ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Шин!-2

  • Панҷшанбе, Окт 11 2018

 

 Додарам гуфт, «субҳонаат овардам. Ҳамин ҷо дар наздам тез-тез бихӯр, баъдан ман меравам». Гуфтам: «Додари ҷон! Дар зиндон 1 буррида нонро бо ҳамраҳон мехӯрӣ!»

(идома аз шумораи гузашта)



Ашки бародар қалбамро пора кард
27.08.2018. Соат бо вақти изолятор 17:20 дақиқа.
Занги телефонӣ аз дохили изолятор ба гӯш расид. Лаҳзае пас дари изоялтор (ИНМ) кушода шуду милитсия (конвой) гуфт: «Додарат омадааст, баро». Чун баромадам додарам-Ҳамза маро сахт оғӯш гирифта, гуфт: «Чаро ба касе занг назадӣ? Охир, дӯстони вафодор зиёд доштӣ! Наход дар ҳамин рӯзи сахт раҳоят накунанд?». Ӯро дар оғӯшам ором карда, гуфтам: «Додари акаш, зиқ машав, ман бо хоҳиши худам шиштам ин ҷо. Бе парво бош! Касеро занг намезанам! Ҳар нафаре, ки қонуншиканӣ мекунад, ягон «тағо» ба кӯмакаш намерасад». Ва хоҳиш кардам, ба ман либосу болишт ва кӯрпача орад, зеро ин ҷо на матраси тоза ҳасту на кат (крават). «Хуб» гуфту аз чашмонаш ашк ҷорӣ шуд. Аз дидани ашки ҷигарбандам дар фикр фурӯ рафта эҳсос кардам, ки саломатии ман ҳам бадтар мешаваду чашмонам гӯр барин торик. Маҳз дар ҳамин ҳолат 1 саволи калидӣ дар зеҳни ман пайдо шуд:
-Чаро афроде, ки бори аввал ҷиноят содир мекунанд, баъди дидани ин қадар азоб дубора даст ба ҷиноят мезананд?

«Пахан-зона»-и ИНМ
Соат бо вақти изолятор 18:10 дақиқа.
Дар фикри хешу дӯстон будам, ки онҳоро дар ҳолати изтироб қарор додам ва ҳоло ҷумлагӣ меҷӯянд, ки «Баҳодур куҷо ғайб зад?». Ногаҳон дари изолятор кушода шуду мардеро оварданд, ки дар ҳолати шок қарор дошт. Пурсидам, ки шуморо барои чӣ маҳкам карданд? Посух надоду дар фикр рафт. Лаҳзае пас боз суол кардам, гуфт: «Маро дар сари чамбараки мошин, дар ҳолати мастӣ боздоштанд». Хостам ӯро ва худамро низ ором кунам. Аз андӯҳи зиёд саволҳои бисёраш додам. Азбаски солхӯрда буд, ӯро «дед» мегуфтам. Зода ва сокини шаҳраки Кӯшониён буду соҳиби 8 фарзанд. Ӯро кормандони милитсия мешиносанд, чунки бениҳоят хизмати зиёд кардааст ба онҳо. Кормандони ИНМ бо «дед» муносибати хуб дошта, бо шӯхӣ «пахан-зона»-аш мегуфтанд.

Арвоҳи модарро ранҷонидам?
Соат бо вақти изолятор 22:00 дақиқа.
Навбатдори ИНМ гуфт, «тамом, вақти хоб расид. Метавонед ҳоҷатхона равед ва мабодо ними шаб маро ташвиш надиҳед». Чанде кӯшидаму дар ҷогаҳам чарх задам, то хобам бубарад, аммо хоб нест! Ростӣ, соат тахмин 12-и шаб буд, ки хобам бурд. Дар хоб модари фариштаам даромад. Яқин аз писари зиндонияш сахт ранҷида буду намехост маро оғӯш гирад. Ва гуфт: «Бачаҷон, чаро маро ҳатто дар гӯр ором намегузорӣ? Ману падаратро дар ташвиш гузоштаӣ. Магар кори дуруст кардӣ?». Хостам наздаш раваму сахт оғӯшаш гираму бигӯям, ки «маро бубахш, очаҷон. Дигар такрор намекунам». Аммо бо ишораи даст гуфт, ки «дур раву пешам наё, Ман аз рафторат розӣ нестам!». Нохост бедор шудам, ки дилам тап-тап мезаду сару рӯям дар арақ шип-шитта буд…
Дар ин вақт «дед» дар тори сарам нолиш мекарду дари изоляторро мекӯфт, ки кушоянд. Навбатдор посухаш намедод, лек «пахан» бо кӯфтани дар дод мезад, ки «ҳолатам бад асту бояд ҳоҷатхона равам». Хуллас, дарро кушоданду ҳоҷатхона рафт, аммо бо овози баланд нолиш мекард. Субҳ, соат 06:00 дари ИНМ кушода шуду навбатдор бо овози баланд гуфт: «Хезед, ин ҷо ба шумо санатория нест, ки то чанде хоҳед хоб равед». Дар посух «мо ҳам безорем аз чунин гостницаю санатория. Магар санатория чунин шароит дорад, ки боз таъна мекунӣ?» гуфтам. Ӯ гуфт, ки «бисёр маҳмадоноӣ накун. Қазои ҳоҷат кунеду шустушӯ. Ва мебинем, ки ба шумо кӣ ва чӣ хӯроки пагоҳирӯзӣ меорад. Агар дар насибатон набошад зуд ба тартиби ИНМ шурӯъ мекунем…».

Субҳонаи зиндонӣ-мисли заҳр
28.08.2018. Соат бо вақти изолятор 7:00 дақиқа.
Аз қисми навбатдорӣ занги телефонӣ ба гӯш садод. Лаҳзае нагузашта гуфтанд, ки «додарат омадааст. Раву дар ҷои махсус барои пайвандони маҳкумшуда сӯҳбат кун». Додарам маро сахт оғӯш гирифту аз сиҳативу ҷойхобам пурсид ва гуфт, «субҳонаат овардам. Ҳамин ҳоло наздам тез-тез бихӯр, баъдан ман меравам». Ба меҳрубонии ӯ гуфтам: «Додари ҷон! Ин ҷо 1 буррида нонро бо ҳамраҳон мехӯрем!». Мо Метавонем!

Мусоҳибаи дуздӣ бо дузд
Барои он ки ба тафтишоти мақомот халал нарасонам, ин ҷо бидуни овардани ному насаби конкрет оид ба ҷинояти нафаре кӯтоҳ гуфтаниям:
-Дуздеро ба маҳкама оварданд, ки то ин дам 4 бор даст ба ҷиноят зада, молу мулки мардумро ғорат мекардааст. Аксарияти кормандони милитсия аллакай ӯро мешинохтанду безор низ шудаанд. Чун вақти холӣ барои маҳкумшудагон аз соати 9 то 11:30 аст, аз ӯ пурсидам: «Чаро ту 1 ҷавони бо тану тӯше, ки кӯҳро занӣ талқон мешавад, инак, бори чорум ҷиноят содир мекунӣ? Ва ҳич дар фикри падару модарро нестӣ?» Гуфт: «Ман 1 модари дардманду додари хурдсол дорам. Чанде пеш очаамро муолиҷа кардам. Барои табобат маблағи зиёд сарф шуд ва аз бепулӣ пайвандон ҳам кӯмакам накарданд. Роҳӣ дуздиро пеш гирифтам. Бори аввал ба дасти мақомот наафтидаам. Хостам дубора «риск» карда, даст ба дуздӣ зада, маблағи муфт биёбам, аммо ин бор ҳам кормандони милитсия дастгирам карданд».

СИЗО аз ИНМ беҳтар?
Кормандони ИНМ ба ману «дед» рафтори хуб доштанд. Дертар фаҳмидам, онҳо маро шинохтаанд, ки журналистам. Аммо нисбати ҷинояткорон-дузду авбошу ғоратгар муомилаи хубро раво намедиданд. Медонед чаро? Барои муомилаи хубро сазовор шудан (заслужить) ислоҳ шудан лозим!!! Дузди мазкур рӯзе 3 вақт берунро медид: Субҳ, нисфирӯзӣ ва шом! Он ҳам аз 10 дақиқа зиёд не! Шояд аз ӯ пайвандонаш ҳам безор шуда буданд, ки касе хабараш намегирифт, вале аз кормандони ИНМ сахт хоҳиш мекард, ки зудтар ба СИЗО барандаш. Ман имкон ёфта суол кардам: Чаро мехоҳӣ, ки туро ба сизо баранд? Гуфт: «Сизо хубтар аст, зеро он ҷо танҳо нестӣ ва гурусна намемонӣ. Ин ҷо аз танҳоӣ ва гуруснагӣ саломатӣ бад мешавад». Гуфтам, ки «зиқ нашав, вақте ба мо таом оранд, ҳатман ба ту низ медиҳем». Гуфт: «Раҳмат, ака, аммо СИЗО 100 бор хубтар аст. Он ҷо чанд намуд таомро мехӯрӣ ва миёни ҷинояткору дуздон чигуна гузаштани вақтро пай намебарӣ».
Ана гап дар куҷо! Ӯ худ хонаи чанд касро ғорат карду хонасалот, боз мехоҳад баъди ҷиноят дар СИЗО шикамаш сер бошаду хотираш ҷамъ?! Ҳаргиз!!! Ман ба пайвандони маҳбусони «собиқадор» мерасонам, ки нафаре чанд маротиба ҷиноят содир мекунад, ҳеҷ гоҳ ба ӯ таомоварӣ 1 сӯ истад, умуман, хабараш нагиред! Бигзор ба қадри шумо ва озодӣ бирасанд!!!

Дузди нобакор мунтазири авф
Тавре ёд доред, дар шумораи гузаштаи СССР перомуни авбоше мегуфтам, ки бо ҷурми дуздӣ ба даст афтодаву ҷазои ислоҳиро паси сар менамуд. Аммо дузд аз масъулини ИНМ бисёр хоҳиш мекард, ки ӯро ба зудӣ ба СИЗО баранд. Ва ӯ пеш аз СИЗО рафтанаш хело хурсанд буд. Аммо 1 чиро то ҳол намефаҳмам, ки чаро афроде, ки чанд маротиба ҷиноят содир кардаанду зиндонӣ шудаанд, боз даст ба ҷиноят мезананд!? Ман фурсате ёфта аз ӯ пурсидам, ки чаро ту ин қадар хурсандӣ? Дар ҳоле, ки ман дар ин 15 шабонарӯз қариб 8 кг вазн партофтам. Хонандаи азиз, медонӣ, ки дузд чӣ гуфт? Ин аблаҳ аз қонун не, аз худаш боварӣ дошт, ки баъди ҷашни Истиқлолияти ҶТ авф эълон мешаваду дубора ба озодӣ мебарояд. Ростӣ, чунон дар ғазаб омадам, ки хостам ӯро дар дохили ИНМ буғӣ карда кушам! Муттаҳам хонаҳои мардумро хонасалот кардиву пули ҳаромро бо дӯсту пайвандонат заҳри тана задӣ ва боз мунтазир ҳастӣ, ки тибқи қонун авф мешавию ба озодӣ мебароӣ ва амалатро давом медиҳӣ? Ҳаргиз! Ба мақомоти дахлдор расонданиям, ки чунин аблаҳонро асло раҳо накунанд. Зеро инҳо ҳич вақт ба қадри меҳнати мардум ва ба озодӣ намерасанд!!!

Чаро дар ИНМ табиб нест?
Барои ман 1 чӣ муаммост: Вақте барои нафаре судя ҷазои маъмурӣ таъйин мекунад, чаро дар ИНМ аз саломатии ӯ пурсон намешаванд? Оё саломатии ҷазогиранда 10-15 шабонарӯзи маҳбасро бардошт мекунад, ё на? Касе парво надорад!
Тавре хонандаи СССР нек дар ёд дорад, дар шумораи гузашта дар бораи «дед» мегуфтам, ки аз саломатиаш шиква дошту узвҳои баданаш (шуш, гурда, бемории қанд) азият мекашид. Рафту деди касалманд дар изолятор фавтад, киро гунаҳкор мебароранд? 1 манбаъи огоҳ аз додгоҳ дар сӯҳбат бо СССР гуфт, судя пеш аз қарор бароварданаш ба нафароне, ки ҷазои маъмурӣ аз озодӣ гирифтаанд, бояд ҳатман аз саломатияшон огаҳ бошад ва пурсад, ки ӯ чӣ шикоят дорад?
Агар қонуншикан аз саломатияш шикоят дошта бошад, дар рафти мурофиа судя ҳатман парвандаи баррасиро дар 1 вақти муайян «отложить» мекунад, то аз ташхиси тиббӣ гузарад.

Деди касал
Баъди 2 рӯз саломатии дед бад шуд. Аз беморхонаи марказии ноҳия табиберо даъват намуданд. Табиб ташхис гузаронду дар китоби изоялтор чизе навист ва ба кормандони милитсия гуфт, ки баъди ҷазои маъмурӣ (яъне 15 рӯз пас) рафта худро муолиҷа кунад. Табиб ҳатто ба дед ягон намуди дору надод, то дардашро таскин бидиҳад. Дед азбаски аз гурдааш шикоят дошт, кормандони ИНМ барои ӯ аз ҳисоби худ дору оварданд, то аз дард азият накашад. Ман аз номи худ ва дед бори дигар ба кормандони ИНМ - Шарифхон, Қиём, Фирӯз, Кенҷаев ва Салимов барои ин амалашон сипос мегӯям!

Зодрӯзи Пахан дар ИНМ
Рӯзи 5 сентябр дед, ки ӯро бо ханда «Пахан зоны» мегуфтем, ғамгин гуфт, имрӯзро то охири умр фаромӯш намекунам. Гуфтам: Чаро маҳз имрӯзро? Гуфт: Бори аввал аст, ки ман зодрӯзам-5 сентябрро дар ИНМ тани танҳо, бе пайвандонам қайд мекунам. Ва оҳи вазнин кашид. Шӯхиомез гуфтам, магар ману кормандони милитсия бегонаем? Гуфт, на! Гуфтамаш, пас чунин, ки бошад ҳангоме писарат субҳона биёрад супоришаш деҳ, ки зудтар дар обед 1 табақ оши палав пухта биёрад, худамон таҷлил мекунем ва ин ошхӯрӣ тамоми умр дар ёдат боқӣ мемонад. Лаҳзае нагузашта табъи дед хуш шуд. Хулласи калом, зодрӯзи ӯро бо оши болаззат қайд кардем.

Тақвими ману дед
Рӯзҳои аввали маҳкама дар назари ману дед соатҳо мисли рӯз мегузашт ва ҳар дақиқаро ҳисоб мекардем. Азбаски соат надоштем, намедонистем, соат чанд аст. Рӯзҳои 6-7-уми дар маҳкама будан соатро аз сояи панҷараи тирезаи хурди ИНМ тахмин мекардам, ки чанд шудаасту чӣ қадар рӯз барои озодии мо мондааст. Гарчанде медонистам, ки чаро қонуншиканӣ кардаам ва маро ҳатман 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кардаанду боз ба озодӣ мебароям… аммо нафаси озод надоштам. Он нафароне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир мекунанду солҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳруманд, 100-ҳо офаринашон, ки тоқат мекунанд ва умедворам, ки пас аз зиндон раҳо шудан ҳатто аз ҷайби худ дуздӣ намекунад!

Дигар намешинам!
Бори дигар ба ёди хонандагон мерасонам, ки асли нигориши ин матлаб омӯхтани вазъи ИНМ аз дохил буд. Зеро ман бештар дар мурофиаҳои судӣ иштирок мекунам ва судшавандаҳо дар мурофиа аз нишондодҳои пешин даст кашида, қисман ба гуноҳашон иқрор мешаванд. Бархе вақт зери шиканҷаи кормандони мақомот маҷбуран зери «гунаҳкории» худ имзо мегузоранд.
Ростӣ, аз шунидани ин хабарҳо борҳо асабонӣ шуда, ба худ мақсад гузошта будам, ки бояд бо кадом роҳе набошад, ягон мӯҳлат дар маҳкама нишинам ва шарту шурути он ва муомилаи кормандони мақомотро нисбати судшавандаҳо ва гумонбаршудагон бубинам. Ва ҳам шиштам!
Аммо!!! Дигар ягон амру супорише маро ба ин даргоҳ илоҳо набарад, ки 1001 бор дар ин 15 сутка пушаймон шудаву тавба кардам…Мо Метавонем!

Аниқдоти бамаврид


Буғшинӣ
Баҳодуру Шаҳрзоди Амин, пас аз раҳоии «Зеки редаксия» ба буғхонаи Хоҷаобигарм медароянду Баха аз Амин суол мекунад:
-Чӣ қадар мешинем? (манзур дар буғ).
Амин бо лутфи зотие, ки дорад, бо ишора ба «ҳабс»-и ахирии Уроқов мегӯяд:
-15 сутка...!

Баҳодур Уроқов
СССР, вилояти Хатлон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter