ХАБАРИ ДОҒ

Кашолкорӣ бисёр аст! Чаро?

  • Чоршанбе, Окт 24 2018

Бе муболиға, аз омадани Шермуҳаммади Шоҳиён ба раҳбарии Судии Олии ҶТ тағйироти куллие ба амал омаданд. Хосса, дар қабули шаҳрвандон ва сифати қабули қарорҳо, ҳукмҳо, ҳалномаи судҳо. Вале мушкилоте ҳаст, ки бояд оҷилан рафъ гарданд ва дар ин бора навиштаниям.
Муаллифи ин сутур 12 сол боз бо судҳо амалан сару кор дошт. Хушбахтона, 27.03.2018 охирон ҳалномаи судро гирифтам, ки ба ҳалли баҳс нуқта гузошт. Вале дар ин давраи тӯлонӣ бисёр амалҳоро дар фаъолияти судҳо бо чашми сар дидам, ки нагуфтани онҳоро барои худ гуноҳ меҳисобам.
Барои мисол, парвандаи гражданӣ бо даъвои ман дар суди ш.Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) 2 сол мавриди баррасӣ қарор дошт. Онро судяҳо Худойбердиев, Муминов ва Қосимов баррасӣ карданд. Дар ин давра Боев Темур раиси суди ш.Қурғонтеппа буд. Ба судя Муминов Ҳасан раддия пешниҳод кардам. Ӯ раддияро 13 рӯз дошта баъд рад кард. Вақте сабабашро пурсидам, гуфт: «Бо иҷозати раиси суд баррасӣ мекунам». Қонун чӣ мегуяд? Ҳоҷати тафсир нест!
Баъди Мӯминовро аз баррасии парванда дур кардан онро судя Қосимов бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ баррасӣ намуд. Ӯ хонаи алоҳида рафту мутаассифона, 53 рӯз аз хона набаромад. Дар ин муддат 10 маротиба аз Ҷиликӯл ба Қӯрғонтеппа рафта омадам.
Муҳтарам Шоҳиён, тасаввур мекунед, ин қадар сарсониву саргардонӣ, сарфу харҷи роҳро, аз ҳама бад талафоти маънавиро?! Дар ин байн маро Темур Боев-раиси суди онвақтаи ш.Қурғонтеппа даъват карда, созиш пешниҳод мекунад. Гӯё, ки ӯ раиси суд не, далоли бозор бошад. Ҳол он ки баррасии парванда дар дасти судя Қосимов аст. Ку қонун дар бораи «суд дар фаъолияти худаш мустақил мебошад»??? Ё мешавад, ки Муҳиддинзода Баҳодур раиси суди н.Ҷайҳун ҳалномаро эълон кунаду нусхаи ҳалномаро 41 рӯз пас гирам? Он ҳам бошад бо дахли раиси суди вил.Хатлон муҳтарам Р.Мирзозода. Ин якчанд эпизодҳоест, ки барои мисол овардам.
Дар баррасии парвандаҳо кашолкории беасос зиёд дида мешавад. Сад офарини мардум, ки ин ҳамаро бардошта истодаанд. Нагуфта намонад, ки судяҳои адолатпеша ва босаводу масъулиятшинос бисёранд. Вазифа ҳалолашон бод! Мо аз онҳо сипосгузорем. Ҳастанд масоиле, ки гуфтан намешаваду исбот талаб мекунанд. Дар рафти маҷлисҳои судӣ аз тарафи даъвогарону ҷавобгарон масъалаҳои қонунвайронкунӣ ошкор мешаванд, вале судҳо онҳоро ба инобат намегиранд. Судҳои зинаи аввал ҳалномаҳои беасос ё ғайриқонунӣ қабул мекунанд, ки ин ҳалномаҳо аз сӯи судҳои болоӣ бекор карда мешаванд. Сарфи назар судҳое, ки қарори беасос қабул мекунанд, бе ҷазо мемонанд. Мумкин ин чорабиниҳо махфӣ бошанд. Дар сурате, ки махфӣ бошад гунаҳкор ислоҳ намешавад. Пояи давлатдориро мустаҳкам карданӣ бошем бояд дар ҳокимияти судӣ корҳои бисёреро анҷом диҳем. Шоир гуфтааст:
Шоҳро беҳ бувад аз тоати 100-солаи зуҳд,
Қадри 1 соати умре, ки дар ӯ дод, бикард.

Хушвахт Хошоков,
н.Дӯстӣ (Ҷиликӯл)

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter