣ аз соати 13:00 то 17:00;
10.Қазои ҳоҷат ва шустушӯ аз соати 17:00 то 18:00;
11.Хӯроки шом аз соати 18:00 то 19:00;
12.Вақти холии шахсӣ аз 19:00 то 22:00;
13.Вақти хоб соати 22:00.

Рӯзи аввали ноозодии ман
Соат бо вақти Кушониён 14:30 дақиқа. Баъди ҳамсӯҳбат шудан бо сардори ИНМ аз изолятор дидан карда, чунин пиндоштам, ки дар ИНМ танҳо ҷинояткорони қотил мешинанд ва онҳое, ки дар ҳабси маъмуриянд, изолятори эшон дигар аст. Аз Шамсиддинов пурсидам, ки «изолятор дар куҷост?» Гуфт: Ҳоло аз назар гузарондед-ку!
Ман эътироз намуда гуфтам, ки «ин на кат (крават) дорад, на матрасе! Ва танҳо тирезаи хурде, ки панҷарапеч аст ва аз он танҳо осмону ҳаворо мебиниву халос. Чӣ, ман дар рӯи замин хоб меравам?»
Медонед, ӯ чӣ гуфт? «Ин ҷо магар хонаи очаат аст, ки 7 қабат кӯрпача партоиву роҳат хоб равӣ? Ин ҷоро изолятори нигоҳдошти муваққатӣ мегӯянд, то ислоҳ шавию минбаъд ба қонун итоат кунӣ, на қонун ба ту! Ин ҷо хобро «хоб» мебинӣ!»
Чунин гуфту маро дар изолятори №2 маҳкам кард. Мисли гӯр тип-торик буду дақиқаҳо дар назарам соат барин тӯлонӣ менамуд. Дар дохили ҳуҷраи 2х3 чарх зада, чарх зада, худ ба худ мегуфтам:
-ИНМ муваққатияш агар чунин бошад, маҳбасаш ба фикрам «ҷаҳаннам» аст!

Давом дорад

Баҳодур Уроқов
СССР, вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter