ХАБАРИ ДОҒ

«City Card»-идеяи хуб, вале номукаммал!

  • Чоршанбе, Янв 23 2019

8.01.2019. Соат бо вақти Душанбе 12:00 дақиқа. Бибии Руқия Восиева аз шаҳраки Леваканди вил.Хатлон ба пойтахт расида, дар истгоҳи назди бозори «Саховат» мехост ба троллейбуси №4 нишаста, то истгоҳи Сирк биёяд. Вале кондуктор-пулчинаки троллейбус намегузорад, ӯ ба нақлиёт савор шавад, зеро корти нақлиётии «СИТИ-корт» надошт. Ӯ аввал ба кондуктор фаҳмонданӣ мешавад, ки сокини музофот асту ба пойтахт танҳо ба меҳмонӣ омадааст ва танҳо 1 маротиба шояд аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода бараду халос, аммо кондуктор ҳамоно дар гапи худ истодагарӣ намуда, намегузорад бибӣ вориди троллейбус шавад. Ӯ ахир бо ҷангу ҷанҷол вориди троллейбус шуда, «намефароям!» гуфта пофишорӣ мекунад. Охир куҷо ҳам фарояд, дар берун беист борон мебораду дар истгоҳ ҷои поймонӣ нест. Кампир мегӯяд, ҷои 1 сомониву 20 дирам омода аст 3-5 сомонӣ диҳад. Вале кондуктор тибқи дастур корт талаб мекунад. Кондуктор ҳамоно ҷанҷол кардаву кампири 66-солаи инвалиди гурӯҳи 2-ро ба фишорбаландӣ мубтало мекунад. Ин ҳолатро дида, 1 гулдухтари шаҳрӣ корташро равон мекунад, то пули бибиро пардозад…
Сайрам Бобоева-сокини дигари ш.Душанбе дар сомонаи иҷтимоии Фейсбук менависад, ҳангоми пур кардани маблағи корти нақлиётӣ корташ дар дохили терминал, дар маҳаллаи 1 Советский мемонаду маҷбур мешавад ба маркази хизматрасонии ширкати «City Card» занг зада, ёрӣ пурсад, то мутахассис омада, терминалро боз карда, кортро берун кунад. 40 дақиқа мегузарад. Ӯ пас аз ин савори микроавтобус ба хона меравад.
Воҳидҷон Қосимов-1 сокини дигари пойтахт низ аз фаъолияти нодурусти кортҳои нақлиётӣ шикоят намуда, мегӯяд, «маблағи ба корт гузашта, зуд тамом шуда, танҳо ба 1 сафар мерасаду халос»…

«City Card» чист?
Кортҳои нақлиётии «City Card-Лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми ш.Душанбе» (Лоиҳаи «Корти шаҳрӣ») бо мақсади содагардонии раванди пардохти роҳкиро дар воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум роҳандозӣ шуда, амалӣ кардани он 1 қатор бартарият, аз қабили зиёдшавии даромади корхонаҳои мусофиркашонӣ, ба иқтисодиёти расмӣ фаро гирифтани ҳамаи маблағҳои гардиш, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгирии бақияпулиҳо, назорати мунтазами гардиши молиявӣ, назорати рафтуомади воситаҳои нақлиёти мусофирбар, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, танзиму назорати реҷаи гардиши воситаҳои нақлиётро дорад. Ин лоиҳа аз ҷониби ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» амалӣ ёфта истодааст. Низоми омодасозии лоиҳа бошад аз 21.07.2017 шурӯъ шуда буд.
Роҳандозии ин система ё лоиҳа барои Душанбеи имрӯзаи мо, хоса, дар фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии пойтахт мисли обу ҳаво зарур буду ҳаст ва касе ҳам наметавонад дар ин бора баҳс кунад. Мо тарафдори идеяҳои наву муосир, хосса, вақте ки онҳо ба ҷамъият фоида меоранд, ҳастем ва хоҳем буд. Роҳандозии кортҳои нақлиётӣ ва истифодаи онҳо низ то андозае ба фаъолияти автобусу троллейбусҳо таъсири мусбӣ гузоштааст, аниқтараш дар бахши пулҷамъкунии ронандаҳо ва кондукторҳо. Пештар мусофир пули роҳкироро ба кондуктор медоду савор мешуд ва нафаре аз ронандаву кондуктор намепурсид ё наметавонист пурсад, ки рӯзе то чанд мусофирро бурда овардаасту чӣ қадар маблағ ҷамъ шудааст. Ҳоло ин масъала ҳалли худро ёфтаасту тамоми маблағ ҳисобу китоб мешавад. Аммо чанд проблемае дар ин низом ҳаст-мо таҷриба кардем(!), ки бояд ҳарчӣ зудтар ҳал шавад ва ин низомро мукаммал намояд.

Чаро кортҳои якдафъаина нест?
Душанбе-пойтахти мамлакат аст ва ҳамарӯза ҳазорҳо нафар сокинон аз шаҳру ноҳияҳои гуногун ба Душанбе меоянд. Барои эшон, ки шояд мисли бибии Руқия соле 1 бор ба Душанбе омада, танҳо 1 маротиба аз автобусу троллейбус истифода мебаранд, корти нақлиётии ҳамешагӣ чӣ лозим? Борҳо шоҳиди он шудаем, ки чӣ гуна шаҳрвандони хориҷӣ-меҳмонон ва сайёҳонро низ бо сабаби надоштани корт ба нақлиёт роҳ надодаанд, ҳол он, ки дар баъзе маврид онҳо омодаанд корти тайёрро аз ронанда бихаранд. Барои чунин афрод бояд кортҳои нақлиётии якдафъаина ҷорӣ кард, ки онро ҳам ронанда ва ё кондуктор дар даст дошта, бар ивази нархи роҳкиро-1 сомонӣ барои троллейбус ва ё 1,20 сомонӣ барои автобус ба мусофир пеш аз саворшавӣ фурӯшанд.

Чаро корт «дефицит» аст?
Ҳоло кортҳои нақлиётии «City Card»-ро на дар ҳама ҷо ёфтан мумкин. Ман дар бораи маркази шаҳр ва хиёбони Рӯдакӣ чизе намегӯям, зеро терминалҳои Express Pay қариб ки ҳама вақт корт доранд. Аммо терминалҳои гӯшаву канори шаҳр ва дӯконҳои махсуси маҷаллаву рӯзномафурӯшӣ, ки дар истгоҳҳо воқеанд, на ҳамеша корти нақлиётӣ доранд. Барои мисол, дар дӯкони маҷаллаву рӯзномафурӯшии истгоҳи назди фурудгоҳи пойтахт корти нақлиётӣ нест, дар терминал ҳам. Фурӯшанда мегӯяд, ки мардум намехаранд ё хеле кам мехаранд, барои ҳамин корт намефурӯшад. Дар терминалҳои мазкур, дар атрофи бозори «Саховат» низ ёфтани корти нақлиётӣ амри маҳол аст ва ман маҷбур мешавам то назди Сирк ПИЁДА омада, баъд корт бихарам?!

Чаро пули корт тез тамом мешавад?
Дар сомонаи http://citycard.tj дидам, ки намудҳои корти нақлиётӣ ва арзишҳои он гуногунанд. Кортҳои нақлиётӣ барои 4 ва 8 сафар, корти имтиёзнок ва ҳатто корти «Эҳтиром». Маблағи ин кортҳо 5 ва 10 сомонӣ буда, 4 сомонӣ ба таври автоматикӣ ҳамчун маблағи худи корт ҳисобида шуда, танҳо 1 маротиба пардохт мешавад. Корт то 3 сол мӯҳлати истифода дорад. Вале мусофирон аз он шикоят мекунанд, ки маблағи корт хеле зуд тамом мешавад. Масъулини ширкати «Авесто Гурӯҳ» бояд инро шарҳ бидиҳанд, ки чаро ин тавр аст ва ин маблағ чӣ гуна гум мешавад? Мусофирон инчунин тарафдори онанд, ки ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» барои кӯдакону наврасон ва донишҷӯён низ кортҳои имтиёзнок ҷорӣ кунад, зеро ҳамарӯза ба хотири сафар кардан бо кӯдакон ва нишон додани шаҳодатномаҳои донишҷӯӣ байни кондукторҳо ва мусофирон ҷангу ҷанҷол ва нофаҳмӣ зиёд пеш меояд ва дар чунин ҳолат зарурат ба кортҳои махсуси кӯдакона ва донишҷӯӣ пеш омадааст.

«Авесто Гурӯҳ» кай сӯҳбат мекунад?
Вобаста ба ин суолҳо ва мушкилоти овардашуда қаблан низ мехостем бо мутахассисон ва роҳбарияти ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» сӯҳбат карда, масъалаҳои мавҷударо ҳаллу фасл намоем. Аз ҷониби ширкати мазкур ба мухбирони газета гуфтанд, ки бо номаи расмӣ муроҷиат намоем. Ғайр аз ин, коромӯзони рӯзнома мудирияти ширкатро дар суроғаи расмӣ-ш.Душанбе, к.Соҳилӣ 5, ошёнаи 1 наёфтанд. Хуб, ҳоло мо ба таври расмӣ ва оммавӣ ба роҳбарияти ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» муроҷиат намуда, умедворем, дар фурсати наздиктарин камбудиҳоро барои мо ва хонандагон шарҳ хоҳанд дод. Мо Метавонем!

Ҷамила Ҳусейнова, СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter