ХАБАРИ ДОҒ

Шояд камтар аз 1% мардум бовар дошт, ки НБО Роғун бунёд меёбад. Аммо Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро ба кор даровард. Мо Метавонем!!!

Роғун муборак, миллати Тоҷик!!!
Офтоб ояд бурун ҳар субҳ ҳамчун шери зард,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро мекунад кафшери зард.
Дар навори чархи гардун ҷовидон рахшанда бод,
Пешвои миллату Роғуну булдозери зард!!!

Хайрандеш,
Шоир


Он даст, ки дар дасти трактори ту аст,
Дастони ҳақ аст, ки доимо ёри ту аст.
Созандагии Ватан алорағми адӯ,
Дар хуну рагу решаву афкори ту аст!

Беҳрӯзи Забеҳулло
шоир

 


Шуруъи лоиҳаи Роғун
Солҳои 1970 роҳбарияти ИҶШС дар ҷаҳорчӯбаи инкишофи гӯшаю канорҳои СССР мақоми ҶШС Тоҷикистонро ҳамчун тавлидкунандаи неруи барқ муайян намуд, ки аслан беасос ҳам набуд ва ин ҷо мухолифати манфиатҳо ҳам вуҷуд дошт. Роҳбарияти ҶШС Тоҷикистон ба сохтмони Роғун чандон шавқманд набуд, лек бо шарофати ин сохтмон ба манфиатҳои муайяне соҳиб шудан ҳам мумкин буд, ки ин ворид шудани маблағҳои иловагӣ аз Марказ, рушди инфраструктураи минтақа ба ҳисоб мерафтанд. Шӯрои техникии Вазорати хоҷагии оби ИҶШС бо қарорҳои худ тибқи №413 аз 7.02.1984 ва №566 аз 10.09.1987, ҳамчунин Госплани ИҶШС тибқи қарори №563 с.1987 бо иштироки намояндагони ҳамаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ “Тавзеҳоти нақшаи истифода ва ҳифзи дастҷамъонаи захираҳои обҳои ҳавзаи дарёи Сир» ва “Тавзеҳоти нақшаи истифода ва ҳифзи дастҷамъонаи захираҳои обҳои ҳавзаи дарёи Ому”-ро тасдиқ карданд. Ба ин қарорҳо квота барои об муайян карда шуд, ки ба давлатҳои ҳозираи поёноб судбахшанд ва НБО Роғун дар Тоҷикистон ва Қамбарота дар Қирғизистон вобаста шуда буданд. Пас аз пошхӯрии ИҶШС ин асосҳои ҳуқуқӣ бо Муоҳадаи байни Осиёи Марказӣ “Дар бораи ҳамкорӣ оид ба соҳаи идоракунии якҷояи истифода ва ҳифзи захираҳои обҳои сарчашмаҳои байнидавлатӣ” 18.02.1992 дар ш.Алмаато ба имзо расида, тасдиқ шуда буд.

Эскпертизаи Роғун
Соли 1972 ҳаҷми пурраи асосноккунии техникию иқтисодии НБО Роғун ба анҷом расид. Экспертизаи Асосноккунии техникию иқтисодӣ хулосаҳоро дар бораи боэътимодии техникӣ ва самаранокии баландии он комилан собит кард (3 навъи дарғоти НБО баррасӣ шуд) ва арзу тӯли асосии неругоҳ ва обанбор пазируфта шуд. Мураттабсозии лоиҳаи техникӣ с.1974 шурӯъ шуда, ноябри с.1978 ба анҷом расид. Моҳҳои ноябр-декабри с.1978 лоиҳа аз тарафи экспертизаи пажӯҳишгоҳи Гидропроект таҳти муҳокима қарор гирифт (протоколи шӯрои техникӣ №72 аз 26.12.1978), июни с.1979 муҳокимаи он дар Шӯрои Илмию Техникии Вазорати барқи ИҶШС ба анҷом расид (протоколи №70 аз 27.06.1979). Октябри с.1980 лоиҳа аз тарафи Экспертизаи асосии давлатии Госстройи (Сохтмони давлатӣ) ИҶШС ва ГКНТ ИҶШС (Қарор мутобиқи мактуби Гострой ИҶШС аз 16.10.1980 №380) ва ноябри с.1980 бо фармони Шӯрои Вазирон тасдиқ карда шуд (дастури №2411 аз 27.11.1980). Лоиҳа бо тамоми ҷамоҳири Осиёи Миёна мувофиқа шуда, аз тарафи онҳо ҳамчун лоиҳаи минтақавӣ доир ба таъминкунандаи талаботи рӯзафзуни барқи покиза ва захираҳои об маъқул дониста шуд.
Соли 1990 лоиҳа аз ташхиси вежаи мустақими назди Комиссияи давлатии экспертизаи Госплани ИҶШС гузашт ва боэътимодии иншооти сохташавандаи НБО тибқи маводи тасдиқшудаи лоиҳа ва ба ҳисоб гирифтани ҳамаи амалиёту санҷишҳо қабул шуд. Зарурияти гузаронида шудани ин санҷиш бо Қарори КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони ИҶШС №1110 аз 19.09.1988 “Дар бораи чораҳои комилан беҳтар кардани вазъияти экологӣ ва санитарӣ дар минтақаи баҳри Арал” вобаста буд, ки дар ин вақт акнун муаммои Аралро ба назар нагирифтан имкон надошт. Дар асоси мушоҳидаҳои зоҳирӣ, натоиҷи тадқиқ ва таҳқиқи иловагӣ, инчунин таҷрибаҳои истеҳсолӣ ва ахборе, ки дар ҷараёни сохтмони неругоҳ ҷамъ шудаанд, маводи фаровони дақиқ ба даст омаданд, ки ба шарофати ин кулли маълумоти муҳимтарини лоиҳаро хостан дар боби муҳандисию геологӣ ва асоснокии зилзилашиносӣ тасбит месозанд. Қарор дар бораи гузаронидани санҷиш бо номаи Госплани ИҶШС №5799 аз 10.02.1990 қабул шуда буд.



335 метр
Санҷиши гузаронида асоснокӣ ва бунёдии нишондодҳои лоиҳаи техникиро тасдиқ намуд (қарори зеркомиссия ва гурӯҳи коршиносони Комиссияи экспертии давлатии Госплани ИҶШС аз 5.07.1990). Дар қарори экспертиза хоса оид ба эътимоднокии иншооти Роғун сабт шуда буд, ки нисбати сохтмони ба нақша гирифтаи НБО ва дар боби интихоби дарғоти он ихтилофоти муҳандисӣ вуҷуд надорад. Сохтмони сарбанди 335 метра имкон фароҳам меорад:
а)захира намудани 13 млрд мукааб ҳаҷми умумӣ ва аз он ҷумла 8,6 млрд мукааб ҳаҷми муфиди об ва ба ҳамин васила якҷоя бо обанборҳои Нораку Туямуюн маҷрои амударёро ба тӯли солиёни дароз ба танзим меорад;
б)ба таври илова 320.000 га заминҳои навро обёрӣ карда, бо об таъмин шудани 1 млн гектар заминҳои Ӯзбакистон ва Туркманистонро беҳтар менамояд;
в)об дар обанбори Роғун соф шуда, бо ҳамин фаъолияти обанбори Норакро боз ба муддати 100 сол дароз мекунад;
г)истеҳсоли коркарди миёнаи солонаро ба дараҷаи 13,3 млрд киловатт/соат таъмин мекунад, ки норасоии шадиди ба неруи барқ доштаи минтақаро бартараф месозад. Дар баробари ин ба ҳалли муаммои қудрати неругоҳҳои фаъоли мамолики Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад.
Умуман, самаранокии баланди НБО Роғун аз ҳисоби даромади якҷояи неруи барқ ва додани об ба обёрии зироат таъмин мешавад. Бунёди сарбанд дар ин дарғоти интихобшуда агар пасттар сохта шавад, дар оянда танзиму таъмини бисёрсолаи маҷрои дарёҳои Вахш ва Ому номумкин мешавад. Ба иртиботи иқлим, ки солҳои камобӣ зуд-зуд такрор шудан дорад, дар ин нуқтаи нодиртарин, ки дарғот эъмор мегардад, дар сурати пастар шудани сарбанд ба кишварҳои ҳавзаи Амударё зиёни калон хоҳад расид. Ин нақшаҳо бо мақсади ҳаллу фасли комил ва муфиди истифодаи захираҳои оби минтақа ва асоснокии шабакаи чорабиниҳои хоҷагии об доир ба обтаъминкунии соҳаҳои рӯ ба инкишоф ниҳодаи хоҷагии халқанд. Ҳамон вақт аллакай маълум буд, ки дар ҷои аввал ба ҳар ҳол муаммои самаранокии пасти шабакаҳои обрасонӣ меистад. Ҳамчунин хусусиятҳои самаранокии баланд ва аҳамияти неругоҳ дар ҳалли муаммоҳои энергетикӣ, хоҷагии об ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақаи Осиёи Миёна ва хосатан дар навбати аввал Тоҷикистон тасдиқ шудаанд. Эътимоднокии баланди иншооти асосии НБО дар лоиҳа асоснок ва собит шудааст. Обанбори НБО Роғун бо обанбори Норак дар рудхонаи Вахш якҷоя бо обанбори Туямуюн дар Амударё ба ҳаҷми умумии қобили истифодаи 18-19 км мукааб қудрат дорад, ки маҷрои Омуро ба тӯли солиён бо обдиҳии бокафолат дар ҳаҷми 5,0-5,9 км мукааб дар заминҳои ҳавзаи он, ки дар ҳудудҳои Ӯзбакистон ва Туркманистон ҳастанд, таъмин кунанд.
Роғун иншоотест, ки он дар фасли зимистон норасоии ба барқ доштаи Тоҷикистонро мусовӣ месозад ва саломатии шаҳрвандони худро ҳифз намуда, сатҳи камбизоатии аҳолиро хеле паст мефарорад. Аллакай 10 сол боз ҷумҳурӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аз камбудии барқ азият мекашад ва ба иртиботи ин ҳар сол аз ибтидои моҳи октябр то охири моҳи апрел барқрасонӣ дар кишвар бо усули лимит анҷом дода мешавад. Дар кишвар 99,9%-и барқ дар неругоҳҳо тавлид шуда, истеҳсоли ҳарсола тақрибан 18 млрд квт/соатро ташкил мекунад. Қисмати асосии ин нишондод дар фасли тобистон истеҳсол мегардад, зеро обанборҳои неругоҳҳо аз ҳисоби обшавии пиряхҳо пур шуда, маҳз ҳамин вақт имконияти бештар истеҳсол намудани ин маҳсулот фароҳам мерасад. Гузашта аз ин, тамоми обанборҳо мавсимиянд, яъне ғунҷоиши онҳо маҳдуд буда, обҳои бисёрро барои тавлидоти минбаъдаи барқ нигоҳ дошта наметавонанд.

Дерипаска ва Роғун
Соли 2004 ширкати “РусАл”-и Русия хоҳиши худро дар бораи ба охир расонидани сохтмони навбати аввали неругоҳи Роғун изҳор намуд ва ваъда дод, ки дар иҷрои ин ҳадаф 650 млн доллар сарф хоҳад кард. Октябри ҳамон сол байни Ҳукумати Тоҷикистон ва РусАл дар хусуси давом додани корҳои сохтмонӣ дар иншоот шартнома ба имзо расид. Лек баъди 2,5 сол хукумати Тоҷикистон шартномаро яктарафа лағв кард, зеро дар ҳамин давра РусАл ягон боби шартномаро ба иҷро нарасонд. Мутахассисини Вазорати барқ ва саноати кишвар тасдиқ мекунанд, ки яке аз сабабҳои лағв гардидани санад пайдо шудани ихтилофи назари тарафайн доир ба баландӣ ва навъи сарбанди неругоҳ аст. РусАл сарбанди бетонии баландиаш 280-метраро пешниҳод кард. Ҳукумати Тоҷикистон бошад, исрор дошт, ки лоиҳаи аввалаи дар замони шӯравӣ тартибёфта амалӣ шавад. Ин маънии оқилона дорад. Ҳоло истеҳсолкунандаи асосии барқ дар Тоҷикистон НБО Норак аст, ки 40 сол боз фаъолият ва 70%-и барқи кишварро тавлид мекунад. Ба иртиботи истифодаи тӯлонӣ вақтҳои охир муаммои гилпур шудани обанбори Норак беш аз пеш шиддатнок шудааст.
Роҳбарияти мамлакат тасмим гирифт, ки лоиҳаи гӯё кайҳо фаромӯшшудаи НБО Роғунро аз нав эҳё кунад. Қарор қабул карда шуд, ки сохтмони неругоҳро ба анҷом расонанд, хосса, лоиҳа аҳамияти сиёсӣ касб карда буд: бар асари нобасомониҳо ва пастравии иқтисодиёт ба халқ ҳаёти хушу хуррам ваъда кардан, фақат андаке сабру тоқат кардан зарур буд. Дар навбати аввал ташкили саҳмия ба заёми баъдиҷангии СССР шабоҳат дошт. Он мутахассисонеро, ки дар замони шӯравӣ ин ҷо кор карда буданд, ҷустуҷӯ карданд. Албатта, аз он айём вақти зиёд ҳам нагузашта буд ва хайрият, ки онҳо сиҳату саломат буда, ба гӯшаю канорҳои гуногуни собиқ шӯравӣ ҷойгузин шудаанд. Роҳҳои убуру мурури сохтмонро барқарор карда, нақбҳои аз гил пуршударо тоза намуданд.

Вахш ва Амударё
Маҷрои дарёи Вахш ҳамагӣ 30%-и маҷрои Амударёро ташкил менамояд ва агар маҷрои рудҳои сарбастаро ба ҳисоб гирем, ки онҳо низ ба ҳавзаи Амударё дахл доранд, 25,8% мешавад. Маҷрои бисёрсолаи Вахш аз 20 мукааб км андаке бештар аст. Ҳаҷми обанбори НБО Роғун тибқи лоиҳа 13,3 мукааб км буда, ҳаҷми ба истифода мувофиқаш 8,6 мукааб км-ро ташкил менамояд. Зиёда аз 90%-и неруи барқи Тоҷикистон дар силсиланеругоҳҳои рӯди Вахш аз дарғоти Роғун дар поёноб тавлидот мегардад. Ҳаҷми неруи барқе, ки дар давраи нашъунамои растаниҳо дар мамлакат истифода мешавад, ба ҳисоби миёна 9-10 млрд квт/соат-ро ташкил менамояд. Дар ин айём мамолики поёноб ба об талаботи ниҳоят зиёд доранд. Аз ин ҳаҷм 95%-ашро силсиланеругоҳҳои Вахш истеҳсол мекунад, ки барои он ба ҳисоби миёна 12-13 мукааб км об сарф мегардад. Ин 75-80%-и оби давраи нашъунаморо ташкил менамояд, ки аз Вахш ба Амударё мерезад ва аз тарафи кишварҳои поёноб бо мақсади обёрӣ истифода мешавад. Бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодиёт нисбатан талабот ба неруи барқ ҳам зиёд мегардад. Ба иртиботи ин аз обанборҳо масрафи об меафзояд, ки ин об оқибат ба ҳудуди Ӯзбакистон ҷорӣ мешавад. Ғайр аз ин тибқи Нақшаи истифодаи дастҷамъона ва ҳифзи заҳираҳои оби Амударё мувофиқи санадҳои дар замони шӯравӣ ба имзо расида, меъёру андозаи истифодаи захираҳои оби ҳавзаи Амударё муайян карда шудаанд. Ин меъёр ҳар сол вобаста ба дараҷаи мавҷудияти об аз тарафи роҳбарони ташкилоти хоҷагиҳои об дар чорчӯбаи комиссияи байнидавлатии танзими хоҷагиҳои об муоина ва тасдиқ карда мешавад. Дар тамоми солҳои мавҷудияти Комиссия, яъне дар тӯли 20 сол Тоҷикистон боре ҳам аз меъёри худ бештар об нагирифтааст. Баръакс ҷумҳурӣ ба тӯли ин солҳо нисбат ба меъёр ба ҳисоби миёна 16% ё худ 1,4 мукааб км камтар об гирифтааст. Дар ҷараёни 5 соли охир бошад, ҳар сол аз меъёр камтар об гирифтан дар ҳавзаи Амударё қариб 20% (тақрибан 1,8 мукааб км)-ро ташкил менамуд.

Ягон ҳамсоя бе об намемонад!
Оби Амударё аз тарафи минтақаҳои поёноб пурра барои обёрӣ истифода шуда, фақат оби Сирдарё ба баҳри Арал меравад. Аз самти шимоли баҳри Арал то ишораи 42м пур шудани оби он ба шарофати кӯшишҳо ва амали мушаххаси Ҳукумати Қазоқистон ба иҷро расидааст. Ба иртиботи ин як хатари дигар ҳам ҳаст, ки агар оби Амударё кифоят накунад, пас ҳамсояҳо оби Сирдарёро низ мегиранд, ки дар он сурат барқарор кардани Арали хурд ҳам ғайриимкон мегардад. Агар меъёри истифоданашудаи оби Тоҷикистонро барои пур кардани обанбори НБО Роғун ба кор барем, пас дар ҳолати аввал (1,4 мукааб км) барои ин 9,5 сол ва дар ҳолати дуюм (1,8 мукааб км)-7,4 сол лозим мешавад. Инчунин бояд гуфт, ки тибқи мушоҳидаҳои бисёрсола дар ин давра камаш 2 сол айёми серобӣ ба назар мерасад ва агар ин изофаи маҷрои дарё дар ҳаҷми 10% аз маҷрои умумии Вахш истифода шавад, он мӯҳлати мазкур мувофиқан ба 2,8 ва 2,2 сол камтар вақт сарф мегардад. Албатта, агар Тоҷикистон дар солҳои камобӣ ҳам (чунин солҳо низ на камтар аз 2 бор мешаванд) аз маҷро об бигирад, чунин имкон фароҳам мерасад. Аммо солҳои камобию серобиро ба ҳам раду бадал намуда, ҳисоб кардан мумкин аст, ки Тоҷикистон аз ҳаққи меъёри ҳарсола истифода намебурдааш ба мамолики ҳамсояҳо зарар нарасонида, обанбори НБО Роғунро дар зарфи 7-9 сол пур карда метавонад.
Чунин тақсимбандии маҷрои Вахш бо мақсади пур кардани обанбор на бештар аз 1 мукааб км-ро ташкил мекунад, ки он аз меъёри истифода намешудаи Тоҷикистон дар ҳавзаи Амударё қариб 2 баробар камтар мешавад. Агар барои пур кардани обанбори Роғун фаразан 1,5-2 мукааб км об гирем, пас ин 3,3-4,4%-и маҷрои ҳарсола ё худ 4,2-5,5%-и давраи нашъунамои растаниҳо барои маҷрои Амударё дар дарғоти Каркӣ баробар меояд, ки дар он ҷо оби Ӯзбакистону Туркманистон тақсим мешавад. Барои мисол ба таври сунъӣ кам кардани маҷрои Амударё ба 10%, ки бештар рух медиҳад, 6-7 мукааб км-ро ташкил менамояд. Ин аз он ҳаҷми дар назардошта барои пур кардани обанбор 3-4 баробар бештар мешавад. Ба ин маънӣ ҳатто ба ҳамин тақсимбандӣ (бахши ҳарсола 1,5-2 мукааб км дар ҳудуди меъёри худ) пур кардани обанбори Роғун барои кишварҳои поёноб комилан ноаён мегузарад. Хизмати обанбор ва хусусан ба танзими бисёрсола овардани маҷро, ки обанбори НБО Роғун чунин вазифа ҳам дорад, захираҳои обро ҳифз менамояд, то ки он сарфакорона ва самарабахш истифода гардад. Хоса, дар солҳои камобӣ аҳамияти обанбор ба маротиб афзун мешавад. Бояд хотиррасон намуд, ки с.2001-и камобӣ Тоҷикистон бо хоҳиши ҳукумати Ӯзбакистон дарвозаҳои обро 2 маротиба бидуни чораҳои неругоҳи Норак ва ба муддати 10-рӯзӣ ба таври фаровон кушод. Хуб аст, ки ин ҳаҷми об дар обанбор захира гашта, имкони сар додани об буд ва агар дар обанбор об намебуд, пас чӣ мешуд? Зарари с.2001 барои ҷумҳурии ҳамсоя хеле калон тамом мешуд.
Дар минтақа зиёда аз 92%-и об аз тарафи бахши кишоварзӣ барои обёрии зироат истифода мешавад. Коэффитсиенти амали муфиди истифодаи об дар инҷо 20-40%-ро ташкил медиҳад. Истифодаи нисбӣ дар минтақа аз аҳамияти миёнаи ҷаҳон чандин карат зиёд аст, чи тавре ки аён аст, ин ҳисоб 700 м3 одам/сол аст. Вале ин дар Ӯзбакистон-2596м3 одам/сол, Туркманистон-4044 м3 одам/сол Қазоқистон-1943 м3 одам/сол, Тоҷикистон-1843 м3 одам/сол ва дар Қирғизистон-1371 м3 одам/сол аст. Дар ин ҷо барои бартараф кардани норасоии об, инкишофи навъҳои дигари истифодаи он захираи зиёде маҳфуз аст. Ҳамин нишондиҳандаҳо ба сабабҳои фоҷиаи Арал ишора мекунанд. Дар фарҷоми ин даҳҳо кӯлҳои сунъӣ пайдо ва дар майдонҳои васеъу фарох обҳои зеризаминӣ баланд шудаанд ва ин ҳолат ба шӯразании дубораи заминҳои обёришаванда сабаб гаштаанд. Наҷоти Арал бо чунин муносибат ба истифодаи захираҳои оби он ғайриимкон аст. Қаъри хушкидаи 1 қисмати Арал манбаи таҳдид ба пиряхҳои Осиёи Марказӣ шуда, обшавии босуръати он зарари калоне ба ҳаёти имрӯза аст ва насли ҳозираю ояндаро аз ҳаҷми зарурии оби поки ошомиданӣ маҳрум месозад...

Китобати Муҳаммад Амин

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter