ХАБАРИ ДОҒ

Ҳабиб аз папаха ба чакан гузашт!

  • Чоршанбе, Окт 24 2018


Ҳоҷӣ Абдулазиз, маъруфтар бар исми мустаори Ҳоҷӣ-Пиёда, ки борҳо зиёрати Каъбаро пои пиёда гузоридаву даҳҳо кишвари оламро давр задааст, ин бор ба Қафқоз рафт.
Хонандаи некбин медонад, ки Ҳоҷӣ-Пиёда бори охир, пеш аз сафар, дар газетаи мардумии СССР матлабе нигошта, шиква карда буд, ки чаро доруҳои ватании хуҷандӣ, ки дар хориҷа дастрасанд, дар худи вилояти Суғд ба фурӯш намераванд.
Ва инак хушхабари навбатӣ, Ҳоҷӣ Абдулазиз рӯзи 18.10.2018 дар Қизил Юрти Доғистон, шахсан бо Ҳабиб Нурмагомедов-ғолиби Макгрегор дар версияи UFC-ММА во хӯрда, ба ӯ ҷомаи Тоҷикӣ ва тоқии чакани миллӣ бо навиштаҷоти КӮЛОБ пӯшонид ва аз харбузаҳои ватанӣ, ки шахсан худаш пиёда бурдааст, тӯҳфа намуд.
Ҳабиб, ки ҳаводор ва дӯсти Тоҷикон аст, ин ҳамаро бо хушнудӣ пазируфта, салому сипоси худро ба мухлисини Тоҷикистонияш баён дошт.
Хотиррас мешавем, ки қаблан Рамазон Қодиров-президенти Чечня ва Владимри Путин-президенти Русия Ҳабиб Нурмагомедовро қабул ва табрик карда буданд.
Мо метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter