ХАБАРИ ДОҒ


(Ё руҷуъе дар пасманзари Фестивали ОШ)

Кӣ ва кадом сохтор боиси ин шармандагии миллати Тоҷик гашт? Чаро ошпазон дегҳои ошро ба мардум партофта рафтанд? Чаро муҳофизон натавонистанд тартиб ҷорӣ кунанду садди роҳи чунин рафтори мардум гарданд? Роҳбарияти боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ, ки барои бунёдаш миллионҳо доллар харҷ шудааст, ба куҷо менигарист ва чаро пеши роҳи ин корро нагирифт? Чаро оддитарин лавозимот ба мисли табақчаву қошуқҳои плостикии барои 1 бор масраф пешниҳодшуда дар рӯи мизи ягон ошпаз набуд?

Паҳлавонҳои сари деги ош!!!
10.11.2018. Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт Фестивали «Оши палав» баргузор гашт. Оре, ҳамон боғе, ки пайваста тариқи шабакаҳои ТВ таблиғу ташвиқ мешавад! Ташкилкунандаи ин фестивал, ки ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ-2018» бахшида шуда буд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ дар ш.Душанбе буда, дар баробари ин шарикони дигари фестивал амсоли Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ низ барои гузаронидани ин чорабинии фарҳангӣ масъул буданд. Ғайр аз ин масъулияти бештарро роҳбарияти ҳукумати н.Фирдавсӣ ва худи боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ бар зимма доштанду барои дар сатҳи лозима гузаштани он муваззаф буданд. Яъне, шаҳрдории Душанбе ба идораву сохторҳои зертобеи худ боварӣ ва такя намуда, умед дошт, Фестивали «Оши палав», ки нахуст дар ш.Хуҷанд зимни сафари охирини президенти мамлакат дар сатҳи хеле ҳам воло ва бо ширкати меҳмонони хориҷӣ, хосса, журналистон баргузор гашт, дар ш.Душанбе низ дар сатҳи олӣ сурат хоҳад гирифт. Аммо 1 наворе, ки пас аз адои фестивали ош дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернетӣ роҳ ёфт, тамоми шукӯҳу шаҳомати фестивал, ҳунару заҳмати ошпазон ва ташкиливу тайёрии чандинрӯзаро ба ин ҷашнвора ба сирф (0) баробар кард…

Оши рекордӣ 1 тараф монд…
Бояд гуфт, ки нахустин бор дар таърихи истиқлолияти Тоҷикон дар ш.Душанбе 7 нафар ошпаз оши 1-тоннагиро пухта омода карданд. Ин ош, ки аз 250 кг биринҷи «Лазер»-и Регар, 200 кг гӯшт, 350 кг сабзӣ, 90 кг равған, 30 кг пиёз, 1 кг зира, 1 кг мурч, 5 кг мавиз, 1 кг барбарис аз соати 1-и шаби 10.11.2018 тайёр карда шуда буд, дар ҳақиқат рекорди миллӣ маҳсуб меравад. Ба ғайр аз ин, ошпазони моҳир аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон дар ин фестивал ширкат варзида, бо гузоштани 400 дег беш аз 10 тонна оши палав пухтанд. Дегу табақҳои пур аз ош, ки бо гӯшти кабку қазӣ, лимӯву биҳӣ, тухми бедонаву қаламфур оро дода шуда буданд, воқеан ҳам зебо ба назар метофтанд. Лек ҷанг барои оши деги 1-тоннагӣ, ки баъди анҷоми намоиш шурӯъ гашт, таърифи оши рекордиро 1 сӯ гузошт-селаи мардум бо дасту табақу ҳатто каланд ба дег дарафтода, ош мекашиданду мехӯрданд. Оши гармро сӯхтаю пухта, бо даст гирифта, ба тағораву картону газета меандохтанду пакетҳои селофаниро пур мекарданд, касе парвои сиёҳу равғанин шудани сару либосашро надошт, муҳим луқмаи ош буд. Оши рекордӣ ба қавле 2 пул ва фаромӯш шуд…

Видеое, ки имиҷрез шуд…
Видеои ҳуҷум ба деги ош, лоша кардани он ва ошхӯриву ошдуздии мардум, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ худи шоми ҳамон рӯз роҳ ёфт, то ба имрӯз вокуниши зиёд ба бор оварда, боз ҳам мавриди баҳсу мунозира аст. Баҳсҳои гарму тӯлонӣ дар шабакаҳои Инстаграм, Фейсбук ва Одноклассники новобаста аз баста шудани онҳо идома доранду аллакай тарҷумаи онҳо дар сайтҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоии ҷаҳонӣ паҳн гаштаанд. Мо дар бораи сайтҳои амрикоиву аврупоӣ гап намезанем, ҳатто наздиктарин ҳамсояҳои мо ба мисли Ӯзбекистону Қазоқистон ва Қирғизистон низ дар шабакаҳои иҷтимоии хеш ин наворро такрор ба такрор паҳн карда, ба фарҳангу таомули «ошхӯрии» Тоҷикон тамасхур мезананд.

Омили шармандагӣ бояд ҷавоб диҳад!
Пас аз хондани вокунишҳои зиёд ва баҳсу андешаи мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хосса, таҳқири миллати Тоҷик… суолҳои зиёде пеш омад. Аз он ҷумла, кӣ ва кадом сохтор боиси шармандагии миллати Тоҷик гашт? Чаро ошпазон дегҳои ошро ба мардум партофта рафтанд? Чаро натавонистанд тартиб ҷорӣ кунанду садди роҳи чунин рафтори мардум гарданд? Роҳбарияти боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи А.Фирдавсӣ ба куҷо нигоҳ дошт ва чаро пеши роҳи ин корро натавонист бигирад? Чаро оддитарин лавозимот ба мисли табақчаву қошуқҳои плостикии барои 1 бор масраф пешниҳодшуда рӯи мизи ягон ошпаз набуд?
Чаро…чаро…чаро-суолҳои зиёде, ки масъулин ҳамин ҳоло бояд ҷавоб гӯянд!!! Зеро маҳз саҳлангорию фориғболии онҳо боиси таҳқири миллати Тоҷик, дар ин чанд рӯзи охир гашт!

Чорабиниҳои оммавӣ пулакӣ шаванд!
Иддае аз сокинони пойтахт пешниҳод доранд, ки минбаъд гузаронидани чунин чорабиниҳои оммавӣ пулакӣ ва ба ин чорабиниҳо танҳо онҳое даъват карда шаванд, ки саҳми худро дар рушду нумӯи пойтахт мегузоранд, на донишҷӯи бисёру савдогару аробакашу ҷӯгӣ. Таҷриба нишон медиҳад, ки чорабиниҳои пулакие, ки дар дигар кишварҳои ҳамсояи мо баргузор гашта, даромаду иштирок дар он пулакӣ буда, маблағаш рамзист, дар сатҳи олӣ баргузор мешаванд. Бигзор минбаъд ҳамон оши палаву маҳсулоти қаннодиву дастпухти кадбонуҳои Тоҷик низ ба таври рамзӣ нарх монда шавад, масалан, 1 табақ оши палав 5 сомонӣ! Ин нархи рамзӣ бигзор барои заҳмати ошпазу пешхидматон ва муҳофизону фаррошу дегу табақшӯйҳо харҷ гардад. Ва аз ҳама муҳим, ба чунин чорабиниҳо бояд аз кӯмаки ширкатҳои хусусии амниятӣ, ки таҷрибаи кор бо издиҳоми мардумро доранд, истифода бурд. Мо Метавонем!

М. Аминова, СССР


Аниқ...доти бамаврид
Фестивали ОшVSФайзалӣ
10.11.2018. Боғи Фирдавсӣ. Душанбе. Фестивали оши палав дар авҷ. Вақте фестивал ба охир расид, ҳуҷуми колхозӣ ба дегҳои ош сар шуд. Садҳо нафар рӯи сабзаву алав ва роҳрав ош дар лаъливу коғазу газиту селофан...дигару дигар ошхӯрӣ доранд. Файзалӣ Ҳасан, ки бо ҷамиъи сарояндагон ҳунарнамоӣ мекард, ошаш намерасад ва илоҷи воқеаро наёфта, ба сардабири СССР занг задаву мегӯяд:
-Дар дунё дидаву шунидаед, ки Файзалӣ Ҳасан дар пеши дегҳои оши 1-тоннагӣ суруд хонаду гурусна ба хонааш равад???
СМ бадоҳатан мепурсад: Дар ягон “оши наҳор?”, ки Файзалӣ бо дард мегӯя:
-Аз оши наҳор мо доимо гурусна бармегардем...Ин бор аз Фестивали Оши Палав, ки даҳҳо тонна биринҷро мепухтанд, низ гушна баргаштем...

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter