ХАБАРИ ДОҒ

Файзобод: Танзим дар халта!

  • Панҷшанбе, Нояб 01 2018


Қонунҳои Ҳукумати ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар Файзобод чӣ тавр амалӣ мегардад? Дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия қонуни танзим бо маънои томаш риоя намешавад. Забҳи чорво, оростани хон, аз меъёр зиёди маводи хӯрока, 2 намуди таом бо харҷи зиёд, гузаронидани тӯйю маъракаҳои дабдабанок, даъват кардани ҳофизону раққосаҳо… мушоҳида мешаванд. Чанде пеш дар деҳаи Фатҳобод, дар маъракаи хусравоние иштирок доштам, ки хона пур аз одам буд. Байни хона хони пур аз меваю нӯшокиҳои минералӣ, маҳсулоти қаннодӣ, кулча, самбусаю манту… гузоштаанд, ки агар хароҷоти онро ҳисоб кунем бештар аз 500-600 сомонист. Муллою махсумеро аз ҳама боло ҷой доданд. Соҳиби маърака дар 2 лаълӣ 2-3 кг гӯшти обҷӯшон, бирён ва кабобро оварда, наздашон гузошт. Ҳар 2 гӯштҳоро дар пакетҳои селофанӣ, бо нону кулча пур карда, «омин, барака ёбед» гуфта баромада рафтанд. Чашми муллоҳо 4 аст, ки дар куҷо маъракае мешаваду бичаранд!!! Охир, дар кадом саҳифаи Қуръон омадааст, ки муллову махсум бо борхалта тӯй ба тӯю гашта, пур карда раванд? Хӯрдан-ку хӯрдан, бурдан чӣ?

Ҳокими Сафар,
ноҳияи Файзобод

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter