ХАБАРИ ДОҒ

Анд мушкили 1 вилояти Хатлон

  • Чоршанбе, Янв 30 2019

 

Ба таваҷҷӯҳи раиси тозаинтихоби вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода

Боби 1. Мусофиркашҳои «резинӣ»
Маданияти мусофирбарӣ дар ш.Бохтар ҳанӯз ба вуҷуд наомадааст. Дар ин соҳа рақобат нест, ки вазъ беҳ шавад. Рушди соҳаи мазкур ба ҳукми ронандаҳои гапнодаро ва қонуншикан вогузор шудааст. Дар аксар машруткаҳои ш.Бохтар курсиҳои нишаст то ҳадде зич ҷойгиранд, ки ҷуз кӯдаки 7-сола шахси калонсол дар онҳо намеғунҷад. Дар чунин нишастгоҳҳо чӣ тавр ҷамъ кардани зонуҳоятро намедонӣ. Мақсад аз ин шакли ҷойгиркунии курсиҳо маълум, яъне ҳарчӣ бештар мусофир ҷой гирад, то аз ин ҳисоб соҳибони нақлиёт даромади бештар бигиранд. Бо ҳамин, манфиати шахсӣ аз манфиати умум боло гузошта мешавад. Агентии Тоҷикстандарт, масъулини соҳаи нақлиёти вилоят ё ниҳоди дигаре чунин камбудиро намебинанд. Агар масъулон 1 бор чун Анӯшервони Одил дар симои мардуми оддӣ вориди нақлиёти ҷамъиятӣ шаванд, бо чунин мушкил рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Дар он сурат шояд вазъ беҳ мегардад.
Дар нақлиёти ҷамъиятии ш.Бохтар тартиби ҳисобу китоби роҳкиро нороҳаткунанда аст. Нақлиётро ончунон пур аз мусофир мекунанд, ки дигар барои кондуктор (роҳкирогир) имкони то назди мусофирон омадан намешавад ва ӯ худ рӯи зинапояи дар истода, фарёд мебардорад: «Апа, хола, тағоӣ раҳпулитона равон кунед, ана бақияи пулатонро гиред…». Дар ин миён баъзе мусофирон роҳкиро намедиҳанд ё ҳисобу китоб гум мешавад, ана он вақт «доду вой» сар мешавад. Дар чунин ҳолатҳо гоҳо ронанда нақлиётро манъ карда мегӯяд, то 2-3 каси дигар роҳкиро надиҳанд, сафарро идома намедиҳем. Чунин хизматрасонӣ воқеан хандаовар аст. Ҳол он ки агар дар нақлиёти ҷамъиятӣ мусофир тибқи курсӣ савор шавад ё  роҳкирогир қабл аз савор шудани мусофир бо ӯ ҳисобӣ кунад, чунин мушкил сар намезанад.

Боби 2. Мусофир ва мусичаи бегуноҳ…
Ба мушоҳида мерасад, ки аҳолӣ ҳам маданияти истифода аз нақлиёти ҷамъиятиро наомӯхтааст. Гоҳҳо мусофирон дар кадом машрут нишастани худро аниқ намекунанд ва дар нисфи роҳ мефаҳманд, ки ба дигар тараф рафта истодаанд. Баъзе ҷавонон пургӯӣ ва ба фикри худашон шухиҳои «зӯр» мекунанд ё бо садои баланд гап мезананд. Дар чунин ҷойҳо бо занони ҷанҷолӣ ҳам вохӯрдан мумкин аст. Агар онҳоро насиҳат кунӣ, гап зиёд мешавад. Бигзор ронандаҳо чунин нафаронро аз нақлиёт берун кунанд. Дохили нақлиёти ҷамъиятии ш.Бохтар зимистон чун яхдон хунук ва тобистон чун танӯр гарм аст. Вазъи беҳдоштии машруткаҳо нигаронкунанда аст. Дар аксари онҳо курсӣ ё рӯйкашҳои он ифлосу даридаанд. Кондукторҳоро аз дигарон фарқ карда намешавад. Ронандагон низ либоси ягона надоранд, баъзеашон ришҳои афғонӣ ва тоқиҳои покистонӣ мемонанд ва гоҳо мавъизаҳое мешунавонанд, ки аз он бӯи бадбинии динӣ меояд. На дар ҳама машруткаҳо харитаи хатсайр ва маълумот дар бораи тӯли роҳу муддати ҳаракат дар он дида мешавад. Рақамҳои телефон барои арзу шикоят низ аҳён вомехӯранд.

Боби 3. Забони вежаи маршруткаҳо
Ронандагон ва роҳкирогирҳои машруткаҳо талабот ва қоидаҳои забони давлатӣ (тоҷикӣ)-ро риоя намекунанд. Мусофиронро бо забони ғайритоҷикӣ ба савор шудан ё фуромадан даъват мекунанд. Масалан: ТЭЦ, кривой, турма, 201 дивизия, телестудия, вокзал, офис, сағерадом… Дар навиштаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ низ ҳамин ҳол ба чашм мерасад. Комиссияи Кумитаи забон бояд бо ронандаҳо вохӯрда, онҳоро фаҳмонанд, ки номи маҳаллаҳои аҳолинишинро ба забони тоҷикӣ нависанд ва талаффуз кунанд, то асолати забон ҳифз шавад. Дар ш.Бохтар мусофирони нимароҳи хатсайр бояд аз 10 то 15 дақиқа интизор шаванд, то нақлиёти ҷамъиятӣ биёяд. Агар он пур бошад, боз 15 дақиқа мунтазир бояд шуд. Дар 30 дақиқа ҳатто пои пиёда атрофи шаҳрро давр задан мумкин, аммо афроди солманди камбизоат мадори роҳравӣ ва имкони молиявии истифода аз таксиро надоранду мунтазири машруткаҳое мешаванд, ки омаданашон, «омад-омади шаҳи Дарвоз»-ро ба ёд меорад. Чунин интизориҳо дар тобистонҳои ҳавлнок ва зимистони сарди водии Вахш тоқатнопазир аст. Ҳол он, ки дар ин шаҳр бо назардошти кам будани аҳолӣ ва кӯтоҳ будани хатсайр (аз 2 то 4 км) истифодаи нақлиёти ҷамъиятии хурд аз қабили «Тангем» ва «Старекс», ки дар онҳо аз 7 то 10 мусофир меғунҷад, ба мақсад мувофиқ аст. Аз шеваи хизматрасониҳои мусофирбарӣ дар ш.Бохтар бӯи рақобати носолим меояд, ки дар пасманзари он мусофирон азият мекашанд. Ҳоло он ки машруткаҳо ба ширкатҳои муайян тааллуқ доранд.

Боби 4. Андар баёни таксӣ
Хизматрасонии таксиҳо ҳам дар ш.Бохтар ҳоли ногувор дорад ва на фақат ному нишон, балки хатсайри аниқ надоранд. Маҳалли ҷамъшавӣ назди бозори «Фаровон» аст. Баъзе аз ронандаҳои таксӣ худхоҳу бехабар аз маданияти хизматрасониянд. Онҳо аз вақти мусофирон ба манфиати худ истифода мекунанд. Дар аввал хатсайрашонро аниқ мегӯянд, лек вақте ба нақлиёт савор шудӣ, он гаҳ аз хатсайр берун баромада, мусофиронро хона ба хона бурда мерасонанд ва ту бошӣ «катайса» мекунӣ. Чунин муносибат фиреби рӯирости мусофир аст, аммо ба куҷо муроҷат карданатро намедонӣ! Аксари ин таксиҳо иҷозатнома надоранд ва нархро ҳам худашон муқаррар мекунанд. Дар хатсайри Бозори Фаровон-Қарияи Боло, ки тахмин 4 км аст, аз ҳар мусофир 3 сомонӣ мегиранд, ҳол он ки дар дигар хатсайрҳо роҳкиро 2 сомонист. Хадамоти зиддиинҳисорӣ, ки тавони танзими нархро дар миёни 4 таксичии қонуншикан надорад, чигуна нархи орду газу маводи ниёзи аввалро ба эътидол меорад? Суоли матраҳ аст, албатта…

Саидҷаъфар Сафарзода,
журналист, ш.Бохтар

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter