ХАБАРИ ДОҒ

«Қатра» тамъ дораду одоб не!

  • Панҷшанбе, Нояб 01 2018

Самбӯсахонаи «Қатра», ки дар маҳаллаи Сариосиёи пойтахт ҷойгир аст, барои аксари сокинони пойтахт ошност. Он 2-3 сол қабл кушода шуда, танҳо бо тайёр ва пухтани самбӯсаҳои хос машғул аст, дорои шӯҳрати хос буда, ҳамарӯза аз соати 12-и рӯз сар карда-вақти пухта тайёр шудани танӯри 1-уми самбӯса, мардуми зиёд аз тамоми гӯшаву канори шаҳр барои самбӯсахӯрӣ ба «Қатра» меоянд. Самбӯсаҳо мисли номаш қатрамонанд омода карда мешаванду хеле ҳам хушмаззаанд.
Рӯзи 12.10.2018 ман чанд нафар аз ҳамкоронро даъват намудам, то дар «Қатра» самбӯса хӯрем. Даъватро пазируфтанд. Бо таъби болида ба «Қатра» даромадем, вале хабар надоштем, ки дар пеш, дар баробари хӯрок моро беодобӣ ва хизматрасонии подарҳавои пешхизмат интизор аст…



«Қатра» қатратар шудааст
Нахуст бояд бигӯям, ки ҳаҷми самбӯсаи номдори «Қатра» низ назар ба 6 моҳ пеш (охирин бор ин ҷо моҳи май омада будам) хурдтар шудааст. Умуман, дар оғози кор ҳаҷми самбӯсаҳо хеле калон ба назар мерасид, вале бо гузашти вақт он ба карат хурд ва ҳаҷми самбӯса иваз шудааст, лек нархаш не: 1 дона самбӯса ҳамоно 6 сомонист. Маълум аст, ки дар аввал ҳама чиз хубу арзон, вале пас аз ҷалби мизоҷ кор мисли зарбулмасали халқии мо мешавад: «Хуш ояду пеш ояд».

«Одамои олиқадр шиштагиян!»
Дуввум чизе, ки ба ман писанд намомад, рафтори пешхизмати мо Амирҷон буд. Дар яке аз толорҳои «Қатра» нишастаем, ғайр аз мо дар ин толор боз 1 оилаи дигаре тановул менамуд. Баъдан онҳо рафтанду мо танҳо монда, сари 1 пиёла чой сӯҳбати гарме шурӯъ кардем, дар мавриди баҳсу талошҳои адабиву фарҳангӣ. Ин сӯҳбатро мунтазам садои баланду гӯшхароши пешхизмат, ки бо телефони мобилӣ гап мезад, халалдор менамуд. Бо ишора чанд маротиба сӯяш нигоҳ кардам, лек аҳамият надода, Амирҷон ҳамоно телефонро ба баландгӯякаш гузошта, гап мезаду қоҳ-қоҳ зада механдид. Тоқатам тоқ шуду гуфтам: «Шумо маъмурият надоред? Чаро назди мизоҷ бо овози баланд гап мезанед? Бароед, дар берун гап занед!». Амирҷон дар ҷавоб бо ситеза ва тамасхур «Инҷа одамои олиқадр шиштагиян!»-гуфта, бо ғазаб сӯям нигоҳ карду берун рафт. Ҳамин аст муносибати 1 пешхизмат бо мизоҷ ва боз ҳам дар ҳолате, ки 10% аз маблағи пардохткардаи мо ба кисаи ӯ меравад!

«Қатра» бо ҳар 2 по мелангад!
Бархӯрди бади пешхизмат бо мизоҷ ин ягона камбуди самбӯсахонаи «Қатра» нест, Ғайр аз чунин саҳлангорӣ, пешхизматон сарулибоси хос, ки барои соҳаи хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст, надоштанд. Дигар ин, ки ҳангоми даромадан ба самбӯсахона касе набуд, ки мизоҷонро роҳнамоӣ намояд, амсоли маъмур ё сарпешхизмат. Дигар ин, ки самбӯсахонаи «Қатра» талаботҳои шаҳрдориро дар робита ба 10-15 метр баланд будани дудбаро риоя намекунад: Дудбароҳои танӯрҳои «Қатра» ҳамагӣ 1 метр баландӣ доранду халос ва бӯи дуд ба ҷои нишасти мизоҷон низ паҳн мешавад.
Хулоса, пас аз чунин муносибати пешхизмат бо мо, зуд аз ҷо бархостем. Дар дами дар истода, ба пешхизмат Амирҷон 1 бор фаҳмонидам, ки чунин рафтор бо мизоҷ хуб нест, лек ӯ фақат механдид, 94 сомонӣ пардохт карда, аз «Қатра» баромада, пеши худ гуфтам, ки дигар ба ҷое, ки мизоҷ он ҷо эҳтиром надорад, по нахоҳам гузошт! Мо метавонем!

Ҷамилаи Мақсуд, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter