ХАБАРИ ДОҒ

15.12.1997 ҳавопаймои Хуҷанд-Шарҷа (ТУ-154), дар 13 километрии аэропорти Шарҷа, дар баландии 60 метр дучори ҳавои турбулентӣ шуда, баъди чанд даврзанӣ барои нишастан поин гашт, вале бо суръати 370 км/соат ба замин бархӯрд. Дар натиҷа, 85 нафар-77 мусофир ва 8 узви экипаж ҳалок шуданд ва танҳо 1 нафар-штурмани ҳавопаймо Сергей Петров, ки дар лаҳзаи ба замин бархӯрдани ҳавопаймо аз кабина ба берун парида, зинда монд. ТУ-154 дар рейси 3183 бо 9 экипаж 77 мусофири ширкати "Хуҷандтурист”-ро ба Дубай мебурд. Аксари фавтидаҳо соҳибкорон-бизнесменҳои бозорҳои Хуҷанду Чкаловск ва марказҳои савдои “Авесто”-ву “Помир” буданд. Яке барои тамошо мерафт, дувумӣ барои хариди мол, савумӣ барои истиқболи соли нави мелодии 1998 дар Дубай... Аз шахсиятҳои маъруфи он даврон - Темурҷон Раҳимбоев-сардори собиқи пулиси вил.Ленинобод бо ҳамсараш-Хосият Маликхоҷаева, Аъзам Неъматов-муовини раиси идораи андози вилоят, Абдураҳмон Алиев-сардори авиакомпанияи Суғд, проректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, табиби маризиҳои меъда Абдусалом Баракаев бо ҳамсараш, футболбоз Ориф Бобохонови 32-сола (соҳиби 3 фарзанд), Баҳодурхоҷа Самадов-муовини раиси н.Исфара, 3 корманди "Хуҷандтурист”-Ҳайдарҷон Усмонов, Абдувосит Шукуров ва Муҳсинҷон Юсуфов,  летчикҳо Абдумалик Олимов ва Сергей Зверев ва 4 узви оилаи Мирзомансур Ҳоҷиев-худи ӯ, ҳамсараш Райҳон, писари 12-солааш Мирзомасрур ва духтари 4-солааш Мунира фавтиданд. Хонаводаи ҳалокшудагон ин хабари шумро чанд соат пас аз барномаи “Вести”-и ТВ Россия шунида, шок гаштанд. Яке барои падару модар мегирист, дигаре барои бобову бибӣ... Петрови зиндамондаро бошад ба Тоҷикистон оварданд ва чанд ҳафта пас аз муолиҷа Россия рафт. Тибқи баъзе сарчашмаҳои хабарӣ, ӯ ҳоло дар Украина зиндагӣ дорад.
Дар Тоҷикистон дар пайи ин фоҷиа 1 рӯз (17 декабр) ва дар Хуҷанд 3 рӯз (17, 18 ва 19 декабр)-и мотам эълон шуда, 1 ҳайъати ҳукуматӣ барои таҳқиқ ба АМА рафтанд. Рӯзи 18 декабр вақте ҷасадҳоро оварданд, дар майдони назди театри К.Хуҷандӣ митинги ёдбуд бо ширкати раҳбарони аввали вилоят барпо гардида, гурӯҳе аз наздикони онҳо дар пеши масҷиди Шайх Муслиҳиддин ҷамъ шуданд. Бино ба натиҷаҳои таҳқиқоти идораи ҳавопаймоии АМА, ки бо ширкати намояндагони ширкати ҳавопаймоии "Тоҷикистон” анҷом дода шуд, сабаби аслии суқути ҳавопаймо нофаҳмӣ байни диспетчерҳои фурудгоҳ ва штурмани ҳавопаймои Тоҷикистон будааст. Вазорати молияи вақт барои кӯмак ба хонадони фавтидаҳо 400.000 рубли Тоҷикӣ ҷудо намуд.

Рӯйхати мусофирон ва сарнишинҳои ТУ-154:
1.  Юсуфов Мухсин
2. Шукуров Абдувосит
3. Айшин Рустам
4. Убайдуллоев Асатулло
5. Дадабаева Мохирахон
6. Хайдаров Абдували
7. Махбубова Омина
8. Шарифов Асрор
9. Саидов Абдуллоджон
10. Акрамов Равшан
11. Хомидов Султон
12. Золотых Наталья
13. Зохидов Шарофиддин
14. Кабирова Нигина
15. Бобохонов Ориф
16. Рахимбоев Темурджон
17. Маликходжаева Хосият
18. Сафарова Замира
19. Косимов Муроджон
20. Сангинов Мирзохаким
21. Умаров Илхом
22. Хусаинов Мумин
23. Гафуров Хафиз
24. Свойкина Людмила
25. Кривченко Зинаида
26. Кривченко Ярина
27. Эшонходжаева Мунаввара
28. Садиков Джамшед
29. Марупов Абдулло
30. Усмонов Хайдарджон
31. Черномурова Оксана
32. Косимов Муллоджон
33. Масумов Иброхим
34. Мавлонова Махфуза
35. Джураева Гулджахон
36. Ибрагимов Барот
37. Хасанова Соджида
38. Негматов Азам
39. Ходжиев Джамшед
40. Маликов Абдухомид
41. Ашуров Бахадур
42. Солказанова Ольга
43. Негматов Шухрат
44. Файзиев Сайдулло
45. Юнусова Мухаббат
46. Хомидова Матлуба
47. Джураев Анвар
48. Мухсинов Каххор
49. Махмудова Бароат
50. Саидова Саноат
51. Носиров Максуд
52. Джалолова Хидоят
53. Самадов Баходурходжа
54. Исаева Мухбира
55. Саидова Зеби
56. Аминов Тошмамад
57. Ходжиев Мирзомансур
58. Пулатова Райхон
59. Ходжиев Мирзомансур
60. Ходжиева Мунира
61. Мамадова Мушарраф
62. Таирова Норхон
63. Шафиева Тургунтош
64. Юсуфова Латифа
65. Дадобоев Бако
66. Каримов Абдураби
67. Калонов Адхам
68. Ахмедова Саноат
69. Ахроров Хамзахон
70. Баракаев Абдусалом
71. Баракаева Малика
72. Сафарзода М.
73. Хошимова М.
74. Хусейнов М.
75. Алимов Д.
76. Мукумов Маруф
77. Ходжибоева Санобар

Экипаж:
1. Абдумалик Олимов (летчик),
2. Сергей Зверев (летчик),
3. Абдурахмон Алиев (летчик),
4. Филлипов Владимир (командир полета),
5. Сергей Петров (штурман, остался в живых),
6. Елена Рассказова (борт проводница),
7. Татьяна Кадырова (борт проводница),
8. Сергей Сафронов (авиатехник),
9. Гафарова Шохида (менеджер).

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter