ХАБАРИ ДОҒ

7-уми октябр
Ин рӯзро кам нафаре дар кураи Замин интизор набуд. Ба ҳар ҳол Тоҷикистон дар назди экрани ТВ часпид. Агар аҳамият дода бошӣ, хонанда, дар субҳи ин рӯз ҷодаҳо каммошин буданду хиёбонҳо қариб бе одам. Ба назар сужаҳо аз филмҳои «ужас» мерасид, ки кӯчаҳоро аз мардум тиҳӣ кардаанд. Душанбе чунин ҳол дошт. Бовар дорам, Хуҷанду Хоруғу Кӯлобу Бохтар низ чунин буданд. Зеро дар ин соату рӯз пурмоҷаротарин занозании АСР шуруъ шуд. Ҳарбе, ки на камтар аз муҳорибаи Гектару Ахиллес дар назди Трояи афсонавӣ буд. Танҳо нависандае ёфт нашуд, ки нависад:
-Солҳо ба баъд мардум бо ифтихор хоҳанд гуфт, ки «Ман дар даврони набарди Конор Макгрегору Ҳабиб Нурмагаммедов (Ахиллесу Гектор) мезистам!».
Чӣ илоҷ? Маҷбурам инро ман нависам, то ба таърих роҳ барам. Мо метавонем!

На ҳама мухлиси Ҳабиб буд


Ҳарчанд кӯчаҳои Душанбе аз кулоҳҳои «Ҳабибӣ»-пӯпакҳои пашми гӯсфанд пуру лабрез шуданд, аммо мухлисини Конор низ кам набуданд дар ин шаҳр. Ба ҳар ҳол Мубориз-писари хурдсоли ман, ки дар мактаби англисӣ мехонад, мухлиси Конор буд. Воқеан ҳам аксарият, ки ин набардро ҷанги куфру эмон, насрониву мусалмон ҳукм карданд, дар асл мухлиси варзиш нестанд. Зеро спорт миллият, мазҳаб ва дин надорад. Спорт қосиди Сулҳ аст. Ҳарчанд дар бархӯрди Ҳабибу Конор ин чиз камтар ба назар мерасид.
Ин ҷанг буд!!! Ҷанги асил, ки агар довару муҳофизин намешуданд, 2 ҷангӣ шояд ҳамдигариро то ҳадди куштан мезаданду Ҳабиб чун Ахиллес аз пои Гектор …Конорро кушта, гирдо-гирди ринг чарх медод…

Ринги 1
Дар даври аввал Ҳабиб нагузошт Макгрегор коре кунад. Баъди чанд дақиқа аз пояш дошт ва то охири давр, яъне то гонг сараш надод. Мурданивор ӯро кӯфту азият дод. Ҳама фикр кардем, ки “кори хирс тамом!”. Аммо ба даври 2 Макгрегор гӯиё коре бо ӯ нашудааст, боз ба майдон баромад.

Ринги 2
Дар даври 2 бозӣ ҷонноктар гардид. Варзишкорон чухтакӣ ҷанг карданд. Партери дӯстдоштаи Ҳабиб канора монд.

Ринги 3
Дар ин давр низ бартарият бар сӯи Ҳабиб буд, ки Макгрегорро мурданӣ кӯфт... Конор низ 2-3 зарби мушту пой ба сару фуку пову дасти Ҳабиб зад, ки толор ба ваҷд омад...
Бояд гуфт, бозиҳои маъмулии UFC 3 давр доранд. Аммо бозии чемпионӣ 5 давр. Дар 3 давр қаҳрамон маълум нашуд ва доварон ба даври 4 ишорат карданд...

Ринги 0
Ва аммо пеш аз оне, ки ба даври 4 гузарем, ки дар он Ҳабиб ҷаррасти Конорро баровард, бояд аз даври 0-сифр шуруъ кунем. Давре, ки ин набардро пуровоза карду маъруф ва то ҳадде бар нархаш афзуд, ки фарзи мисол, Макгрегори мағлубшуда 100 млн доллар кор кард!!!



Таблиғи сиёҳ
“Черный пиар” низ таблиғ аст ва дар аксари ҳолат ташвиқи хубтар аз “пиари сафед” (воқеан инро идеологҳои мо дарк кунанду аз ҳад зиёд ба ину он фард начаспанд, ки номашонро боло мебардоранду паст не).
Конору Ҳабиб дар тӯли 2 моҳи ахир ин бозияшонро онгуна таблиғу ташвиқи сиёҳ карданд, ки тавонистанд миллиардҳо нафарро ба он мойил кардаву миллионҳо доллар кор кунанд. Букмекерҳо аз қимор-ставка-дов метаркиданд. Шояд ин бозие буд, ки ҳатто бештар аз Чемпионати Ҷаҳон оид ба футбол дар Русия мухлис ёфту контораҳо пули бештар кор карданд.

Очаи Ҳабиба...
Дар нахустин пресс-конфронс Конор модару падари Ҳабибро дашном дод ва дину мазҳабашро таҳқир кард ва ҳатто иснод ба номи Аллоҳи бузург овард (ба фикри ин шимпанзе Аллоҳ худои мусалмонҳосту худои ӯ дигар аст!!!). Ӯ ба Ҳабиб имкони ҳарф задану нафас кашидан намедод. Пайваста доду вой кардаву очаашро ҳақорат мекард ва ҳатто мехост бо микрофон ба сараш занад. Ҷондорон пеши ин роҳро мегирифтанд...



Хулиганҳои Конор
Муқаддамтар аз ин Конор барои шапалоқе задан ба рӯи шогирди русаш, ки Ҳабибро “занакча” номида буд, бо самолети шахсӣ ва чанд дӯсти хулиганаш аз Ирландия парида омада, Ҳабибро лату кӯб кардан хост. Макгрегор тирезаи автобуси Ҳабибро шикаст. Вале Ҳабиб худро ба даст гирифта ба ин иғво дода нашуд.
Хулласи калом, пиаршикҳои ин ҷанг коре карданд, ки қимори бозӣ ба садҳо миллион доман заду кураи Замин ба он таваҷҷӯҳ намуд…

Ринги 4
Дар даври 4-ум, дар дақиқа 3:03 Макгрегори таърифӣ таслим шуд!!!
Ва ана баъд сар шудеееееее. Ҳабиби мусалмони таърифимон аввал дандонбандашро сӯи мухлисони ирландӣ партофта, сипас худашро низ аз сари шиғ афканду ба лату кӯби мардуми бегуноҳ сар кард. Мегӯед, онҳо ӯро дашном доданд? Худи ту, хонанда, магар варзишгоҳе рафтиву кумиратро заданд, хомӯш менишинӣ? Рафтори Ҳабиб ҷавонмардона буд албатта, аммо беодобона низ буд.
Акнун ӯро аз гонорараш, ки аккурат 2 млн долларро таъсис медиҳад, шояд маҳрум кунанд. Воқеан ҳам маоши иншабаи Макгрегори мағлубшуда 3 млн долларро ташкил кард. Яъне аз ғолиб дида 1 млн доллар бештар кор кард. Ӯ мегирад онро. Ва боз 100 млн доллари дигар аз ҳисоби пиар ва ташвиқоту тарғибот...
Инро ШОУ мегӯянд, мардум шоууууу...

Ҳабиб шатта мехӯрад!!!
Ин иддаои мо нест. Падари Ҳабиб акои Абдулманап Нурмугаммедов баъди ин беодобии писари қаҳрамонаш гуфт, ҳатман Ҳабиб ҷазо мегирад ва ин ҷазо вазнинтар аз ҷазои UFC хоҳад буд. Мо, ки дар маҳдудаи советӣ зистаем, медонем, ки ҳар кӯҳистонии Қафқоз ҳуқуқи то 45-солагӣ шаллоқкории писарашро дорад. Дур нест, ки Абдулманапи доғистонӣ Ҳабибро шаттакаш кунад. Ахирӣ ҳич гоҳ даст намебардорад, ки худро ҳифз созад. Мо Метавонем!

Ҳабиб кист?
Нурмагомедов Ҳабиб Абдулманапович-20.09.1988 дар ноҳияи Сумадини Доғистон таваллуд шудааст.
30-сола.
Қаҳрамони UFC дар вазни сабук (70кг).
Қаддаш – 1,78
Вазнаш - 70
Намуди варзиш: Ҷанги танбатан, гуштӣ, самбо, дзюдо, кикбоксинг, классика

Макгрегор кист?
Конор Энтони Макгрегор-варзишгари ирландӣ. Қаҳрамони собиқ ва аз ҳама пуровозаи UFC дар вазни сабук.
14.07.1988 дар Дублини Ирландия таваллуд шудааст.
30-сола.
Қадаш -1,75
Вазнаш – 70
Намуди варзиш: Бокс, ҷанги танбатан

М.Мубориз,
хос барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter