ХАБАРИ ДОҒ

Шикояти Назаров беасос аст!

  • Чоршанбе, Окт 24 2018


Вазорати молия мақолаи сокини ш.Бохтар Б.Назаровро бо номи «Ёрдампулии мо куҷо шуд?» (СССР, 12.07.2018, №28(513) мавриди таҳлил қарор дод. Нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» таъин шуда, тибқи моддаи 45-и Қонуни мазкур ба баъзе категорияи нафақахӯрон имтиёз пешбинӣ карда шудааст. Тибқи он ба иштирокчиёни ҶБВ ва дигар иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ ҷиҳати ҳимояи Ватан ба андозаи 75%-и нафақаи ҳадди ақалл аз рӯи синну сол ҳармоҳа иловапулӣ муқаррар карда шудааст. Вазорату идораҳои сохторҳои ҳарбӣ ва ҳифзи ҳуқуқ банди 23 қарори Ҳукумати ҶТро аз 18.07.1996, №332 асоснок намуда, аз с.2013 ҷиҳати ба иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ (солҳои 1992-94) пардохти чунин иловапулиҳо қарор қабул карданд. Ҳол он, ки қарори мазкур аз с.1996 мавриди амал қарор дошт ва то майи с.2013 ба иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ чунин иловапулӣ пардохт карда нашудааст. Вобаста ба эроди дигари шаҳрванд Назаров оид ба пардохт нашудани фарқияти зиёдшавии нафақаи шаҳрванд аз ҷониби Вазорати молия бояд гуфт, ки тибқи талаботи қарори Ҳукумати ҶТ аз 21.06.2016, №259 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6.06.2016, №697» аз 1.09.2016 нафақаи нафақахӯрони сохторҳои низомӣ аз нав ҳисобӣ карда нашудааст. Дар робита ба гуфтаҳои боло бояд гуфт, ки далелҳои овардашудаи Б.Назаров асоси воқеӣ надошта, таъмини нафақаи шаҳрванд дар доираи талаботи қонунгузории ҷумҳурӣ амалӣ гардида истодааст.
Муовини вазир М.Ҷонмамадзода

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter