ХАБАРИ ДОҒ

Ба Душанбе хуш омадӣ, соли нав!

  • Чоршанбе, Янв 02 2019


То фаро расидани соли нави мелодии 2019 рӯзҳои башумор мондааст. Имрӯз дар тамоми гӯшаву канори мамлакат омодагӣ аз пешвози ин ҷашн идома дошта, на танҳо Душанбе, балки дурдасттарин манотиқи кишвар низ ба худ қабои идона пӯшидааст. Дар арафаи соли нави мелодӣ ман тасмим гирифтам ба тамошои шаҳр бароям ва ба ҳаёҳӯи идонаи мардум ҳамроҳ шавам. Хуб, рафтем!

Арчаи Душанбе-зеботарин дар Осиёи Марказӣ
22.12.2018. Соат бо вақти Душанбе 16:00 дақиқа. Арчаи имсолаи пойтахти азизамон-Душанбе назар ба солҳои гузашта баландтар буда, он 28 метр қад ва 13 метр паҳноӣ дорад. Гузоштани арчаи асосии мамлакат аз охирҳои моҳи ноябр сар шуда, он пурра рӯзи 10.12.2018 дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳр қомат афрохт. Солҳои гузашта арчаи пойтахтро одатан пас аз 25 декабр гузошта рӯзҳои аввали январ бармечиданд, вале хушбахтона фазои идонаи солинавӣ 2 сол боз бо барвақт гузоштани арча ба Тоҷикистон баргашт. Маҳз арчаи Душанбе намуна шуду пас аз он дарҳол дар шаҳрҳои Хуҷанду Бохтару Ҳисору Турсунзода ва ҳатто Фархору Ховалинг ва Хоруғ ҳам арча гузошта шуду шукуҳу шаҳомати солинавӣ ҳукмфармо! Арчаи Душанбе ҳамзамон бо чанд ранг нурпошӣ карда, коршиносон онро аллакай яке аз беҳтарин арчаҳо дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ном бурдаанд. Дар баробари арча тамоми гулгашту боғҳо, кӯчаву хиёбонҳо, назди бинову идораҳои давлатӣ ба таври идона оро дода шуда, шомгоҳон Душанбе шаҳри пур аз нурро мемонад.



Ярмаркаи солинавӣ
Нахустин бор дар таърихи пойтахт дар шафати Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи устод А.Рӯдакӣ ярмарка-бозори солинавӣ ифтитоҳ шуд. Ярмарка аз 12 дӯкон иборат буда, қарор аст то нимаҳои моҳи январ идома ёбад. Он бо ташаббуси шаҳрдорӣ ташкил карда шуда, дар аксари онҳо хӯрокҳо ва нӯшокиҳои сабук, аз қабили хот-догу гамбургер ба фурӯш гузошта шудааст. Дар бархе аз дӯконҳои ин ярмарка-бозор тӯҳфаҳои солинавӣ, ширинӣ, ҳар гуна ниқобу лавозимоти идона барои кӯдакон фурӯхта шуда, барои мардуме, ки аз дигар минтақаҳои мамлакат барои тамошо ба пойтахт меоянд, беҳтарин макон аст. Фазо дар ин ҷо идона буда, мардум аз ин навгонӣ хеле шоданд.

Бобоҳои Барфӣ ба кӯчаҳо баромаданд!
Боз 1 навоварии дигар на танҳо дар пойтахт, балки дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар он аст, ки имсол дар арафаи соли нави мелодӣ шумораи зиёди бобоҳои Барфӣ ба кӯчаҳо баромада, мардумро табрик менамоянд. Дар баробари ин аксари ронандаи таксиҳо низ ба тан либоси бобои Барфиро намуда, ба мардум хизмат мерасонанду дар тамоми марказҳои савдо ва мағозаҳо бобоҳои Барфӣ рости дар истода, ба кӯдакон тӯҳфа тақсим мекунанд. Ин хеле хуб аст!

Дар тарабхонаҳо ҷой нест!
Назар ба солҳои гузашта ҳанӯз аз 15 декабр ин сӯ мардум барои гузаронидани нишаст ё шабнишинии идонаи солинавӣ мизҳоро дар тарабхонаҳо банд кардаанду аллакай 10 рӯз пеш аз фарорасии он дар тарабхонаҳои пойтахт ҷой нест! Ин албатта хуб аст, зеро мардум маъракаҳои бо дӯстону ҳамкорон гирди ҳам нишастанро дубора эҳё карда истодаанд. Чаро не? Лоақал соле 1 бор ҳатман бояд нишаст, хосса, ба хотири пешвози соли нави мелодии 2019! Мо метавонем!

Соли наватон муборак!


Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter