ХАБАРИ ДОҒ

 

Дар ҳоле, ки аз ин ошӯби хунбортарин 13 рӯз гузашта бошад ҳам, мақомот хомӯширо ихтиёр кардаву ҷилави ҷамоаро ба дасти овозаҳо додаанд, ки дар асри 21 кори савоб нест. СССР мавзуъро аз нашароти электронӣ ва интернет пайгирӣ кард. Мо Метавонем!


Шаби 7 ба 8.11.2018 дар зиндони №3/3-и ш.Хуҷанд ошӯбе бархост, ки дар натиҷа наздик ба 50 нафар, минҷумла, 2 зиндонбон кушта шуд-ин назари аксари расонаҳои хабарист.  Ба гуфтаи манобеъи хабарӣ, маҳбусони ошӯбгар асосан онҳое будаанд, ки бо ҷурми узвият дар созмони террористии ДОИШ ва ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Таҳрир зиндонӣ шудаанд. Онҳо шаби 7 ноябр ба зиндонбонҳо бо асбобу олатҳои нӯгтезу бурранда (корду табар, чӯбу оҳан, сангу тахта) ҳамла карда, чанд силоҳи оташфишон ба даст оварда, зиндонро тасарруф кардаанд. Феълан исми 2 корманди кушташудаи корманди зиндон расонаӣ шудааст. Инҳо Эҳсон Ёқубови 27-сола, сокини н.Мастчоҳ ва Мирсаид Қодирови 42-сола, сокини вил.Суғд аст. 1 масъули маҳбаси ш.Хуҷанд дар маросими видоъ бо Эҳсон Ёқубов ба хабарнигор гуфтааст, ки гуруҳи маҳбусон ногаҳонӣ даст ба ошӯб зада, мехост аз зиндон фирор кунанд. Дар пайи ин ҳодиса, қариб 6 корманди зиндон, ки дар ошӯб маҷрӯҳ шуданд, ба бемористони вилоятии Суғд барои муолиҷа интиқол ёфтанд.

Хунбортарин ошӯб
Ошӯби зиндони №3 пурқурбонитарин дар таърихи зиндонҳои Тоҷикистон аст, ки тахминан соати 22:30 оғоз ёфта, соати 23 нирӯҳои махсуси "Алфа” ва ОМОН ошӯбгаронро кӯфтаанд. То ин лаҳза шахсияти 22 маҳбус ва 2 зиндонбони кушташуда мушаххас карда шудааст. Расонаҳои хабарӣ аз қавли шоҳидони ҳол навиштаанд, ки "Маҳбусон панҷаҳои дастаи зиндонбонҳоро бо табар зада, мебуранд. Сипас ба ошӯб отрядҳои дигар ҳамроҳ мешаванд. Ин кор соати тахминан 22:30 сар задааст. Баъди оғози ошӯб дар вилоят "Бонги хатар” заданд ва алакай соати 23 нирӯҳои вижаи "Алфа” ва ОМОН ба зиндони рақами 3/3 ворид шуда, ошӯбро бо истифода аз силоҳ ва сагҳо саркӯб карданд.”
Тибқи гуфтаи манобеъи хабарии ВАОи хориҷӣ, саркардаи асосии ин ошӯби хунин 2 нафар будаанд. Яке Хӯҷаев Субҳиддинхӯҷа, ки с.2017 аз сӯи суди ш.Исфара бо ҷурми авбошӣ ба 5 соли зиндон маҳкум шуда буд ва азбаски доғи судӣ дошт, ӯро барои адои ҳукми навбатиаш ба маҳбаси низомаш сахт фиристоданд. Ва дувумӣ Умар аз ш.Норак барои куштор ба 21 соли зиндон маҳкум шуда, ҳанӯз с.2013 ҳамчун маҳбуси душвортарбия аз маҳбаси ш.Ваҳдат ба ш.Хуҷанд фиристода шудааст. 2 корманди маҳбас-майор Мирсаид Сатторов ва прапоршик Эҳсонхоҷа Мухторзодаро маҳз Хӯҷаев куштааст.

ДОИШ масъули ошӯб?
Сайти siteintelgroup.com 2 рӯз баъд хабар дод, ки созмони террористии ДОИШ ("Давлати исломӣ”) масъулияти ин исёнро ба ӯҳда гирифтааст. Радиои "Озодӣ” низ аз қавли 1 манбаи муътамад дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон хабар дод, ки "ташкили  ошӯбро ДИИШсупориш додааст. Ва ҳамларо нафароне анҷом додаанд, ки бо иттиҳоми пайравӣ аз ин гуруҳи террористӣ дар маҳбас буданд." Аммо боз дертар манобеъи расонаҳои хабарӣ ин овозаҳоро беасос хонда гуфтаанд, ки дар зиндони №3 “асосан онҳое, ки барои ҷиноятҳои вазнине, чун куштор, маводи мухаддира, таҷовуз ба номуси кӯдак, ҳамчунин пешсудшудаҳо адои ҳукм мекунанд. Шояд дар байнашон ифротгароҳо ҳам бошанд, вале каманд.”

Сардори хунукназар
Тибқи ахбори ахири расонаҳо, 8 рӯз баъд аз ошӯби маҳбусон Файзуллоҷон Сафаров-сардори маҳбаси рақами 3/3-и ш.Хуҷанд ба ҳабс гирифта шудааст. Ӯ ба хунукназарӣ ба иҷрои масъулиятҳои хидматӣ айбдор мешавад. Маврид ба зикри хос аст, ки зиндони №3 борҳо дар сархатти ВАОи дохилӣ ва хориҷӣ қарор гирифтааст. Минҷумла, шаби 17.06.2016 3 маҳбуси ҳамин зиндон-Рамзуллохон Дадохонов, Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзозариф Қаюмов талоши фирор карда буданд. Якеи онҳо барои ширкат дар ҷангҳои Ироқ ва якеи дигар барои ширкат дар амалиётҳои ҷангӣ дар Вазиристони Покистон ба солҳои тӯлонӣ суд шудаанд. Ҳангоми фирор онҳо Ёрмамад Алимамадов-сардори бахши назорат ва тарбияти маҳбасро бо корд зада куштанд. Аз фирориҳо Қаюмов дар задухӯрд бо зиндонбонҳо ба ҳалокат расида, Юсуфов захмӣ ва билофосила дастгир шуд. Танҳо Дадохонов тавонист аз девори бетонии симхорпечи маҳбас берун парида гурезад. Аммо ӯро аллакай 19 июн дар канори Хуҷанд, дар ҳудуди ҷамоати Ёваи н.Б.Ғафуров қапиданд. ВКД баъдан хабар дод, ки "маҳбуси фирорӣ Додохонов Рамзуллохон Ҷӯрабоевич ҳангоми муқовимати мусаллаҳона нишон додан аз силоҳи оташфишон аз ҷониби мақомот безарар гардонида шуд."

Зиндони бе дарвоза?
Бояд гуфт, ки бузургтарин ва маъруфтарин ошӯб дар маҳбаси низомаш қатъии муассисаи ислоҳотии ЯС 3/19-и ш.Хуҷанд 14-16.04.1997 рух дода буд. Дар ҷараёни саркӯби ошӯб 24 маҳбус кушта ва 35 маҳбуси дигар маҷруҳ шуданд. Маҳбусон чанд талаб, аз ҷумла, озод намудани якчанд ҳамроҳонашонро ба миён гузоштанд. Онҳо мегуфтанд, ин нафарон бегуноҳ буда, саҳван ё бо айби бофта ба масъулият кашида шудаанд. Маъмурияти муассиса талаби эшонро иҷро карда натавонист, зеро аз маҳалли маҳрумӣ аз озодӣ ҷавоб додани маҳкумшуда ба доираи ваколати онҳо намедарояд. Саркарда ва роҳбарони ошӯб маҳкумшудагон Икром Ашӯров ва Ҷамшед Абдушукуров дар олами ҷиноят нуфуз доштанд ва дар шаҳр тарафдоронашон бисёр буд. Онҳо гумон мекарданд, ин кирдорашон аз тарафи ҷонибдорон дастгирӣ мешавад ва онҳо ба мақсад мерасанд. Ашӯровро барои давом додани муҳлати маҳрумӣ аз озодӣ 1.02.1997 аз маҳбаси тафтишотии ш.Хуҷанд оварда буданд ва то 16.04.1997 он ҷо буд.
14.04.1997 бегоҳӣ ҳарду дар маҷлисгоҳи тобистонаи зиндон тахмин 20-25 нафар ҳамфикронашонро ҷамъ карда, машварат оростанд. Дар атроф посбон гузоштанд, то ки каси бегона масъалаи муҳокимашавандаро фаҳмида, ба маъмурият хабар накашад. Ҷамъомадагон нақшаи ошӯбро кашиданд: сардорони дастаҳо вазифадор шуданд, ки фаъол шаванд ва аъзоро ба ҷасурию далерӣ даъват намоянд. Қисми оҷилии муассиса иттилоъ гирифт, ки Ашӯров ошӯб бардоштанист, бо ин мақсад ситод таъсис дод, аммо кормандони қисм чораи судбахш андешида натавониста, садди роҳи ошӯб нагаштанд. Ҳангоми хӯроки шом дар ошхона боз ҷамъомад оростанд. Баъди тановули хӯроки шом тарафдорони Ашӯров ба хобгоҳи №1 ҷамъ шуданд. Шумораи онҳо афзуд ва дар хобгоҳ нағунҷид. Издиҳом рӯи ҳавлӣ баромад ва он ҷо ӯ талаб намуд, ки пеш аз ҳама маҳбусони дар утоқҳои ҷаримавӣ ва хонаи карантин буда озод карда шаванд.
Хуллас, аз 1 тараф саркардагони ошӯб, аз ҷониби дигар намояндагони мақомоти қудратӣ сари «мизи музокирот» нишастанд. Намояндаҳои ҳукуматӣ-ҷонишини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия А.Ғозиев, сардори Раёсати муассисаҳои ислоҳотӣ-меҳнатии ВКД, полковники хизмати дохилӣ И.Шарифов, фармондеҳи қӯшунҳои дохилии ВКД, генерал-майор Ш.Саидамиров, сардори РКД-и вил.Суғд, полковники милитсия А.Ваҳҳобов, прокурори вилоят, мушовири давлатии адлияи дараҷаи сеюм Б.Бобохонов, прокурори ш.Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи якум А.Ӯрунов, сардори Раёсати амнияти миллии вилоят, полковник И.Полвонов буданд. Дар гуфтушуниди дигар муовини аввали раиси вилоят Оқил Оқилов, раиси ш.Хуҷанд Раҳмат Бобокалонов, котиби шуъбаи вилоятии ИНТ Атохон Сайфуллоев, раиси собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят Саид Қаюмов… иштирок ва ошӯбгаронро насиҳат карданд. Гуфтушунидҳо ягон натиҷа надод. Баъд ошӯбгарон назди дарвоза балони оксигендорро тарконда, ба боми биноҳо шишаҳои пур аз сӯзишвориро партофтанд. Дар натиҷа, бом оташ гирифт. Гуруҳи дигар мошини тамғаи «ВАЗ 21099»-ро оташ зад. Дастаҳои «спецназ»-и милитсия, РКД-и вилоят, қӯшунҳои дохилии ВКД ба ҳуҷуми мусаллаҳона омода шуданд.

Ликвидатсияи бандитҳо
24 маҳкумшуда, аз ҷумла, саркардагони ошӯб-Ашӯров (с.тав.1961, зодаи ш.Хуҷанд, маълумоташ синфи 8), Абдушукуров (с.тав.1978) , Зайниддин Маҳкамов, с.тав1971, сокини деҳаи Исфисори н.Б.Ғафуров, Бахтиёр Исроилов-с.тав.1966, Абдулвоҳид Орифов с.тав.1970, зода ва истиқоматкунандаи ш.Панҷакент, ҳамчунин Ғуломҷон Қодиров, Александр Самошенко, Абдурасул Қозиев, Носир Аҳмадҷонов, Шуҳрат Ҳалимов, Тоҳир Намозбеков, Сергей Бушумов, Бобо Урдибоев, Маҳкамҷон Юсуфов, Олимҷон Нуралиев, Игор Тимофеев, Маъруф Рустамов, Мирзо Абдуазизов, Ғуфрон Аҳмадбоев, Тоҳир Ҳамдамов, Анвар Абдуқодиров, Баҳрӣ Султонов, Абдушукур Акбаров дар ин ошӯб ҳалок гаштанд. 51 тан захмӣ ва аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ бошад 4 нафар ярадор шуд...

Хатми моҷаро
Бори дигар хотиррас мешавем, ки овозаву дарвоза атрофи ин ошӯб ва ин ҷинояткорон зиёд аст ва мақомот бояд аз рӯи «сирри кайҳо фошшуда» парда бардоранд. Аз сӯи дигар, бори дигар таъкид менамоем, ки фанатҳои ба ном Давлати исломӣ ҳич гоҳ ислоҳ намешаванд ва рӯзе не рӯзе зиёни худро ба ҷамъият мерасонанд. Зимнан кайҳо фурсате расидааст, ки мораторие аз ҳукми қатл бардошта шавад ва онҳоро ликвидатсия кунанд. Хас кам-ҷаҳон пок. Мо метавонем!

Шаҳрзоди Амин
СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter