ХАБАРИ ДОҒ

№1. Чархаи сол
16.11.2018 бо иштироки бевоситаи президенти кишвар, Асосгузори Сулҳу Ваҳдат, Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин агрегат-чархаи Нерӯгоҳи Барқи Обии Роғун ба кор даромад. Ба кор даровардани агрегати якуми ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ дар сархати ахбори ВАОи байналмилалӣ қарор гирифт...

№2. Плагиати сол
Аз аввали соли 2018 то имрӯз "Диссернет” (пойгоҳи интернетии зидди тақаллубкорӣ ва плагиат дар Кремл) дастикам 39 нафар олим аз Тоҷикистонро ба асардуздӣ айбдор ва фош кард. Дар вокуниш, мақомоти Тоҷикистон сомонаи русии "Диссернет"-ро дурӯғгӯ ва амали онро пур аз ғараз номида, факту далеле пешкаш накарда, бо методи а ля БекЗуҳурӣ онро бастанд...

№3. Сафири сол
Ҷамолиддин Убайдуллоев-писари калонии Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ ва шаҳрдори собиқи Душанбе, сафири нави Тоҷикистон дар Фаронса таъйин шуд. Ӯ то ин вақт ба ҳайси сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Амрикои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кор мекард.

№4. Манъи сол
Чанд вазорату идораҳои давлатӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки воридоти мошинҳои истеҳсоли то соли 2005 ба кишвар манъ карда шавад. Ҳукумати Тоҷикистон низ с.2017 барои ҳавасманд кардани сокинон барои харидани мошинҳои нав боҷи гумрукии ин гуна мошинҳоро 50 дарсад кам карда буд...

№5. Номаи сол
Гурӯҳе аз сокинони ВМКБ дар номае аз ҳукумат хостаанд, ки интиқол ва фурӯши нӯшокиҳои спиртӣ ё алкоголӣ ба ин вилоятро ҷиддӣ назорат кунанд. Дар ин нома хоста шуд, ки сарзамини Кӯҳистони Бадахшон минтақаи озод аз машруботи алкоголӣ эълон шавад.

№6. Гурӯҳи сол
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе барои тарғиби одоби шаҳрнишинӣ ва мубориза бо ифротгароиву фарҳанги бегона 1 гуруҳ таъсис дода, дар қарори худ гуфт, ки ин гурӯҳ дар сӯҳбат бо сокинони пойтахт қонуни масъулияти волидон ва танзимро шарҳ дода, барои ҷилавгирӣ аз бегонапарастӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва терроризму ифротгароӣ талош хоҳад кард.

№7. 100-солаҳои сол
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар кишвар 78 нафари аз 100-сола болоро сабт кардаанд. Гулнора Ҳасанзода-раиси Оҷонси омори Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, аз ин теъдод афроди дарозумр 50 нафарро занон ташкил дода, боқимонда мард ҳастанд.

№8. Фатвои сол
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон фатво дод, ки сокинон ба ҷои оши худоӣ ба хонандагони камбизоат дафтару қалам бихаранд. Ин шӯро гуфт, садақа ва оши худоӣ сирф аз таом додан иборат нест. Шӯро таъкид кард, ки чунин тасмим ба рукнҳои шариат ягон мухолифат надорад.

№9. Пайванди сол
Пас аз 7 соли баста будан, роҳи оҳани "Амузанг-Хатлон", ки ҷануби Тоҷикистонро бо Узбекистон мепайвандад, боз шуд. Нахустин қатор аз ин роҳ рӯзи 7-уми март гузашт. Истгоҳи Хушодӣ, яке аз истгоҳҳои роҳи оҳани “Амузанг-Хатлон” аст, ки аз шоҳрагҳои транзитӣ барои ҷануби Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

№10. Исқоти сол
Додситони минтақаи Кӯлоб алайҳи Муҳаммадалӣ Маниёзов-мудири таваллудхонаи н.Ҳамадонӣ бо 2 моддаи кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз кард. Ӯ дар амалиёти исқоти ҳамли духтари 16-солае айбдор мешуд, ки дар пай сохтакории ҳуҷҷатҳоро низ доштааст.

№11. “Авбошӣ”-и сол
Раёсати умури дохилии ш.Душанбе рӯзи 13 март дар 1  иттилоияи расмӣ Диловар Гулов ва 12 нафари дигар, аз ҷумла Дилшод Нуруллозодаро ба майдаавбошӣ айбдор кард. Мақомот гуфтанд, онҳоро субҳи барвақти 10 март барои нақзи тартибот ва итоат накардан ба маъмурони милиса дар тарабхонаи "Галакси"-и ш.Душанбе боздошт ва ҳабс карданд. Аммо Гул Шералӣ гуфт, писару домодашро беасос ба ҳабс гирифтанд.

№12. Ҷомаи сол
Дар машҳуртарин хонаи музоядаҳои дунё-Sotheby’s (Сотбис) дар Англия 1 ҷомаи қадимии суғдӣ ба маблағи 1 миллиону 118.000 доллар фурӯхта шуд. Сотбис исми харидорро фош накард. Ташхиси коршиносон нишон додааст, ки ин ҷома дар асрҳои 9 ва 10 дар Осиёи Миёна бофта шудааст.

№13. Суманаки сол
Рустамбек Қодирови 4-сола, ки рӯзи 21-уми март дар ш.Истаравшан ба даруни деги суманак афтода буд, дар бемористон ҷон дод. Ба гуфтаи сокинон, Рустамбекро шаби 21 ба 22 март падару модараш ба ҳавлии яке аз пайвандони хонавода ба маъракаи суманакпазӣ бурдаанд. Он ҷо ӯ ба назди падараш, ки дар тарафи деги суманак будааст, давида, ба деги сӯзон афтодааст.

№14. Селфии сол
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки ҷасади 2 ҷавондухтари яке 19 ва дигаре 15-соларо аз дарёи Сурхоб ёфт шуд. Ин 2 духтари ҷавон пас аз он ба дарё афтиданд, ки яке аз онҳо мехостааст дар пасманзари дарёи Сурхоб “селфи” гирад. Ин ҳодиса шоми 28 апрел рух дод. Ба қавли манбаъ, ҷавондухтари 19-сола сокини ш.Душанбе буда, барои дидорбинӣ ба назди пайвандонаш ба н.Рашт рафта буд.

№15. Пешхизмати сол
Нахустин роботи пешхидмат бо номи “Кикигул” дар маҷмааи “Кохи Наврӯз”-и ш.Душанбе ба кор пардохт. Ӯ ба суоли муштариҳо дар бораи хадамоти маҷмааи “Кохи Наврӯз” бо забони тоҷикӣ ва русӣ маълумот медиҳад. “Кикигул” дар захираи луғавиаш бо мардоне, ки бо ӯ рафтори берун аз доираи кориаш анҷом медиҳанд, посухи тайёр дорад.

№16. Истеъфои сол
Рӯзи 22 май Муҳсин Муҳаммадиев-сармураббии тими футболи "Истиқлол"-и Душанбе истеъфо дод. Муҳсин аз охири с.2016 дар вазифаи сармураббии тими "Истиқлол" буд. Таҳти сарварии ӯ тими «Истиқлол»-и Душанбе, Ҷоми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон, Суперҷоми ҷумҳурӣ ва 2 дафъа Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст оварда, ба финали Ҷоми «АФК-2017» роҳ ёфт.

№18. Визаи сол
9-10 март Шавкат Мирзиёев-президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сафари нахустини давлатӣ вориди ш.Душанбе шуд. Дар баробари садҳо журналистони Тоҷику ӯзбек хабарнигори газетаи СССР низ барои инъикоси ин сафари деринтизор даъват шуда буд ва тӯли 2 рӯз тавонист ҳар 1 қадами Мирзиёевро пайгирӣ намояд. Сарони Тоҷикистону Ӯзбекистон-Э.Раҳмон ва Ш.Мирзиёев зимни нишасти матбуотӣ эълон намуданд, ки виза байни Тоҷикистону Ӯзбекистон лағв шуда, минбаъд сокинони 2 ҷумҳурӣ метавонанд бе раводид то 30 рӯз дар қаламрави якдигар меҳмон бошанд.

№19. Талафоти сол

А. Соҷида Ғуломова
Соҷида Ғуломова-коргардони маъруфи тоҷик дар 81-солагӣ дар ш.Душанбе даргузашт. Ӯ муаллифи намоишномаҳои пурбинандае чун «Зани оҳанин” ва “Армони модар” буд.

Б. Бозор Собир
Шоири маъруфи Тоҷик Бозор Собир баъди бемории тӯлонӣ рӯзи 1 май-Якдилии меҳнаткашон, дар 79-солагӣ, дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэттли Амрико даргузашт. Маросими дафни шоири шинохтаи тоҷик дар оромгоҳи Лучоб сурат гирифт.

 В. Муъмин Қаноат
Шоири халқии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳо, барандаи ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ (с.1977) ва ҷоизаи ба номи А.Рӯдакӣ (с.1980) Мӯъмин Қаноат 18 май дар манзилаш дар маҳаллаи Ҳаёти нави ш.Душанбе даргузашт. Ҷанозаи устод 19 май баргузор ва дар оромгоҳи Лучоб, дар паҳлӯи қабри Бозор Собир, ба хок рафт…

 Г. Марат Орифов
Кинорежиссёри советии тоҷик, Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон, Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон, Марат Орифов 29.10.2018 дар синни 83-солагӣ, дар ш.Душанбе аз олам даргузашт. Ҷасади ӯро аз манзили зисташ ба масҷиди марказии ш.Душанбе оварда, пас аз адои ҷаноза дар оромгоҳи «Лучоб» ба хок доданд...

 Д. «Сталин» ва «булбул»-и Тоҷик!
Дар 1 ҳафтаи моҳи декабр 2 нафар шахсияти фарҳангии Тоҷикистон-ҳунарпешаи шинохта Исо Абдурашидов-собиқ мудири Театри давлатии ба номи А.Лоҳутӣ ва Барно Аҳмадоваи 95-сола Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон фавтиданд.

Е. Гулбек Саодатов
Гулбек Саодатов-оҳангсози маъруфи тоҷик 28 март дар 80-солагӣ даргузашт ва дар оромгоҳи Сариосиёи пойтахт дафн карда шуд.

Ё. Модари Ҳоҷӣ Мирзо
Модари рӯҳонии шинохтаи тоҷик Мирзо Ибронов, маъруф ба Ҳоҷӣ Мирзо, дар 82-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз дунё даргузашт. Ҳоҷӣ Мирзо дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки модараш аз дарди қалб ранҷ мебурд ва чанд муддат дар бемористон бистарӣ буд.

Ж. Галим Фасҳутдинов
Галим Фасҳутдинови 45-сола, мухбири бахши русии радиои “Мавҷи Олмон”, дар пайи 1 садамаи нақлиётӣ дар Душанбе сахт маҷруҳ шуд ва дар бемористон ба ҳуш наомада, аз дунё даргузашт.

№20. Сели сол
Боронҳои шадиди рӯзҳои 16-18-уми майи с.2018 сабабгори омадани сел дар 2 ноҳияи вилояти Хатлон-Панҷу Фархор шуданд. Дар н.Панҷ деҳаҳои Коммунизм, Пешқадами ҷамоати Намуна, деҳаи Селгаи ҷамоати Кабуд Сайфуддинов ва деҳаи Отчопари ҷамоати Озодагон, дар н.Фархор бошад, деҳаҳои Сурхоб ва Нурмат Сафарови ҷамоати Ғалаба зери об монданд.

№21. Террори сол
29.07.2018, соати тахминан 15:30 ҳамлагарон бо 1 мошини рангаш сиёҳи "Дэу Леганзе” дар роҳи Кӯлоб-Душанбе дар рӯбарӯи деҳаи Сафобахш (собиқ Ёхсу)-и н.Данғара гуруҳи сайёҳони велосипедсаворро, ки ба самти Душанбе ҳаракат доштанд, пахш карданд. Сипас ҳамлагарон аз мошин фаромада, бо корд ба сайёҳон ҳамла карданд. Дар натиҷаи ҳамла 4 сайёҳ-шаҳрвандони Амрико Ҷей Остин ва Лорен Гиогиген, шаҳрванди Ҳолланд Воке Рен Виллем ва Маркус Ҳамел аз Швейтсария кушта шуда, 2 тани дигар-Ким Айрис шаҳрванди Голландия ва Дименд Мари Клер-шаҳрванди Швейтсария захмӣ шуданд...

№22. Қатли сол
Ҳувайдо Тиллозодаи 5-сола 22 июл дар яке аз маҳаллаҳои канори шаҳри Маскав аз ҷониби Александр Сёмин-ҷавони 27-солаи рус таҷовуз ва сипас кушта шуд.

№23. Сӯхтори сол
Дар сӯхтори шаби 14 ба 15 август дар бозори марказии Кӯлоб, Баҳодур Раҳимов, яке аз соҳибмулкони анбори яклухтфурӯшии ҳамин бозор, муттаҳам дониста шуд. Ба гуфтаи мақомот, ин сокини Кӯлоб барои "наҷот" ёфтан аз қарзҳояш, даст ба чунин амал задааст. Сӯхтор дар 1 бахши анбори яклухтфурӯшии маводи ғизоии бозор рух дод.

№24. Эстакадаи сол
5.09.2018 ифтитоҳи аввалин эстакада дар Тоҷикистон: Эстакадаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони И.Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе” бунёд шуд. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи сеқабата бо нишонаҳои роҳ ва хатандозиҳо танзим мегардад. Баробари анҷоми дигар корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи эстакада ҳамчунин такядеворҳои рӯизаминӣ бо дарозии 568 метр ва зеризаминӣ бо дарозии 480 метр бунёд шудааст...

№25. Тартиботи сол
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи 15.09.2018 дар мулоқот бо фаъолони ВМКБ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, дастгир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимотҳои ҷангии ғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддира.. супоришҳои қатъӣ дод. Президент барои барқарор кардани тартибот ба роҳбарони вилоят ва вазирони қудратӣ 1 моҳ вақт дода гуфт, "агар 3-4 ҷинояткорро саришта карда натавонед, курсиҳоро холӣ кунед.”

№25. Ошӯби сол
Шаби 7 ноябр маҳбусони зиндони №3-и ш.Хуҷанд ошӯб бардошта, 2 корманди зиндонро кушта, 6 тани дигарро захмӣ карданд. Нирӯҳои вижа бо силоҳу сагҳо вориди маҳбас шуда, ошӯбро саркӯб карданд. Дар ҷараёни саркӯби ошӯб 21 маҳбус, ки 12 нафараш ҷангиёни собиқи созмони террористии ДОИШ будаанд, кушта шуданд. Манобеи дигар шумори кушташудаҳоро зери 50 ва шумори захмиёнро беш аз 100 нафар мегӯянд. Дар робита ба ошӯб 8 корманди собиқи маҳбас, аз ҷумла, сардораш Файзуллоҷон Сафарзода ва муовини ӯ Диловар Хушматов ба ҳабс гирифта шуданд. Дар пайи ин ҳодиса Иззатулло Шарифзода-сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ аз вазифа барканор шуд.

№26.Дастаи сол
Дастаи наврасони зери 16 соли Тоҷикистон, ки имрӯз дар Қораи Осиё ҳангома барпо кардаву дар сархати расонаҳои варзишии осиёӣ қарор гирифт, маҳсули заҳмати бештар аз 5-солаи ФФТ аст.

№27.Ҷоми сол
Моҳи декабри имсол Ҷоми юбилейии СССР дар шаҳри Кӯлоб барпо гардид. Дастаи наврасони Равшани Кӯлоб дар сабқат бо дастаи ш.Панҷакент бо ҳисоби 4:2 пирӯз ва соҳиби Ҷоми СССР шуд.

№28.Хайрияи сол
Дар ин соли равон газетаи мардумии СССР ба даҳҳо тан камбизоатону маъюбон ва ятимону кӯдакони мариз... кӯмаки молӣ ва иҷтимоӣ намуд...

№29.Бунёдкориҳои сол
Бо супориши Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ-Пешвои Миллат, президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари Тоҷикистони азиз бунёдкориҳо барои пешвози ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ шуруъ гардид...

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter