ХАБАРИ ДОҒ

Газетаи мардумии СССР намакпосдор аст. Ҳар нафаре, ки бо мо ҳамкор буд, менавишт, фаолият нишон медод, ҳаргиз аз сафҳаҳои мо дур намемонад. Фотошопи имрӯза далели ин гуфтаҳост. Дар ин «Винеткаи СССР» ҳатто нафароне ҳастанд ва худ фаромӯш кардаанд, ки кай бо СССР ҳамкорӣ доштанд. Бигзор онҳо фаромӯш кунанд. За то, мо намекунем, фаромӯш! Зеро Мо Метавонем!
Дар миёни ин аксҳо сурати зебои хонандагоне низ ҳаст, ки бархеро шояд рӯзу соати маргашонро ҳатто зану фарзандон фаромӯш кардаанд. Вале мо фаромӯш намекунем!
Зеро онҳо замоне гули сари сабади маҳофили Ихвон ал СССР буданд ва шамъи хотираашон ҳамеша дар қалби газетаи мардумӣ фурӯзон аст. Мо Метавонем!
Бо ҳамаи дигар аъзои Ихвон ал СССР бошад, мо дар ҳамкории судманд ин сол низ қарор хоҳем дошт ва ҳар панду андарз пешниҳоду проект, шикваву арзи шумо рӯи чашми мост. Зеро мо худ мардумием ва аз мардумем ва Ман, Ту, Вай, яъне Мо Метавонем! Шиори дигари мо «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз...» низ абадан ҳалқа бар гӯши мост. Бо мо бошед, то фаромӯш нашавед!!! Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter