ХАБАРИ ДОҒ

 

Ман тасмим гирифтам ин ҷавони беодобу бадзабонро 15 шабонарӯз «шинонам». Ба дигарон дарси ибрат мешавад. Мо метавонем!!!

Соли равон дар бораи таҳқиру озори рӯҳӣ аз тарафи мардон нисбат ба занону духтарон хеле зиёд гуфтанду боз ҳам мегӯянд. Новобаста аз он, ки пас аз нашри чунин ҳолатҳо гунаҳкорон, хосса, дар нақлиёти ҷамъиятӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида ҳам шудаанд, боз ҳам рафтори ноҷоиз нисбат ба занону духтарон аз сӯи чунин мардон идома дорад ва ман низ мутаассифона, аз ин амал-дағалӣ ва таҳқири ҳарассментҳои нави Тоҷик дар канор намондам.
9.11.2018. Соат бо вақти Душанбе 10:30 дақиқа. Дар назди гардиши фурудгоҳ ба микроавтобуси хатсайри №33 (рақ.давлатиаш 0265тт05) нишастам. Ронанда оромона ронандагӣ мекард, вале кондуктор-пулчинакаш беист гапҳои ноҷо гуфта, ба ҳар мусофир бо додани бақия боз чанд ҳарфи дигар ҳам луқма партофта, аз ин кор худаш завқ мекарду механдид.
Хатсайри ин микроавтобус тавассути к.Соҳилӣ ба роҳ монда шудааст, вале бо сабаби номаълум ва ё амали худсаронаи ронандаю кондуктор микроавтобус ба воситаи к.Соҳилӣ ҳаракат накарда, рост ба самти х.С.Шерозӣ рафтан гирифт. Вақте мусофирон пурсиданд, ки чаро хатсайр иваз шуд, ба ҷои ронанда кондуктор бо тамасхур гуфт: «Ҳамин хел шуд, нахоҳӣ фуро!». Ман ин гуфтори кондукторро таҳаммул карда, тасмим гирифтам пас аз гузаштан аз пули х.С.Шерозӣ аз мошин фароям. Ба пул наздик нашуда, духтараке мошинро манъ кард ва ман ронандаро азият накунам гуфта, бо ӯ фаромадам. Вақти аз микроавтобус пиёда шудан кондуктор сӯи ману он духтар гапи беҷое партофт. Ин ҳолатро дида, хостам рақами мошинро аз паси он бубинам ва ба роҳбари ҷамъияти нақлиётие, ки хатсайри №33 ба он вобаста аст, занг зада шикоят кунам, лек ин лаҳза коре шуд, ки интизор надоштам…
«Сурат мегирӣ? Сурат мегирӣ? Э, ман туро…  Фаҳмидӣ!»-ба сӯям дод мегуфт кондуктору дар баробари ин 2 даст дар миён ишораҳои ғайриахлоқӣ намуда, қоҳ-қоҳ зада механдид. Мошин ба ҳаракат даромад, вале кондуктор нисфи бадан аз дари бози микроавтобус берун намуда, боз ҳам сӯи ман ишораҳои ғайриахлоқиашро давом медод…
Ман, ки одатан дар чунин ҳолатҳо ба ҳуҷуми забонӣ мегузаштам, шок мондам, гӯё аз болои сарам 1 сатил оби хунук рехтанд. Ростӣ, боз хеле шарм доштам, шарм аз ҳамон мусофироне, ки дохили микроавтобус нишаста, манзараро тамошо мекарданд ва боз чанд каси дигаре, ки пеш аз пул дар интизори нақлиёт истода буданду шоҳиди ин амали кондуктор шуданд…

Ҳарассмент ҷазояшро бубинад!
Ба худ омада, дарҳол ба роҳбарияти ҶСШК «Автоколоннаи 2927» ва шӯъбаи БДА дар ш.Душанбе занг зада, аз ин ҳолат шикоят кардам. Ним соат нагузашта Хуршедҷон Хизиров-роҳбари корхона, ки хатсайри №33 ба он шомил аст, занг зада гуфт, ки ронанда, мошин ва аз ҳама муҳим кондуктор, аллакай аз ҷониби корманди бехатарии корхона боздошт шуда, ба автобаза оварда шудааст. Хизиров бо таассуф иброз дошт, ки чунин ҳолат рух додааст, вале гуфт, назари роҳбарияти корхона нисбат ба чунин ронандаҳо ва кондукторҳо ҷиддисту минбаъд масъалаи аз кор озод намудани ин ронанда ва аз ҷамъият берун кардани воситаи нақлиёт дар миён аст.
Ба ин нигоҳ накарда, ман худи ҳамон рӯз тавассути телефони «Боварӣ»-и Раёсати ВКД дар ш.Душанбе-221 15 00 низ занг зада, аз чунин бархӯрди кондуктор шикоят кардам. Аён аст, ки боздошти воситаи нақлиёт ва аз кор мондани он, албатта, зарари иқтисодӣ меорад, лек тасмим гирифтам ҷавони беодобу бадзабонро, ки нисбат ба 1 тан зан ва модари Тоҷик чунин муносибатро раво дидааст, ба таври бояду шояд тарбия намоям-бигзор чанд рӯз дар ҳабси маъмурӣ қарор бигирад. Баъд мефаҳмад, ки нисбат ба зану духтари Тоҷик чӣ гуна бояд рафтор кард!

Майдавабошӣ-аз 5 то 15 шабонарӯз!
Муносибати дағали бархе аз кондуктору ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, ҳаракатҳои майдаавбошона, таҳқири занону духтарон ва бонувон имрӯз ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст, гуфтанд ба ман дар РВКД-и пойтахт. Ҷиҳати пешгирӣ ва муайян намудани ҳолатҳои мазкур дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои раиси ш.Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо фармони хоси роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт гурӯҳҳои махсуси оперативии корӣ таъсис дода шуда, ҳамарӯза дар дохили нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ фаъолият мебаранд. Баъди таъсиси гурӯҳҳои мазкур 13 ҳолати майдаавбошии ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ошкор карда шуда, нисбати онҳо бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (майдаавбошӣ) парвандаҳои маъмурӣ тартиб ва бо Ҳукми суд ба муҳлатҳои аз 5 то 15 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуда, ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шудаанд.
Ман низ тамоми талошамро ба он равона мекунам, ки ин ҳарассмент-кондуктори беодоб ҳатман ҷазои воқеияшро бубинад ва барои ин амалаш-таҳқири 1 зани Тоҷик ҷавоб гӯяд. Хомӯш набояд шуд ва таҳаммул набояд кард! Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР
9.11.2018

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter