ХАБАРИ ДОҒ


(Ё худ Велосипед аз поезди Мирзоалиев 100 бор беҳтар!)

Чанде пеш бо мақсади огаҳӣ аз вазъи хизматрасониҳои нақлиёти Роҳи Оҳан аз қатораи Бохтар-Душанбе истифода кардам. Тибқи ҷадвали тасдиқшуда поезд дар ин масир ҳаракатро рӯзҳои якшанбе расо соати 11 шуруъ мекард, лек дар ин вақт 2 вагон аз самти н.Шаҳритус ва 4 вагон аз ш.Кӯлоб омад. Баъди бо ҳам васл соати 11:20 қатора ба роҳ баромад. Дохили вагон қариб аз мусофир пур ва дар мадди аввал чунин ба назар мерасид, ки сафар хуб ҷараён мегирад. Вале дар асл чунин ншуд.
 Агар гармии дохили вагон ва хушмуомилагии роҳбаладро сарфи назар кунем, боқӣ қатора ба ягон талабот ҷавобгӯ набуд. Аз ҷумла, кӯрпаву болиштҳои лӯлакардашудаи чирку ифлос ва шишаҳои 2-қабатаи тирезааш ба ҳадде хираву чанголуд, ки тақрибан берунро дида намешуд. Зоҳиран вагонҳоро замоне таъмир кардаанду рангрезаҳо ба шиша часпидаанд ва ин ҳол касро аз тамошои манзараҳои атроф маҳрум мекард. Дар бораи ҳолати антисанитарии ҳоҷатхона беҳтараш гап назанем. Бо ин ҳол қатора дар масири Бохтар-Душанбе аз байни саҳроҳои пахта, деҳотҷойҳо ва нақбу теппаҳо убур мекард. То расидан ба Душанбе тақрибан дар 7 истгоҳ манъ карда, мусофир савор кард. Дохили вагонҳо бештар бо ӯзбектабороне вохӯрдам, ки баъзеашон ба забони тоҷикӣ аслан гуфтугӯ карда наметавонистанд. Донишҷӯёнро ҳам дидан мумкин буд, ки дарсхонӣ мерафтанд.   

Душанбе равон шудем
Соати 16:30 ба ш.Душанбе расидем. Сафаре, ки тақрибан 4,5 соат идома дошт, он ҳам дар асри 21 ва дар хатсайре, ки шояд 100 км дарозӣ дорад. Агар поезди мо ним соатро дар истгоҳҳо сарф карда бошад, пас дар 4 соат хатсайрро тай кардааст, ки ҳар соат 25 км суръат доштааст. Велосипед маъмулан 18 км/соат ҳаракат мекунад, яъне суръати ҳаракати поезд дар Тоҷикистон қариб ба суръати дучарха баробар аст. Мутахассисони Роҳи Оҳан сустҳаракатии поездҳоро бояд шарҳ диҳанд. Локомативҳо «хаста» шудаанд, ё роҳи оҳан ба талабот ҷавобгӯ нест? Шояд баҳона пеш оранд, ки поезд аз байни кӯҳҳо мегузараду зудҳаракатӣ номумкин аст?! Пештоз мегӯем, ки роҳи оҳан то н.Ёвон рост асту аз водиҳои ҳамвор мегузарад, лек чаро дар ин ҳудуд ҳам суръати қатора ба ҳадде паст аст, ки сари мусофирро дард мегирад?...

Кондуктори мӯсафед, гуфто ба мо хаппп шавед!!!
Ёдовар мешавем, ки нархи чипта дар масири роҳи оҳани Бохтар-Душанбе  10 сомонист, ки онро аз касса ё аз роҳбалад дастрас кардан мумкин. То ба истгоҳи роҳи оҳан омадан боз 5 сомонӣ роҳкиро бояд сарф кард, ки дар маҷмӯъ бо 15 сомонӣ мешавад. Тавассути  автомобил ҳам бо ин маблағ вале дар 1 соат бароҳат то пойтахт рафта мерасӣ. Бисёре аз мусофирон ба хотири тамошо ё бори зиёд доштан хизматрасонии поездро хуш доранд. Ин ҳам дар ҳоле, ки роҳи оҳан аз дохили шаҳр намегузарад.  Дар сурати тамдиди роҳи оҳан то бозори Ҳоҷӣ Шариф (канори ш.Бохтар) ва баланд кардани суръати қатора мумкин аст, хизматрасониҳои соҳа ояндадор бошад, вагарна бо ин шева дилхоҳ мусофир ҳамагӣ 1 бор ба поезд савор шуда, тавба мекунад, то дубора нанишинад.

Саидҷаъфар Сафарзода
журналист, ш.Бохтар

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter