ХАБАРИ ДОҒ


(нигоҳе ба таоруфи кӯҳантарин шаҳри консерватор)

Агар аҳамият додаед, сокинони баъзе мавзеъи Кӯлоб, масалан, худи шаҳри Кӯлобу Совет (Темурмалик) вожаи «дздак»-ро бад қабул намекунанд. Зумрае ҳатто ифтихор доранд, агар онҳоро чунин ном барӣ. Саросема нашавед. Онҳо дузд нестанд. Фахрашон дар дигар ҷо ниҳон аст:
-Дар ҷавонмардӣ, айёрӣ, айёшӣ ва шарафмандии дуздон…
Кӯлоб шаҳри консерватор аст, ҳаргиз таомулу таоруфашро тағйир намедиҳад. Вожаи хеле қадима ва устуворе дорад:
-Қиш!!!
Агар аз Порис оиву дар тан Версачи ва дар гардан Пэр Карден бастаӣ ва дар Душанбеву Ҳисору Бохтар туро чун шаҳрнишинтарин одам муаррифӣ карда бошанд ҳам, ту барои «любой» кӯлобӣ ҚИШӣ, яъне қишлоқӣ! То ҳадде ин мардум аз шаҳрашон ифтихор доранд, ки фарзи мисол, мӯсафеде ба Соҷидаи Мирзо, ки солҳо дар дили Аврупо зиндагонӣ дораду ҳазорон мардуми дигар мавзеъ ҳаваси мисли ӯ шуданро мехӯранд, оромона гуфта буд:
-Хай, мегардӣ дар ҳамон қишлоқҳо? Намеоӣ шаҳри худут…!
Ин ҷо ҳама якдигарро мешиносанд. 100%. Воқеан ҳам дуздакони кӯлобӣ, ки ҳар субҳи солеҳ ба «кор» мебароянд, ҳамёни сокинони шаҳрро намебурранд. Ҳоло шояд надонам, аммо дар собиқ чунин буд. Зеро пули кӯлобиро, ки дуздиданд, ӯ автоматӣ «қиш» мешавад ва дуздро бало мезанад:
-Ин нафар бояд исбот кунад, ки қиш нест!
Ҳоло қиссае ёдам омад. Боре пули Бобои Ҷумъаи «усталба»-чойхоначии бозори марказиро дуздиданд. Дар автобус. Он вақт Кӯлоб 1 бозор дошту 100 автобус. Ҳоло баракс шудааст! Хулласи калом, Ҳасан-писари чойхоначӣ бонги изтироб зад, ки ҳамёни шаҳриро дуздидаанд!!! Ним соат пас он дуздон бо узру надомат пулро баргардониданд…
Вожаи қишро дилхоҳ кӯлобӣ, сар аз академику профессор то дарбону аробакаш корбаст мекунад. Профессор Алимӣ низ ин суханро мегӯяду Додарбек Сайдалиеви философ низ. Зеро онҳо медонед киянд?
-Бачаи шаҳр!!!
Корбасттарин вожаи дигар дар Кӯлоби консерватор ҳам ин аст:
-Бачаи шаҳр!
4 сол пеш бо дӯсти донишмандам-Абдуллои Роҳнамо дар шаҳри Кӯлоб меҳмони мактабхонае шудем. Он ҷо мардум зидди ҷараёни нави салафияву ваҳҳобия тазоҳур мекарданд. Намегӯям, чӣ гуфтанду чӣ на! Аммо Роҳнаморо суханронии 1 пирмарди 95-сола, педагоги солдида ва хеле хирадманд ба ҳайрат овард, ки чунин сар кард:
-Ман бачаи шаҳрам!!!
Абдулло аз ман оҳиста суол кард, ки ин мӯсафед воқеан худро «бачаи шаҳр» хонд, ё гӯшам ғалат расид? Гуфтамаш, «бачаи шаҳр» барои консерваторони Кӯлоб Шарафмандтарин ва Гӯшнавозтарин унвон аст ва сокини 100-солааш низ чунин мегӯяд. Касе бовар надорад, аз Бобои Ғуломи таърихӣ пурсад, ки «мӯсафеди шаҳр» аст, ё «бачаи шаҳр»?
Воқеан ҳам дар ин дидор Роҳнамо ваъда карда буд, ки толори ин мактабро таъмир мекунад. Кард ё не, намедонам. Аммо ӯ бояд донад, ки кӯлобиҳо ваъдаро фаромӯш на-ме-ку-нанд, вале гӯшзад ҳам намесозанд. 1 дӯсти ман боре дар ҳузури ман ба кӯдакони кӯлобӣ ваъда кард, варзишгоҳашонро таъмир мекунад. Накард. Ман кардам!!! Зеро…бачаи шаҳрам ва ин ибора масъулият дорад. Албатта барои Кӯлоб.
Ҳамин ҳоло ёдам омад, ки дар бетартибиҳои соли 1991-92 Азизмади Акаш гуфтанӣ растохезие «вовчик»-ҳоро аз Кӯлоб мегурезонд (он замон тамомии афроди назари дигардоштаро чунин ном мебурданду шикори аҳли зиёву илм шуруъ шуда буд). Вале чун ба акои Аслиддину Аҳмади Иброҳим пешниҳод кард, ки вазъ бад аст, бояд берун равед, онҳо бо фахр медонед, чӣ гуфтандаш?
-Мо бачаҳои шаҳрем!!!...
Бачаи шаҳр аз шаҳр намегурезад: 1 нафар нарафт он сол аз Кӯлоб! (Акнун дарк кардед, ки чаро дар сахттарин лаҳзаҳо ҳама Душанберо партофта ба шимолу ғарбу ҷанубу шарқ гурехта буданд?)
Вежагии дигари Кӯлобшаҳр ин ҳам ҳаст, ки сокинони навоҳии атроф пайваста бо фахр мегӯянд, ки…МАНро боре дар Кӯлоб…ЗАДАнд ё ҷайбамро бурриданд!
Муҳаббати вежае ин ҷо дар нисбат ба шаҳри Кӯлоб ниҳон аст, ки ғайри сокинони навоҳии водии Кӯлоб, инро касе дарк карда наметавонад!
Шояд бигӯед, ки Сайёф зодгоҳашро таърифу тавсиф кард? Дуруст мегӯед! Вале ман аз 100 танҳо 3 хислати умдаи кӯлобиҳоро гуфтам: Портрети психологии мардуми ин бостоншаҳр пажӯҳиши вежа ва тӯлониеро металабад. Шумо ҳам дар бораи вежагии зодбуматон нависед. Ҳар касе мегӯяд ин маҳалгароист, номаъқул кардааст. Ман мехоҳам бо ҳамин навишта, рубрикаи наве ороям ва тамомии вежагиву махсусияти шаҳрҳои қадимаву атиқаи кишварамро омӯза(е)м. Инро илми психология, психологияи миллӣ мегӯянд. Портрети психологӣ даркор мешавад. Барои шаклгирии миллати ТОҶИК.
Мо Метавонем!
PS: Воқеан ҳам, ана ҳамон ҷавонмардиву айёшии дуздаку авбошон, авторитети бачаҳои шаҳр, муҳаббати вежае ба Кӯлоби бостонӣ аз ҷониби тамомии сокинони вилояти собиқи Кӯлоб буд, ки мардум дар соли 1992 аз паси муллоҳо неву Сангаку Маталиву Чол…рафт ва хато накард! Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter