ХАБАРИ ДОҒ

Файзалӣ: Ба Хоруғ бояд рафт!!!

  • Чоршанбе, Нояб 14 2018

 

(идома аз шумораи пешин)

Агар Сангак дуо медод…
Вақте, ки Файзалӣ Саидов бо исрор хоҳиш мекунад, ки лидери Фронти Халқӣ ба ӯ иҷозат диҳад, то барои «чистка» ба Помир дарояд, Сангак бо дастонаш дасти Файзалиро медорад, ба маъние, ки ҳич вақт ин гапро назан ва ман ба ту ин иҷозатро намедиҳам. Дар поён бачаҳо дар даст автомат «омин, омин» гуфта дуои Сангакро интизоранд. Вале Сангак мегӯяд: «Аз сабр аз ғӯра ҳалво пухтааст». Ва меафзояд:
- Ман ҳаргиз роҳ намедиҳам, ки пас аз мурдани мо, фарзанди маро ягон кас ғайбат кунаду лаънат гӯяд. Фарзандон, маро дуруст фаҳмед. Он орзуву мақсаде, ки ман доштам, ба он расидам, бо ҳамроҳии шумо. Барои нангу номус, ба хотири ҳамин халқи сарзамин, барои муттаҳид кардани миллат, барои якдилу яктан кардан мубориза бурдем. Фарзандон, бовар кунед, ин мушкилиҳое, ки аз синни 7 солагӣ то имрӯз-5 январ, ки ба синни 65 қадам мемонам, он азобҳое, ки ба сари ман ғалтид, ман дар куҷое набудам, дар кадом ҳолате набудам, бо сари баланд ба ҳамааш тоқат кардам. Шукрона кардам, ки парвардигор ба ман қувват бидеҳ, ки маро ҳич кас сархам карда натавонад, ҳич кас сухани маро шикаста натавонад. Имрӯз ба ҳамин муроду мақсад расидам. Ягона умеди ман ҳамин буд. Он рӯзҳое, ки аз 7 солагӣ аз сари худам гузонидам, умеду орзӯи ман ҳамин буд, ки дар оянда фарзандони шумо, набераҳову чабера ва абераҳои шумо ин рӯзу азобҳоеро, ки аз сари ман гузаштаст, ҳаргиз набинанд.
Сипас Сангак садди роҳи ба Помир рафтани Фронти халқӣ мешавад…

 Сангак: Файзалӣ фарзанди ман аст!
…Фарзандони азиз, Файзалӣ барои ман қиматтарин чиз ин фарзанди ман аст. Дар ин сарзамин шумо фарзандони ман, бародарону хоҳарони ман, набераҳои ман ҳастед. Ман умеди бузург дорам. Ин муроду мақсаде, ки парвардигор дар дили ман ҷо кард, ин умеду орзуи халқи ман аст. Ман хоки пои фарзандони ҳамин сарзаминро мебӯсам. Чи хеле ки ҳозир Поччохон (Ашӯрови масхабарбоз-ред.) гап зад, пеш аз ин кори ман дар савдо буд. Аз майдаҳакӣ ман азоб кашида омадагӣ. Об ҳам фурӯхтам, каҳ ҳам фурӯхтам, ҳезум ҳам. Харакӣ сатҳои 3-и шаб аз хона мебаромадем, пагоҳӣ ҳезумҳоро бор карда, ба Кӯлоб мерасондам. Ҳезумро майда карда, дарза карда, дар бозор мефурӯхтам. Ҳаракат ҳамин буд, ки 1 даҳан нон ёфта, ҳам шиками худамро сер кунам, ҳам шиками модарамро. Ман азобҳои бисёр кашидаам. Ҳар вақте, ки ин азобҳои кашидаи ман дар ёдам меояд, бовар кунед, дилу ҷигари ман хун мешавад. Барои инсон дар ҳаёт аз озодӣ дида чизи қимате нест. Он рӯзе, ки мо бо ҳамроҳии ҳамин фарзандоне, ки ҳоло дар қатори мо ҳастанд, Қӯрғонтеппаро озод ва халқашро зинда кардем, аз подвалҳо, аз чердакҳо баровардем, ноне, ки халқ аз даҳонаш канда ба мо медод, он нонро ба он одамоне, ки 3-4 моҳ нонро надидаанд, байни худ тақсим кардем.

Кӯлобу Помир якҷоя шаванд!
Ва ин амалу кори моро бояд ба дигар республикаҳо низ бирасонанд, ки мо низ инсонем, мо одамем ва одамигарӣ дорем. Аз рӯзи аввал мо даъват карда будем, ки эй бародарҳо, биёед, якҷо шавем, яктану якдил шавем. Инсон ҳастем мо. Биёед, раҳи Қӯрғонтеппаро ба Кӯлоб кушоду васеъ ва обод кунем. Раҳи Кӯлобро ба тарафи Помир якҷоя кунем. Лекин моро нафаҳмиданд. Ба ин ҳам нигоҳ накарда мо ба ҳамааш тоқат мекунем. Ман ба он номардҳое, ки ба пои ин сарзамин намеарзанд, дар пешашон ба сари зону ғалтидам, гиря кардам, зораву тавалло кардам, ки биёед, ҳоло ҳам вақт ҳаст, бас кунем, аз ин роҳи бад бароем, ки ин миллат нобуд мешавад. 23 сол маро чекистҳо азоб доданд, шикастанд, маъюб карданд, лекин маро сархам карда натавонистанд. Лекин дар пеши ҳамин номардҳо ман сар хам кардам, гиристам, зораву тавалло кардам, ки барои хотири ҳамин миллату сарзамин бас кунем. Барои он ки ҳамаи мо 1 миллатем.

Сангак: Маро дар Кӯлоб тирборон карданд!
26 июн дар Хоруғи Помир маҷлис гузашт. Пас аз ҳамин маҷлис маро дар Кӯлоб душмани халқ эълон карданд, чи корҳое карданд бо ман, чи гапҳое гуфтанд ба ман, тирборонам карданд. Лекин ман сарбаландона ба ҳар кадоми онҳо ҷавоб додам. Дар Помир ҳам гап задам, биёед, ҳоло ҳам вақт ҳаст, бас кунем, аз ин роҳи бад бигардем, ки оқибат надорем. Фарзандони Хатлонзамин ҳаргиз сар хам накарда буданд ва ҳич вақт сархам намешаванд. Фарзандони Хатлонзаминро фақат марг меғалтонад, дигар қуввае нест дар ҷаҳон, ки ин фарзандонро сарнагун кунад. Лекин нафаҳмиданд. Имрӯз худашон дида истодаанд, худашон фаҳмида истодаанд, ки инҳоро худо зад, нони ҳамин сарзамин зад. Шукрона накарданд. Аҳволе, ки онҳо имрӯз доранд, парвардигоро, агар 1 проценташ ба сари ман биояд, худамро ба дор мекашам…

Маҳалчӣ ба мақсад намерасад!
Айвоҷи Шаҳритусда рафтам, зораашон кардам, бачаҳои ман рафтанд, диданд, худашон рафтанд, нишон доданд, ки фарзандонашонро худашон қумро якнима карда гӯрондаанд. Дар ҳамон ҷо ҳам ба хотири ҳамин миллат зора кардам, ки эй хонасӯхтаҳо, биёед, ки ҳозир ҳам вақт ҳаст, ба хотири наҷот додани ҳамин фарзандон, ки насӯзанду нобуд нашаванд, сулҳ кунем. Лекин нафаҳмиданд. Оқибаташ мана ҳамин аст. Барои ҳамин ҳар 1 инсон дурудароз фикру андеша кунад. Фарзандон, дар ҳозиру дар оянда фаромӯш накунед, ки ҷудоӣ бояд дар байни мо-мардон набошад. Тақсим кардани миллат бояд дар байни мо набошад, маҳаллачигӣ бояд дар байни мо набошад.
 Бовар кунед, касе, ки дар дилаш ҳамин хел мақсад дошта бошад, ҳаргиз ба мақсадаш намерасад. Ин таърихи ҳаёт аст, ин исботи зиндагӣ аст. Касе, ки ба халқ халал расондааст, касе, ки ба халқ хиёнат кардааст, касе, ки намаки Хӯҷамуъминро пос намедорад ва писанд намекунад, ҳаргиз ба мақсад намерасад, роҳи ӯ кӯтоҳ аст. Мо-фарзандони бонангу номуси Хатлонзамин ҳаргиз фаромӯш намекунем, ки мо авлоди кӣ ҳастем, аҷдоди мо кӣ ҳастанд. Мо бо тамоми миллатҳои ҷаҳон дӯстиву бародарӣ доштем ва мо бояд ин дӯстиву бародариро ҳаргиз фаромӯш накунем. Имрӯз мо дар тамоми ҷаҳон исбот кардем, ки мо фарзандони ҳақиқии ҳамон аҷдоде ҳастем, ки ҳамаи ҷаҳону миллатро муттаҳид мекунем, бо ҳамаи миллатҳо дӯстиву бародарӣ мекунем, ки дигар дар байни мардум ҷангу ҷадал ва ҷудоӣ нашавад. Ҳамаи мо инсон ҳастем, модари мо ба мо шири ҳалол додааст, падарону аҷдодони мо инсон буданд, боэмон буданд: эшон эшонӣ мекард, мулло муллоӣ мекард. Ҳаргиз ҳаракат намекард, ки бародарро аз бародар ҷудо созад. Лекин имрӯз ҳамон шахсоне пайдо шуданд, ки моро аз ҳам ҷудо карданд. Инҳо аз худ рафтанд, маст шуданд, ҳамаро фаромӯш карданд ва мехостанд, ки моро нобуд кунанд. Лекин он парвардигоре, ки дар болои сари мост ва моро ато кардааст, ҳисобу китоби худашро мекунад. 1 рафиқ дорам, мегӯяд, ки «парвардигор 1 книжкае дорад, ки ҳама чиро навишта мегирад ва ҳамааш навиштагӣ аст: ба кӣ чӣ лозим асту кӣ чӣ кор мекунад, кӣ чӣ ҳаракат мекунад». Мо ҳақ будем, ҳақ ҳастем ва ҳақ мемонем!

Ба Тоҷиккушӣ хотима гузоред…
Чӣ хеле ки ҳозир фарзанди ман Файзалиҷон даъват карда истодааст (ки ба Хоруғ ба ҷанг равад-ред.), фарзандон, ягона умеду орзуи ман аз шумо ҳамин аст, ки фаромӯш накунед, ангуштонро аз ҳам ҷудо карда намешавад. Ман медонам, корҳоеро, ки онҳо карданд ва ҳам кардан мехостанд, ба мақсад нарасиданд. Агар мо-фарзандони Хатлонзамин намехестем, агар бар зидди онҳо мубориза намебурдем, ҳоло мо дар ин ҷо ба ҳамдигар вохӯрӣ намекардем, ягонтои мо зинда намемондем. Авлоду насли мо зинда намемонд. Мо имрӯз ғалаба кардем. Инҳоро, боз такрор мекунам, ки Худо зад (Сангак аъзои ҳизби наҳзатро дар назар дорад-ред.), нону намаки ҳамин сарзамин зад. Инҳо ношукрӣ карданд, нияти бад доштанд, лекин ба мақсад нарасиданд. Инҳо имрӯз дар пеши пои мо афтида, саҷда карда истодаанд, ки мо хато кардем. Лекин душман-душман аст. Нияти бад доштанд. 1 чиро фаромӯш накунед: касе, ки яроқ дар даст дорад, мо бо ӯ мубориза бурда истодаем ва мубориза мебарем. Ягонтои онҳо ҳақ надоранд, ки дар ин сарзамин зиндагонӣ кунанд. Барои инҳо хоки ин сарзамин ҳаром аст, барои инҳо нони ин сарзамин ҳаром аст. Бо ҳамроҳии онҳо барои мо нафас кашидан ҳаром аст. Инҳо ҳақ надоранд. Лекин заифҳо, мӯсафедҳо, кӯдакҳо, тифлҳои бегуноҳ, инҳо гуноҳ надоранд!!! Дар сарҳади Афғонистон онҳоро маҷбур карда бурданд, ҳамчун гарав гирифта бурданд. Мо ҳозир ҳақ дорем, ки фарзандону занони онҳоро нобуд кунем? Ҳақ дорем??
(Ин суол бар мусаллаҳони толор аст, ки бобои Сангак муроҷиат мекард ва аз поён калашниковдорон бо 1 овоз мегӯянд).
- Ҳақ дорем!!!
Бобои Сангак бо таҳайюр боз савол мегузорад:
- Ҳақ дорем???
Бо овози баланд посух медиҳанд:
- Ҳо, ҳақ дорем!!!
Дар поён бачаҳо ба ғалоғула медароянд, ба он маънӣ, ки чӣ хел мо ҳақ надорем?! Ва худи бобои Сангак аз посухи бачаҳои поён ба ҳайрат омада, давом медиҳад:
- Не бачаҳо, ҳақ надорем! Ман бо ин фикри шумо розӣ нестам. Бародарон, шумо 1 чиро фаромӯш накунед. Фаромӯш накунед, ки одамҳои бегуноҳ беҳад бисёранд. Мо ҳақ дорем, ки ҳамаи ин бегуноҳонро нобуд кунем? Ҳақ надорем! Моро ҳич кас, ҳич вақт намебахшад!
Аз поён касе савол мегузорад:
- Пас чаро онҳо моро нобуд карданд? Чаро мо онҳоро бубахшем?
Бобои Сангак ба ӯ бо хитоб посух медиҳад:
- Гапро гӯш кун, бачаҷон. Агар мо бар зидди онҳо намехестем, вазъияти ҳозираи мо агар ба дасти онҳо мешуд, боз такрор мекунам, ки ягонтои мо зинда намемондем. Барои ҳамин мо боз 1 бори дигар дар тамоми ҷаҳон исбот кунем, ки мо инсонем. Ордашон додем, 40 тонна орд равон кардем. Пеш аз ин дар 2 вертолет орд равон кардем, тирборон карданд. Лекин ба ин ҳам нигоҳ накарда, мо ба онҳо нон додем. 6-7 моҳ халқи моро азоб доданд, нон надоданд. Дар ҳар 1 хонаи онҳо 60-70 қопча орд буд, ордҳоро кирм задагӣ буд, ба халқи мо ягон буррида нон надоданд. Лекин мо нон додем, мо нон медиҳем. Вақте моро 2 сентябр, дар пеши облисполком тирборонамон карданд, бесабаб набуд…

Армияи мардумии оппозитсия
Сипас Сангак Сафаров ба сухунаш давом медиҳад:
-Рӯзи 24 апрел дар сессияи Верховный Совет, дар вақти дар майдонӣ Озодӣ буданамон ман баромад кардам, ки ҳамин записи материалҳо дар дасти бачаҳо ҳаст. Бачаҳо 3 моҳ кор карданд, то ки ҳамин кассета ба дастамон биояд. 29 декабр бачаҳо оварданд, барои ин кассетаро бо даст овардан чанд баччаҳо ҳалок шуданд. Дар он кассета баромади Бӯрихон Ҷобиров ҳам ҳаст. Армияи 1700 нафара вақте аз майдон, аз назди иморати Совети Олӣ марш зада мегузаштанд. Ҳамаи ин намоишҳо ҳаст. Сар карда аз 26 апрел дар сессия ман баромад карда будам, ки ҳозир ҳаминҳоро ба ҳабс нагиред, оқибаташ хунрезӣ аст. Дар таҳхона ҳам баромад кардам, ки дар кассета навиштагӣ аст: «Сафар ба Афғонистону тӯфони Сангак». Ин кассетаро ҳоло намоиш медиҳанд, ҳамаатон тамошо мекунед. Инро тамоми ҷаҳон медонад. Дар таҳхона ҳам будам ман гапҳоямро задаам. Ҳар вақте ман қоматамро рост мекардам, шатта аз ақибам буд. Бо корд мезаданд маро. Қундоқи автомат қатӣ мезаданд маро, лекин ман гапҳоямро задам.
 Ман пеш медонистам, ки ҳамин воқеаҳо ба сари халқи мо меояд, лекин ҳукумат моро дастгирӣ накард. Ин гапҳоро дар таҳхона ҳам гуфтам. Ман вақте аз таҳхона баромадам, дар ҳаққи ман чӣ гапҳое гуфтанд, ки «Сангак миллаташро фурӯхт». Лекин фарзандҳои азиз, Сангакро касе аз роҳ намегардонад. Ман мубориза бурдам ва мубориза мебарам. Александр Невский гуфта буд: «Кто с мечём к нам придет, от меча и погибнет…». Мы никогда не допустим, чтобы нас согнули … не бывать этому.
Барои ҳамин, фарзандҳо, камтарак қаҳри худро паст кунед, астағфируллоҳ гӯед. Ҳамаи инҳоро куштану нобуд кардан лозим нест. Фаромӯш накунед, ки ҳозир тамоми ҷаҳон моро дастгирӣ мекунад. Мо бояд одаму одамгарии худро 1 бори дигар исбот кунем, ки мо инсон ҳастем. Ягона ҳаракати мо ҳамин аст, ки тамоми ҷаҳон бо мо дӯсту бародар шаванд. Ин рӯзҳо мегузаранд. Аз парвардигор умеди бисёр дорам. Биёед, аз ҳамин рӯз сар карда, сарҳади мамлакатро мустаҳкам кунем, бақувват кунем, бачаҳо барои ин миллату халқу давлат, барои нангу номус ва барои ободиву озодӣ хизмат кунанд. Онҳое, ки беномусӣ мекунанд, таҷовуз мекунанд, бояд мамлакати худро аз ҳаминҳо тоза кунем. Агар мо ҳозир тоза накунем…дер мешавад. Ғаждиро аз хонаи худамон бароварда, ба 1 баҳри калон партоем, ки дигар бӯяш ин тараф наояд, ному нишонаш наояд. Мо бо инҳо оянда надорем. Ин наҳзатиҳо, касофатҳо ҳич ислоҳ намешаванд. Мо бояд муттаҳид шавем…

Файзалӣ: Мӯсафедро уговорит кунед…
Дар байн Файзалӣ суханҳои падараш-Сангакро тасдиқ карда, 1 каме танаффус медиҳад ва бори дигар ба бачаҳояш нигариста мегӯяд, ки «ман намедонам, ҳамин мӯсафедро уговорит кунед, мо пагоҳ Душанбе ва баъд Помир меравем. Бисёр не, 2 рӯз меистему меоем. Имрӯз равем, пагоҳ гашта меоем. Душанберо пок мекунем. Фақат 2 рӯз, 1 шаб меистем, пагоҳаш мегардем меоем. Ман зану фарзанд надорам, зану фарзанди ман шумоед. Марҳамат, дуои ҳамин мӯсафедро талаб кунед, ки ба мо иҷозати рафтан диҳад. Аввал раҳи Қӯрғонтеппаро маҳкам мекунем…».
 Файзалӣ ин гапро гуфта аз минбар ба поён мефарояд. Бачаҳои мусаллаҳи толор бо доду войу ғалоғула муроҷиати Файзалиро дастгирӣ мекунанд ва аз бобои Сангак иҷозати рафтанро мепурсанд. Сангак дар 1 дасташ сигор, бо 1 дасти дигараш бо имову ишораи «не, не» ба гап медарояд:

Сангак: только через мой труп!
- Фарзандон ва дӯстони ин сарзамин, ин гапҳое, ки Файзалӣ гуфт, ман оқибаташро медонам. 1 чиро фаромӯш накунед, даркор шавад бо ман меравед. Бе ман шумо ҳеҷ куҷо намеравед. Ман, ки мурдам, болои мурдаи ман қатӣ мегузаред. Только через мой труп! Маро арғамчинам дароз партофтагӣ аст.
… Ба ҳамаи шумо-иштирокчиёне, ки дар совхоз будед, гуфтаниям, ки вақте мо дар совхоз даромадем, бо шунидани овози танка 1 қисми бачаҳое, ки мушт бар сари сина мезаданд, гурехта ба Кӯлоб рафтанд. Ман дар ҳамон ҷо Файзалиро дидаму гуфтам, ки мо бояд ғалаба кунем. Ман дар ҳар баромадам дар бораи беномусон мегӯям, ки марг ба ҳамон марде, ки эзори мардӣ дорад, вай ҳақ надорад, ки дар танаш эзори занонаро пӯшад. Ман дар Кӯлоб гуфтам, ки заифон, бигиред ин мардҳоро либоси заифӣ пӯшонед, ки моро инҳо шарманда карданд, инҳо номарданд, инҳо бенангу беномусанд. Занак вақте эзорашро дар бозор мешиносад, марг ба ин хел мард! Оё ҳақ дорад, ки ҳамин хел мард дар байни мо бошад???
Аз толор садои бачаҳо шунида мешавад:
- Не!!! Не!!!

Хулласи калом, Сангак Сафаров дар ин маҷлис, ки бахшида ба зодрӯзи Файзалӣ Саидов, яке аз ҷаббортарин ва хунхортарин қумандонҳои Фронти халқии водии Қурғонтеппа буд, ҳама маҳораташро ба кор мебарад, то дастаи ниқоргири Файзалӣ ба Хоруғ наравад…

Китобати Муҳаммад Амин

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter