ХАБАРИ ДОҒ

Хоруғ ором аст! Гузориши вежаи СССР аз Бадахшон

  • Панҷшанбе, Нояб 01 2018

15.10.2018 мӯҳлати ба масъулини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва мақомоти қудратии ҷумҳурӣ додаи президент, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба охир расид. Сарвари давлат дар суханронии хеш бо фаъолони Бадахшон, ки 15.09.2018 дар ш.Хоруғ сурат гирифта буд, аз масъулин ва мақомот талаб кард, волоияти қонун ва амнияти мардум дар Бадахшон бояд иҷро карда шавад. Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои Бадахшон ва сардорони сохторҳои қудратии ин минтақа эроди сахт гирифта, дар пайи он роҳбарияти ВМКБ ва бахши аъзам аз сардорони сохторҳои мақомоти қудратиро пурра иваз намуд. Дар тӯли 1 моҳи мӯҳлатдодаи президент ба роҳбарияти қаблӣ ва нави вилоят ва сардорону раёсатҳои сохторҳои қудратӣ дар Бадахшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хосса, Фейсбук дар бораи вазъи ВМКБ ва ш.Хоруғ хабару овозаҳои зиёд паҳн шуда, ҳатто иддае барои роҳ надодани дахолати қувваҳои мусаллаҳ барои ҳалли низои маҳаллӣ имзо ҷамъ карданд. Сокинон ва зодагони Бадахшон, ки айни замон дар кишварҳои дигар кору зиндагӣ доранд, то ҳадде таҳлука бардоштанд, ки гӯё дар Хоруғ ҷанг асту ноамниву нооромӣ ҳукмфармо. Ин овозаҳо дар Душанбе ва дигар минтақаҳои мамлакат низ паҳн ва боиси нигаронии мардум шуданд.
Мухбири газетаи СССР пас аз адои мӯҳлати додашудаи президенти кишвар ба масъулини вилояти Бадахшон, яке аз нахустинҳо шуда, бо супориши редаксия ба Хоруғ сафар намуда, бо вазъи имрӯзаи ин шаҳру вилоят аз наздик ошно гашт. Хуб, вазъият имрӯз дар Хоруғ чӣ гуна аст? Роҳбарони нави вилоят корро аз чӣ сар карданд? Назари халифаҳои бадахшонӣ дар робита ба мубориза алайҳи ҷинояткорони маҳаллӣ чист? Дар 1 моҳ дар Бадахшон чӣ қадар силоҳ ҷамъ шуд? Дар ин бора мо хоҳем гуфт! Мо метавонем!

Блок-постҳо ба хотири амнияти мардум
18.10.2018. Соат бо вақти Хоруғ 11:00 дақиқа. Пас аз фуруд омадан ба ш.Хоруғ нахуст корро аз гардиш дар шаҳр оғоз намудам. Вазъияти Хоруғ амну амон буда, сокинони шаҳр мисли ҳамеша саргарми кору зиндагии хеш. Назар ба сафарҳои гузаштаам ҳоло кӯчаҳои шаҳр, хосса, кӯчаи марказии он сар аз фурудгоҳ то бинои ҳукумати шаҳр каммошин буда, тамбашавии воситаҳои нақлиёт дар назди бозори марказӣ аз байн рафтааст. Инчунин, таваққуфгоҳҳои нақлиёти мусофиркаш, ки ба самтҳои Душанбеву Мурғобу Ишкошим рафтуомад доранд, аз маркази шаҳр ба канори он бароварда шуда, акнун «тангем»-ҳои мусофиркаш-нақлиёти асосии Хоруғ, метавонанд бароҳат равуо намоянд. Ягона чизе, ки каме мардумро нигарон кардааст, ин ташкили блок-постҳо дар 4 самти ш.Хоруғ аст, ки шабонарӯзӣ рафтуомади воситаҳои нақлиёт ва мусофиронро назорат мекунанд. Агар бархе аз сокинони Хоруғ зидди ин блок-постҳо бошанд, аксарият тарафдоранд, зеро ташкили ин блок-постҳо ба хотири амнияти мардуми шаҳр буда, мошинҳои сиёҳшишаву бе рақам дигар наметавонанд ғайриқонунӣ вориди шаҳр гашта, мардумро азият намоянд. «Бигзор бошанд, бо будани ин блок-постҳо мо ҳам хубу ором мехобем!»-мегӯянд худи хоруғиҳо. Боз ҳам бояд гуфт, ки маҳз тавассути ҳамин блок-постҳо теъдоди зиёди шаҳрвандоне, ки ба қонунвайронкунӣ роҳ дода, аз ҷавобгарӣ худро пинҳон карда, баҳузур мегаштанд, боздошт карда шуданд. Хоруғ имрӯз орому осуда буда, на садои тир асту на бӯе аз ҷамъомаду эътирозу гирдиҳамоӣ. Хоруғ тинҷ аст!

Ёдгор Файзов: «Хоруғ ҷойи ҷанг нест!
Соат бо вақти Хоруғ 11:30 дақиқа. Ба қабули иҷрокунандаи раиси ВМБК Ёдгор Файзов медароям. Новобаста аз серкорӣ эшон чун мешунаванд, ки мухбири СССР омадааст, дарҳол маро қабул мекунанд. Бо Файзов беш аз 30 дақиқа сари масоили имрӯза дар вилоят, корҳои нахустини эшон дар вазифаи раисӣ, мушкилоти иҷтимоии мардум сӯҳбат кардем. «Мардум, хосса, онҳое, ки берун аз кишвар қарор доранду аз вазъи воқеӣ огоҳ нестанд, бояд бидонанд, ки Хоруғ ҷои ҷанг нест ва ҳеҷ гоҳ нахоҳад буд. Шумо худ дидед, ки шаҳр ором асту мардум аз пайи рӯзгори хеш. Муҳимтарин коре, ки ҳоло ман ба он шурӯъ кардам ин муттаҳид кардани мардум аст. Мардуми Бадахшон барои ман бегона нест, тӯли солҳои зиёди корӣ дар Бунёди Оғохон сафарҳои зиёде доштаму аз проблемаҳои ҳар 1 деҳаи Бадахшон огоҳам, сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро хуб мешиносам. Пас аз интихоб шудан ба вазифаи раиси вилоят дар пайи иҷрои дастуру супоришҳои президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нахуст корро аз вохӯрӣ ва сӯҳбату мулоқот бо мардуми шаҳр оғоз кардам. Вазифаи аввалиндараҷаи ман-ин ба эътидол овардани амният ва таъмини волоияти қонун буду ҳаст. Ҳар рӯз дар 3-4 маҳаллаи Хоруғ бо сокинон вохӯрда, мефаҳмонидам, ки бояд бо мақомот ҳамкорӣ кунанд, яроқу аслиҳаи дар худ доштаро супоранд, онҳоеро, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд, ифшо кунанд. Танҳо бо роҳи гуфтушунид ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ тавонистем дар муддати кӯтоҳ ба натиҷаҳои хуб бирасем. Бубинед, беш аз 70% шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта шахсан ба мақомоти қудратӣ омада худро супориданд ва ҳоло барои ҷиноятҳои анҷомдодаи хеш дар солҳои қаблӣ дар назди қонун ҷавоб хоҳанд дод» гуфт Ё.Файзов.

Дастрасӣ ба обу барқ ва беинсофии мардум
Дар идомаи сӯҳбат Файзов таъкид дошт, ки барои ба эътидол овардани амният пеш аз ҳама бояд мушкилоти иҷтимоии мардумро ҳаллу фасл кард.
-Бубинед, 56 деҳаи вилоят то ҳол хати барқ ва 14 деҳа умуман роҳ надоранд, новобаста аз будани оби фаровон оби нӯшокӣ ба сокинони ш.Хоруғ тибқи реҷа-2 соат субҳ ва 2 соат шом дода мешавад. Беобӣ, гоҳо бебарқӣ, корношоям будани системаи хоҷагии манзилию коммуналӣ на танҳо дар ш.Хоруғ, балки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Бадахшон проблемаҳоеанд, ки ман ҳамчун раиси вилоят бояд онҳоро дар наздиктарин фурсат ҳаллу фасл кунам. Оби дарёи Ғунд ва захираи он дар бахши обу корези шаҳр метавонад аҳолии Хоруғро пурра таъмин намояд, аммо гоҳе беинсофии сокинон моро маҷбур месозад, ки нисбати бархе чораҳои ҷиддӣ андешем. Бархе аз сокинони бевиҷдон ба лӯлаҳои асосии обу корез лӯлаҳои калон илова ва насб карда, қисмати зиёди обро ба тарафи хонаҳои хеш мебаранду иловатан, боз пули обро намепардозанд. Солҳои тӯлонӣ чунин будааст, вале акнун намегузорем, ки дар самти дастрасии мардум ба обу барқ чунин беадолатӣ роҳ дода шавад, - таъкид дошт Ё.Файзов.
Ман дигар вақти эшонро нагирифтам, зеро дар баробари ман аз тамоми вазорату кумитаҳо комиссияҳои махсус ин рӯзҳо ба Хоруғ омада, теъдоди зиёди одамон дар қабулгоҳи Файзов интизор буданд. Ман барои қабул ба эшон арзи сипосу ҳамзамон хайрухуш намуда, аз бинои ҳукумати вилоят баромадам.

Халифа Парвона Фаррухзод: «Мардум аз ҳам бехабаранд…»
Соат бо вақти Хоруғ 12:15 дақиқа. Парвона Фаррухзод, яке аз ходимони дини шинохтаи ш.Хоруғ, ки бо эшон дар маркази шаҳр вохӯрдам, низ мегӯяд, барои ба эътидол овардани вазъи амниятии Бадахшон пеш аз ҳама бояд шаффофият дар иҷроиши қонун бошад. «Иҷроиши қонун бояд барои ҳама, чӣ мардум ва чӣ ҳукуматдорону мақомот баробар ва шаффоф бошад. Баъзан тавре мешавад, ки танҳо мардуми фақир дар назди қонун ҷавоб медиҳанд, мансабдорону сарватмандон бошанд аз об соф мебароянд. Авлавияти қонун бояд барои ҳама ҷорӣ бошад. Бояд дар ин самт бигӯям, ки аксарияти мардум аз ҳамдигар бехабаранд, иттилоъ надоранд ва яке аз проблемаҳо ҳамин аст. Мардум аз бехабарӣ муттаҳид нестанд, аммо ҳоло мо тамоми талоши хешро барои ба ҳам овардани мардум равона карда истодаем. Мо-11 нафар халифаҳои ш.Хоруғ ба онҳое, ки ба мо муроҷиат карданд, ташаккур мегӯем, лек бояд гуфт, ки новобаста аз муроҷиатҳо мулоқоту вохӯриҳои хешро бо мардум пештар оғоз карда, то ин дам дар 19 маҳаллаи Хоруғ 82 мулоқот бо мардум гузаронидем. Бубинед, аълоҳазрат Шоҳ Карим Оғо Хон низ дар тамоми сӯҳбату муроҷиатҳояш ба мардуми Бадахшон таъкид менамояд, ки «агар хоҳӣ шоҳона зиндагӣ намоӣ, қонунро риоя кун» ва мо ҳам ин гуфтаҳои аълоҳазратро ба мардум мерасонем, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят ва пайваста таъкид мекунем, ки агар касеро аз ҳамсояҳо ва хешутабор ҷинояткор эълон карданду барои боздошташ омаданд, ҳамроҳ нашавед, бигзор назди қонун худаш ҷавоб гӯяд», - иброз дошт Фаррухзод.

Мубориза алайҳи ҷинояткорон, на халқ!
Халифа Парвона Фаррухзод бар он аст, ки равшанфикрону зиёиён бояд ба ҳам омада, решаҳои ин мушкилро, ки имрӯз мардуми Бадахшон бо он рӯбарӯст, биёбанд. «Бубинед, мардум мунтазир аст, ки ҳукумат ё созмонҳои байналмилалӣ бояд проблемаҳои онҳоро ҳал кунад, ки ин хатои маҳз аст. Мардумро барои кору азму талош талқин бояд кард, барои ин бошад кӯмаки муаллиму духтуру муҳандису шоиру нависанда, ки дар маҳалҳо зиндагӣ доранд, лозим аст. Равшанфикрону зиёиён бояд ҳоло ба майдон баромада, мардумро муттаҳид намоянд, решаи ин мушкилро ёфта, мардумро ба меҳнату зиндагии шоиста роҳнамоӣ, насли наврасро ба роҳи рост ҳидоят кунанд, бо падару модарон кор ва фарзандони худро ба роҳи рост ҳидоят намоянд. Инҷо гап сари ҷанги зидди қавму миллату халқ нест, гап сари мубориза алайҳи ҷинояткорон аст-инро бояд ба мардум талқин кард», - гуфт мавсуф.

Яроқу аслиҳа-баробари 1 баталён
Бояд қайд намуд, ки аз 15.09.2018 дар вилояти Бадахшон Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амнияти ВМКБ амал дорад. Бино ба иттилои ин Ситод, ба ҳолати то 16.10.2018 аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ш.Хоруғ Толиб Аёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров, Мунаввар Шанбиев ва сокинони алоҳидаи дигар ноҳияҳои вилоят 186 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 72 адад «Автомати Калашников», 3 адад «Пулемёт», 2 адад гранатамёт, 1 адад комплекси зенитӣ, 37 адад «Таппонча», 11 адад «Карабин», 47 адад дигар намуди силоҳ, 36 адад норинҷак, зиёда аз 4700 адад лавозимоти ҷангӣ ва 900 гр маводҳои тарканда мусодира карда шуд. Бо вуҷуди мусодира шудани ин миқдор силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ то ҳанӯз дар дасти саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва ашхоси алоҳида шумораи зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешавад. Коршиносон мегӯянд, ин миқдор силоҳ баробари силоҳи 1 баталёни ҳарбист. Дар натиҷаи чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ аз 21 нафар ҷинояткорони дар кофтукоб қарордошта 14 нафари онҳо, аз ҷумла, Акимбек Акимбеков, Комрон Бозоров, Фирӯз Мирзоев, Пӯлод Шейхов, Рустамбек Каримбеков, Шертан Некқадамов, Шоҳғариб Болиев, Некруз Худоназаров, Ташриф Ҳамид, Фируз Раҳматов ва Музаффар Давлатқадамов ихтиёран бо аризаи худиқрорӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуданд.

Ихтиёрӣ супоридани 210 мошини сиёҳшиша
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои пурзӯри амниятӣ 3053 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст. Аз ҷумла, 32 воситаи нақлиёти сиёҳшишаи ғайриқонунӣ, 53 воситаи нақлиёти бе рақами давлатӣ ва рақами бегона, 18 ҳолати идора кардани воситаҳои нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 110 ҳолати бо суръати баланд, 31 ҳолати итоат накардан ба талаботи корманди милитсия, 13 ҳолати мастӣ ва 2387 дигар намуди қоидавайронкуниҳо ошкор ва ҳуҷҷатгузорӣ шудаанд. Аз 469 нафар вайронкунандагони қоидаи ҳаракат дар роҳ ҷарима бо маблағи 136663 сомонӣ ситонида шуд. Инҷо бояд таъкид дошт, ки пас аз шурӯъи амалиёти ба тартиб овардани фаъолияти ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо сокинони ш.Хоруғ 210 мошини сиёҳшишаи ғайриқонунӣ фаъолиятдоштаи шахсии хешро ихтиёран тоза намуданд.

«Сходка»-ҳо манъ гардиданд!
Тибқи маълумотҳои санҷидашудаи Ситоди мазкур саркардагон ва фаъолони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ дар маҳаллаҳо, тарабхонаҳо ва манзилҳои истиқоматии худ бо ҷалби ҷавонони сода ва гумроҳи ш.Хоруғ ва навоҳии атроф вохӯриҳо-“сходка”-ҳо мегузаронанд. Бештари вақт ҷамъомадҳои ин гурӯҳҳо дар тарабхонаҳои “Шуғнон”, “Шоми Бадахшон”, “Атлант”, “Марко Поло”, ошхонаҳои “Мурғоб”, “Орзу”, меҳмонхонаи “Тишор” мегузаранд. Вобаста ба ин, Ситоди муштарак бо тамоми қотеъият изҳор медорад, ки минбаъд дар маҳаллаҳо, тарабхона, ошхонаҳо, толорҳои варзишӣ ва дигар ҷой ҷамъ кардани ҷавонон, гузаронидани чорабинӣ бо номи “сходка”-ҳо аз тарафи саркардагон ва фаъолони гурӯҳҳои ҷиноятӣ ҳамчун иштирок дар иттиҳоди ҷиноятӣ баҳогузорӣ шуда, тибқи талаботи моддаи 187-и КҶ ҶТ чораҷӯӣ мегардад. Ҳамзамон, иншоотҳое, ки дар онҳо чунин “сходка”-ҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ гузаронида мешавад, тибқи талаботи қонунгузории ҷиноятии ҶТҳуҷҷатгузорӣ карда шуда, дар бораи қатъи фаъолият ва тағйир додани таъиноти истифодаи чунин иншоотҳо, то мусодира кардани он чораҳои қатъӣ дида мешавад.

Айёмбеков: «Қарзҳоямро ба гардан мегирам!»
Зимни гаштугузор дар кӯчаи марказии ш.Хоруғ баногоҳ бо Толиб Айёмбеков, яке аз он нафароне, ки ному насабаш дар рӯйхати саркардагони гурӯҳҳои муташаккил зикр шудааст, вохӯрдам. Эшон дар назди бинои ҳукумати шаҳр бо чанд нафар озодона сӯҳбат дошт. Ба наздаш рафта, пас аз салом худро муаррифӣ карда, хостам ба чанд суоле, ки доштам, аз ӯ ҷавоб бигирам. Пеш аз ҳама дар бораи қарзҳои аз бонкҳо гирифтаи ӯ ва фарзандону пайвандонаш пурсидам.
-Он, ки аз бонкҳо кредит гирифтааму барнагардонидаам ва ҳоло аз онҳо қарздорам, ба гардан мегирам. Оре, аз с.2011 аз бонкҳо қарздорам, маблағро худам шахсан барои тиҷорат гирифта будаму қаблан аз Хитой «тангему» биринҷ меовардам, бизнесам рушд накарду муфлис шудам. Ҳоло ҳамагӣ 900 сомонӣ нафақа мегирам ва айни замон ба хотири пардохти қарзҳоям дар назди бонкҳо ба фурӯши иншоотҳоям сар кардаам, - гуфт Т.Айёмбеков дар сӯҳбати ихтисосӣ.

Ман солдатам! Куҷое гӯянд меравам ва хизмат мекунам!!!
Дар робита ба он, ки номи Айёмбеков имрӯз дар руйхати саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ аст, аз худаш суол кардам. Ӯ гуфт, ки инро қабул надорад ва омодааст барои ҷорӣ шудани тартибу амният ба мақомот кӯмак кунад. «Ман сарбозам, дар Қӯшунҳои марзии мамлакат хизмат кардаам, новобаста аз он, ки ба нафақа баромадаам, ҳанӯз ҳам метавонам ба халқу ватанам хизмат кунам. То ба имрӯз аз ман ҳарчӣ хостанд, анҷом додам, ба онҳое, ки дар маҳаллаамон зиндагӣ мекунанду дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, сӯҳбат карда, фаҳмонидам, ки бояд барои амалҳои худ дар назди қонун ҷавоб бидиҳанд, бо падару модаронашон ҳарф задам, то фарзандони хешро ба роҳи рост ҳидоят кунанд. Фаҳмиданду рафта, худро ба мақомот супориданд. Номи маро дар рӯйхати саркардагони гурӯҳҳои муташаккил эълон карда бошанд, пас чаро дастгирам намекунанд? Агар айбдорам ва ҷинояте содир намудаам, ҳатман дар назди қонун ҷавоб хоҳам дод. Агар ба ин Ватан содиқ намебудам, ҳеҷ гоҳ ҷиянам ва писарамро барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ихтиёрӣ намефиристодам. Новобаста аз ҳамаи ин, боз ҳам мегӯям, ки сарбозам ва ҳар куҷое Сарвари Давлат равон кунад, мераваму хизмат мекунам», - таъкид дошт Т.Айёмбеков.

Хоруғ нақшаи даъватро 100% иҷро кард!
Дар баробари ин бояд гуфт, ки тирамоҳи соли ҷорӣ ш.Хоруғ нақшаи даъвати тирамоҳӣ ва сафарбар кардани ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар 100% иҷро кард. Ситоди байниидоравӣ ҷиҳати таъмини нақшаи даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чорабиниҳои фаҳмондадиҳии мақсаднок ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Комиссариатҳои ҳарбӣ нақшаи муқарраршударо дар ш.Хоруғ пурра иҷро намуд. Ҳамчунин, нақшаи даъват дар ноҳияҳои Рушон, Дарвоз, Мурғоб иҷро шуд. Дар чанд соли охир ин бори аввал аст, ки нақшаи тирамоҳии даъватро ш.Хоруғ пурра иҷро карда, дар назар аст, боз 35-40 нафар ҷавонони дигар ҳафтаи оянда ба сафи артиши Тоҷик бипайванданд.

 Иқдоми Раҳимзода-кор барои бадахшониҳо
Раҳимзода Рамазон Ҳамро-вазири корҳои дохилии кишвар азм кардааст, саҳми худро дар масъалаи бо кор таъмин намудани сокинони Бадахшон гузорад. Маҳз бо мусоидати Раҳимзода беш аз 200 ҷавонони бадахшонӣ, ки соҳиби ихтисосҳои оливу миёнаи махсусанд, метавонанд барои кор ба НБО Роғун сафарбар шаванд. Айни замон 1 гурӯҳ ҷавонон низ омодаанд ба ш.Роғун сафар намуда, аз майдони сохтмонии ин нерӯгоҳ аз наздик ошно шаванд ва бояд гуфт, ин иқдом низ бо дастгирии вазири корҳои дохилии ҶТ сурат мегирад. Ғайр аз ин ВКД ҶТ барои ба кор қабул кардани сокинони ВМКБ, ки нияти кор дар сохторҳои ВКД-ро доранд, омода буда, гуфта мешавад, хоҳишмандон дар мақомоти милитсия барои кор ба дигар минтақаҳои кишвар фиристода мешаванд. Беҳтарин иқдом, метавонад каме ҳам бошад масъалаи бо кор таъмин намудани сокинонро, ки проблемаи аввалиндараҷа дар Бадахшон аст, ҳал кунад. Хуб мешуд, дигар вазорату кумитаҳо низ аз чунин иқдоми вазир дастгирӣ намуда, барои бо ҷои кор таъмин кардани сокинони ВМКБ азм мекарданд, зеро бекорӣ, ки аз байн рафт, мушкилоти дигар низ аз байн меравад.

Мардум аз Файзов умеди зиёд доранд!
ВМКБ дар ҳақиқат ҳоло мушкилоти зиёд дорад. Агар аз 1 сӯ таъмини амнияту волоияти қонун бошад, аз сӯи дигар проблемаҳои роҳу обу барқу бекорист, ки онҳо низ ҳаллу фасли ҳарчӣ зудтари худро мехоҳанд. Имрӯз сокинони вилоят аз саривақт дастрас нашудани маош нигаронанд, зеро қисми зиёд кредитҳои бонкӣ доранду бо дер омадани маош наметавонанд фоизҳои бонкии хешро супоранд. Инчунин, сокинони вилоят аз нархи гарони нерӯи барқ-44 дирам барои ҳар 1 КВ\соат ва оби ошомиданӣ низ нороҳатанд ва мегӯянд, аз ҷониби роҳбарияти нави вилоят ин проблема бояд бозбинӣ шавад. Мардуми Бадахшон умед доранд, ки бо омадани Ёдгор Файзов, ки воқеан миёни халқи оддӣ обрӯи баланд доштааст, аксарияти мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки солҳои тӯлонӣ ҷой доштанду ҳоло ҳам ҳастанд, ҳалли худро ёфта, зиндагонии мардум дар ин минтақаи кӯҳистонӣ беҳтар хоҳад гашт. Ман ҳам ба ин бовар дорам! Мо Метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова,
Душанбе-Хоруғ-Душанбе, 18-20.10.2018


Дар ҳамин маврид:
Саркардагон таслим шуданд?
22.10.2018. Вақте сафари кории хабарнигори мо хатм шудаву ӯ ба Душанбе омад, аз Хоруғ хабар расид, ки Толиб Айёмбеков, Мамадбоқир Мамадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар Шанбиев худашон ба додситонии вилоят омадаанд. Номи ин афрод вақте саризабонӣ шуд, ки Ёдгор Файзов-раиси тозатаъини ВМКБ дар сӯҳбат бо мардум ва мақомот гуфт, "биёед, мардак барин суҳбат мекунем, гап дар бораи кӣ ва чӣ меравад. Ҳамон роҳбарони гурӯҳҳои ҷиноие, ки мо мегӯем, ин ҷо Мунаввар, Толиб, Боқир, Хурсанд, Зоҳир ва Ёдгор ҳастанд"…
Тавре дар сӯҳбати эксклюзиви 1х1 Толиб Айёмбеков ба хабарнигори СССР гуфта буд, «дар сурати исботи гуноҳ ӯ омодааст мардона дар пеши қонун посух гӯяд»…
СССР умед дорад, ки ахиран дар Боми Ҷаҳон ақлу хирад пирӯз меояд ва амну осоиштагӣ ғалаба. Мардонавор набояд тарсид:
-Мардбачча, агар гуноҳ кард, меравад, мешинад ва бо сари баланд ба озодӣ мебарояд. Мардум набояд аз ин азият кашанд.
Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter