ХАБАРИ ДОҒ

Додоҷон Атовуллоев: Сипос бар СССР барои дастгирӣ ва нафрин бар тӯҳматхонаи «оппозитсия»…

  • Чоршанбе, Янв 23 2019


(ё нӯшбоде барои худ)

7 сол аз ин пеш ман аз суиқасди навбатие ҷон ба саломат бурда будам. Захмҳо шифо ёфтанд. Кайҳо ҳам онеро, ки амри қатли маро карда буд ва ҳам онеро, ки маро куштан мехост, бахшидаам. Аммо то ҳанӯз террор ва суиқасд ба ҷони ман идома дорад, ки дар паси он Кабирӣ меистад. Он нафаре, ки маро корд зад, мардтар аз Кабирӣ ва ғуломони санохони ӯст. Ӯ ба чашмони ман рост менигарист, ҳатто ниқоб надошт.
"Киллерҳои Кабирӣ" мисли худаш нокасу номарданд. Бо номҳои фейкӣ ҳуҷум меоваранд. Танҳо 2 ё 3 нафараш барои нишон додани садоқат ва гирифтани ҷоизае аз Кабирӣ (шляпа, рюкзак, ё сафари муфт ба ягон шаҳр, ё 1 шиша бормотуха-шароби арзонтарин) бо номи худ сияҳномаҳо нигоштанд.
Яке аз охирин "дурдона"-ро 1 манқурт навишт. Он номгум ва нокас, ки на гузашта дорад ва на имрӯзу фардо, мехост тарҷумаи ҳоли маро аз нав бинависад. Ҳатто оварда буд, ки суиқасде набуд, Д.А. аппендицит шуда буд!
Ҳайратзада нагаштам. Аз одаме, ки гузаштааш маълум нест, муқаддасоте надорад, чиро метавон чашмдорон буд?

Вақте Салиму Дориюшу Сайидюнус хомӯш буданд…
Гумон доштам варо "озодандешон"-и дигар маҳкум менамоянд. Садо баланд мекунанд, ки чаро тӯҳмат мекунӣ? Ҳатто чанд нафарашон аз ҳамкосаю ҳампаймонони он номгум дар бораи суиқасд мақолаҳо навишта буданд. Аз ҷумла, Салими Аюбзод, Анора Саркорова, Дориюши Раҷабиён, Сайидюнуси Истаравшанӣ.
Гумон доштам, ки "рӯшанфикрон" он питхеф ва он ҷанахсро "нерукопожатный" эълон мекунанд ва радди маъракааш мехонанд. Дар ҳар кишвари дигаре чунин мешуд. Аммо танҳо чанд журналисти навҷавон ва 2 "гастарбайтер"-и озодманиш- Барот Қодирӣ ва Диловар Вализода бӯҳтонсароро бар хари худаш бо далелҳо нишонданд. Аммо он беҳаё боз ҳам "справка" мехост.
Чанд "рӯшанфикр"-и дигар паёмак мефиристоданд, ки "вай 1 нагунбахт аст. Маҷбур аст барои худро ба Кабирӣ ширин кардан ба ту дарафтад. Худро бо вай баробар накун!".
Гумон доштам барои зарба задан ба эътибори ҳаракати сиёсии худаш Кабирӣ барои тӯҳмати ноҳақ ӯро муҳокима менамояд ва атояшро бар лиқояш мебахшад. Аммо Кабирӣ варо ба Берлин овард. Мукофот барои тӯҳмат. Экскурсияи бепул ба Берлин. Бо ҳам акс бардоштанд. Мушоҳида кардам, онеро, ки "Худо зимистону тобистон ба 1 ҷомааш" карда буд, шляпаи нав бар сар задааст. Курткааш ҳам нав метофт...

СССР ва ман
Дирӯз паёме аз Тоҷикистон расид, ки бароям тамоман ғайриинтизор буд. Газетаи "СССР" ҳамон шабурӯзе, ки ман дар шифохона будам, мақолаи ботафсиле чоп кардааст. Бори нахуст онро дидам. Агар бо чашмони худ намедидам, бовар намекардам. Хуб медонам, ки номи маро ба забон овардан, аз ман гуфтан дар Тоҷикистон ҷиноят ба шумор мерафт. Аммо Сайёфи Мизроб 1 саҳифаи рӯзномаашро ба ин мавзӯъ бахшидааст.
Тамоми созмонҳои журналистии Тоҷикистон, ҳама рӯзномаҳои ҳукуматию мустақили ҷумҳурӣ ин суиқасдро маҳкум намуданд. Ҳатто прокурори генералии Тоҷикистон-Шерхон Салимзода. Ва аз мақолаи "СССР" дарёфтам, ки Сӯҳроб Шарипов, узви парлумон низ - ёдаш ба хайр бод - ин амали ноҷавонмардонаро маҳкум кардааст. Аммо 1 малъун, ки агар афти хунукашро бубинӣ, 7 рӯз иштиҳоят баста мегардад, эълон медорад ва шаҳодат медиҳад, ки ин ҳама дурӯғ аст. Ва тамоми лашкари Кабирӣ аз шабушк то мокиёнаш каф мекӯбад.
Ҳаминҳоянд "озодандешон"? Ҳаминҳоянд оппозитсия? Ҳаминҳоянд ҳақталош? Ҳаминҳоянд, ки бо номи Худо ҳар рӯз 100 бор қасам мехуранд? Магар тӯҳмати ноҳақ гуноҳаш баробари куштан нест? Ҳаминҳо даъвати ҳукумат доранд? Донед ва огоҳ бошед, агар ҳукумат ба дасти ин хабисон афтад, ҳамаро бо нохун пӯст мекананд. Ин худбохтагон, ки барои нони ишкам, 1 эзор ё 1 шляпа виҷдон мефурӯшанд, агар ба қудрат бирасанд, каппаи Тоҷикистон дуд мекунад. Чунон дуд мекунад, ки ҳама нафасгир мешаванд.
Дар соли ҷанг, дар айни гушнагӣ, дар сари сакарот касе набояд аз фатирмаска ё қурутоби ин касифон хӯрад. Агар хӯрад, заҳраш бод! Ман шахсан агар бо инҳо соате ҳамнишин гардам, дилам метаркад. Аъ!

Ва! Сукуте...
Ягона рӯзномае, ки аз ин мавзӯъ сатре нанавиштааст, ... ку тахайюлотатонро ба ҳаракат андозед...
Ман ҳеҷ гоҳ зодрӯзамро ҷашн нагирифтаам. Аммо гуфта будам, ки ҳар сол 12 декабр - рӯзи таваллуди дубораамро ҷашн мегирам. Ҳадяи нахустин - аз рӯзномаи "СССР" расид. 1 ҷаҳон ташаккур!

Ва бозгашт ба "ва":
Ягона рӯзномае, ки сатре дар бораи он суиқасд нанавишт, рӯзномаи наҳзатиён - "Наҷот" буд. Ин хабарро аз Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ҳангоме, ки ба аёдат омада буданд, шунидам. Ҳатто ба марги одам инҳо рашк мекунанд, чӣ расад ба зиндагӣ?!...

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter