ХАБАРИ ДОҒ


(Бахшида ба зодрӯзи президенти ҶТ)

05.10.2018 Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти ҶТ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба синни мубораки 66-солагӣ мерасанд. Аз ин 66 ӯ 26 соли умри пурбаракоти хешро харҷи амну осоиши миллаташ кардааст, ки ҳалолаш бод. Роҷеъ ба фаолияти Президенти кишвар бисёр гуфтаву навиштаанд, вале СССР танҳо ба 1 паҳлӯи зиндагиномаи ӯ, ки моломоли Ҷасорат, Далерӣ, Нотарсӣ, Шуҷоат ва Диловарист, менависад. Мо газетаи ҷавонмардем ва ҷавонмардиро ҳамеша истиқбол мегирем. Дар ин матлаб хонанда бо 1 сафари пурхатари Сарвари давлаташ ошно мегардад, ки новобаста ба таҳдиду террору фишорҳо ҷавонмардона ба Бадахшон сафар карда буд. Дигар баҳогузорӣ аз хонанда аст. Мо Метавонем!

«Суиқасд» ба президент дар Рӯшон
Баъди хондани матлаби «Нигоҳе ба лидерҳои Хоруғ» дар шумораи гузаштаи СССР, китоби «Оташро бо оташ хомӯш намекунанд»-и генерал-лейтенант Саиданвар Камолов ба хотирам омад, ки зери таҳрири шоири маъруфи Тоҷик, устод Муҳаммад Ғоиб чоп шудааст. Маҳз ҳамин китоб таърихи воқеии он замонро барои ҷавонон хотиррас менамояд. Хоҳиш мекунам, агар онро ёфта чоп кунед, аз манфиат холӣ нахоҳад буд…

Сайёра Алимӣ,муаллимаи фанни таърих, н.Фирдавсӣ


Абдуллоҷонов ва 35 млн доллари дуздидааш
Дар он айём вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва геополитикии Тоҷикистон хеле мураккаб буд ва дар нуқтаи доғ қарор дошт. Аз 1 сӯ гуфтушунидҳои пайдарпай бо мухолифин ва аз ҷониби дигар задухӯрдҳои байниҳамдигарӣ дар н.Тавилдара умеди созишҳоро барбод медоданд. Чунин ҳолати ногувор дар ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав ва вил.Хатлон бо сарварии полковник Маҳмуд Худойбердиев ба мушоҳида мерасид. Бадхоҳон рӯирост муқобили ба Ватан баргардонидани гурезаҳо ва ба ҳайати ҳокимият шомил кардани онҳо садо баланд намуда, мардумро дар ҳолати дудилагӣ нигоҳ медоштанд. Дар Ҳисор, хосса, Шаҳринаву Турсунзода қувваҳои террористӣ таҳти сарварии Ибод Бойматов, Малик Солеҳов, Ҳабиб Насруллоев ва дигарон амалиёташонро ба роҳ монда, худро ҳокими мутлақи минтақа медонистанд. Абдумалик Абдуллоҷонов дар марказҳои фарҳангии Амрикову Русия нишастҳои матбуотӣ гузаронида, миёни мардум дар бораи ҷунбиши ба ном «Эҳёи миллӣ» хабарҳо паҳн менамуд.
Бисёриҳо намедонистанд, ки ин дастаи навтаъсис аз сарвазири бесалоҳият ва 2 ҷонишини собиқаш иборат буда, аслан «Беҳаёҳои миллат» бояд номида мешуд, на «Эҳёи миллат». Зеро ин «ҳомии миллат» зиёда аз 35 млн. доллари амрикоиро, ки дороии мардуми тоҷик буд, дар вазнинтарин рӯзҳо аз хазинаи давлат дуздида буд…

Бадахшони ноамн
Бадахшон майдони митингу роҳпаймоиҳоро мемонд. Дастаҳои гуногуни мусаллаҳи ғайриқонунӣ зери номҳои гурӯҳҳои худмуҳофизати Бадахшон ноҳияҳои вилоятро ба минтақаҳои таҳти нуфузу назорати худ табдил дода, фазои сиёсӣ ва вазъи амниятии Боми Ҷаҳонро бенизом сохта буданд. Маҳз дар чунин шароити пурхавфу хатар Президенти Тоҷикистон баҳри дидор бо мардум, таблиғи сулҳ, ба мусолиҳа фаро хондани гурӯҳҳои даргир, ошноӣ бо вазъи вилоят ва зиндагии аҳолӣ ва баҳри рафъи ҳамагуна эҳсосоти номатлуб азми сафари Бадахшон намуданд ва ин мисраҳоро ҳамчун хотимабахши риштаи андешаҳо шиори худ интихоб карданд:
Чу хасм қасди ту кард, барои дафъи зарар,
Ба ҷидду ҷаҳд бикӯш, ар ба ақл машҳурӣ.
Ки гар мурод ба даст оядат, ба ҳам расӣ,
В-агар ба ҳам нарасад, он замон ту маъзурӣ.
Барои таҳияи сафар Мизроб Кабиров ба Хоруғ рафта, аз масъулин суол мекунад:
-Баъд аз 2-3 рӯз Президенти кишвар бо сафари корӣ ба Бадахшон меоянд. Оё шумо кафолати бехатарии Президентро дода метавонед?
Ба чунин суолгузории рӯирост ва ногаҳонӣ ҳам сардори раёсати амният ва ҳам корҳои дохилии вилоят бо назардошти вазъи амниятии ҳукмрон дар Бадахшон танҳо баён доштанд, ки ҳамаи чораҳои аз ӯҳдааш мебаромадаро анҷом хоҳанд дод, лек кафолати бехатарии пурраро ба зимма гирифтан хеле душвор аст.

Сафаре, ки касе намедонист
6.11.1996. Фурудгоҳи ш.Душанбе. Чархболи тамғаи МИ-8 МТВ омодаи парвоз. Омадани Президентро директори ТИА Ховар-Набиҷон Каримов, оператори маркази матбуоти дастгоҳ Абдушукур Саломов, ёвари Президент Мазҳабшо Муҳаббатшоев ва сардухтури беморхонаи ҳукуматӣ Зулфалӣ Бозоров интизоранд. Баъди чанд лаҳза Эмомалӣ Раҳмон вориди чархбол шуда, бо нишастагон саломуалейк намуда, сипас ба Муҳаббатшоев рӯ оварда, гуфтанд:
-Акаи Мазҳабшо, як зодгоҳи шуморо бинем гуфтем, фаҳмидам, ки кайҳо боз нарафтаед, аз ин хотир Шуморо ҳамроҳ гирифтем.
-Бисёр кори савоб мекунед, Эмомалӣ Шарифович, – хушҳол шуд Муҳаббатшоев, ки дер боз зодгоҳи худро надида буд.
Мусофирон аслан медонистанд, ки чархбол ба Бадахшон меравад. МИ-8 дар Роштқалъа ба замин хоҳад нишаст. Дар кушода шуд. Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамроҳонашон ба саҳни майдонча баромаданд. Истиқболгирандагон ба истиснои 2-3 нафар, ҳама даступохӯрда шуданд, зеро намедонистанд Президент меояд. Хабар буд, ки бояд сарвазир ояд. Пас аз саломуалейки Сарвари давлат бо ҷамъи истиқболгирандагон раиси ноҳия таклиф намуд:
-Мо бояд ба мактаби ба номи Шанбезода биравем. Мардум он ҷо ҷамъ шудаанд.
Баъди суханронӣ Президент назди мӯсафеде омада, дасти ӯро фишурда пурсиданд:
-Шумо тинҷӣ ва осоиши зиндагиро мехоҳед?
-Албатта, -ҷавоби тасдиқ дод пирамард. Инони суханро мӯсафеди дигар ба даст гирифт:
-Агар сулҳу салоҳ шавад, ҳамаи ин норасоиҳо худ ба худ аз байн мераванд. Эмомалиҷон, Шумо кохи сулҳро меъмор бошед, дигараш тани мо. Мулк, ки обод шуд, сериву пурӣ ва арзонӣ мешавад.

Президенти мо!!!
Вақте чархбол дар Гармчашма нишасту Президент аз он берун омаданд, кӯдакон ҷониби роҳбари давлат давиданд ва бо ҳисси кунҷковонаи ба худ хос бо диққат ба Президент нигаристанд. Эмомалӣ Раҳмон сари кӯдаконро силакунон савол доданд:
-Маро мешиносед?
Кӯдакон баробар садо баланд карданд:
-Шумо Эмомалӣ, Президенти мо!
Ин вақт аз хушҳолӣ дар чашмони Президент ва атрофиён ашк ҳалқа зад. Президент мамнунона пурсиданд:
-Шумо Гимни Тоҷикистонро аз ёд медонед?
Яке аз онҳо матни Суруди миллиро бо овози мутантан қироат намуд.

Ба Рӯшони ноамн
Ҳарчанд аксарияти кулли мақомоти амният ва қудратӣ он шабу рӯз зидди сафари президент ба Рушон буданд, Эмомалӣ Раҳмон бо ҷасорати зотие, ки дорад, ба ин ноҳия сафар кард…
Ҳанӯз субҳ нодамида Кабиров ҳамроҳи Ҳақназарбеков савори автомошинаи «Волга» бо азми сафари Рӯшон Гармчашмаро тарк намуда буданд. Онҳо сараввал дар Хоруғ таваққуф карданд. Сардори раёсати корҳои дохилии вилоят ба кормандони худ супоришҳои заруриро доду сипас озими Рӯшон шуданд. Аллакай тамоми мардуми Бадахшон медонистанд, ки сарвазир неву Президент дар вилоят қарор дорад. Бо пешниҳоди Кабиров аввал ба қисми ҳарбии сарҳадии Холбаш Холбашев, ки дар маркази н.Рӯшон ҷойгир буд, рафтанд. Холбашу ҳамдастаҳояш то с.1994 дар ҳайати мухолифини ҳукумат қарор доштанд. Баъд ӯ бо тамоми дастааш ҷониби давлат гузашта, сарвари комендатураи қӯшунҳои марзии вазорати амният дар н.Рӯшон таъин шуд. Ин ҷавонмарди ғайюр ва бонанг тайи 16 соли хизмати ҳарбӣ то рутбаи генерал-майор расид ва ҳоло содиқона пайи хизмати Ватан камар бастааст.
…Раиси ноҳия дар хусуси таъмини вазъи амниятии маҳал ноумедона гап мезад.
Вақте ба саҳни бино баромаданд, Холбаш ҳам омад.
-Холбаш, вазъ дар ноҳия чӣ гуна аст? – баъди ба боғчаи пушти бинои ҳукумат гузаштан беқаророна пурсид Кабиров.
-Он қадар хуб нест, силоҳбадастони дастаи Биноӣ амал мекунанд, -ошкоро ҳолро баён намуд Холбаш.
-Ҳозир Президент меоянд, ягон ҳодиса рӯй намедиҳад?
-Чаро пешакӣ хабардор накардед, омодагӣ медидем. Аз даҳони мардум шунидем, ки Қоимдодов меояд. Агар ягон таҳдид ба амният рух диҳад, муқовимат мекунем.

Президент: Мурод, оташро бо оташ хомӯш намекунанд!
Чархбол дар болои маркази ноҳия як маротиба гардиш намуду баъд фуруд омад. «Волга»-ро барои нишасти Президент омода намуданд. Ба он Қоимдодов ва муовини раиси вилоят Гулсара Раҳматова савор шуданд. Корвони мошинҳо 400-500 метр пеш рафта буд, ки чанд силоҳбадаст сари роҳи онро гирифтанд. 2 силоҳбадаст, ки бо норинҷакҳо мусаллаҳ буданд, болои қисми пеши мошин баромаданд. 3 нафари дигари онҳо мили автоматҳои худро бо нишони таҳдид сӯи савораҳо рост карданд. Дар мошини дуюм муҳофизони сарвари кишвар Давлат Бобоев, Мурод Саидов савор буданд. Д.Бобоев аз мошин берун шуда, худро ба назди силоҳбадастон расонид. Ӯ дар ҳолати омодабош қарор дошт, то дар ҳолати кафидани норинҷак худро болои он партояд. М.Саидов назди «Волга» омада, оинаи тарафи нишасти Президентро панаҳ намуда, ба яке аз силоҳбадастон гуфт:
-Бародар, Бадахшонро ба бадбахтӣ гирифтор накун!
Мурод азми амали ҷавобиро дошт, ки Президент шишаи мошини худро паст намуда, гуфтанд;
-Мурод, оташро бо оташ хомӯш намекунанд!!!
Холбаш чунин сурат гирифтани ҳолро дида, назди силоҳбадастон омад. Ӯро дидан баробар силоҳбадастони сари роҳи мошинҳо, худро канор гирифтанд. Холбаш рӯбарӯи онҳо қарор гирифта пурсид:
-Худаш чӣ гап?
-Ҳеҷ гап не, командир, -ҷавоб гардониданд 2 каси аз болои мошин поин фуромада.
Холбаш ба ронандаи УАЗ-и марзбонон амр дод, ки аз пеши корвони мошинҳо ҳаракат кунад. Мошинҳои раёсатҳои амният ва корҳои дохилии вилоят аз паси онҳо равон шуданд. Сарҳадбонони рус ин ҳамаро мушоҳида намуда, новобаста аз дархости пешакии мо ягон аксуламал нишон надоданд. Мошинҳо рост ба қисми ҳарбии сарҳадбонони тоҷик омаданд. Президент бо афсарон ва сарбозон вохӯрӣ намуда, дар бораи мустаҳкам намудани ҳифзи марзи ҷумҳурӣ, таъмини амнияти хоки муқаддаси Ватан супоришҳо доданд. Дар қиёфаи Президент ягон осори тарсу ваҳм ба чашм намерасид, гӯё ҳеҷ воқеаи нохуше рух надода бошад. Он кас аз Бобоев дар хусуси кӣ будани Биноӣ пурсон шуданд. Бобоев гуфт, ки собиқ корманди мақомоти корҳои дохилаи вилояти Қӯрғонтеппа аст. Гулсара Раҳматова илова намуд:
-Инҳо гурӯҳҳои оппозитсионӣ нестанд, дастаҳои хурди манфиатҷӯянд, ки касе пул диҳад, хизмат мекунанд.
Холбаш ба ҳамин мазмун таъйид кард ва афзуд:
-Биноӣ хусурбачаи Ибод Бойматови регарист ва аз ин бармеояд, ки ӯ хизматгори кадом хоҷа аст.
Президент бо таҳаммул арз карданд:
-Чӣ гуна фикру адешаҳо доред, чӣ кор кунем?
Баъзеҳо номусоидии ҳавои тирамоҳ барои парвози чархбол ва ҳарчӣ зудтар бозгаштанро ба пойтахт пешниҳод карданд. Вазнинии вазъияти амниятиро низ хотиррасон сохтанд. Ҳамаро шунида, президент оромона гуфтанд:
-Ман бо нияти вохӯрӣ ба Рӯшон омадаам. Худованд ва халқ кафили бехатарии моянд.

Суиқасди президентӣ
Толори клуби ноҳия аз мардум пур буд. Мардум Президентро бо кафкӯбӣ истиқбол карданд. «Хуш омадед, нури дида, тоҷи сар!»-гӯён ҳеҷ боварашон намеомад, ки Президент ташриф овардаанд. Онҳо дарк намуданд, ки ҷасорату нотарсӣ яке аз омилҳои муваффақияту пирӯзмандии Президенти кишвар аст. Суханронии роҳбари ҷумҳурӣ пешорӯи аҳли толор дар бораи шароити сиёсиву амнияти кишвар, оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, натиҷаҳои музокирот бо мухолифин дар мавриди ризоияти миллӣ, ҳадафҳои нопоки қувваҳои муайяни дохиливу хориҷӣ нисбат ба пора-пора тақсим кардани Тоҷикистон бо дард ва пуртаъсир буд. Махсус таъкид карданд, ки зодагони н.Рӯшон Назаршо Додхудоев, Азалшо Олимов, Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Нуқра Раҳматова ва дигарон чӣ дар даврони шӯравӣ ва чӣ замони соҳибистиқлолӣ хизматҳои арзанда намуданд, ки боиси ифтихори тоҷикистониён аст. Мардум зимни суҳбат бо нигаронӣ мегуфтанд, ки аз дасти қумандонҳои навбаромад ба дод омадаанд. Ҳарчи зудтар имзо шудани созишномаи сулҳ ва барқарор шудани ҳокимияти қонуниро интизоранд.
…Ҳини бозгашт, дар УАЗ-е, ки Президентро ба он нишонданд, Муҳаббатшоев дар курсии пеш нишаст. Мурод Саидов дар нишастгоҳи қафо-ҳампаҳлӯи Президент ва Қоимдодов ҷой гирифтанд. Пешакӣ ба сарнишинони чархбол тавсия доданд, ки берун набароянд ва муҳаррики чархболро омодаи парвоз созанд, то баробари расидани Президент якбора аз замин бархезад. Холбаш бо 4 афсари мусаллаҳи худ мошинҳояшонро пешсафи қатор намуданд. Вақте аз бинои ҳукумат дур рафта, ба беморхонаи маркази ноҳия наздик шуданд, аз паси дарахтони сафедор 4-5 нафар мардони мусаллаҳи ҷомадор сари роҳ баромаданд. Чун онҳо марзбонони Холбашро диданд, зуд ақиб гашта, ба қафои мошинҳо гузаштанд. Ҳамин асно 1 нафар милитсионер ба Холбаш хабар расонид, ки силоҳбадастон сари роҳ камин гирифтаанд. Садои тирандозии бетартибона ба ҳаво шунида шуд. Мурод Саидов бо тани худ Президентро панаҳ намуд. Афсарону прапоршикҳои зертобеи Холбаш расида омаданд. Мардуми маҳаллӣ, ки бештарашон занону мӯйсафедон буданд як навъ гузаргоҳи зиндаеро ба вуҷуд оварда, барои ҳифзи ҷони Сарвари давлат сипар шуданд. Мошини Президент ҷониби фурудгоҳ рафт.

«Разбор»-и Холбашу Биноӣ
Чун Холбаш аз мошини худ фаромад, Биноӣ гранатамёт дар даст пеш омад. Сӯҳбати ғайриоддиро Холбаш шурӯъ намуд:
-Чӣ мехоҳӣ?
Биноӣ бо ғазаб гуфт:
-Мезанам!
-Киро мезанӣ? Ту дилу гурдаи задан надорӣ! Канӣ бизан, бинам-чӣ? -таҳдид намуд Холбаш ва гранатаметро аз дасти Биноӣ гирифта, 1 сӯ партофт. Ҳар 2 дастбагиребон шуданд. Яке аз афсарони Холбаш наздик шуда, мили автоматро ба шиками Биноӣ рост кард ва интизори амр шуд:
-Саросема нашав, худам ҳал мекунам, – ӯро аз паррондан боздошт Холбаш ва Биноиро мӯътақид сохтанӣ шуд:
-Ту 1 лаҳза ист, ман Президентро гусел мекунам, баъд омада чӣ хеле, ки хоҳӣ, бо ту гап мезанам.
Биноӣ паст намефуромад:
-Холбаш, ту ҳукуматиӣ, ман оппозитсия!
Холбаш заҳрханд намуд:
-Ту аз кай боз оппозитсия шудӣ? Хаёлат ман намедонам, ки ту олоти дасти Ибоду Абдуллоҷонов ҳастӣ?
Биноӣ баъд аз ин сухан аз саманди ифтихор андак паст фаромад:
-Ту аз куҷо дар ин бора медонӣ?
-Ба фикрат ҳеҷ кас намедонад, ки амали имрӯзаи ту фармоишӣ аст? Огоҳ бош, ки тират хок мехӯрад. Ҳеҷ кас садди роҳи иқдомҳои неки Сарвари давлат шуда наметавонад. Як ба атроф нигар, мардуми Рӯшонро бубин, чӣ қадар такягоҳи боэътимод дорад Президент! Миллати тоҷик барояш ҷавшан шудааст. Гӯш андоз, ту рӯшониҳоро шарманда кардӣ. Онҳо ба ту нафрат доранд. Моро шарманда кардӣ. Ақаллан ба гапҳои модари худат гӯш бидеҳ, ӯ ба ту чиҳо мегӯяд. Ту шармандаву шармсори диёр мемонӣ.

Бахшиши президентӣ
Аслан роҷеъ ба рухдоди Рӯшон ҳар гуна овозаҳо паҳн шуда буданд. Аммо чун овоза хатарноктарин шакли иттилоърасонист, мо суханони худро ба гуфтаҳои иштирокдорони он воқеот асос бахшидем. Танҳо дар ин нигошта номи аслии Биноиро зикр насохтем. Новобаста аз он, ки дар паси ин ҳодиса қарор доштани кадом давлат ва нерӯҳои бадхоҳ ба мо аён аст. Дар пайи он рӯйдод аз сӯи мақомоти тафтишотӣ нисбат ба амали Биноӣ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд. Лек чун Сарвари кишвар аз ин хусус хабар ёфтанд, дастур доданд, ки ба хотири ваҳдати миллӣ ва бо назардошти ҷавон будани Биноӣ таҳқиқи парванда боздошта шавад ва ӯро ба ҷавобгарӣ накашанд.

Саиданвар Камолов, генерал-лейтенант


Аз редаксия: Матлаби генералӣ тибқи талаботи редаксионӣ бо таҳрир нашр шуд. Вале асос ин аст, ки моҳияти худро гум накард. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter