ХАБАРИ ДОҒ

Кишоварзии мо олим дорад?

  • Чоршанбе, Окт 24 2018


Салом, СССР! Имсол н.Масчоҳ гумон аст, шуҳрати пешинаашро ба даст орад, зеро ҳашароти зараррасон нисбати солҳои гузашта хело бисёр буду зиёни худро ба кишоварзон бештар расонд, хосса, дар соҳаи пахтакорӣ… Дар пахтакорӣ ноҳия шуҳрати беандоза дошт, зеро бригадаҳои тафтишкунанда омада маслиҳатҳо дода, аз муваффақиятҳо ибрат гирифта, камбудиҳоро рӯирост мегуфтанд. Аммо солҳои охир ингуна вохӯриҳо дида намешавад. Соли ҷорӣ ҳар касеро мепурсед, ки «пахтаи шумо дар чӣ вазъ аст?», бо оҳи вазнин ҷавоб медиҳанд, ки «пахта дорем, лек ҳосил нест». Дар 10-га замин кишоварзон пахта кошта, аз тамоми воситаҳо истифода бурда, ҳоло ноумеданд. Ҳар кас ба таври худ заҳрхимикатро истифода бурд, бо дасту по ва бархе бо трактор дору пошида, ба ҳамдигар ба ҷои фоида зарар расониданд. Боймирзоев-сардори умури кишоварзӣ метавонист ҳамроҳи мутахассисонаш ба мардум роҳи ҳал нишон диҳад, лек ин тавр нашуд. Пас савол ба миён меояд, ки «олимони шуҳратпараст»-и аграрии мо ба чӣ кор машғуланд? Охир, ин муборизаи биологӣ аст-ку?

Зикриёи Дилшод,
н.Мастчоҳ, тел: 92 766 07 45

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter