ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Зверополис рав!

  • Чоршанбе, Окт 24 2018

Боз шудани «Зверополис»-1 боғи нави ҳайвонот дар ш.Душанбе, ки ҳамагӣ 2 ҳафта пеш дари хешро ба рӯи кӯдакону наврасони пойтахт во кард, аллакай вокуниши зиёдеро дар байни сокинон ба амал овардааст. Алалхусус, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум ифтитоҳи боғи нави ҳайвонотро хеле зиёд бардошта, бархе бар онанд, ки нигоҳ доштани ҳайвонот дар катакҳо қобили қабул нест. Қисмати дигар бошад баръакс тарафдори онанд, ки фаъолияти ҳамчунин 1 гӯшаи вуҳуш барои васеъ кардани ҷаҳонбинии кӯдак мусоидат карда, кӯдакону наврасон, ки дар шаҳр истиқомат намуда, шояд баъзе аз анвоъи ҳайвонотро боре ҳам надидаанду намешиносанд, бо омадан ба ин боғ метавонанд онҳоро аз наздик бубинанд.
Камина бо супориши редаксия 14.10.2018 ба тамошои боғи нави ҳайвонот-«Зверополис» рафта, хостам шахсан бо шароиташ аз наздик ошно шавам, ки мардум аз чӣ норозиянду аз чӣ розӣ. Ҳамроҳ писарам ва бародарзодаҳоямро ҳам гирифтам-бархе аз онҳо ҳатто чӯҷачаеро то ҳол надида буданд. Инак, рафффтттееем!



Боғи ҳайвонот не, толори зоологӣ!
14.10.2018. Соат бо вақти Душанбе 14.30 дақиқа. Ба боғи ҳайвоноти «Зверополис», ки дар ошёнаи 1-уми бинои истиқоматӣ дар кӯч.Дӯстии халқҳо, гардиш ба фурудгоҳи пойтахт ҷойгир аст, расида, ворид шудем. Даромадан замон яке аз муболиғаҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зиёд матраҳ шуда буд, яъне боғи ҳайвонот, аз байн рафт. «Зверополис» танҳо 1 толори зоологӣ будааст, на боғи ҳайвонот! Ва аз дигар толорҳои зоологӣ, ки дар чанд гӯшаи пойтахт, хосса, маркази шаҳр дар ошёнаҳои 1-уми биноҳои истиқоматӣ солҳои тӯлонӣ фаъолият доранд, қариб ягон мондание надорад. Фарқияти он танҳо дар калонтар будани толор ва ба намоиш гузоштани чанд навъ ҳайвонҳои нодир аст, ки дар дигар толорҳои зоологии пойтахт намебинед. Фарқи асосӣ инҷо он аст, ки ҳайвонот фурӯхта намешаванд!

Бахил ва дезинфексия
Соат бо вақти Душанбе 14:35 дақиқа. Ба маъмурияти толор муроҷиат намуда, 6 адад чипта гирифтем. Номи «Зверополис» танҳо дар 1 гӯшаи чиптаҳои толор навишта шудаасту халос. «Марҳамат, ба поятон бахил пӯшида, дароед, вақти шумо 1 соати расо, агар аз ин вақт бештар истед, ҷарима мешавед. Лутфан кӯдаконро аз баъзе ҳайвонҳо эҳтиёт намоед!»-гуфт ба мо яке аз маъмурони толор.
Боз ҳам аз мо пурсиданд, ки агар бо худ барои ҳайвонот хӯрок оварда бошем, аввал ба онҳо нишон диҳем. Гуфтем, ки чизе наовардаем. «Агар хоҳед, ки ба ҷонварон хӯрок диҳед, мо хӯроки махсуси дӯстдоштаи онҳоро дорем». Чун дидем дасти мардум истаконҳои пластикии пур аз пораҳои бодирингу сабзӣ ва баргҳои коҳу ҳаст, гуфтем ин кифоя будагист. Ба пойҳо бахил пӯшида, хостем вориди толор шавем, вале 1 ҷавони дигар дарҳол омада ба дастони ҳаряки мо маҳлули спиртӣ рехт, то дастонамонро бишӯем. Сабаб пурсам, гуфт, ки ин амал ба хотири саломати кӯдакон ва ҳайвонот роҳандозӣ шудааст. Аз ин кор хушам омад.

Аз ҷӯҷаву сангпушт то мору маймуну сусмор
Ба толори зоологӣ даромадан замон кӯдакон бо дидани гӯсфанду харгӯш ва сангпуштҳои хурду калон шод шуданд. Ҳайвоноти гуногун, амсоли гӯсфанду харгӯш, сангпушту чӯҷачаҳо, кабӯтарони рангаву товус, бедона, тӯтиҳои гуногун, моҳичаҳо, маймуни макака, мушу мушбаччаҳо, сусмору морҳои питон, калтакалосҳои ҳарранга, уқобу хаз (хорёк) ва мири мушон дар катакҳои на он қадар баланд ва аз ҳам ҷудо тақсим карда шудаанд. Ба фарши ҳар 1 катак қуми хос рехта шуда, барои нӯшидан косаи об ва ҳатто барои ахлот кардани ҳайвонот низ зарфи махсус гузошта шудаасту ҳайвонот дар ҳолати зарурат ба он зарф мешинанд.
Хубии дигари толор он аст, ки ба кӯдакон ва калонсолон иҷозат дода мешавад, ба дохили катак даромада, ба ҳайвонот хӯрок диҳанду навозиш кунанд, аз наздик бубинанд ва акс бигиранд. Ин хеле хуб аст, зеро кӯдакон дар ҳақиқат аз дидану ба даст гирифтани баъзе аз ҳайвонот хушбахт буданд. Ҳатто иҷозат аст, ки бо мору сусмори сабзранги нодир ҳам кӯдакон акс гирифта, онҳоро навозиш намоянд. Масъулон гуфтанд, ки ин морҳо хонагӣ буда, заҳр надоранд ва дастомӯхт шудаанд. Мору сусморҳоро аз кишварҳои гарм харида овардаанд ва онҳо аз таваллуд то ин дам дар катак зистаанд.

Толори зоологӣ хонаҳои мардумро бадбӯй мекунад?
Чуноне дар аввал зикр намудам, толори мазкури зоологӣ дар ошёнаи 1-и бинои баландошёнаи истиқоматӣ ҷойгир аст. Сокинони бино аллакай эътирози хешро нисбат ба ин толор ва ҳайвоноти он баён намуда, аз ҷумла, мегӯянд, ҳайвонҳо хонаҳои онҳоро бадбӯй мекунанд. Хусусан, дар ин толор нигоҳ доштани харгӯшу гӯсфанд, ӯрдаку чӯҷаҳо, маймуну хаз ва мушҳои гуногун, ки аз худ ифлосии зиёд хориҷ мекунанд, ҳатман рӯзе ин толор ва дар умум биноро ба ҳолати садамавӣ хоҳанд расонд. Дар ин бора аз маъмурияти толор пурсидам, гуфтанд, ки барои пайдо нашудани бӯ ва ифлосӣ, ҳар 1 соат шахсони масъул катакҳоро тоза ва ахлоту ифлосиро ҷамъ мекунанд. Ҳайвонот дар 2-3 рӯз 1 бор оббозӣ мекунанд ва шуста мешаванд. Ман воқеан шоҳиди он шудам, ки чӣ гуна катакҳоро дам ба дам аз пасмондаҳои хӯрок ва сабзавоту ифлосӣ тоза мекунанд, аммо тавре пирони кор мегӯянд, ин ҳоло аввали кор аст. Агар то охир тозагӣ ҳамин хел риоя шавад, сокинони бино метавонанд роҳат бошанд, вале агар пас аз 2-3 моҳ тозагии толор пурра риоя карда нашавад, он гоҳ дар ҳақиқат бино бӯй хоҳад гирифт, зеро ҳайвон ҳайвон аст!

Ҳавлӣ ва берун аз шаҳр-ҷойи толори зоологӣ!
Чунин толорҳои зоологӣ дар шаҳрҳои калони дунё хеле зиёданд. Дур намеравем дар Тошканду Алмаато низ ҳамчунин «Зверополис»-ҳо фаъоланд ва зери биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ. Аммо коршиносони соҳаи зоология бар онанд, ки ҳамчунин толорҳо бояд дар минтақаҳои беруназшаҳрӣ ва ё 1 гӯшаи боғҳои пойтахт таъсис дода шаванд, зеро ҳайвон бояд дар муҳити табиӣ зиндагӣ кунад. Агар ин ҳам нашуд, пас барои таъсиси чунин толор бояд аз ҳавлӣ истифода бурд, зеро дар шароити ҳавлӣ нигоҳубини ҳайвон осонтар аст ва ҳар гуна ҳайвон дар фазои боз бештар рушд мекунад. Ман низ ин пешниҳоди хешро ба масъулони толор гуфтам. Хуб мешуд, агар ин толор дар ягон гӯшаи боғи фарҳангиву фароғатии пойтахт, ба мисли А.Фирдавсӣ ва ё С.Айнӣ, ки фазо ва ҷои боз доранд, таъсис дода шавад. Масъулон гуфтанд, дар фикри ин ҳастанд ва ин толор танҳо таҷрибаи нахустин будааст. «Зверополис» ният дорад дар оянда ба ягон ҷои дигар бикӯчад, зеро масъулон мехоҳанд шумораи ҳайвонҳоро афзоиш диҳанд.

Шодии кӯдакон охир надошт!
Имрӯз мардуми зиёд зидди ин толори зоологӣ бонги хатар мезананд, лек тарафдорони он ҳам зиёданд. Норозигии мардумро ҳам фаҳмидан мумкин, онҳо ба хотири паҳн шудани бӯи бад ва ифлосӣ садо баланд мекунанд. Толори зоологӣ бояд сари ин мушкил ҷиддӣ андешад. Онҳое, ки аз ин толор тарафдоранд, инро ба хотири кӯдаконашон мекунанд, аз ҷумла, ман ҳам. Назар ба боғи ҳайвоноти пойтахт ин толор бо шароити муосир ва тозагиву имконияти ба даст гирифтани ҳайвонот фарқ мекунад. Боздиди 45-дақиқаина аз толори зоологӣ ба кӯдаконам 1 ҷаҳон таассурот ва хурсандӣ бахшид. «Ман морро қапидам! Сангпушти калонро дидам! Ба харгӯш сабзӣ додам! Маймун маро масхара кард! Чӯҷачаҳо зери лампа мехобидаанд!»… ин гуфтаҳои кӯдакон то дер дар хонаи мо танинандоз буд. Мо метавонем!

Мину Аминзода, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter