ХАБАРИ ДОҒ

Хоруғ: Ҳамла ба постгоҳ ба фоидаи кист?

  • Чоршанбе, Нояб 14 2018

Бино ба иттилои расида, шаби 4 ба 5 ноябри соли ҷорӣ 1 гурӯҳ ҷавонон ба 1 постгоҳи БДА дар маҳаллаи «Тирчит»-и ш.Хоруғ ҳамла намуда, бо ин роҳ мехостанд эътирози хешро вобаста ба гузошта шудани постгоҳҳои БДА ва низомӣ дар шаҳр нишон бидиҳанд. Чуноне ки 1 манбаи мӯътамад аз мақомоти қудратии ВМКБ ба мухбири СССР хабар дод, ин гурӯҳ бо ин амалашон мехостанд ба фаъолияти хизматии кормандони милитсия монеа эҷод намуда, амнияту суботи ш.Хоруғро ноором кунанд.
  
Мазоров гунаҳкор!!!
Мақомоти қудратии кишвар дар пайи ин ҳодиса Хурсанд Мазоров, яке аз саркардаҳои ҷавонони шаҳрро, ки номаш чанде пеш дар рӯйхати «саркардагони гурӯҳҳои ҷиноӣ» пайдо шуд, айбдор донистанд. Чуноне ки дар изҳороти Ситоди байниидоравии таъмини амнияти ВМКБ омадааст, баъд аз ҳамла ба автомашинаи хизматии сардори постгоҳ, кормандони милитсия маҷбур мешаванд, ки ба сӯи ин афроди ҳамлагар аз силоҳҳои махсус бо тири резинӣ оташ кушоянд, танҳо пас аз ин ҷавонон фирор мекунанд.
Субҳон Ҳамзаалиев, яке аз ин ҷавонони ҳамлагари 29 сола, сокини ш.Хоруғ дар пайи ин ҳодиса аз тири силоҳи пневматикӣ захм бардошта, гуфтааст, ки мақсади онҳо ҳамла ба постгоҳ набуда, ба гуфтаи эшон онҳо аз ҷанозаи хешованде баргашта, дар назди дӯкон истода, бо ҳам сӯҳбат мекарданд. Дар ин замон 2 мошини сабукрави гаронарзиш омада, аз дохили он 1 нафар ба сӯи онҳо тир кушодааст. Бино ба гуфтаи ин ҷавонон шахси тиркушода сардори Дастаи таъиноти махсус-ОМОН будааст. Аммо дар Мақомоти иҷроияи ҳомияти давлатӣ дар ВМКБ ин хабарро рад намуда, таъкид доштанд, ки мақомоти маҳаллӣ мардумро пайваста огоҳ месозанд, ки онҳо ба амалиёти низомии дар шаҳр гузаронидашуда ҳамроҳ нашаванд ва монеа эҷод накунанд.

Ҳадаф нашъа???
Гуфта мешавад, миқдори зиёди маводи нашъадор ва силоҳ дар марзи Афғонистон ҷамъ шудаасту барои интиқоли онҳо ба маркази вилоят-ш.Хоруғ маҳз ҳамин постгоҳҳои БДА халал мерасондаанд. Аз ин лиҳоз, гурӯҳҳои ҷиноӣ бо пеш гирифтани чунин ҳамлаҳо мехоҳанд ба фаъолияти постгоҳҳо монеа эҷод намуда, хостгори аз байн бардошта шуданашон гарданд. Мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои қудратӣ бори дигар ба мардуми бадахшон ҳушдор медиҳанд, ки ҳамагуна талоши ҳамла ва таҳдид ба фаъолияти милитсия дар вилоят, хосса ш.Хоруғ, бо истифода аз силоҳ ба таври қотеона пешгирӣ карда мешавад. Айни замон дар атрофи ш.Хоруғ 6 постгоҳи доимоамалкунадаи БДА фаъолият дорад.

М.Аминова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter