ХАБАРИ ДОҒ

«Шеф»-и телефонбозори «Саховат» кист?

  • Чоршанбе, Дек 12 2018

 

Вақте духтарони ҷавон дар ин вақт аз гузаргоҳ мегузаранд, селаи сакалтуҳо ҳатман 3-4 нафар шуда, даст ба сумкаву киссаи духтаракони бечора зада, мӯи эшонро мекашанду садои ғиреви духтарон баланд мешавад…

Боби 1. Раҳимзода бо ман ба сайр мебарояд?
Соле қабл дар ҳамин шабу рӯз ман бо нашри 1 матлаб аз вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро хоҳиш намудам, ки рӯзе бо табдили сарулибос, ҳамчун 1 шахси оддӣ шомгоҳе бо ман ба сайри атрофи бозори «Саховат» барояд. Мехостам, вазир бо ман сайругашт намуда, бо проблемаҳое, ки сокинони биноҳои истиқоматии маҳаллаҳои 61, 62, 63 ва 64-ҳамсояҳои ин бозор ҳамарӯза дар ин макон рӯбарӯ мешаванд, шахсан ошно шуда, бубинад, ки чӣ ҳолу аҳвол доранд?! Дар баробари тамбашавии нақлиёт, табдил ёфтани гирди истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ ба нуқтаи ҷамъшавии танфурӯшон ва майзадаҳо-мағозаи фурӯши машрубот 24 соат фаъол аст. Ман бештар аз ҳама мехостам, ки вазир ба 2 проблема-телефонбозори ғайриқонунӣ ва ҷамъшавии танфурӯшону майзадаҳо дар ин маҳал таваҷҷӯҳ намояд.
Бо гузашти чанд рӯз тамоми камбудиҳо бартараф карда шуданду бо дастури он замон сардори ШВКД дар н.Фирдавсӣ-1 Абдураҳмон Тавурзода тамоми дӯконҳои дар гузаргоҳи мазкур фаъолият мекарда, аз соати 19:00 баста. Танфурӯшону майзадаҳои истгоҳ ҳам якбора гум шуданд. Дар маҳал каме ҳам бошад тартиб ҷорӣ шуд. Вале шодии мо дер напоид-бо иваз шудани сардори ШВКД дар ноҳия атрофи «Саховат», хосса, самти маҳаллаи 61 ва 63-и он боз ба ҳолати қаблӣ баргашту имрӯз низ мо субҳу шом дар вақти ба кор рафтану омадан боз бо тӯдаи танфурӯшону майзадаҳои дар кӯча хобида ва телефонбозори ғайриқонунӣ рубарӯ мешавем.

Боби 2. Зӯри милиса намерасад?
Телефонбозори ғайриқонунии назди гузаргоҳи «Саховат» ҳар бегоҳ ба таври стихиявӣ пайдо шуда, шумораи ҷавонон, ки аксарият дар ин вақти рӯз бекоранд, то 150-200 тан афзуда, дар баробари фурӯши ғайриқонунии телефонҳои бидуни сифату тамғаи фурӯшу андоз, боз бо хулқу атвори бад, дағалӣ, дашном нисбат ба ҳамдигар ва роҳгузарон, хосса, занону духтарон ғаши раҳгузаронро меоранд. Ҳар шом ман ҳини гузаштан аз «подземка» бо ин ҳолат дучор шуда, бо сахтӣ аз байни тӯдаи ҷавонон мегузарам ва саъй мекунам даҳони сумкаамро сахт бипӯшам, зеро борҳо шудааст, ки нафаре аз ин тӯда даст ба сумка ва…танам низ кардаанд.
Маро хонандагон маъзур доранд, вале ин сакалтуҳои беодобу бетамиз, ки эҳтиром ба зан-модарро фаромӯш кардаанд, натарсида даст ба миёну синаву пову пасам низ мезананд.
Ҳоло ку ман занам, вале вой бар ҳоли духтарони ҷавон, ки дар ин вақт мегузаранд-селаи сакалтуҳо ҳатман 3-4 нафар, даст ба сумкаву киссаи духтаракони бечора зада, мӯи эшонро мекашанду садои ғиреви духтарон баланд мешавад. Ҷавонон аз ин рафтори «муаддаби хеш» кайф карда, механданду боз даст ба ҳақорат мезананд: Чунин аст ҳоли гузаргоҳ ва шафати он ҳар бегоҳ! Вале ба кӣ мегӯӣ? Ку милисае, ки барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар тарафи чапи ин гузаргоҳ масъул аст!? Ман, ки аз пайи ифои вазифа бархе аз милисаҳои ин маҳалро мешиносам, метавонам дар чунин ҳолатҳо зуд ба онҳо занг занам, аммо то кай бояд ба милисаҳои ошно-Олиму Дилшод занг занам, то омада, дар ин гузаргоҳ тартиб ҷорӣ кунанд? Ку, нозирони масъули самти чапи гузаргоҳ? Онҳоро боре надидаам!

Боби 3. Раис газетфурӯшонро ронду тилфонфурӯшонро монд!
Ҳар ҳафта рӯзи якшанбе дар наздикии чорраҳаи Маркази автомобилӣ-Автосентр 1 бозори алоҳидаи телефонфурӯшӣ ва велосипедфурӯшӣ кор мекунад. Даромадан ба ин бозор пулакист ва хуб мешуд агар ин бозор тамоми рӯзҳои ҳафта кор карда, ҷавонони телефонфурӯш, ки ҳар шом дар шафати яке аз кӯчаҳои асосии пойтахт ҷамъ меоянд, ба он бозор раванду рӯзи дароз савдо кунанд. Баъдан, чаро тамоми дӯконҳои дар гузаргоҳи зеризаминӣ кушодашуда бо фурӯши телефон машғуланд? Оё ин дӯконҳо дар оғоз барои фурӯши гулу гиёҳ, китобу ашёи мактабӣ, рӯзномаву маҷалла ва расму наққошиҳо пешниҳод нашуда буданд? Чаро ин дӯконҳо ва савдогарони он, ки оддитарин талаботи санитарии барои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ дар ш.Душанбе тавсияшударо риоя намекунанд, бояд то поси шаб боз шуда, нуқтаи ҷамъшавии чунин ҷавонон, яъне «шпана» бошанд? Ва аҷиб аст, ки ҷои бастани ин телефонбозори ғайрирасмии моломол аз ҷавонони беодоб ва шпана, раиси тозатаъини н. Фирдавсӣ корро аз бастани дуконҳои сарироҳии газетафурӯшӣ-ягона нуқтаи сивилизатсия ва маданият шуруъ кард…

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter