ХАБАРИ ДОҒ

Редаксия супориш дод: Ярмарка рав!

  • Чоршанбе, Дек 26 2018

Қарор аст аз 21 то 31 декабри соли ҷорӣ дар ҳудуди 4 ноҳияи пойтахт, аниқтараш дар бозорҳои хурду калони коммуналии ш.Душанбе, бо дастури шаҳрдорӣ ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия баргузор гардад. Ин ярмаркаҳо дар асоси қарори раиси ш.Душанбе Рустами Эмомалӣ ташкил карда шуда, мақсад аз он ин ғанӣ гардонидани дастархони идонаи сокинони пойтахт дар арафаи соли нави мелодии 2019 аст. Мо тасмим гирифтем пешопеши оғози фаъолияти ин ярмаркаҳо боздиди худро нахуст аз 3 бозори асосии коммуналӣ сар карда, дар бораи маҳсулоте, ки дар ин гӯшаҳо ба фурӯш гузошта мешавад, нарху наво ва сифати онҳо, имтиёзҳо ба фурӯшандаҳо ба хонандагони газета бигӯем. Хуб, рафтем!


 «Деҳқон»-маҳсулоти кишоварзӣ аз Ӯзбекистон
15.12.2018. Соат бо вақти Душанбе 9:00 дақиқа. Вориди бозори «Деҳқон» шуда, нахуст ба идораи маъмурият равон мешавам. Ин бозор, ки бо яклухтфурӯшӣ низ машҳур аст, дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт қарор дорад ва ба таври шабонарӯзӣ агар гӯем, ки фаъол аст, хато намекунем. Бо Суннатулло Назаров, директори КВД «Бозори «Деҳқон» растаҳои бозор ва гӯшаҳои барои ярмаркаи идона пешбинишударо давр мезанем. Ба иттилои эшон, барои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия ба мардум аз ҷониби маъмурияти бозор бо 32 адад хоҷагиҳои деҳқонию фермерии вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва ҳатто хоҷагиҳои деҳқонии Ҷумҳурии Ӯзбекистон шартномаҳои тарафайн ба имзо расонида, тибқи он ҳам барои ярмарка ва ҳам захираи зимистона аллакай 655 тонна маҳсулоти кишоварзиро ба бозор ворид кардаанд.
-Мо айни замон фурӯши маҳсулоти тезвайроншаванда, амсоли шир, гӯшт, маҳсулоти ширӣ ва хӯришҳоро бе истифодаи яхдонҳои махсус дар бозор манъ кардаем. Барои ярмаркаи идона бошад ҷои нисбатан калонтарро дар даромадгоҳи бозор интихоб намудем, то харидор дар сурати лозима ба ин ё он гӯшаи бозор нарафта, аз ярмарка харид карда баромада равад, - гуфт С.Назаров.
Бино ба маълумоти эшон барои ярмаркаи идона аллакай теъдоди зиёди маҳсулоти кишоварзӣ-картошка, пиёз, сабзӣ, карам, помидор, бодирингу қаламфури булғорӣ, гӯшту равған, орду шакар, тухм ва себу ангур захира карда шудааст. Нархи 1 кг картошка дар бозори «Деҳқон» 1,80 сомонӣ, пиёз-1 сомонӣ, сабзӣ-1 сомонӣ, карам-2 сомонӣ, помидор-5 сомонӣ, гӯшти гов-32-38 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд-36 сомонӣ, биринҷ-5-10 сомонӣ, равғани пахта-9,50-10 сомонӣ, 1 кг орди навъи 1-ум-3 сомонӣ, 10 дона тухм-7-8 сомонӣ, 1 кг шакар-6 сомонист. Маъмурияти бозор мегӯяд, нархи ин маҳсулот дар ярмаркаи идона шояд аз ин ҳам арзонтар шавад, зеро деҳқонони алоҳида низ пешопеши ид маҳсулоти захиракардаи хешро ба бозор мебароранд.

 «Саховат»-сифати маҳсулот якест!


Соат бо вақти Душанбе 11:00 дақиқа. Бо директори КВД «Бозори «Саховат» Саидвалӣ Сабзаев низ аввал бозорро пурра чарх мезанем. Тағйирот дар ин бозор дар 1 соли охир хеле зиёд ба амал омадааст-муҳимтар он аст, ки ахир таваққуфгоҳи шафати бозор аз даҳҳо «паразит»-фурӯшанда-миёнаравҳо, ки рӯзи дароз нишаста, маҳсулоти кишоварзии қиматро савдо мекарданд, тоза шуда, ин макон ба маънои аслиаш, яъне таваққуфгоҳ баргаштааст. Даруни бозор низ билкулл иваз шуда, ҳар 1 намуди маҳсулот дар ҷои худ ба савдо гузошта шуда, барои маҳсулоти шириву хуришҳо бошад яхдонҳои хос ҷудо карда шудаанд. Бозор тоза ва ботартиб аст. О, мешудааст, ку!
-Дар ҳудуди бозори мо ярмаркаи ҳамешагӣ фаол аст, вале пешопеши фарорасии соли нави мелодӣ ва оғози ярмаркаи идона мо макони фаъолияти онро фарохтар кардем. Бо хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вил.Хатлон шартномаи тарафайн ба имзо расонидаем ва шабонарӯзӣ бо маҳсулоти тару тоза таъмин мекунанд. Ҳар ҳафта ба бозор 30 тонна пиёз, 18 тонна картошка, 8 тонна сабзӣ, беш аз 2 тонна гӯшти гов ворид мекунем. Ин маҳсулот дар ярмаркаи ҳамешагии мо фурӯхта мешавад, ки нархаш назар ба маҳсулоти дохили бозор ба маротиб арзонтар аст. Сифати маҳсулоти дар ярмарка пешниҳод шуда аз сифати маҳсулоти тоҷирони алоҳидаи бозор ҳеҷ фарқе надорад ва шояд беҳтар ҳам бошад, -таъкид медорад С.Сабзаев.
Нархи 1 кг гӯшти гов дар ярмаркаи «Саховат» 36 сомонӣ, 1 кг картошка 2 сомонӣ, 1 кг пиёз-1,20 сомонӣ, 1 кг сабзӣ-1,50 сомонист. Дар ин ҷо низ мегӯянд, нархи маҳсулот дар ярмаркаҳои идона ҳатман боз ҳам арзонтар хоҳад шуд, зеро ғайр аз деҳқонон тоҷирони алоҳида ва ширкатҳои ватанӣ низ растаҳои худро боз карда, маҳсулоти хешро ба бозор мебароранд. Бояд гуфт, ки аз ҷониби маъмурияти ҳар 2 бозор тамоми тоҷирон ва соҳибкорону деҳқононе, ки маҳсулоти хешро ба ярмарка мебароранд, дар муддати 10 рӯз, яъне аз 21 то 31 декабр аз тамоми пардохтҳои бозор озод мешаванд.


 

«Меҳргон»-бозори элитаи Тоҷик!
Соат бо вақти Душанбе 14:00 дақиқа. Ман шояд 1 соли охир ба ин бозор, ки қаблан номи «Пойтахт-90»-ро дошт, нарафта будам ва бо даромадан замон ба ин бозор ҳуш аз сарам парид-себу ноку анору афлесун, помидору бодиринг, кӯҳи мағзу мавизу бодом, хулоса беҳтарин ва зеботарин маҳсулоти дунёро дар инҷо оро дода, ба фурӯш гузоштаанд! Ин бозор ба ҳамон растаи 1-уми бозори «Шоҳмансур», ки растаи элитаи Тоҷик ба ҳисоб мерафт, монанд буд, монанд ҳам гап, ки даҳҳо бор беҳтару болотар! Ҳама чӣ бо сифати аъло ва зебову мафтункунанда… нархаш низ! Агар дар бозорҳои дигар нархи 1 кг гӯшти гов 32-36 сомонӣ бошад, дар «Меҳргон» дар тамоми дӯконҳо нархи 1 кг гӯшти гов расо 40 сомонист, нархи 1 кг гӯшти буз низ 40 сомонӣ буда, гӯшти гӯсфанд 42-45 сомонӣ нарх дорад! Нархи 1 кг картошка 2,50 сомонӣ, пиёз 1,50-1,80 сомонӣ, сабзӣ 2 сомонӣ-фарқият аз дигар бозорҳо барало маълум аст. Нархи себу анору ангур низ аз 10 сомонӣ болову маҳсулоти шириву гӯштӣ низ назар ба мағозаҳои фирмавии назди Маркази савдои «Садбарг» 2 маротиба гаронтар. Харидорони ин бозор низ асосан вазирону раисону сафирону тоҷиронанд.
Хайрият, дар шафати ин бозор 1 растаи дигар будааст, ки нархи маҳсулоти кишоварзӣ назар ба дохили бозор арзонтар! Харидорони ин раста маъмулан мардуме ҳастанд, ки дар маҳаллаҳои атрофи бозор зиста, зӯри кисаашон ба дохили бозор намерасад. Дар бозорчаи берунаи «Меҳргон» нархи 1 кг картошка 2 сомонӣ, пиёз 1,50 сомонӣ, сабзӣ 2 сомонӣ, 1 кг гӯшт 38 сомонӣ, себу ангуру анор 5-10 сомонӣ барои ҳар 1 кг аст. Боз ҳам гаронтар аз дилхоҳ бозори пойтахт! Маъмурияти бозорро ман натавонистам пайдо кунам ва ба суолҳои худ посух ҷӯям. Маҳсулоти Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати ҶТ бо орду равғану шакар, ки дар саҳни бозор истодаанд, қариб ки харидор надоштанд…
Ба бозори марказӣ ниёз дорем!
Корафтодагону ҳолдонҳо мегӯянд, имрӯз дар Душанбе ба 1 бозори марказии муосир ниёз пайдо шудааст. Бозорҳои «Деҳқон»-у «Саховат» ба ҳам наздиканд, вале бозори «Меҳргон» аз марказ хеле дуру бо чунин нарху наво на ҳама имкони рафта аз он ҷо хариданро доранд. Барои мардуми маҳаллаҳои н.И.Сомонии пойтахт ҳатман 1 бозори кишоварзии коммуналиро бояд бунёд кард, ки мисли бозори «Деҳқон» ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда, таваҷҷӯҳи хосса ба фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум дода шавад.

Аз камбудиҳо ҳам хоҳем гуфт!
Ин дафъа мо бештар ба маҳсулоти барои ярмаркаҳои идона ва барои фасли зимистон захира кардаи бозорҳои коммуналии пойтахт таваҷҷӯҳ намудем. Пас аз шурӯи ярмаркаҳои идона мухбирони газетаи мардумии СССР боз ба бозорҳо баромада, ҳатман дар мавриди дар ин ярмаркаҳо чӣ меоранду чӣ мефурӯшанду нарх чӣ гуна аст, гузоришҳо омода хоҳанд кард. Дар баробари беҳтар шудани ҳолати бозорҳо ва пешбурди фаъолияти онҳо, боз ҳам камбудӣ дар бозорҳои коммуналии пойтахт зиёд аст. Мо ҳатман дар шумораҳои баъдӣ дар бораи ин камбудиҳо хоҳем гуфт. Мо метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter